Ru  | Tj
«Асотирҳои синамо». 8 бовари ғалате, ки бо шарофати кино ба онҳо эътимод дорем
«Асотирҳои синамо». 8 бовари ғалате, ки бо шарофати кино ба онҳо эътимод дорем
Аксҳо: Аз Интернет

«Асотирҳои синамо». 8 бовари ғалате, ки бо шарофати кино ба онҳо эътимод дорем

Нашр шуд

Дар замони муосир қабл аз он, ки ба ягон ҳодиса бовар кунем, албатта пеш аз ҳама дурустии онро бо истифода аз интернет тафтиш мекунем. Аммо на ҳама одамон ин усулро дар ҳаёт истифода мебаранд, аз ин рӯ, онҳо ба ҳама чизе, ки аз экранҳои телевизион, ноутбук ё смартфонҳояшон тамошо мекунанд, ба пурагӣ бовар мекунанд.

Масалан, дар аксари филмҳои “Ҳолливуд” ҳолатҳоеро нишон дода мешавад, ки онҳоро дар ҳаёти воқеӣ амалӣ кардан ғайриимкон аст ва баъзан амалӣ кардани онҳо маъное надорад. Бо вуҷуди ин, киностудияи мазкур дар замири тамошобин тасаввуроти нодурустро ба вуҷуд меоард, ки бисёре аз бинандагон онро дуруст ва воқеӣ мепиндоранд. Аз ин рӯ, имрӯз мо тасмим гирифтем, ки 8 дурӯғи хандаоварро, ки одамон ба шарофати кино ба он бовар мекунанд, аз байн бубарем.

1. Хлороформ ё маводи беҳушкунанда

Аксар вақт дар филмҳо, махсусан дар филмҳои детективӣ саҳнаҳоеро мебинем, ки қаҳрамони он бо истифода аз рӯймолчае, ки ба маводи мадҳушкунанда ё ба истилоҳ хлороформ тар карда шудааст, нафареро дарҳол беҳуш мекунад. Аммо дар асл ва дар зиндагии воқеӣ ин «ҳилла»  ба кор намеравад. Барои он ки шахс воқеан аз хлороформ аз ҳуш равад, бояд ҳадди аққал панҷ дақиқа нафас кашад ва баъдан беҳуш шавад. Ҳамчунин, беҳушии шахс хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ чанд сония хоҳад буд. Бояд гуфт, ки пас аз нафаскашии хлороформ дар шахс қайкунӣ ба амал меояд, ки он дар филмҳо нишон дода нашудааст...

2. Таппончаҳои бесадо 

Қариб ҳамеша дар филмҳо таппончаҳо бо истифодаи садомаҳвкун (сглушител) истифода мешаванд ва ҳангоми тир кушодан низ аз онҳо садое намебарояд. Садомаҳвкун тамоман садоро аз байн мебарад, аммо ба замми ин, дар филм садои тирпаронӣ ҳатто аз масофаи дур шунида мешавад. 

3. Сӯзандоруи адреналин

Саҳнаи аҷиберо аз филми машҳури "Романи ҷиноӣ"  (Криминальное чтиво”) ба ёд оред, ки дар он қаҳрамон дар ҳолати  ҷондиҳӣ қарор дорад, аммо ҳама чиз бо як сӯзандоруи адреналин дар қалб ҳал мешавад ва духтар дарҳол ба худ меояд. Дар асл, чунин сӯзандору танҳо марги беморро метезонад. Барои он ки воқеан  ин дору ба одам кӯмак расонад, адреналинро танҳо ба рагҳо ворид мекунанд.

4. Полис наметавонад занги телефонро фавран пайгирӣ кунад  

Муҳофизони қонун дар филмҳо бояд барои муайян намудани ҷову макони ҷинояткор тариқи телефон бо ӯ дар суҳбат шаванд. Аммо дар асл аз рӯйи занги телефон танҳо дар сурати фаъол будани GPS дар телефони ҷинояткор метавон фавран ҷову макони ӯро муайян кард. Агар дар телефони он шахс GPS фаъол набошад ҳам муайян кардани ҷойи ҷинояткор имконпазир аст, аммо анҷом додани ин кор тақрибан ним соат тӯл мекашад.

5. Эҳёи зарбаи барқ


Аксар вақт дар филмҳо ба мо чӣ гуна табибон бо ёрии дефибриллятор беморро ба ҳаёт бармегардонанд, нишон дода мешавад. Аммо агар ин дастгоҳро  маҳз ҳамон тавре, ки дар филмҳо нишон дода шудааст, истифода баранд,  табибон вазъияти беморро боз ҳам бадтар мекунанд ё дили беморро месӯзонанд. Дар асл, дефибриллятор барои барқарор кардани кори дурусти даҳлезҳои дил ва ислоҳи кори қалб истифода мешавад. 

6. Натиҷаи фаврии экспертизаи тиббӣ 

Дар триллерҳо ва филмҳои детективӣ ҳангоми дарёфти ҷасад муфаттишон аз хидмати ташхиси тиббӣ истифода мебаранд. Қаҳрамонон зуд пас аз тафтиши ҷойи ҳодиса ва кушодани ҷасади қурбонӣ натиҷаҳои ташхисро мегиранд. Дар амал барои гирифтани хулосаи боэътимоди экспертизаи судии тиббӣ камаш як моҳ лозим аст.

7. Набардҳои ҳамосӣ дар фазо 

Дар филмҳои илмӣ-фантастикӣ муҳорибаҳо дар фазои кайҳон бо садои баланди киштиҳои кайҳонии душман, ракетаҳо, бархӯрдҳо ва тирпарронӣ зиёд мушоҳида мешаванд. Аммо шахси комилақл аз тамошои чунин филмҳо ба ғазаб меояд, охир садоҳо ва таркишҳо танҳо дар ҷойи мавҷудбудани ҳаво ва оксиген ба вуҷуд меояд, ки мутассифона оксиген дар фазо вуҷуд надорад. 

8. Чекистони бераҳм

Дар лаҳзаҳои ҳаяҷоновар, махсусан дар филмҳое, ки дар жанри ҳарбӣ омода мешаванд, вақте ки қаҳрамон бо дандонаш пинро аз норинҷак берун кашида, снарядро ба сӯи душман мепартояд, шахс ба он комилан бовар мекунад. Дар асл, барои берун кашидани пин, бояд барқгирандаҳоро рост карда, пас фишангро пахш кунед ва танҳо пас аз нигоҳ доштани ҳалқа шумо метавонед пинро берун кунед. Бояд гуфт, ки  агар фишангро пахш накунед он замон таркиш ба амал намеояд, яъне пинакро кашида, бе истифода аз фишанг ба ақиб гузоред ҳам таркиш ба амал намеояд.

Эҳтиёт бошед ва фарқияти байни воқеият ва ҷаҳони синаморо фаромӯш накунед!


«Рекламаи номувофиқ»: Чӣ гуна иттилооти нодуруст шуғли тарроҳеро хароб кард?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед