Ru  | Tj
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон асри имрӯз бо як сафари корӣ озими пойтахти Русия шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, рӯзи 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо боздиди корӣ ба шаҳри Маскав сафар кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари умри робитаҳои хориҷии раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар ба Маскав раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳад кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед