Дар бораи мо
Онлайн-нашрияи хабарие, ки тамоми рӯйдодҳои ҷолибтаринро дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, санъат ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ва Русия тавзеҳ медиҳад.
Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мегардад.
Дар сутуни ҳамешагии «Хабарҳо» дар хусуси рӯйдодҳои муҳимму ҷолибе, ки дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Русия ба амал меоянд, иттилоот нашр мегардад. Дар бахши «Таҳлил» коршиносон оиди равандҳои мубрами рӯз андешаронӣ мекунанд, дар бахши «Гуфтугӯ» бо намояндагони муваффақ ва эҷодкори ҷомеаи имрӯза ҳамсӯҳбат мешавем. Бахши «Омӯзиши забони русӣ» ба хонандагони мо имкон медиҳад, ки дар вақти холигӣ забони русии худро такмил диҳанд, дар бахши «Имконот» бошад, метавонед интихоби барномаҳои таълимӣ, озмунҳо, грантҳо, эълонҳо, чорабиниҳоро, ки танҳо аз маъхазҳои боэътимод ҷамъоварӣ шудаанд, пайдо кунед.
Саҳифаи иттилоотии «Halva» - сӯҳбати осон ва озоди ҷавонон бо атрофиён аст. Ин майдонест, ки дар он рӯзноманигорони навқалами тоҷик метавонанд ғояҳои эҷодии худро амалӣ гардонанд, бидуни қолабҳо ва анъанаҳо бо мӯҳтавои сифатан нав эҷод кунанд ва бо ин васила дар атрофи худ муҳити солими иттилоотиро ташаккул диҳанд.
Бо суроғаи зерин ба Халва метавонед муроҷиат намоед ё тамос бигиред: