Ru  | Tj
Андеша. Вазъ ва дурнамои нашрияҳои мустақили Тоҷикистон
Андеша. Вазъ ва дурнамои нашрияҳои мустақили Тоҷикистон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Андеша. Вазъ ва дурнамои нашрияҳои мустақили Тоҷикистон

Нашр шуд

Аз таъсисёбии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” 110 сол сипарӣ шуд. Дар ин давраи тӯлонӣ матбуоти тоҷик шебу фарозҳои зиёдеро тай намудааст.

Ба муносибати таъсисёбии “Бухорои шариф”, ҳамасола дар кишвар 11-уми март, ҳамчун иди касбии матбуотчиён таҷлил мегардад. Дар остонаи ин ҷашн Halva.tj назари чанде аз собиқадорони ВАО ва муҳаққиқони соҳаро доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи матбуот пурсон шуд.

ҚИРОНШОҲ ШАРИФЗОДА, собиқадори матбуот, муҳаққиқи рӯзномаи “Бухорои Шариф”


- Матбуоти даврии мо имрӯз аз бурд дида бохт ва ё аз комёбӣ дида мушкилоти зиёд дорад. Аслан агар аз рӯйи рақам гирем, дар кишвар ҳудуди 370 рӯзномаю маҷалла фаъолият дорад. Аз рӯйи сифат, аксари ин рӯзномаҳо ба таври мунтазам чоп нашуда, гоҳ-гоҳ мунташир мегарданд. Боз ҳам мушаххастар гӯем, нашрияҳои чопии пойтахт назар ба солҳои қабл, махсусан нашриёте, ки ба истилоҳ мустақил ё ғайриҳукуматӣ ҳастанд, вазъи начандон хуб доранд. Мушкили аслии инҳо пеш аз ҳама вазъи молиявӣ аст. Набудани обуначии доимӣ, то рафт кам шудани харидори чакана, ба манотиқи дурдаст сари вақт бурда нарасонидан ва ғайра аз мушкилоти домангири нашриёти мустақили мо ҳастанд. Аз нуқтаи назари мӯҳтаво ва мазмун ҳам нисбат ба 7-8 соли пеш нашрияҳои мустақили мо пешравии чандоне надоранд. Дар солҳои қабл, миёни нашрияҳои мустақил сабқати солими эҷодӣ буд, ки имрӯз, мутаассифона ин омил аз байн рафтааст. Лекин матбуоти мустақил ба ҳар навъе кӯшиш доранд аз чоп бознамонанд. Айни замон ду роҳи ҳалли мушкилоти нашрияҳои мустақил ҳаст, ки яке ба умеди дастгирии молиявии давлатӣ шудан аст, зеро дар моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васитаҳои ахбори омма” омадааст, ки давлат ВАО-ро тибқи қонунгузорӣ дастгирӣ мекунад. Лекин ин моддаи қонуни мо ба истилоҳ “моддаи хомӯш” асту амал намекунад. Роҳи дигар, ки ба худи муассисон вобаста аст, тағйир додани самти иттилоърасонӣ мебошад. Имрӯз хонанда дигар аз ҳафтанома хабарро ҷустуҷӯ намекунад. Барои хабар ҳафтаворро намехарад, чунки воқеаи рухдода пас аз 10-15 дақиқа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мешавад. Бинобар ин, ҳафтаномаҳо бояд ба самти таҳияи маводҳои таҳлилӣ руҷӯъ кунанд. Хабаррасонӣ накарда, сабабу омилҳои рух додани ҳодиса ва паёмадҳои онро барои хонандаи ҳушманд гӯянд. Чизи дигаре, ки хонанда аз нашрияҳои мустақил меҷӯяд, ин матолиби танқидӣ аст, ки мутаассифона он ҳам имрӯз дар матбуот кам шудааст. Аз ин лиҳоз, матбуотчиёнро зарур аст, ки матолиби танқидиро зиёд кунанд.

Дар ҳамин росто, риояи гуногунандешӣ яке аз принсипҳои асосии журналистика аст, махсусан дар замоне, ки мардум ба матолиби журналистон эътимод доранд, бояд ин принсип аз тарафи журналистон риоя шавад. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ибрози андеша ҷазое пешбинӣ нашудааст. Кафолат дода шудааст, ки ҳар кас метавонад тавассути ВАО фикри худро озодона баён кунад. Ҷой додани ақоиди гуногун низ як роҳи серхонанда шудани матбуоти мо аст. Имрӯз дар матбуоти мо тарси ноҷое ҳаст, ки барои мабодо гуфта, то ҳадде чандандешӣ ё худ гуногунандеширо риоя намекунанд, ки ин омилҳо низ сабаби камхонанда шудани матбуот гардидааст. Агар принсипҳои болозикр дар матбуоти мо риоя шавад, барои умри дарози онҳо умед бастан мумкин аст”.

НАРГИС УСМОНОВА, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


- Дар шароити кунунӣ матбуоти мо то андозае аз майлонҳои нав кор гирифта истодаанд. Имрӯз дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ хабар имконияти нашр шудан надорад ва ба ин ҳам зарурат нест, зеро дар давоми ҳафта хабар аллакай хусусияти фаврии худро аз даст медиҳад, вале дар сомонаҳои интернетӣ ва фазои электронӣ ҳар сонияву дақиқа хабарҳои нав ба нав гузошта мешавад. Таъиноти нашрияҳои даврӣ бояд дигар шаванд, онҳо сирф хусусияти таҳлилӣ пайдо кунанд. Ин хусусиятро мо то андозае дар муносибати ҳафтаномаҳои “Азия плюс” ва “Тоҷикистон” мебинем, ки нокифоя аст.

РАҶАБ МИРЗО, журналист ва таҳлилгари тоҷик, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ


- Матбуоти фаъоли тоҷик чанд мушкили умда дорад. Якум, ояндаи худро ҷиддӣ баррасӣ надорад. Дар ҳоле, ки ҳамкасбонамон дар тамоми дунё дар ин фикр дармондаанд: нашрияҳои чопӣ оянда доранд, ё не? Онҳоро чӣ гуна ҳифз кардан мумкин аст?

Дар мо, мутаассифона, талоше ҳамчунин ҷиддӣ намебинем, аммо бӯҳрони амиқро нодидан имкон надорад: нашрияҳои ҳукуматӣ бо обунаи маҷбурӣ худро “ҳифз” мекунанд ва ҳарчӣ камтаъсир мешаванд, матбуоти мустақил теъдоди нашри худро аз даст медиҳад. Коҳиш ёфтани теъдоди нашр дар Тоҷикистон танҳо ба вусъат ёфтани доманаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот надорад. Ба ҳар ҳол, суръату сифату арзиши интернет дар Ғарб аз мо чандин баробар беҳтар аст, аммо ҳамоно мардум нашрияҳоро мехонанд. Дуруст аст, ки онҳо василаҳои нави ҷалби муштариёнро ҷӯёянд. Дар мо мушкил вазнинтар аст ва сифр равонист. Яъне, мухотабон ба нашрияҳо эътимод надоранд ва онҳоро ба сифати як институти мустақил намешиносанд. Мушкилии дигар ва асосӣ дар матбуоти мо камбуди сардабирону менеҷерҳои касбӣ аст, ки нашрияҳои камтаъсирамонро ба бӯҳрони амиқтар мебаранд.

Дар ҳамин баробар, умдатарин мушкилоти имрӯзаи нашрияҳои мо надоштани ҷуръат, надоштани мененҷменти муваффақ, пул, ҳомӣ аз ҷумла аз ҳисоби мухотабонаш. Инчунин нодида гирифтани майлонҳои нав ва ҳамоно фаъолият кардан аз рӯйи қолабҳои кӯҳна аст.

ХУРШЕД АТОВУЛЛО, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон


Фикр мекунам матбуоти мо се мушкил дорад. Аввал, ба худию бегона, давлатию мустақил ҷудо кардан, дувум набудани пул барои матбуоти мустақил ва сеюм, набудани ҳомие, ки онро ҳимоя карда тавонад. Мушкили аввал тамоми сӣ соли Истиқлолият вуҷуд дошту то ҳол ҳал нашудааст ва мушкил аст, ки солҳои наздик ҳал шавад. Мушкили дуюм оҳиста-оҳиста бо мутобиқ шудан ба ҷараёнҳои нави журналистика ҳал шуда истодааст. Мушкили сеюм бо марги фоҷиавии Раиси вақти ИЖТ Акбари Саттор пайдо шуду ҳал шудан ё нашуданаш ба интихоби нави раиси ИТЖ вобаста аст.

ШАРИФ МУЛЛОЕВ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон


- Матбуоти тоҷик дар замони истиқлолият ба тарзе рушду нумӯъ ва инкишоф ёфт. Имрӯз матбуоти ғайридавлатӣ нисбат ба давлатӣ фаъол буда, ҷойи пешсафе ишғол кардааст, вале журналистони имрӯзаи тоҷик бештар ба жанрҳои осон рӯй овардаанд. Дар саҳифаҳои матбуот жанрҳои таҳлилӣ кам ба чашм мерасанд. Анқариб серхонандатарин мавод – тадқиқоти журналистӣ дар матбуоти мо аз байн рафтааст.

ОДИЛ НОЗИР, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”


- Нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон мушкилоти зиёд доранд, ки нахустинаш мушкилоти иқтисодӣ мебошад. Бӯҳрони иқтисодие, ки баъди хурӯҷи пандемияи коронавирус ҷаҳонро фаро гирифт, ба фаъолияти нашрияҳои мустақил бетаъсир намонд. Дар ин давра сафи рӯзномахарҳо кам шуданд. Ташкилоту идораҳо дар ин даврон буҷаи рекламаро кам карданд. Ҳамин аст, ки дар фаъолияти ВАО-и ғайриҳукуматӣ душвориҳо пеш омаданд. Мушкили дигари ВАО-и мустақили мо ҳамоно душворӣ пайдо кардан ба иттилоот аст. Ин мушкилӣ махсусан дар замони хурӯҷи коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ бештар эҳсос гардид. Бо вуҷуди ин, нашрияҳои мустақили кишвар фаъолияти хешро идома медиҳанд ва дар хизмати мардум қарор доранд.

Барои аз байн нарафтани нашрияҳои мустақил, ки ангуштшумор боқӣ мондаанд, имрӯз андеша бояд кард, чун фардо дер хоҳад шуд. Бояд ҳар як нашрия барномаи мушаххас дошта бошад, ки дурнамои фаъолияташро мушаххас кунад. Дастгирии давлат барои мисол, аз байн бурдани андоз аз даромад, андоз аз воридоти коғаз низ барои фаъолияти ояндаи нашрияҳои мустақил мусоидат хоҳад кард.



“Набарди блогерон”. Дар Тоҷикистон таъсиргузорони ҷадид чӣ гуна рушд мекунанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед