Ru  | Tj
«Антикафе» чист ва он дар Тоҷикистон чӣ гуна ташаккул ёфтааст
«Антикафе» чист ва он дар Тоҷикистон чӣ гуна ташаккул ёфтааст
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Антикафе» чист ва он дар Тоҷикистон чӣ гуна ташаккул ёфтааст

Нашр шуд

Солҳои охир рафтан ба антикафе миёни ҷавонон ба ҳукми анъана даромадааст. Антикафе маконест, ки ҷавонон ба он ҷо асосан дар вақтҳои холигии худ мераванд ва аз ин рӯ, ин маконро тайм-кафе низ ном мебаранд. Антикафе чӣ махсусият дорад? Дар антикафе одамон на барои хӯрок хӯрдан, балки барои вақти хуро хӯш гузаронидан маблағ сарф мекунанд. Он маконест, ки мебелҳои замонавӣ, роҳаткурсӣ дошта ва дар маҷмӯъ шароити хуби истироҳату фароғат дорад. Ба сокинони шаҳр чунин ҷойҳо асосан барои ҷамъомадҳои дӯстона, бозиҳои рӯйимизию компютерӣ ва тамошои филмҳо беҳтарин маконҳо ба ҳисоб меравад. Меҳмонон низ метавонанд, бо худ хӯрока ва нӯшиданиҳояшонро биёранд ва дар чунин ҷойҳо вақти худро хӯш гузаронанд. Дар навбати худ соҳибони антикафе барои мизоҷон чой, қаҳва ва кулчақандҳоро пешниҳод мекунанд.


Антикафеҳо аксар вақт нақши коворкингро мебозанд. Дар он ҷо фрилансерҳо, дизайнерҳо, барномасозон, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, лоиҳаҳои худро пешниҳоди муштариён мегардонанд. Дар ин ҷо аксар вақт чорабиниҳои гуногуни эҷодӣ, презентатсияҳо, намоишгоҳҳо, мастер-классҳо ва ғайра баргузор мешавад. Ба ибораи дигар, ин ҷо як минтақаи худшиносии озод ва сабзиш аст.

Дар Тоҷикистон антикафеҳо шурӯъ аз солҳои 2000-ум пайдо шуданд. Дар муддати кӯтоҳ антикафе ба ҷавонони пойтахт писанд омада ва рафтан ба чунин маконҳо миёни онҳо муд шуд. Имрӯз дар Душанбе ҳамагӣ якчанд антикафе асту халос. Мо хостем аз вазъи антикафеҳои имрӯза бохабар гардем, оё онҳо шакли пешинаи худро нигоҳ дошта тавонистаанд ё на?

Parking

Паркинг- антикафеи машҳур дар шаҳри Душунбе буда, зимистони соли 2018 ба кор шурӯъ намудааст. Он дар наздикии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Ин макон ба зӯдӣ ба ҷавонони пойтахт писанд омад, ки дар натиҷа рафтан ба антикафе миёни онҳо ба ҳукми анъана даромад. Дар ин ҷо, баъзан вақт чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, намошигоҳҳо, консертҳо, тренингҳо ва рӯнамоии корҳои эҷодии ашхоси гуногун баргузор мегардад. Нафароне, ки чорабиниҳои пурғавғоро дӯст намедоранд, метавонанд вақти худро дар бозиҳои рӯйимизӣ ё компютерӣ хуш гузаронанд ё ба гӯшаи хилвату ороми ин макон рафта, ба мутолиаи китоб машғул шаванд.



Дар назди антикафе шумо метавонед ҳамеша шумори зиёди ҷавононро вохӯред. Онҳоро зуд шинохтан мумкин аст, зеро ин ҷавонон бо садои баланд ва ҳазломез сӯҳбат мекунанд. Албатта, ҷавонӣ аёми ҷушу хурӯш аст ва ҷавонон низ дар ин синну сол мехоҳанд, ҳамеша озод бошанд ва аксар вақт рафтори худро дар як чорчӯби муайян нигоҳ дошта наметавонанд. Аммо масъулини антикафеҳо ҳамеша муштариёни худро таъкид мекунанд, то одоби муоширатро ба ҷо биёранд, тартибу низоми дохилиро риоя кунанд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд.

"Ман ин маконро дӯст медорам. Паркинг барои ман хонаи дуввум гардидааст. Дар ин ҷо бо дӯстонам вақти худро хӯш мегузаронам, бозӣ ва сӯҳбат мекунем, ҳамчунин аксбардорӣ карда, дар ТикТок гузошта, ба ин тариқ дӯстони ҷадид пайдо мекунем”, - мегӯяд яке аз муштариёни антикафе.



“Ман қаблан Паркингро дӯст медоштам ва аз ин рӯ, бо дӯстонам зуд-зуд ба он ҷо мерафтем. Бевақтии шаб ҳангоми аз ин ҷо баргаштан бо рафиқон сӯи ошхона мешитобидем. Дар ин вақт тамоми шаҳр аллакай хоб буданд. Гузаронидани вақти худ дар чунин макон барои мо хеле гуворо буд. Аммо ҳоло фаъолияти чунин маконҳо суст шуда, баъзан вақт онҳо пинҳонӣ фаъолият мекунанд. Чанде пеш ман ба он ҷо рафтанро бас кардам», - таассуроти худро нақл мекунад, Темур - собиқ муштарии доимии Паркинг.

Ҳуҷраи №13

Антикафеи дигаре, ки мо мехоҳем бо вазъи фаъолияти он ошно гардем, «Ҳуҷраи №13» ном дорад. Он ба наздикӣ кушода шудааст, аммо аллакай муштариёни зиёд дорад. Ин антикафе дар наздикии «Душанбе-плаза» ҷойгир аст, ки барои ҷавонон зиёд писанд мебошад. Ин макон ҷавононро ба истироҳату фароғат, бозиҳои рӯйимизӣ ва китобхонӣ даъват мекунад. Ин ҷо шумо метавонед бо дӯстони худ бо пардохти начандон зиёд истироҳат кунед. Ба андешаи мизоҷон ин ҷо нархҳо дастрасанд. Ҳуҷраи №13 ошхона низ дорад, ки хизматрасонии он низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Шароит барои истироҳату фароғат низ муҳайёст.


«Ба муштариён чӣ писанд аст ва онҳо бештар ба чӣ чиз таваҷҷӯҳ доранд – ҳамаи ин ба назар гирифта мешавад. Аксар вақт антикафе бо қолаби классикӣ фаъолият мекунад, ки аз ин ҷо мизоҷон чизи ба худ дилхоҳашонро мегиранд», - мегӯяд Эдем Перков.


Ҳуҷраи № 13 ҳар шаби ҷумъа бозиҳои мафияро баргузор мекунад. Дар ин рӯзҳо, шумо метавонед дӯстони нав пайдо кунед ва вақти худро на дар хона, балки дар муоширати воқеӣ гузаронед. Ва муҳимтар аз ҳама, метавонед комилан ройгон бозӣ кунед.

Ҳуҷраи № 1

Бисёриҳо ба он андешаанд, ки Паркинг аввалин антикафе дар пойтахти Тоҷикистон аст, аммо ҷавонони солҳои 2000-ум Ҳуҷраи №1-ро, ки соли 2015 кушода шуда буд, хуб дар хотир доранд. Ин хонаи шахсӣ дар минтақаи бурҷи Эйфел буд. Имрӯз, ҷавононе, ки ба ин ҷо меоянд ин маконро бо некӣ ёд мекунанд.


Ин макон аз антикафеҳои муосир ба куллӣ фарқ мекард.

Мавқеии ҷойгиршавии ин антекафе низ хеле мувофиқ буда, дар ҳавлӣ истироҳатгоҳҳо ва бозиҳои рӯйимизӣ дорад.

«Он замон маконҳои бозиҳои рӯйимизӣ чандон зиёд набуд. Гузашта аз ин, муҳит хеле хушҳолкунанда буд. Ман ва дӯстонам зуд-зуд ба он ҷо барои бозӣ мерафтем», - мегӯяд Анна, муштарии Ҳуҷраи №1.

Аммо ба зудӣ бозиҳо дилгиркунанда шуданд, бачаҳо бе кортҳои махсус бозӣ кардани мафияро омӯхтанд. Ҳама бозиҳо дигаргун шуданд ва ин макон маънои аслии худро гум кард, аммо қаҳрамони мо он рӯзҳоеро, ки пас аз дарс ба он антикафе мерафт, бо некӣ ёдовар мешавад.


«Антикафеҳои ҳозира гуногунанд, аммо онҳо як ҳадаф доранд. Ҳоло антикафеҳо зиёд шуданд ва барои таваҷҷӯҳи муштариёнро ҷалб намудан, бо ҳар роҳ худро таблиғ мекунанд. Онҳо хуб кор мекунанд, аз ин сабаб, маъмуланд. Ҳуҷраи №1 барои пешрафт коре накард, дар он ҷо чорабиниҳо фарҳангӣ ба мисли антикафеи Паркинг баргузор намешуд, аз мавҷудияти он одамони кам огаҳӣ доштанд. Шояд ин яке аз сабабҳои баста шудани ин макон буд ”- мегӯяд Анна.

Умедворем, ки дар шаҳр ҷойҳои диққатҷалбкунандаву обод ва дигар маконҳои баргузории ҷамъомадҳои дӯстона зиёд хоҳад шуд, зеро ҷавонони мо ба чунин маконҳо ниёз доранд.



Донишҷӯи тоҷик бояд чӣ гуна намуди зоҳирӣ дошта бошад? Мунтахабе аз аҷибтарин ихтилофҳо

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(160) "Ҷавоҳироти ороишӣ: Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ умри ҷавоҳироти дастсозро дароз мекунанд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14833"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "10212"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(105) "/tj/articles/networks/avo_iroti_oroish_ch_guna_shabaka_oi_i_timo_umri_avo_iroti_dastsozro_daroz_mekunand/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4781"
  ["CODE"]=>
  string(82) "avo_iroti_oroish_ch_guna_shabaka_oi_i_timo_umri_avo_iroti_dastsozro_daroz_mekunand"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4781"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷавоҳироти ороишӣ: Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ умри ҷавоҳироти дастсозро дароз мекунанд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(122) "«Калмарбозӣ» ба қатори филмҳои сербинандатарини Netflix шомил гардид"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13528"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9304"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(88) "/tj/articles/networks/kalmarboz_ba_atori_film_oi_serbinandatarini_netflix_shomil_gardid/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4367"
  ["CODE"]=>
  string(65) "kalmarboz_ba_atori_film_oi_serbinandatarini_netflix_shomil_gardid"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4367"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

«Калмарбозӣ» ба қатори филмҳои сербинандатарини Netflix шомил гардид

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(161) "«Ороиши ҳунарии рӯй аз Tik-Tok». Чӣ гуна ҷавонон ба рӯю сурати худ шоҳкорӣ наққошӣ мекунанд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12809"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8763"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(111) "/tj/articles/networks/oroishi_unarii_r_y_az_tik_tok_ch_guna_avonon_ba_r_yu_surati_khud_sho_kor_na_osh_mekunand/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4130"
  ["CODE"]=>
  string(88) "oroishi_unarii_r_y_az_tik_tok_ch_guna_avonon_ba_r_yu_surati_khud_sho_kor_na_osh_mekunand"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4130"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

«Ороиши ҳунарии рӯй аз Tik-Tok». Чӣ гуна ҷавонон ба рӯю сурати худ шоҳкорӣ наққошӣ мекунанд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(167) "Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон: Ҳамсояи номуносиб  метавонад таърихро аз байн бибарад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12039"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8177"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(113) "/tj/articles/education/osorkhonai_mardumshinosii_to_ikiston_amsoyai_nomunosib_metavonad_tarikhro_az_bayn_bibarad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3880"
  ["CODE"]=>
  string(89) "osorkhonai_mardumshinosii_to_ikiston_amsoyai_nomunosib_metavonad_tarikhro_az_bayn_bibarad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3880"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон: Ҳамсояи номуносиб метавонад таърихро аз байн бибарад

Другие новости