“Аз мақомот омада, огоҳ карданд бино чаппа мешавад”
Нашр шуд
Сокинони манзиле, ки Мирзо Турсунзода, шоири мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон зистааст, ба Halva.tj гуфтанд, масъулини шаҳрдории Душанбе онҳоро аз тахриби бино огоҳ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе дирӯз, 12-уми сентябр, бо нашри як иттилоия ин сарусадоҳоро бепоя донист ва гуфт, дар ин замина аз сӯйи мақомот “ягон тасмим гирифта нашудааст”.
Барои дарёфти назари сокинони ин манзил ба кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе рафтем ва бо онҳо гуфтугӯ кардем.
"ЭҲТИМОЛ БОҒ БУНЁД ШАВАД"
Дар мағозае, ки дар бинои манзили нахустини Мирзо Турсунзода ҷойгир аст, ба мо гуфтанд, ки чанде қабл онҳоро аз тахриб шудани бино огоҳ карданд.
“Тақрибан 3 моҳ пеш чанд кас омада, худро намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки се бинои дуошёна вайрон карда мешавад. Аз ин рӯ чанде аз сокинон манзилашонро фурӯхта, рафтанд. Баъзе аз онҳо ҳар метри мураббаъи манзилашонро 700 доларӣ фурӯхтанд”, - гуфт фурӯшандаи мағоза.
Номбурда дар мавриди кай тахриб шудани бино изҳори бехабарӣ ва танҳо гуфт, ки дар ҷойи он эҳтимол боғ бунёд мешавад ва ё роҳи худравгард васеъ карда мешавад.
“АСНОДИ ХОНАҲОРО БУРДАНД”
Ҳангоми гаштугузор дар назди манзиле, ки Мирзо Турсунзода зистааст, аз як сокини дигар пурсидем, ки оё онҳоро аз гӯё тахриб шудани ин бино огоҳ кардаанд, ӯ дар посух гуфт, “се сол шуд ҳамин хел мегӯянд”.
Ин сокини кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, маълум нест ин биноҳо кай вайрон карда мешаванд, вале, ба гуфтаи ӯ, асноди марбут ба манзилро мақомот аз соҳибони манзил гирифтаанд.
“Аз мақомот омада, чанд тирезаи хонаҳоро канданд. Баъдан ба ҷояш тирезаи нав насб карданд”, - гуфт ӯ.
Воқеъан мушоҳидаи мо нишон дод, ки тирезаи баъзе аз ҳуҷраҳои ин манзил нест ва гирду атрофи баъзе аз биноҳо валангор карда шудааст.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбатамон, қарор аст дар ҷойи боздоштгоҳи рақами 1 боғ бунёд шуда, ба ҷойи манзили зисти онҳо кулба (коттеҷ) сохта шавад.Ба суоли мо дар мавриди он ки ӯ инро аз куҷо медонад, посух дод, ки яке аз пайвандонаш дар мақомот кор мекунад ва бо тарҳи бозсозии ин минтақа аз наздик шинос шудааст. Вай дақиқан нагуфт, ки кадом мақомотро дар назар дорад.
Ӯ тасдиқ кард, ки дар гузашта дар яке аз ин биноҳо нависандагон мезистанд ва Фирӯза Турсунзода, духтари шоири тоҷик Мирзо Турсунзода низ замоне инҷо ба сар мебурд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, баъдан фарзандону наздикони нависандагон манзилҳоро фурӯхта ба ҳавлӣ кӯч бастанд.
Бинобар сабаби мотам доштани хонаводаи Мирзо Турсунзода натавонистем бо духтари шоир Фирӯза Турсунзода тамос бигирем ва назари ӯро дар робита ба ин масъала дарёфт кунем.
Бояд гуфт, ки 11-уми сентябр, Радиои Озодӣ хабар дод, ки хонаеро, ки дар он Мирзо Турсунзода зистааст, вайрон мекунанд.
Дар пайи он шаҳрдории Душанбе дирӯз, 12-уми сентябр бо нашри як иттилоия ин хабарро бепоя донист.
Ин ниҳод дар иттилоия навишт, ки “хабари паҳншуда асоси воқеъӣ надошта, дар бораи валангор кардани он аз сӯйи мақомот ягон тасмим гирифта нашудааст”.
Гуфтанист, ки ин манзили нахустини шоир дар шаҳри Душанбе аст, ки дар паси чойхонаи «Роҳат» ҷойгир буда, достони пуровозаи “Қиссаҳои Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода дар онҷо эҷод шудааст.
Сарусадо дар бораи тахриби манзили Мирзо Турсунзода дар ҳолест, ки пештар мақомот ният доштанд осорхонаи Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти нави тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистонро дар Душанбе валангор кунанд. Аммо пас аз норозигии фарҳангиён мақомот аз ин тасмим даст кашиданд.
Масъулини ҳукумат дар посух мегӯянд, ки биноҳои тахрибшаванда дар феҳрасти ёдгориҳои торихӣ мавҷуд нестанд ва аз ин рӯ тибқи “Генплан” ё барномаи бозсозии Душанбе аз байн бурда мешаванд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед