Ru  | Tj
Дар Маскав Конфронси байнулмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколама - 2024. Нерӯҳои ҷазб" оғоз шуд
Дар Маскав Конфронси байнулмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколама - 2024. Нерӯҳои ҷазб" оғоз шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Дар Маскав Конфронси байнулмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколама - 2024. Нерӯҳои ҷазб" оғоз шуд

Нашр шуд

Ҳаштумин Конфронси байнулмилалии илмӣ-амалии «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2024. Нерӯҳои ҷазб», ки аз ҷониби Донишкадаи миллии таҳқиқоти тавсеаи иртиботӣ (ДМТТИ) ташкил шудааст, дар пойтахти Федератсияи Русия, шаҳри Москав, ба кори худ оғоз кард.


Тибқи нақшаи баргузоркунандагон, Конфронси мазкур шомили як ҷаласаи умумӣ хоҳад буд, ки дар ҷараёни он ширкаткунандагон масъалаҳои мушкилоти сохтори фазои ҷаҳонӣ дар чорчӯби Аксарияти ҷаҳонӣ ва Ғарб, пӯёҳои иҷтимоии фазои пасошӯравӣ ва таъсири он ба фарояндаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, чашмандозиҳои ҳамгироии ҷаҳони славянӣ ва мавзӯоти дигари мубрамро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ҳамзамон, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи миллии таҳқиқотии тавсеаи иртиботот ва Донишгоҳи давлатии Бодканд (Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Анҷумани дипломатҳои Русия дар назар гирифта шудааст.


Илова бар ин, дар доираи Конфронс баргузории 6 мубоҳисаи тахассусӣ дар мавриди мавзӯоти дурнамои ҳамоҳангсозии стандартҳо барои назорати аҳдофи тавсеаи пойдор дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, нуҳбагони сиёсии ҷаҳони муосир, авомили соҳибихтиёрӣ ва субъективии давлатҳо дар ҷаҳони муосир ва ғайраҳо барномарезӣ шудааст.

Ба қавли баргузоркунандагон, олимону коршиносони барҷастаи русӣ ва хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва корпуси дипломатӣ дар як майдон гирди ҳам хоҳанд омад. Ҳамчунин, интизор меравад, ки Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Григорий Карасин, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байнулмилалӣ ва намояндагони дигари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Думаи давлатии Русия дар ин Конфронс ширкат хоҳанд кард.


Дар мавриди меҳмонони хориҷӣ, ин Конфронс бо ҳузури аъзои порлумонҳои миллӣ, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии кишварҳои пасошӯравӣ, ҳамчунин Булғория, Сербия, Словакия баргузор хоҳад шуд.

Илова бояд кард, ки қабл аз ҳаштумин Конфронси байнулмилалии илмӣ-амалии «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2024. Нерӯҳои ҷазб» панҷ ҷаласаи хориҷӣ дар моҳи апрел дар Беларус, Тоҷикистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Осетияи Ҷанубӣ баргузор шуданд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед