Ru  | Tj
“Дарвозаҳои электронӣ”-и Тоҷикистон кушода мешаванд: Президент тартиби корашонро тасдиқ кард
“Дарвозаҳои электронӣ”-и Тоҷикистон кушода мешаванд: Президент тартиби корашонро тасдиқ кард
Аксҳо аз сомонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

“Дарвозаҳои электронӣ”-и Тоҷикистон кушода мешаванд: Президент тартиби корашонро тасдиқ кард

Нашр шуд

Тоҷикистониён ва меҳмонони хориҷӣ зимни омадурафт дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ имкон пайдо хоҳанд кард, ки бидуни навбатпоӣ барои қабули маъмурини марзбонӣ, мустақилона аз қайди сарҳадот гузаранд.

Halva.tj бо тартиби кори дарвозаҳои электронӣ, ки ахиран ҳукумат тасдиқ карду интизор меравад, аз оғози декабр мавриди амал қарор мегирад, шинос шуд ва ҷузъиёташро пешниҳод мекунад. 

Тоҷикистон сол ба сол сайёҳони бештарро ҷалб карда истодааст ва барои роҳати ҳам мусофирону ҳам маъмурини давлатӣ дастгоҳҳои “Дарвозаҳои электронӣ”-ро фаъол карданист.

Тартиби истифодаи таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистонро, раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат тасвиб намуд.

Муқаррар шудаст, ки қарори мазкур аз 1 декабри соли 2024 мавриди амал қарор мегирад.

Президент Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ,  Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумат ва маъмурияти фурудгоҳҳои байналмилалии кишварро муваззаф кардааст, ки барои иҷрои ин қарор тадбирҳои заруриро андешанд. 

Ҳукумат тавзеҳ дод, ки таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” бо мақсади содагардонии гузаштани назорати сарҳадӣ дар толорҳои омад ва рафт дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

“Бо мақсади кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозӣ ё пасазпарвозии мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, инчунин зиёд намудани иқтидори гузаришии нуқтаҳои назорати сарҳадӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалии авиатсионӣ, дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” насб карда мешаванд”, - омадааст дар санади ҳукумат.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷиҳо ва шахсони бешаҳрванд, ки синнашон аз 18 болост, ҳуқуқ доранд тавассути таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” аз назорати сарҳадӣ гузаранд.

“Маъмурияти фурудгоҳҳое, ки дар терминалҳои онҳо таҷҳизоти техникӣ насб гардидаанд, барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштан ва таъмини фаъолияти муттасили он уҳдадор мебошанд”, - муқаррар кардаст ҳукумат.

Дар зимн таъкид шудааст, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд гузаштани назорати сарҳадиро тавассути “Дарвозаҳои электронӣ” маҳдуд ё муваққатан манъ намоянд.

Барои мустақилона гузаштан аз сарҳад чӣ бояд кард?

Бар асоси тартиби тасдиқгардида, гузаштани назорати сарҳадии мусофирон бо истифода аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” ба таври зерин сурат мегирад:

Нахуст мусофир саҳифаи асосии ҳуҷҷати сафар, ки ҳуқуқи ворид ё хориҷ шудан аз  Тоҷикистонро медиҳад, ба дастгоҳи хониши шиноснома мегузорад.

Сипас дастури амал дар экрани “Дарвозаи электронӣ” пайдо мешавад, ки даромадан ва анҷоми аксгирӣ, ки ба таври худкор фаъол мешавад. Баъди анҷоми расмиёт мусофир аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” мебарояд.

Дар сурати рад шудани убури сарҳади давлатӣ тавассути таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ”, гузаштани мусофир аз назорати сарҳадӣ бо реҷаи муқаррарӣ амалӣ карда мешавад.

Убури сарҳад бе штамп дар шиноснома

Дар ҳуҷҷати сафари мусофироне, ки аз тариқи дарвозаҳои электронӣ сарҳадотро убур мекунанд, штампи гузаштани назорати сарҳадӣ гузошта намешавад, чун даромад ва баромади чунин мусофирон ба таври худкор дар “Низоми идораи сарҳад ва раводид” сабт мешавад.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ уҳдадоранд баъд аз бақайдгирии маълумоти мусофирон қабл аз парвоз онро ба фурудгоҳи таъйинот тавассути почтаи электронии дахлдор ё тавассути хатҳои ҳифзшуда ба “Низомии ягонаи раводид ва сарҳад” интиқол диҳанд, муқаррар кардааст ҳукумати Тоҷикистон.

Назорати иҷрои талаботи мазкур аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба зиммаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вогузор гардида, ҳукумати ҷумҳурӣ ҳушдор додаст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани ин тартибот ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Омадурафти хориҷиҳо ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Мақомоти Тоҷикистон рушди сайёҳиро аз самтҳои афзалиятноки кори худ қарор додаанд. Гоҳо дар фурудгоҳҳо барои убури сарҳади давлатӣ дар назди утоқҳои марзбонӣ навбат пайдо мешавад ва интизор меравад, ки бо фаъолшавии таҷҳизоти бештари “Дарвозаи электронӣ” ин мушкил аз байн меравад. Таъкид мешавад, ки ин иқдоми рақамисозӣ барои беҳбуди имиҷи кишвар ва таассуроти  хуби мусофирон мусоидат мекунад.

Тибқи омори расмӣ, тайи 9 моҳи аввали соли равон беш аз 1 миллиону 223 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки аз ин рақам зиёда аз 941 ҳазор нафарашон сайёҳ будаанд. Аз теъдоди умумии меҳмонони хориҷии Тоҷикистон дар нуҳмоҳа, беш аз 1 миллиону 118 ҳазор нафарашон аз кишварҳои ИДМ ва зиёда аз 104 ҳазорашон аз мамлакатҳои хориҷи дур будаанд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед