Ru  | Tj
Имкониятҳои нави Русия барои табдил шудан ба абарқудрати ҷаҳонӣ
Имкониятҳои нави Русия барои табдил шудан ба абарқудрати ҷаҳонӣ
Аксҳо: Аз интернет

Имкониятҳои нави Русия барои табдил шудан ба абарқудрати ҷаҳонӣ

Нашр шуд

Ҷуғрофия дар сарнавишти миллатҳо ҳамеша нақши калидӣ доштааст. Дар баъзе вақтҳо сабаби қудрат ёфтан ва баъзеи дигар сабаби завол, заъф ва фурӯпошии онҳост. Ҳарчанд иддае бар ин боваранд, ки бо пешрафтҳои фановарӣ имрӯз ҷуғрофия нақши асосии худро ба мисли гузашта аз даст додааст, аммо агар ба манобеи қудрати кишварҳо назар андозем, мебинем, қисмати бузурги сарчашмаи қудрати онҳо ба ҷуғрофия вобаста аст. Васеъ будани сарзамин, сарватҳои зеризаминӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, сохтори дохилии қаламрави кишвар, сифати сарҳадҳо, иқлими хуб, ҳосилхезии замин ва ҳолати ҳамсояҳо ҳамчунон сарчашмаҳои муҳимми қудрати миллии ҳукуматҳо мебошанд.


Федератсияи Русия аз ҷумлаи давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки дар он география ҳамеша дар тақдири он ҳамчун давлати бузурги ҷахонӣ роли асосӣ доштааст. Сарзамини васеъ (17 125 191 км², ки ҳаштяки масоҳати замин) бо мавқеи хуб, ки дар Осиё ва Аврупо паҳн шудааст, захираҳои бузурги табиӣ ва маъданӣ, аз ҷумла захираҳои стратегӣ, аз қабили газ, нафт ва тилло, иқлими гуногун, заминҳои ҳосилхез ва ҳамсояҳои заиф омили ба давлати бузург табдил шудани Русия мебошад.

Ин кишвар ба сабаби ҷуғрофияи худ аз асри XVIII то имрӯз яке аз чаҳору панҷ қудрати бузург буд ва то ба ҳол дар сохтор, сиёсат ва назми ҷаҳонӣ нақши калидӣ дошт ва ба назар мерасад, ки сарнавишти он дар оянда ҳам бо география пайванд хӯрдааст. Дар ҳоле, ки дигар қудратҳои бузург нигарони аз даст додани мавқеи худ дар низоми ҷаҳонӣ ба сабаби тағйироти ҷуғрофӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим мебошанд, барои Русия тағйироти ҷуғрофӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим як имконияти нави тиллоӣ бо сабабҳои зерин мебошад:

ИСТИФОДАБАРИИ ХОКИ СИБИР


Иқлими гарм дар минтақаи Сибир, ки як қисми зиёди қаламрави Русияро ташкил медиҳад, барои ин кишвар имкони тиллоӣ фароҳам меорад. Ин минтақа, ки 60 дарсади Русия ва 9 дарсади хушкиҳои сайёраро дар бар мегирад, аз сабаби сардӣ ва яхбандӣ дар қисми зиёди он танҳо тақрибан 40 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, аммо гурӯҳи таҳқиқотии "Красноярск"-и Русия ва Идораи миллии ҳавофазоӣ ва кайҳони Амирико пешгӯӣ мекунанд, ки аҳолии минтақа то соли 2080 бо афзоиши гармшавии замин панҷ маротиба боло хоҳад рафт.

Баҳраварӣ аз заминҳо ва зиёд шудани ҳосил маҳсулоти хоҷагии Русияро хеле зиёд мекунад. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо дар дастрасӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ҳисоботе, ки як гурӯҳи олимони мардумшиноси Русия дар соли 2019 нашр кардаанд, нишон медиҳад, ки то соли 2080 нисфи Сибир барои кишоварзӣ мусоид хоҳад шуд. Агар Русия бихоҳад, метавонад дар оянда миллионҳо аҳолиро аз кишварҳои дигар, ки бар асари тағйири иқлим хиҷрат мекунанд, мизбонӣ кунад ва онҳоро дар сарзамини холии Сибир ҷо диҳад ва онҷоро ба бузургтарин минтақаи иқтисодии ҷаҳон дар охири асри XXI табдил диҳад. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда, дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ рӯбарӯ мешаванд, Русия ба таъминкунандаи маводи ғизоии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

ДАСТРАСИИ РУСИЯ БА ЗАХИРАҲОИ ТАБИИ ЗИЁД


Сибир ва ҳамчунин минтақаҳои байни Артика ва Русия дорои захираҳои арзишманди табиӣ ва ҳатто бузургтарин захираҳои ҷаҳон мебошанд. Гуфта мешавад, ки дар ин манотиқ ба маблағи триллионҳо доллар манобеи маъданҳои истифоданашуда ва камёфт аз қабили руҳ, маъдани оҳан, нуқра, ангишт, никел, мис, тилло, алмос, уран ва дигар мавод мавҷуд аст. Ба сабаби ин ки истифодаи технология дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст, бисёре аз ин маъданҳо барои аксари дастгоҳҳо аз смартфонҳо ва компютерҳо то мушакҳо ба унсурҳои муҳим табдил ёфтаанд. Ҳамон тавре, ки дорои сарватҳои гаронбаҳои табиию маъданӣ ҷузъи қудрати миллӣ аст, дастрасии Русия ба захираҳои табиию маъданҳои ҷадид ба қудрати он меафзояд.

АФЗОИШИ ҲАҶМИ ЗАХИРАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ


Гармшавии иқлим ба Русия захираҳои бузурги стратегӣ ва ҳаётан муҳим, аз қабили нафту газ дар Сибир ва обҳои Артикаро фароҳам оварда, онро ба як абарқудрати энергетикӣ табдил медиҳад. Русия дар ҳоли ҳозир ҳам дорои бузургтарин захираи гази табиӣ дар ҷаҳон аст ва ҳамчун бузургтарин содиркунандаи он шинохта шудааст. Гуфта мешавад, ки Қутби Шимолӣ ҳудуди 30 дарсади захираи гази табиии ҷаҳон ва 13 дарсади захираи карбогидридро дар бар мегирад. Ва саҳми Русия дар ин манобеъ бо 14 дарсади захираи умумии нафт ва 40 дарсади кулли захираи гази ин кишвар баробар аст. Ҷойгиршавии беназири ҷуғрофии Русия ба он имкон медиҳад, ки ҳамзамон гази табииро ҳам ба Аврупо ва ҳам Осиё таъмин кунад ва ба он қудрати бузурги геополитикӣ барои таъсиргузорӣ ба кишварҳои ҳарду қораро фароҳам оварад.

БОЗШАВИИ РОҲИ КИШТИРОНИИ ШИМОЛӢ


Обшавии қишрҳои яхбастаи обҳои шимолӣ роҳи наверо барои тиҷорати ҷаҳонӣ, бахусус миёни Осиё, Аврупо ва Амрико мекушояд, ки нисбат ба дигар роҳҳо кӯтоҳтар, арзонтар ва амнтар аст. Ин масири киштиронӣ, ки ҳудуди даҳ ҳазор километр тӯл дорад, комилан аз соҳилҳои Русия мегузарад, яъне танҳо худи Русия муҳимтарин роҳи обӣ дар ҷаҳонро назорат хоҳад кард. “Роҳи баҳрии шимолӣ ҷои канали Суэтсро гирифта метавонад, ки вай кирояи интиқолотро аз Авруопа ба Осиё ва Амрико хеле кам мекунад”, менависад газетаи «Вашингтон пост». Ба гуфтаи Даниел Моран, профессори Донишгоҳи баҳрии ИМА, дар сурати боз шудани масири шимолӣ, Русия ба яке аз тӯлонитарин соҳилҳо ва масирҳои тиҷоратӣ ва ҳамлу нақли қутби шимол, ки ба тиҷорат бо Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ мусоидат мекунад, назорат хоҳад дошт. Ин аст, ки ҳукумати Русия қасд дорад, то соли 2024 ҳамлу нақли молҳо дар ин масирро ба 80 миллион тонна расонад.

Истифода аз фоибари нурӣ. Обшавии яхҳои Арктика ба Русия имкон медиҳад, ки бо иштирок ва сармоягузории Чин тавассути хати фоибар-нурӣ (нахи оптикии) баландсуръат аз баҳри шимолӣ интиқол шавад. Ба гузориши сомонаи “Як камарбанд ва як роҳ” Медведев, Сарвазири вақти Русия ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Маскав барои бунёди Роҳи абрешими Арктикӣ, ки тавсеаи хати фоибари нурӣ (нахи оптикии) бахши он аст, ба мувофиқа расидаанд. Дар ҳоли ҳозир 95 дарсади ноқилҳои нахи оптикӣ аз зери баҳр миёни Аврупову Амрико ба даст меояд ва миёни Аврупову Осиё ноқили мустақим вуҷуд надорад, аммо Русия метавонад бо кӯмаки Чин ин мушкилиро ҳал кунад.


Мувофиқи гуфтаҳои боло ба ин хулоса меоем, гарчанде, ки тағйирёбии иқлим барои кишварҳои дигар таҳдид мебошад, он барои Русия имкониятҳои нав фароҳам меорад, ки қудрати онро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Гармшавии глобалӣ имкон медиҳад, ки Русия ба захираҳо ва сарчашмаҳои азим ва масири нави тиҷорати ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунад ва онҳоро дар ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва афзоиши нақши байналмилалии худ истифода барад. Дар сурати дуруст истифода бурдани ин имкониятҳо Русия на танҳо як қудрат ҷаҳонӣ боқӣ мемонад, балки имконияти зиёди табдил шудан ба абарқудрати ояндаро дорад. Ин дар ҳолест, ки ин тағйироти мустақим ё ғайримустақим қудрат ва ҷойгоҳи қудратҳои дигари бузурги ҷаҳониро коҳиш медиҳад. Махсусан, барои кишварҳое чун Ҷопон, Британияи Кабир, Фаронсаву Олмон ва то ҳадде Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад мавқеи онҳоро якбора тағйир дода ва мақому аҳаммияти онҳоро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, ба назар чунин мерасад, ки тағйироти географӣ ва тағйирёбии иқлим ба Русия барои абарқудрат шудан кӯмак мекунад.


Ихтилофҳои дохилии Толибон. Гурӯҳи Мулло Бародар, Мулло Ёқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо ҳам рақобат доранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед