
Ховари Миёна майдони «ҳисобу китоб»-и абарқудратҳо
Нашр шуд
Солҳост, ки вазъият дар Ховари Миёна ноором аст. Мутаассифона, бар асари сиёсате, ки абарқудратҳои ғарбӣ нисбат ба ин минтақа аз охири асри ХХ сар карда роҳандозӣ кардаанд, миллионҳо нафар аз қабили пиронсолону кӯдакон дарбадару бе ҷойи зист мондаанд. Шумори ҳалокшудагон ҳам хеле зиёд аст.
Бинобар «талошҳои демократӣ»-и Ғарб, ҳоло муҳоҷирони зиёд назди сарҳадҳои Аврупо интизории рӯзҳои неканд. Ҳамзамон сарони давлатҳои мусулмоннишин танҳо аз минбарҳои баланд барои пеш бурдани сиёсатҳои манфиатҷӯёна лоф зада, оиди вазъи ҳамдинонашон «ғаму андӯҳ»-и хешро иброз медоранд. Роҳбарони аксар кишварҳои дунё аз Чину давлатҳои арабӣ, то Эрону Туркия аз минбари Созмони милал аз мурракаб шудани авзоъ дар минтақа нигаронӣ намуда, як навъ нишон доданд, ки гӯё барои тақдири Ховари Миёна «ҷиддан» талош доранд.
Раисҷумҳури ИМА, Ҷо Байден дар вокуниш ба кушта шудани дабири кулли муқовимати Лубнон, зимни ҳимоят аз иқдоми Исроил, марги Сайид Ҳасан Насруллоҳро «иҷрои адолат» хонд. Байден бо нашри баёнияе муддаӣ шуд, ки ҳадафи Амрико танишзудоӣ аз ғарби Осиё, Лубнон ва Ғазза аз тариқи дипломатия аст. “Амрико аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ дар баробари Ҳизбуллоҳ, Ҳамос, Ҳусиҳои Яман ё ҳар гуруҳи террористии дигари таҳти ҳимояти Эрон, пуштибонӣ мекунад”.
Ҷониби Русия ҳам иқдомоти Исроил дар нақзи ҳокимияти Лубнон ва кушта шудани Ҳасан Насруллоҳро маҳкум карда гуфт, ки онҳо бо ҳампаймононашон пайи таҳрики ҷанги бузург дар Ховари Миёна ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол коршиноси масоили сиёсии минтақа аз Русия, Александр Князев дар ёддоште, ки дар ихтиёри пойгоҳи хабарии “Fars” қарор додааст, ба барраси иқдоми террористӣ алайҳи дабири кулли “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва паёмадҳои он пардохтааст, ки террори Насруллоҳ густариши меҳвари муқовиматро дар Ховари Миёна калид задааст.
“Албатта дар ҳоли ҳозири Исроил аз пуштибонии Ғарб бархӯрдор буда, ба он иҷоза дода мешавад, то ҳуқуқ ва қавонини байналмилалиро зери по гузорад ва мардуми ғайринизомии Фаластин ва Лубнонро ба хоку хун кашонад. Ҷиноёте, ки Исроил аз манзари ҳуқуқи байналмилалӣ муртакиб мешавад, аз сӯи афкор умуми ҷаҳон, ки дар шакли додани он расонаҳои байналмилалии вобаста ба Ғарб нақши асосӣ доранд, то ҳудуди зиёде нодида гирифта мешавад. Исроил бо доштан чунин шароити мусоиде барои худ, ҳамсоягони хешро дар Ховари Миёна ба даргириҳо таҳрик мекунад ва ба таври хос ба думбол кашондан ҷанг ба минтақа аст”,- гуфтааст ӯ.

Ба андешаи Князев нақши Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар нуфуз ва густариши “Ҳизбуллоҳ” бисёр зиёд аст, аммо террори ӯ ва теъдоде аз раҳбарони он бидуни тардид ба маънои шикасти ин ниҳод нест. Ҳоло дар Эрон, Сурия ва Яман бисёриҳо омода ҳастанд, то ба таври лозима аз “Ҳизбуллоҳ” ҳимоят кунанд,
Масъуд Пизишкён, раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлатӣ, кушта шудани Ҳасан Насруллоҳро маҳкум карда гуфт, ки ин ҷиноят тавассути режими Исроил бори дигар собит кард онҳо ба ҳеҷ як аз қавонин ва чорчубаҳои байналмилалӣ пойбандӣ надоранд. Иддаои сарони ИМА ва кишварҳои аврупоӣ бо террори Ҳания дар Эрон, ки ваъдаи оташбас медоданд, тамоман дуруғ буд ва танҳо ба ҷинояткорон фурсат дода шуд. Ӯ гуфт, ки “Исроил навбат ба навбат кишварҳои меҳвари муқовиматро мавриди таҷовуз қарор дода, занону кӯдакони бегуноҳро ба хоку хун мекашад. Кишварҳои исломӣ набояд нисбат ба ҷиноятгарии ин режим бетафовут бошанд, чаро, ки имрӯз ба тамоми мардуми ҷаҳон собит шудааст, ки ҷинояткори аслӣ ва омили ҷангу ноамнӣ ва одамкушӣ дар ҷаҳон кист!”
Дар воқеъ эҳсос мешавад, ки ҳоли ҷомеаи башарӣ, хусусан ҷомеаи мусулмонӣ рӯз то рӯз бо шикасту суқут маҳкум мегардад. Бешубҳа, онҳое, ки тавони бардошти ҳаёти осуда, тараққиёт ва рушди маънавии инсониятро надоранд, пайваста ва дар ҳама давру замон фитнаву найрангҳои зиёдеро рӯи кор меоаранд. Ҳамлаҳои салибдoрон ё худ ҷангҳои салибӣ, ки дар асри Х-XI барои ба даст овардани ғаразҳои дунявӣ ва аз байн бурдани дини ислом тарҳрезӣ шуда буд, ҳоло ҳам дар шакли пӯшида давом дорад. Зери ниқоби «демократия» бештар заминҳои мусулмоннишин истило гардида, нафту бойигариҳои гуногун ҳамчун ғанимат тороҷ мешаванд. Ҳадафи асосӣ эҷоди нифоқ байни кишварҳои минтақа буда, нафт ғанимати «талошҳои демократӣ» мебошад. Аммо ҷиҳати ҳузнангези масъала ин аст, ки дар ин фитна ашхоси ба ном мусулмон ва ҷомеаи мафтуни исломӣ нақши асосиро мебозанд. Исломи ноб бо дасти худи мусулмонон аз байн рафтан дораду исломи радикалӣ-салафӣ аз ҷониби Ғарб ҳанӯз дастгирӣ мешавад.
Вазоиф ва рисолати СММ ба дурустӣ анҷом намешавад?
Дар чунин шароит раҳбарони аксар кишварҳо дар «даврон таҳаввули амиқи ҷаҳонӣ» дар мақари Созмони милал дар Ню-Йорк гирди ҳам омадаанд, вале бенатиҷа. Даҳаи ахири моҳи сентябри соли равон, як ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ барои роҳбарони кишварҳо буд, ки ҳамагӣ барои паёми сулҳ ва амният барои ҷаҳон баромад карданд. Инчунни, таҳримҳои золимона, идомаи даргириҳо дар нуқоти ҷаҳон аз ҷумла, ҷиноёти режеми Исроил алайҳи мардуми мазлуми Ғазза, иқдомоти террористӣ ва наслкушии рӯзҳои ахири онҳо дар Лубнон алайҳи “Ҳизбуллоҳ” ва роҳбари он, ки вориди марҳалаи ҷиддӣ шудааст, маҳкум шуд. Антонио Гутреш, дабири кулли Созмони милал бо авҷ гирифтани даргириҳо дар марзи Лубнон ва сарзаминҳои ишғолӣ аз табдил шудани Лубнон ба як Ғаззаи дигар нигаронӣ намуд.
Моҳи сентябри соли равон СММ қатъномае алайҳи режеми Исроил содир кард ва дар он хостори оташбас дар навори Ғазза ва таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба он шуд. Ҳамзамон хостори итмоми ишғолгариҳои ин режим дар сарзамини Фаластин, то соли оянда шуд. Ва ин қатънома берун рафтани сарбозони Исроил аз Навори Ғаззаро талаб мекунад. "Исроил дар давоми як сол нерӯҳои худро аз Навори Ғазза берун кашад ва шаҳраксозиро фавран бас кунад". Ин яке аз талаботи қатъномаи марбут ба Фаластин аст. Аз 193 узви Маҷмаи Умумӣ 124 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз он пуштибонӣ карданд. Гуфта мешавад, аз замони оғози ҷанг дар моҳи октябри соли гузашта то кунун бештар аз 50 ҳазор фаластинӣ ва аксаран занону кӯдакон дар Ғазза кушта шудаанд. Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Навори Ғазза, роҳбарону намояндагони ҳукумати кишварҳо аз минбари ин созмони байналмилалӣ баромад карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ гуфт: “Дар робита ба масоили амниятӣ, мехоҳам таъкид намоям, ки буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи кишвари мо мебошад. Вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”. Ӯ аз ҷомеаи байналмилал хост, ки барои поён додан ба ин муноқиша чораҳои муассир биандешад: "Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад. Умед дорем, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид”, - афзуд раисҷумҳури Тоҷикистон.
Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар суханрони худ дар Маҷмаи умуми СММ ба интиқод аз рӯйкарди Амрико дар бораи идомаи ҷанг алайҳи Ғазза пардохт, ки сабаби шаҳодати беш аз 41 ҳазор фаластинӣ шудааст. Ӯ гуфт: “мутаассифем, ки ИМА, се бор монеи судури қатъномаҳое дар Шӯрои амнияти СММ шуд, ки аз Исроил мехост оташбас барқарор кунад, вале Амрико ба танҳоӣ истод ва гуфт на, ҷанг бояд идома пайдо кунад. Аббос гуфт, ки Вашингтон алорағми наслкушии Исроил, ин режимро дар тӯли ҷанги Ғазза ҳам аз назари таслиҳотӣ ва ҳам аз назар дипломатӣ пӯшиш дод ва дар идома хостори таваққуфи куштор дар Ғазза шуд.
Сафири Русия дар Исроил, Анатолий Викторов дар шабакаи телевизионии "Россия-24" гуфт: "вазъият воқеан барои боздид аз Исроил ва кишварҳои атрофи он ҳоло мувофиқ нест".
Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ҳам дар ҳафтодунуҳумин иҷлоси солонаи ин созмон, хостори таваққуфи куштори фаластинён тавассути исроилиҳо бо истифода аз силоҳҳои амрикоӣ шуд: “Итминон аз ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза, бозсозии зерсохтҳо ва муҳимтар аз ҳама, таъмини ҳаққи машруи фаластиниён барои сарнавишти худ аст”.
Ӯ гуфт, ки Русия “хостори таваққуфи чархаи хушунат байни Исроил ва Лубнон аст”. Ва дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба Бейрут, ҳушдор дод, ки минтақаи ғарби Осиё дар остонаи ҷанги бузурге аст. Ин дипломати аршади Русия зимни суханронӣ дар СММ ҳамчунин хитоб ба намояндаи Амрико гуфт: “бидуни ҳимояти шумо аз Исроил, имкони таваққуфи ҷанг дар Ғазза вуҷуд дорад”. Лавров, дар СММ, ҳамлаи ғайринсонӣ ба Лубнонро маҳкум карда гуфт, ки яке дигар аз намунаҳои боризи равишҳои террористии Исроил дар ростои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ, ҳамлаи ғайриинсонӣ ба Лубнон буд, ки сабаби он як фановарии ғайринизомиро ба як силоҳи маргбор табдил кард. Вай бо интиқод аз ин мавзуъ, хостори анҷоми таҳқиқоти байналмилалии густурда дар ин робита шуд.
Дар робита, таҳлилгари умури сиёсӣ Сайфулло Сафаров аз ҳамалоти Исроил ба Лубнон ва иқдоми террористӣ дар пайи инфиҷори дастгоҳҳои иртиботии бесим дар Бейрут гуфт, ки воқеан вазъи минтақа мураккаб мешавад.
“Ҳамлаи Исроил ба Лубнон ва моҷарои марбут ба пейҷерҳо дар ин кишвар, ки шумори зиёдро куштаву маҷруҳ карда, як нуктаи доғро дар минтақа эҷод кардааст. Ҷанги ҳалнашудаи Фаластинён ва Исроил таъсири бесуботкунандае бар кулли минтақа гузошт. Буҳрони Ғазза, ки шиддати он бесобиқа ва авоқибаш вайронгар аст, сардори давлати моро ҳам дар СММ бетараф нагузошт ва зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, изҳори итминон намуданд, ки ҳарчи зудтар нисбат ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Ва таъкид доштанд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд”,-афзуд Сафаров.Ба гуфтаи ҷаноби Пизишкиён, СММ ба унвони яке аз созмонҳои муҳим ва дастоварди бузурги башарӣ, ҷойгоҳе барои ҳузури ҳамаи роҳбарон ва талош барои эҷод ва иртиқои сулҳ, оромиш ва ҳал ихтилофот ва мушкилот аст. Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки агар вазоиф ва рисолати ин созмони муҳими байналамилалӣ ба дурустӣ анҷом шавад, дигар набояд як режим ба хотири қудрат ва тавонмандиҳои илмӣ ва технологӣ ба роҳатӣ занону кӯдаконро дар бемористонҳо ва мадорис ва паноҳгоҳҳо мавриди ҳадаф қарор диҳад ва бикушад: “Имрӯз як режеми ҷинояткор ба роҳатӣ даст ба ҷиноят мезанад ва ҳар ҷоро мехоҳад бомбаборон мекунад ва баъд барои тавҷеҳи ҷинояти худ мегӯяд, ки дар ин марокиз иқдомоти террористӣ анҷом мешудааст ва бадтар ин ки бархе кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар низ иддаоҳои вайро қабул карда ва такрор мекунанд”.
Ғарб хостори сулҳу оромиш дар кишварҳои мусулмоннишин нест
Талабшоҳи Салом, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, вазъи кунунии Ховари Миёна ба майдони «ҳисобу китоб»-и абарқудратон табдил гаштааст. Ва ба ҳамагон аён аст, ки онҳо бо пешгомии технологияи муосир, воқифи ҳар тағйироте дар рӯйи Замин ҳастанд.
“Қудратҳоро СММ маҷбур ва мулзам ба иҷрои коре карда наметавонад ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амали табоҳқоронаи Исроил, то кунун хусусияти машраватӣ дорад. Агар эътирози кишварҳои ҷаҳонӣ, хоса исломӣ ҷилави Исроилу Амрикоро гирифта метавонистанд, қазияи Фаластин, Ғазза, Лубнон ва Яман пеш намеомад. Масалан, ҳамин кишварҳои ҷавомеи мусалмонӣ, хоса арабӣ ба ғайр аз машварату, изҳороту эълмия чӣ кори дигаре кардааст? Ва ё ба фарзи мисол, чанд сол пеш, вақте киштии Туркия «Мави Мармара» мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифт ва дар натиҷаи ин ҳодисаи фоҷеабор даҳ шаҳрванди турк аз ҷониби низомиёни исроилӣ кушта шуд, ҳама интизор доштанд, ки Эрдуғон, ки тоза ба сари қудрат омадааст, як иқдоми ҷиддие мекунад, ки ҷилави ин Тел-авивро мегирад. Аммо ғайр аз чанд ҳарфи тундомез, натанҳо ҷилави Исроилро нагирифт, балки равобити иқтисодиву тиҷоратиаш боз ҳам барқарор шуду аз сатҳи пештар боло рафт”,-афзуд Талабшоҳи Салом.
Дар воқеъ, ҳукумати Туркия бо чунин бозиҳои пинҳониаш замоне ҳатто барои Аврупо оинаи ибрат буд, ҳоло ба гунаи қабилаи бадавӣ идора карда мешавад. Зеро ба навиштаи матбуоти ин кишвар алъон, беш аз 52 дарсад аз шаҳрвандони Туркия, умеде ба ислоҳоти иқтисодии ҳукумати Эрдуғон надоранд ва мехоҳанд ҳар чӣ зудтар пойи сандуқҳои раъй бираванд. Зеро буҳрони иқтисодӣ дар Туркия ҳамчунон идома дорад ва доллари Амрико рафта-рафта ба марзи 35 лира наздик мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва раҳбари Ҳизби адолат ва тавсеа дар соли 2023 ваъда дода буд, ки дар сурати интихоби муҷаддад, доларро ба зери 20 лира мекашонад.
Ҳоло дар расонаҳо аз муомилаи нави Туркия бо талоши Амрико дар мавриди пешниҳоди ҷадид атрофи сомона мушаки “С-400” чарх мезанад. Яке аз муҳимтарин масоили байни Вашингтону Анқара ҳамин мавзӯи сомона мушакӣ аст, ки Туркия дар соли 2018 аз Русия харидорӣ кард ва боис шуд, ки давлати Эрдуғон аз тавлиди муштараки тайёраҳои ҷангандаи “F-35” ихроҷ шуд ва фурӯши ин ҷанганда ба Туркия лағв гардид. Ин дар ҳолест, ҳоло Туркия зиёд мехоҳад, бори дигар вориди тарҳи “F-35” шавад.
Бояд гуфт, сарони пешини кишварҳои ғарбӣ дар гузашта борҳо доир нуфузи хеш дар Ховари Миёна озодона сухан гуфтаанд ва ҳамлаи салибдорон буданашро ҳам эътироф кардаанд. Кондолиза Райс, собиқ вазири корҳои хориҷаи ИМА дар мусоҳибаи худ ба нашрияи «Washington Post» қайд мекунад: «Сараввал ҳудудҳои кунунии Туркия ва ибтидо аз Марокко, то Халиҷи Форс бояд сарҳадҳои 22 кишвари минтақа тағйир ёбад». Жак Ширак, собиқ расиҷумҳури Фаронса дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори амрикоӣ нуқтаи зайлро қайд мекунад: «Ҳамаи мо фарзандони Византия ҳастем. Туркияе, ки ба низоми куллии Иттиҳоди Аврупо дохил мешавад, барои Аврупо хатари азим аст». Дик Чейни, собиқ ноиби раисҷумҳури ИМА ҳангоми суханронияш дар Донишкадаи амрикоии соҳибкорӣ бо лаҳни шадид иброз дошта буд: «Ҷанги мо алайҳи ислом аст. Агар мо ба Афғонистону Ироқ ҳамла намекардем, онҳо Иттиҳоди исломиро таъсис дода, Исроилро нест мекарданд». Аз ин рӯ, мо бояд Лоиҳаи Ховари Миёнаи Бузургро амалӣ созем». Аз суханони ин сиёсатмадорони собиқадор ва феълӣ, маълум аст, ки Ғарб ҳеҷ гоҳ тарафдори сулҳ ва оромии кишварҳои мусулмоннишин набуд ва дар ояндаи наздик ҳам нахоҳад буд.
Қобили тазаккур, ки кишварҳои минтақа Амрикоро бо ашёи хом ва сӯзишворӣ таъмин мекунанд, ИМА дар навбати худ, онҳоро бо пули нақд мехарад. Ва кишварҳои Ховари Миёна бо пули нақд моли аз ашёи хоми онҳо истеҳсол кардаи Амрикоро бозпас мехаранд. Дар худи минтақа, истеҳсол аз байн бурда мешавад. Эҳтимол, дар минтақа танҳо фабрикаву корхонаҳои аҷнабӣ бунёд мегарданд, ки ба нафъи худи кишварҳои мазкур нахоҳад буд. Соҳаи маориф ва тандурустӣ бе аҳамият гузошта шуда, аҳолӣ сирф барои қуваи корӣ нигоҳ дошта мешавад. Чунин ҳолат минтақаро марҳила ба марҳила аз ҳувияти аслияш дур карда, мутеи хоҷагони ғарбӣ мегардонад. Зеро дар кишваре, ки соҳаи маориф рӯ ба таназзул нигошта, тақлиди танҳо пӯстини демократияи ғарбиро мекунад, сухан дар бораи истеҳсолот ва фаъолияти институтҳои иҷтимоӣ кушодан барабас аст. Яъне он низоми демократие, ки онҳо мехоҳанд болои мардуми ин минтақа бор кунанд, танҳо найранги навбатӣ аст. Аз ин рӯ, ҳукуматдорони Осиёи Миёна бояд аз ҳушу заковати хеш ба дурустӣ истифода бурда, фирефтаи ваъдаҳои моддии онҳо нагарданд. Зеро салоҳияти миллату ватан вазифаи аввалиндараҷаи онҳост.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед