Тасдиқи қариб 500 ҷойноми нав: Данғараи боло - Раҳмониён, Тоҷикобод – Озодшаҳр, Лоҳутӣ – Панҷшер шуд
Нашр шуд
Ҳукумати Тоҷикистон аз тағйири қариб ним ҳазор ҷойном дар шаҳру навоҳии Хатлон ҷонибдорӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии кишвар пешниҳод намудааст.
Ташаббускори тағйироти мазкур Маҷлиси вакилони халқи Хатлон буда, 24 шаҳру навоҳии вилоятро фаро гирифтаст. Halva.tj бо калонтарин маъракаи тағйири ҷойномҳои солҳои охир дар сатҳи шаҳрак, ҷамот ва деҳаҳо дар ҷануби Тоҷикистон шинос гардид. Умдатан бисёре аз номҳои бозмонда аз замони шӯравӣ, аз қабили Коммунист, Комунизм, Ленинобод, Роҳи Ленинӣ, Октябр, Правда ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ гардидаанд.
Инчунин бархе номҳое, ки дар онҳо тамаркуз ба номи миллат, аз қабили Тоҷикобод, Ӯзбекобод, Қирғизобод, Қазоқобод мебошад, иваз шудаанд.
Тибқи феҳрасти пешниҳодкардаи ҳукумат ба парлумон, дар шаҳри Кӯлоб деҳаи Дамариқ ба Боғистон, деҳаи Ватаншо Шамсов ба Файзобод, деҳаи Мадином Ибронов ба деҳаи Лурдоб ва деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффоров ба Лоҷвард иваз мешавад. Дар Норак деҳаи Узбеклангари минтақаи манзилии №2-и ба деҳаи Лангар иваз мегардад.
Боҳтурободҳо ба Гурдондеҳу Баҳодурон иваз шуданд
Дар шаҳри Левакант, деҳаи Табақчӣ ба Косибон, Устотоймас ба Нурафшон, Тоҷикобод ба деҳаи Шоҳон, деҳаи Боҳтуробод-1 ба Гурдондеҳ, Боҳтуробод-2 ба деҳаи Баҳодурон, Эшонобод ба Яккачинор, деҳаи Оқгаза-1 ба деҳаи Хуррамдеҳ, Оқгаза-2 ба деҳаи Хушбод табдили ном мекунад.
Дар ноҳияи Фархор деҳаҳои Шараф номи Қалъаи Пушкок, Муҳоҷиробод номи Ховарон, 1-Май - Пешаварон, Нурмат Сафаров – Дарёбод, Ваҳдат – Сурхкӯҳ, 5-солагии Тоҷикистон – Навдашт, Ботур Давлатов – Даҳбед ва деҳаи 25-солагии Тоҷикистон номи Соҳилобро гирифт.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номи ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ба Заркӯҳ, ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба деҳоти Хоҷамуъмин ва деҳаҳои Пушкин ба Лабирӯд, Кодара-1 - Кодара, Кодара-2 ба деҳаи Кодараи Пойин, Сафар Гадоӣ – Киштмайдон, Маслуқ – Барзгарон, Тутбулоқ – Тутчашма, Нуғай – Дулоназор, Туғул – Қуҳандиёр, Тудабоён – Корвонкаш, Қайрағоч – Қадамҷо ва номи Янгиюл ба Навдеҳ иваз шуд.
Тоҷикобод – Рахшонзамину Ӯзбекобод – Балхиён, Горкий - Талхачашма
Дар ноҳияи Дӯстӣ шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Хуррамдиёр, деҳоти Гардӣ Гулмуродов номи Анористон, деҳаи Марказӣ Боргоҳ, деҳаи Пасариқ – Пасарғоб, Тоҷикобод – Рахшонзамин, Қаҳрамон - Паланггузар, Ҷомӣ – Корвонгузар, Қабодиён – Қубодиён, Зафаробод – Даштиработ, Асрор Раҷабов – Анорбоғ, Маҳрам Ҳотам – Офтобрӯ, Лоҳутӣ - Панҷшер, Умед – Тоҷварон, Қабодиёни деҳоти Деҳқонобод ба деҳаи Каёндеҳ, Шӯро – Самангон, Бештут – Панҷтут, деҳаи Тоҷикобод номи Озодшаҳрро гирифт.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ даҳҳо ҷамоату деҳаҳо тағйири ном хоҳанд кард. Аз ҷумла иваз кардани номи ҷамоати деҳоти Калинин ба Навбаҳор, деҳаҳои Ӯзбекобод ба Балхиён, Бурбулоқ – Чашма, Панҷсола – Навкат, Ҳақиқат – Қатордеҳ, Янгиобод – Навдиёр, Қизилбайрақ – Бофандагон, Қизил-Юлдуз – Лабиоб, Қазоқобод - Кӯҳи Сурх, Маданият – Қатортут, Меҳнат – Гулмайдон, Янгиер – Хуррамзамин, Марат – Санамдеҳ, Тераклитоғ – Қадамҷо, 6-ум насос – Даштмайдон, Комсомол – Даҳана, Калининобод – Ҳунармандон, Болшевик – Чорсӯ, Иттифоқ – Лағмондиж, Карл Маркс - Оби Равон, Пахтаарал – Вахшрӯд, Телмон – Обшорон, Узун – Шоҳроҳ, Уртабуз - Зартеппа, Правда – Сабздеҳ, Фурманов – Боғгаҳӣ, Янги Юл – Боғистон, Фрунзе – Муқимиён, Чкалов – Шӯрзамин, Будёний – Ангурзор, Ёвонобод – Ёвондеҳ, Коммунар - Ободдеҳ, Янги Турмуш - Ҳаёти Нав, Коммунаи – Шӯроб, Докучаев – Зардоман, Мичурин – Зарбахш, Роҳи Ленин - Зарводӣ, Гагарин – Лолазор, Ленинград – Корвонсарой, Энгелс – Файзкат, Шахтиёр - Заркон, Лоҳутӣ – Асадобод, Учқун – Камолиён, Максим Горкий – Талхачашма, Ленин – Зархез, Коммунист – Ганҷобод, Хлобкороб – Гулрез ва инчунин иваз кардани номи деҳаи Истгоҳи Киров ба Вахё пешниҳод гардидаст.
Дар ноҳияи Ёвон деҳаҳои Зулмобод номи Меҳробод, Тилло Солиҳов – Ширинчашма, Қуймот – Челонзор, Бӯстон-1 – Бӯстондеҳ, Бӯстон-2 – Гулбоғ, деҳаи Тутбулоқ – Ширинтут, Сарқамиш – Бостондеҳ, Қашқараҳа – Қошгарраҳа, Қайнама - Ҳинддара, Сангимуғул – Сангимуғон, Парчасой - Парчарӯд, Қирғизобод – Ҳазордеҳ, Оқсанглоқ – Дӯстон, Мингчинор – Ҳазорҷанор, 1-Май – Наврӯзгоҳ, Бошқайнар – Кишоварзон, Чучу – Офтобрӯ, Чучуи поён – Гулзор, Чучуи боло номи Лолазорро мегирад.
Дар ноҳияи Восеъ ҷамоатҳои деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳоти Миралиобод, деҳоти Мирзоалӣ Вайсов ба деҳоти Бобошоҳиён ва деҳаи Қайнар ба Сардиж иваз мешавад.
Шӯрообод – Теҳрай ва Саидмуъмин Раҳимов – Гурдоварон мешавад
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро низ тағйирот дар ҷойномҳо фаро мегирад. Аз ҷумла ҷамоати деҳоти Шӯрообод ба Теҳрай, деҳаҳои Зулмобод – Даҳбед, Ирғайлук – Шибарзамин, Назарбой - Чашмаи Назар, Тошбулоқ – Сангчашма, Одинабой – Заргариён, Ургулӣ – Регак, Коргарон – Ҷангалак, Ялабулӣ – Ялдеҳ, Мирзоалӣ – Шоҳиён, Носир Бобо – Носиробод ва деҳаи Валиҷон ба Валиобод табдили ном мекунанд.
Дар ноҳияи Темурмалик низ номи ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ба деҳоти Гурдоварон иваз мешавад. Дар баробари ин деҳаҳои Тошбулоқ номи Кӯҳдоман, Бурдангал – Баҳодурон, Қазоқон - Гурдондеҳ, Давад – Заркамар, Нишон Болтаев – Нишеман, Ҳасанбег – Саидмуъминобод, Ойшабулоқ - Ойшачашма, Булақдашт – Чашма, Ҷайралӣ - Боғи Мирон, Танобчии поён - Танобчии Пойин, Қирма – Болодеҳ, Қушқияи боло - Кушки Боло, Қушқияи поён - Кушки Пойин, Қушқияи мобайн - Кушки Миёна, Боғитемур – Сайлакон, Товатош – Товасанг, Чилатош – Чиласанг, Ғурулдӣ – Хамдашт, Чилча – Диловарон, Олмабулоқ – Себзор, Меҳнатобод – Қалқаёр, Қарақамиш – Найистон, Олучабулоқ – Гулдоман, Чавроқ – Чавроғ, Сафарбоён - Хоҷаи Нур, Қариғоч – Чаманзор ва деҳаи Чалишиёни деҳоти Кангурт номи Соҳилобро мегирад.
Деҳоти Сайф Раҳим – Сафобахш ва Туркон – Заркамар ном мегирад
Дар ноҳияи Балҷувон номи ҷамоатҳои деҳоти Тоҷикистон ба Сафедчашма, деҳоти ба номи Сайф Раҳим ба деҳоти Сафобахш ва деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ба деҳоти Куҳаншаҳр иваз мегардад. Ҳамчунин номи деҳаҳо аз ҷумла Туркон ба Заркамар, Қучабулоқ - Деҳбаланд, Дашти ҷантоқ - Даштировез, Охбулоқ – Симчашма, Солмолидашт – Ҳомиён, Сулдӯзӣ - Ялдиж, Узнохур – Чиноро, Беди бахтурай – Даҳбед, Ҷарқуруғ – Сафардеҳ, Анабой – Зармайдон, Боймирзо – Маликдашт, Сияҳлояк – Бахорак ва Тойдара ба Ҳазораспон иваз мешавад.
Дар ноҳияи Панҷ деҳаҳои 15-солагии Тоҷикистон – Вахшон, Бурка – Гулбоғ, деҳаи Комсомол ба Ҷавонон, Правда – Кабутоб, Отчапар – Аспрес, Сармантой 1 - Зуҳуриён, Сармантой 2 - Навдеҳ, Совхози Панҷ – Навдиёр, Турдишайх – Боғдара, Шоҳмот – Куҳандеҳ, Уртабулоқ – Панҷрӯд, Юқорихоҷа – Панҷоб, Эчка – Шоҳгузар, Андиҷон – Андигон, Араб – Арабдеҳ, Коммунизм – Барзгарон, Намуна – Зармайдон, Қумсой - Регистон, Пешкадам-1 - Некманзар, Пешқадам-2 – Хушманзар, Куйтемез - Ганҷдеҳ, Сомонӣ - 1 – Сомонӣ, Сомонӣ - 2 – Сомонкат, Сомонӣ - 3 – Сомондеҳ, Сомонӣ - 4 – Зарзамин, 10-солагии Ваҳдати – Ваҳдатобод, Туғул – Навзамин шуд.
Ленинобод ба Сомониён ва Шаҳритуз ба Тус иваз шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус шаҳраки Шаҳритуз номи Тус, деҳоти ба номи Худойназар Холматов номи Тоҷдорон, деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров номи Айваҷ ва деҳаҳои Қизиласкар – Тусиён, Лочин Нуров – Лочинобод, Лолазори деҳоти ба номи Талбак Садриддинов - Гулзор, Шарқӣ -Шамолдара, Чӯянчӣ -Чӯянгарон, Бирлаш – Зардолубоғ, Ёқуб Каримов – Болошаҳр, Ленинобод -Сомониён, Свердлов – Ориёндеҳ, Рӯдаки – Гулобод, Меҳргон -Хуррамбаҳор, Қумшох – Сангтеппа, Қаҳрамон – Пойиншаҳр, Янгиобод – Навкат, Қарашувоқ – Маргзор, Олтинсой – Ганҷдара, Гагарин – Себистон, ПМК – Зархез, Ватан -Биҳизор, Обшорон – Ободдеҳ, Асомуддин Муродов – Ганҷраҳа, Ҷамъият -Деҳқонсарой ва Хушоӣ - Хуршодӣ ном гирифт.
Дар ноҳияи Носири Хусрав номи деҳоти Фирӯза ба деҳоти Тахти Хусрав, деҳоти Наврӯз ба деҳоти Ганҷдеҳ, деҳоти Истиқлол ба деҳоти Хуталон ва деҳаҳои Ҷалолиддин Муҳамедов – Ғаллакор, 20-солагии Истиқлолият -Обичашма, Муродтеппа-1 - Тали Боло, Муродтеппа-2 -Тали Пойин, Тулаганов – Кӯҳкамар, Фирӯза - Лаби Ҳавз, Ваҳдат – Сангистон, Гагарин – Корвонгузар, Ҳоҷӣ Маҳаммадшукур – Кишоварзон, Бешкент-5 – Панҷканд, Орзу – Зарзамин, Рузиобод - Гузари Нав, Бердиалӣ Тоҷиев – Миргузар, Бобоқул Хидиров -Тутзор, Бешкаппа – Панҷдеҳ, Қоракамар – Зардолубоғ, Сангоба-1 -Сангоба, Сангоба-2 ба Оби Шифо иваз шуд.
Киров - Зарнисор шуду Ленин – Баракат ва Пролетар - Ҳамдилон
Дар ноҳияи Вахш шаҳраки Киров номи Зарнисор, деҳоти Тоҷикобод номи Файзи Истиқлол, деҳадоиЯнгиариқ – Мусаффо, Қизилсой – Гулбоғ, Оқгаза -Сафеддашт, Янгиҳаёт – Сафобахш, Янгиер – Навзамин, Қӯштеппа -Кӯшктеппа, Мардатсой – Муроддеҳ, Тепалик -Хоҷагулгун, Ленин -Баракат, Октябр – Обшорон, Тоҷикистон – Файзбахш, Оқтеппа – Сафедпушта, Ботуробод – Баҳодурон, 8-уми Март – Гулзамин, МОПР – Дурахшон ва Пролетар ба номи Ҳамдилон мубаддал мешавад.
Дар ноҳияи Хуросон номи шаҳраки Обикиик ба шаҳраки Хуррамшаҳр, деҳоти Қизилқалъа ба деҳоти Сурхқалъа ва деҳаҳои 18-ҳизб – Чордеҳ, Коммунизм – Обдара, Томчи – Баландкӯҳ, Шӯрбулоқ – Чашмасор, Қушлич - Боғистон, Меҳнатобод-1 – Меҳнатобод, Меҳнатобод-2 – Курушгирд, Челониҳо – Челонзор, Эшма – Пистазор, Исмоили Сомонӣ – Фуруғдеҳ, Ҳилолӣ-1 -Ҳилолӣ, Ҳилолӣ-2 – Кишоварзон, 20-солагии Истиқлолият – Корвонгирд, Ваҳдат – Гулбоғ, Субҳ – Аёнчашма, Нусратулло Махсум - Нусратобод, Ҳаёти нав -1 - Ҳаёти Нав, Ҳаёти нав - 2 – Боғпарварон номгузорӣ шудаанд.
Ховалинг ба Мунк ва Сиёҳкӯртаҳо ба Сояхам иваз шуд
Дар ноҳияи Ховалинг шаҳраки Ховалинг ба шаҳраки Мунк, деҳаҳои Сиёҳкӯртаҳо ба Сояхам, Охтош - Сафедсанг, Дӯстқули -Дӯстӣ, Ёхсуобод -Оҳудашт, Тикон – Деҳқон, Хонақои поён - Хонақои Пойин, Бағлисой -Боғистон, Қарағоч – Садазор, Буғдояк – Гандумак, Момайи – Момодеҳ, Чанор ба Чиноро табдили ном мекунанд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ба шаҳраки Хоҷамастон, деҳоти Қадриддин Ғиёсов ба деҳоти Хуррамдиёр, деҳоти Иттифоқ ба деҳоти Вахшон, деҳоти Калинин ба деҳоти Меҳробод, деҳоти 50-солагии Тоҷикистон ба деҳоти Сайёд ва деҳаҳои Тоҷикистони сурх -Тоҷварон, Озодӣ – Заркорон, Коминтерн - Кӯшонобод, Саъдӣ – Миёндеҳ, Рӯдакӣ – Каёндеҳ, Арал – Себдара, Исмоили Сомонӣ – Сомондеҳ, Роҳи Ленин – Пирӯзон, Холмуродтеппа – Пистазор, Кӯрабдукарим - Арчазор, Наволик – Чашмасор, Навобод-1 – Барзгарон, Роҳи сотсиализм – Хуррамдеҳ ва 1-май ба Фараҳбахш иваз шуд.
Румӣ – Балхобӣ, Чубек – Чӯбдара ва Муъминобод – Чорсӯ шуд
Дар ноҳияи Муъминобод шаҳраки Муъминобод ба шаҳраки Чорсӯ, деҳоти ба номи Нуралишо Назаров ба деҳоти Чашмасорон, деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин ба деҳоти Тутиён, деҳаҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдаки – Рӯдакӣ, Толеъ -Чорчаман, Ҷалолиддини Руми – Балхобӣ, Туту -Тутбоғ, Чубек - Чӯбдара, Сангдараи поён - Сангдараи Пойин, Толеи нав - Чашмасори Боло, Чуқурқишлоқ - Хамдеҳ, Шаймирӣ – Шайхмирӣ, Шулулӣ – Сардоб, Турконӣ -Торконӣ, Теболай – Корвонраҳа, Ҷидабулоқ – Санҷидзор, Олимтой – Оламтоб, Сармайдон-1 - Сармайдони Боло, Сармайдон-2 - Сармайдони Пойин, Хонбегӣ – Хосабоғ, Шаҳринави поён - Шаҳринави Пойин, Истиқлолият – Тоқабуна, Чарғи поён - Чарғи Пойин, Ғофилобод – Ғайратобод, Дараи Маҳмуд -Маҳмуддара, Деғламон – Деғилмон, Боғалидод ба Боғдеҳ табдили ном кард.
Пушкин – Гулпушта, Болшевик - Пешоварон ва Горкий – Баҳорак
Дар ноҳияи Данғара деҳаҳои Сафобахш – Сафедоб, Туябуюн - Уштурак, Данғараи боло - Раҳмониён, Қуруқсой – Сомондеҳ, Фурӯдгоҳ – Зарнисор, Навбунёд – Чортут, Булакдашт – Даштчашма, Булёни Поён - Булёни Пойин, Дурахшон-2 – Гуларғоб ва Билисуф - Суфгарон ном гирифтанд.
Дар ноҳияи Кӯшониён шаҳраки Исмоили Сомонӣ ба шаҳраки Сомониён ва деҳаҳои Тоҷикобод - Дурахшон, Истиқлол – Зиндкон, Киров – Рахшонзамин, Пушкин – Гулпушта, Иттифоқ – Ҳамгироён, Крупская - Файзбахш, Максим Горкий – Баҳорак, 8-март – Гулзамин, Қизилпартизан – Фарзонагон, Барои Ҳосилот – Деҳварз, Хушвахт – Хушбахт, Комсомол – Барзгар, Орҷоникидзе -Рӯдхона, Чапаев – Хуррамдашт, Тоштеппа – Лолазор, Заводи Хишт -Хиштсозон, Мирзо Турсунзода – Шедрӯд, Болшевик – Пешоварон, Механизатор – Вахшрӯд, Озодии меҳна -Меҳрангез, УКЖД – Заршӯён, Лермонтов – Кошифӣ, Димитров – Меҳрканд, СМП-540 – Навроҳа, Эргаш -Деҳи Боло, Умарқазоқ – Боғдара, Свердлов – Гулзор, Пахтакайнар – Пахтаобод, Академия – Орифон, Уртабуз – Миёндеҳ, Байналмилалӣ – Лангар, 20-солагии Истиқлолият – Меҳробод, Куган Гулов – Нозгул, Қизилюлдуз -Чорҷӯ, Оқолтин – Пахтакор, Қовунтеппа – Пуштакӯҳ, Ғозималик -Хоҷамастон, Турдиев -Тоҷобод, Хоҷибой – Соҳибкор, Ортод – Миёндеҳ, Октябри кабир – Хуррамдеҳ, Пасариқ - Пасарғоб, Гагарин – Каёндашт, Ҷони сонӣ -Умед, Янгифарғона – Фарғониён, Қизил Байрақ - Зарбдорон ва Қизилгул – Гулдаман ном гирифт.
Киров – Навдиж, Авасто – Озаркада ва Қабла – Озодагон шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун деҳоти Яккадин ба деҳоти Яккадеҳ, Киров – Навдиж, деҳаҳои Ҷалолиддини Балхӣ – Балхиён, Яккадин – Гулзамин, Максим Горкий – Ҳуснобод, Ваҳдат – Марзкат, Панҷи поён - Панҷи Пойин, Истиқлол – Гулрез, Якуми май – Вахшондеҳ, Озодӣ-1 -Корамдеҳ, Тоҷикистон – Рӯдбор, Қумсангир – Регдашт, Энгелс - Фотеҳон, Телман ба Ободон табдили ном кард.
Дар ноҳияи Қубодиён деҳоти Утакара Назаров ба деҳоти Қайқубод, деҳоти Ишмурод Ниёзов ба деҳоти Чорбоғ, деҳоти 20-солагии Истиқлол ба деҳоти Вобканд, деҳаҳои Учқунобод – Деҳбаланд, Чинортуғай – Чинористон, Рудақул – Рӯдак, Чимгилиш – Чимпӯштӣ, Бошқалъа – Саридиж, Қабла – Озодагон, Пакала - Дубеда, Юлдузқоқ – Ялдиж, Қизил-Тоҷикистон – Сурхон, Ёбуз -Домдорон, Палвонтуғай – Сабздаман, Ғишткупрӯк – Хиштпӯл, Ахча -Куҳандеҳ, Охунбобоев – Кайрӯд, Мирзо Турсунзода – Хушманзар, Қушачинор – Чаноро, Лайлакуя – Лайлакон, Қизилнишон - Парчами Ковиён, Авесто -Озаркада, Садриддин Айнӣ -Ахтарсо ва Чкалов ба Зархок иваз мешавад.
Интизор меравад, ки тағйироти мазкур баъди тасдиқ аз ҷониби Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мавриди амал қарор мегиранд. Масъулин мегӯянд, ҷойномҳо бо назардошти фарҳангу таърих, мавқеи ҷуғрофӣ ва дигар омилҳо иваз мешаванд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед