Ru  | Tj
Таъсири COVID-19? Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил кам шуд
Таъсири COVID-19? Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил кам шуд
Акс: Интернет

Таъсири COVID-19? Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил кам шуд

Нашр шуд

Дар давраи пандемияи COVID-19 миқдори гирифторони бемории сил ба якборагӣ кам шуд. Дар умум, давоми солҳои 2013-2023 ба ҳисоби миёна шумораи беморон ҳамасола 125 нафар кам мешуд. Вале дар соли 2020 нишондиҳандаҳо якбора ба миқдори 1385 нафар кам шуд, яъне шумораи беморон якбора 11 маротиба коҳиш ёфт.

Ин нишондодро дар графикаи мо бубинед:

Дар мавридҳои дигар шояд ин ҳолат шубҳабарангез намешуд, аммо солҳои 2019-2020 тамоми дунё зери санги осиёи COVID-19 афтоду маълумоти расмӣ дар бораи қурбониёни пандемия қобили эътимод набуд.

Бемории COVID-19, пеш аз ҳама, ба шуш зарар расонда, ба гурӯҳи хатар шахсоне, ки аз бемориҳои роҳи нафас, хоса сил азият мекашиданд, дохил шуда, бо эҳтимоли зиёд ба бемории коронавирус гирифтор мешуданд.

Илова бар ин сабабҳои асосии кам шудани шумораи беморони сил раванди муолиҷа ва шифо ёфтан низ буда метавонад. Вале омори беморони таҳти табобат қарордошта низ дар соли 2020 кам шудааст. Аз сабаби он ки омори беморони шифоёфта барои соли 2020 дастрас нест. Омор барои ин сол дар муқоиса ба солҳои пеш ҳисоб карда шуда, ҳисоби миёнаи шифоёфтагон барои соли 2020 бароварда шуд, ки ба ҳисоби миёна назар ба солҳои пешин 22 адад зиёд ё кам мешавад.

Дар ин ҳолат низ дар омор дигаргуние ба назар намерасад. Пас, ин ҷо суоле ба миён меояд, ки 1385 нафар куҷо шуданд – табобат мегиранд, шифо ёфтанд ё фавтиданд?

Омори муолиҷа ва шифои бемории сил

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар давоми беш аз 2,5 соли пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон аз 17388 нафари сироятёфта 124 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст, ки тахминан 0,7% сироятёфтагонро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин сарусадоҳо дар мавриди кам нишон додани ин омор борҳо баланд шуда, дурустии 124 ҳолат марги беморони гирифтори COVID-19 зери шубҳа қарор гирифт.

Ҳар ду беморӣ асосан дар шуши инсон авҷ мегирад, вале бемории коронавирус дар аксари маврид чун барангезанда ё катализатори дигар бемориҳое мешавад, ки ба марг оварда мерасонад. Барои мисол, шахсе, ки аллакай тӯли 5 сол аз бемории сил азият мекашад, бо эҳтимоли зиёд ба ҳолати вазнини коронавирус гирифтор мешавад, зеро сил пеш аз ҳама ба роҳи нафас, хусусан шуши инсон зарар расонида, хатари маргро аз дигар бемориҳои шуш, аз ҷумла коронавирус зиёд мекунад.

Агар ба омори бемориҳои дигаре, ки сабаби фавти аҳолии Тоҷикистон мешаванд, назар кунем, ошкор мегардад, ки сил дар ҷойи аввал нест.

Ин нишондодро дар ин графика бубинед:

Ҳамзамон, зимни хуруҷи пандемия шифохонаҳои табобати беморони сил ба бемористонҳои муваққатии сироятӣ табдил шуда буданд, ки ин ҳам яке аз сабабҳои монеъ шудан барои дармони гирифторони сил шуд.

Бо назардошти ин ҳолат ва тӯлонимуддат будани табобати бемори сил, саволи мо дар бораи якбора шифо ёфтани қариб 1,4 ҳазор нафар дар Тоҷикистон беҷавоб мемонад.

Чаро камшавии босуръати шумораи беморони сил маҳз ба давраи пандемияи COVID-19 рост омад ва ин одамони гирифтори сил куҷо шуданд? На дар омори расмии фавтидагони COVID-19, на дар омори шифоёфтагони бемории сил мо ҷавоби ин саволро пайдо карда натавонистем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед