Ru  | Tj
Ҷумъабой Азизқулов: 90 сол умр дидам, лек чун ба пас менигарам, 90 рӯз наметобад
Ҷумъабой Азизқулов: 90 сол умр дидам, лек чун ба пас менигарам, 90 рӯз наметобад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҷумъабой Азизқулов: 90 сол умр дидам, лек чун ба пас менигарам, 90 рӯз наметобад

Нашр шуд

Ин гуфтумон бо Ҷумъабой Азизқулов - энсиклопедист, адабиётшинос, муҳаққиқ, мунаққид, мутарҷим ва олими забардаст чанд рӯз қабл аз фавташон сурат гирифта буд. Мо дар ин сӯҳбати тӯлонӣ атрофи умри эшон, адабиёт, ҳунари тарҷумонӣ, рӯзгор ва ғайра сӯҳбат намуда ва хеле бардоштҳо кардем. Ин сӯҳбат шояд яке аз сӯҳбатҳои охирони Ҷумъабой Азизқулов бо рӯзноманигоре ба ҳисоб равад, ки 3 соат давом кард.

- Устод, нақши волидонро дар ташаккули шахсияти худ чӣ андоза меҳисобед?

- Падару модарам деҳқононе хокпош беш набуданд. Лек барои соҳибмаърифат гардонидани фарзандони худ тамоми шароитро муҳайё месохтанд.

Ва агар нақши ҳамсарро дар ташаккули шахсияти эҷодии ман дар назар дошта бошед, ӯ эҷодкор ҳам набуд, бо эҷод пайвандӣ ҳам надошт. Ҳамсарам як бонуи кӯҳистонӣ буд (рӯҳаш шод!). Аз раванди фаъолияти ман чизе фаҳм намекард. Аммо бисёр ҳалим буд ва агарчи интеллигент набуд, соҳибхоназане бафарҳанг буд. Хеле дар раванди фаъолияти ман мусоидат мекард.


- Риштаи пайванди худро бо шахсиятҳои варзидаи илму адаб чӣ гуна дарёфтед ва аз ин пештар, гиреҳи Шумо ба адабиёти классик ва дар пайванди ин адабиёти Шӯравӣ чӣ тавре буд?

- Омӯзиши адабиёти классикии банда аз оғози таҳсил дар донишгоҳ васеътар шуд ва дар ин дарс аз камина муқаддамтар донишомӯзи донишвар набуд. Дар ёд дорам, вақте кори дипломиамро аз “Бӯстон”-и Саъдӣ навиштам, муаллим Ҳусейнзода хонда хеле шод гаштанд ва маро ба ин самт роҳнамоӣ кардаву оварда ҳам ин бузургвор буданд.

Вале ҳине ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт омадам, дар қисмати адабиёти Шӯравӣ фаъолиятамро ба роҳ мондам. Муддате бар ин ҷо будаму вақте ба Маскав барои такмили ихтисос ва ҳимояи рисолаи номзадӣ рахти сафар бастам, муаллим Шукуров (манзур Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ), ки роҳбари илмӣ буданд, гуфтанд, мавзӯе барои ҳимоя пешниҳод кунед.

Аз адабиёти Шӯравӣ “Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳамдӣ”-ро пешниҳод кардам, ки дар омади гап, он замону ин замон дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамдишинос набуду то ба ҳол нест.

Вале муаллим Шукуров гуфтанд:

- Ҳамдӣ, ҷонро дар ҷавонӣ ба ҳақ супурд, эҷодиёташ кам аст, натиҷаи ба бор намедиҳад.

Хулоса, баъдан дар мавзӯи “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ” соли 1974 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардам.

- Шумо Айнишинос низ ҳастед. Чӣ гунае, ки медонем нақши устод Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик хеле барҷаста аст. Устод Айнӣ, ба гуфти худашон, “чорчӯбаи назм тангӣ карду” ба наср гузаштанд ва воқеан асосгузори насри нави адабиёти тоҷик ва дар баробари ин, поягузори насри нави Осиёи Миёна шуданд. Чун Айнишинос, оё гуфта метавонед, ки ин шараф бо кадом бартариятҳо маҳз ба устод Айнӣ насиб гардид?

- Хусусият ва бартарии устод Айнӣ ин аст, ки фарзанди замон буданд ва равиши замонро хеле хуб ҳис мекарданд. Хуб дарк намуда буданд, ки он чи замона талаб дорад, дар доираи назм ғунҷонда намешавад, ё мебояд “Шоҳнома”-е дигар навишт ва ё роҳ дигар кард.


- Андешаҳост, ки дар таълифи адабиёти тоҷик, махсусан адабиёти даврони Шӯравӣ нақши адибону нависандагони бурунмарзӣ (ба мисли Лоҳутӣ) ва адабиётшиносону шарқшиносони ғайритоҷик (мисоли Брагинский) хеле афзун аст. Шумо дар ин боб чӣ гуфтанӣ доред?

- Бале, илму адаби замони шӯравии тоҷикро Ҳукумати Советӣ ба қолаб даровард. Хидмати ин ҳукумат дар раванди рушди адабиёти кулли мамолики шӯравӣ ношустанист. Аммо нақши фарзонафарзандони замон ҳам хеле афзун аст. Агар мо худ чизе намебудем, ҳеҷ шахсе ва ҳеҷ ҳукумате аз мо чизе сохта наметавонист.

- Солҳо дар зери роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ будед ва шарафи ҳамнишинии эшонро доред. Шахсияти фаромиллии он касро дар сарнавишти миллати тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ба андешаи банда шӯҳрат ва мавқеву маърифати академик Осимӣ беҳисоб буду ҳаст. Зиндаёд бо мамониати зиёде аз ҷониби аъзои академия ба курсии роҳбарии Академияи илмҳо нишаста буданд, вале бо мурури замон ҳама дарёфтанд, ки М. Осимӣ роҳбари сазовор ва арзандаи ин муассисаи илмӣ будаанд. Он кас марди кордону тараққихоҳе буданд.

Академик М. Осимӣ ғамхору пуштибони забон ва фарҳанги миллӣ буданд. Ин ҷиҳати фаъолияти он кас дар кори Кумитаи истилоҳот, ки раисиашро ба ӯҳда доштанду банда низ узви раёсати он будам, хеле зиёд эҳсос мегардид. Он кас ягонагии забони форсиро дар се кишвари ҳамзабону шарикфарҳанг ҷонибдорӣ мекарданд.

Муҳаммад Осимӣ дар солҳои ба истиқлоли сиёсӣ расидани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, вақте Ӯзбекистон табдили хат кард, бисёр ғам мехӯрданд, ки тоҷикони он кишвар аз хати кириллии мо бебаҳра мемонанду иртибот миёни тоҷикон дар ду ҷумҳурӣ канда мешавад.

Шабу рӯз дар фикр ва ғами миллат буданд.

- Дар бораи Ҷумъа Одина чӣ назар доред?

- Ҷумъабой ғурури баланд дошт ва назди ҳеҷ кас сар хам намекард. Яъне мисли падараш буд.

Китоби нотамоми Ҷумъа Одина “Искандари Мақдунӣ” баъди падруд гуфтани муаллифаш дар яке аз шумораҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуду маро дар ҳайрат гузошт. Зеро, аз гуфти худаш, ки доир ба ин ҷаҳонгир асаре навиштан дар майнааш мечархидааст, фурсати зиёде нагузашта буд. Вай ин корро бо ҳама моҷароҳои вобаста ба романи «Гузашти айём» рухдода, мутародиф пеш мебурдааст. Вале сар карду ба поён расонда натавонист. Ҳол он ки Убайд Раҷаб мегуфт, ки Ҷумъа Одина эпопеяи «Искандари Мақдунӣ»-ро нияти дар 5 китоб ба поён расондан доштааст. Зинда мебуд... Гар замона ба оқилон умр ба сар медод, адабиёт ба кайҳон мерасид...

Ёдат ба хайр, адиби ҳимматбаланд!


- Фаъолияти Шумо аз муҳаққиқӣ ба мутарҷимӣ пайванд мешавад. Такондеҳи Шумо ба ин самт чӣ буд?

- Дар замони Шӯравӣ нашриётҳо барои тарҷума музди нисбатан хуб медоданд ва сабаби ҷон коҳонида ба ин кор машғул шудани тарҷумонҳои шинохтаву адибони бонуфуз ҳам ҳамин буд.

Ман, ки аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта ба тарҷумонӣ машғул ҳастам, дар доираҳои табъу нашр эътироф гардида будам ва ҳам аз идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳам нашриётҳои «Ирфон», «Маориф» ва баъдтар «Адиб» барои тарҷума бемалол китоб мегирифтам, зеро он вақт нашриёт ба ҳар кас китоб намедод. Дар он солҳо асар, ки ба дасти шоистагон барои тарҷума мерасид, ба сифати баланд тарҷумаву баргардон мешуд ва хонанда базавқ мехонд. Бубинед, асарҳои тарҷумавии солҳои 50-80-ум чӣ гуна хонанда дорад.

- Дар тарҷумонӣ зебобаёнӣ чӣ андоза судманд аст?

- Дар тарҷумаи бадеӣ зебобаёнӣ муҳимтарин ҷузъи кор аст. Мутарҷими асарҳо бадеӣ бояд худ эҷодкори ва зебонигор бошад. Он китобе, ки тасвири мавзун ва ҳусни баёни равон надошта бошад, хонандаро дилгир мекунад ва ӯ ҳам ҳақ дорад, ки аз хондани каломи бевазн даст кашад.

- Ба Шумо тарҷумаву баргардони намунаи асарҳои кадом солу аср ба истилоҳ осон буд: антиқа, асрҳои миёна ва ё муосир?

- Барои ман қариб фарқе надошт. Аммо асарҳое ҳам аз гузаштаи дур ва ҳам аз даврони шӯравӣ буданд, ки банда ба табъи дил тарҷума мекардам. Тарҷумаи “асарҳои табъи дил” машғулияти иловаи писандидаам буд.


- Дар таълифи як силсила тақриз ва нақду баррасӣ бар таълифоти илмиву нашрҳои ҷудогонаи матншиносӣ нигоҳи Шумо гӯиё ҳусну қубҳи он аст ва ҳамчунин ҳикоёте низ дар ин боб вуҷуд доранд: лек бо он ки Шумо дар ҷавонӣ ба ин самт рафтаед, буданд ҳолатҳое, ки назари Шумо мавриди қабули интиқодшудагон набуд?

- Албатта. Аммо ҳамавақт мекӯшидам, то норасоиву нуктаҳои маҳини бархаторафтаро баргирифта, далелнок кунам, ки худро дар назди интиқодшуда муҳофиза карда тавонам.

Чун пурсидед, воқеаеро ба Шумо ҳикоят кунам: соли 1986 дар шумораҳои 10 ва 11-и маҷаллаи «Садои Шарқ» романи «Фирдавсӣ»-и устод Улуғзода ба чоп расид. Хондам, эродҳои зиёде пайдо шуд. Назди муаллимам Муҳаммадҷон Шакурӣ рафта, ибрози андеша кардам.

Он кас гуфтанд:

- Оре, эродҳоят ҷиддӣ будаанд, ба худи нависанда гӯй.

Гуфтам:

- Мегӯянд, ки он кас мағруру назарбаланданд, магар ки боиси ранҷишашон шавад.

Гуфтанд:

- Не, ба гапи маъқул гӯш медиҳанд.

Аз хонаи муаллим Шакурӣ занг зада матлабро баён кардам. Улуғзода гуфтанд:

- Хуб шудааст, фардо соати шаши бегоҳ, вале на бештар аз як соат вақт дорам.

Дар соати ваъдагӣ ҳозир шудам. Дар ибтидои сӯҳбат пай бурдам, ки аз рӯи одоб ба гапам гӯш дода истодаанд. Лекин ду-се эроди қавитар ба миён омада буд, ки сар боло карданду гуфтанд:

- Сабр кунед.

Бархостанд, дафтар оварданд, айнак ба чашм гузоштанду ба забон омаданд:

- Аз ибтидо сар кунед.

Ман саҳифа ба саҳифа андешаҳоямро ба миён гузоштам, он кас эроду далелҳои маро сабт карданд, ки як дафтари мактабӣ пур шуд. Даме сӯҳбат ба поён расид, дидам, соат қариби даҳ аст.

Ҷое буд, ки ба осонӣ розӣ намешуданд, вале дар муқобили далелҳо сар мефуроварданд. Масалан, ба ибораи «ароз кардан» эрод гирифтам, ки аз ҳад лаҳҷагист. Гуфтанд:

- Ин калимаро хуш дорам, тобиши маъноиаш баланд аст.

Гуфтам:

- Шумо итминон доред, ки дар асри Х, дар замони Фирдавсӣ ҳам ин ибора роиҷ буда бошад (шакли дурусти адабии ароз - эъроз аст).

- Шуд, - табассум кардаву гуфтанд.

Романи «Фирдавсӣ»-ро соли 1988 нашриёти «Адиб» чоп кард. Дидам, ислоҳ кардаанд (дар маҷалла «ароз мекунад» буд, дар китоб «меситезад» шудааст).


- Ҳоле буд, ки боре аз тақризи навиштаи худ пушаймонӣ карда бошед?

- Не. Ҳеҷ вақт пушаймонӣ накардаам.

- Беҳтарин асаре, ки худ тарҷума кардаед?

- Ярослав Гашек, “Саргузашти сарбози чолок”. Ин асар беҳтарин асари ҷаҳонӣ ва писандидатарин тарҷумаи банда аст.

- Дар зимн, тасҳеҳу баргардони машҳуртарин китобҳои олам, ба мисли “Самаки айёр”, “Саҳеҳ-ал-Бухорӣ”, “Се мушкетёр” ва даҳҳои дигар ба қалами Шумо тааллуқ доранд. Ва, аслан, агар аз ин се асари алоҳида бигӯем, се нигоҳ, се жанр, се самтро дарбар гирифта. Мушкилие набуд?

- Бале, аз нигоҳ ба жанру усули баён се хатти алоҳидаанд, аммо ба оне ки донандаи хуби забон аст, мушкилӣ бошад ҳам, кам аст. Огоҳии хуби забон ва тобишҳову гӯйиши он ба кори мутарҷиму мусаҳҳеҳ хеле осонӣ меорад.

- Душвории кори тарҷумониро дар чӣ мебинед?

- Аз ҳамон забон хуб огоҳ набудан. Аксар мутарҷимон бо он ки забони русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ё дигареро дониставу маънии вожаро дарк карда ғарра шаванд, хато мекунад. Дар ҳама забонҳои олам ҳар вожа чанд маъниву тобиши дигар дорад, аз ин рӯ, бояд китоби луғати дузабона ҳамеша дар рӯи дасту болои мизи кории мутарҷим бошад.

- Шумо дар баробари муҳаққиқи соҳибназар будан, мунаққидӣ низ кардаед. Ба фикри Шумо ба он мавзӯе, ки дур ҳастӣ, назари интиқодии ошкоро доштан хуб аст ва ё хайр?

- То ҷое хуб аст. Озодбаёнӣ дар ҳама давру замон хуб буду хуб аст. Аммо агар мунаққид аз он масъалае, ки ба дараҷаи лозима огаҳ нест, забон ба интиқод кушояд, фикр мекунам, худро беобрӯ мекунаду бас.

- Аз адабиёти замони истиқлол чӣ андоза воқиф ҳастед?

- Хуб воқиф нестам. Он чи ба дастам мерасад, мутолиа мекунам, аммо дигар қувваи ҷустуҷӯи китобро надорам.


- Чеҳраеро аз имрӯзи адабиёт ном бурда метавонед, ки дурахш дошта бошад?

- Як нуктаро ба Шумо гӯям, адабиёт он чӣ дурахш дошт, то замони Инқилоб буд. Баъд аз он хеле кам қолабшиканӣ шуд ва ҳар чӣ буд, дар пайравии ё классика эҷод гардид ва ё адибони хориҷа.

- Беҳтарин китоби хондаатон?

- Як вақт эътиқодманди Сталин будам. Ҳама чизи дар бораи ӯ чопшударо хондаам. “Тегеран сорок три” ном китобе, ки тарҷумонаш В.Бережков иншо кардааст, беҳтарин асар аст. Ин китоб барои таърихнигорону сиёсатшиносон аҳамияти муҳим дорад. Ин гуна китобро мебояд, ки ҳар равшанфикр хонда бошад.

Аммо баъдан ба шахсияти Сталин назарам дигар шуд: дарк карда наметавонед, ки ӯ то чӣ андоза ба қатли инсонҳои бегуноҳ даст задаву хуни онон аз сараш баланд рафта. Бо раванди сиёсати роҳбарии ӯ зимомдорони поён истеъдодкушиву рӯшанфикркушӣ карданд. Истилоҳи машҳурест, ки “агар Сталин салла мегуфт, зимомдорон калла бармекарданд”.

Он чӣ ин сиёсат дар ҳаққи Ҳамдӣ кард, ноҷавонмардона ва баргазоф буд. Агар Ҳамдӣ умр ба сар мебурд, беҳтарин осори адабии Шӯравиро менавишт.

- Тайи чанд сол мешавад, масъалаи ба хатти форсӣ баргаштан мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ҳамчун донандаи хуби ин хат ба ин масъала чӣ назар доред: баргашт чӣ хубӣ ва чӣ норасоиҳоро бо худ дошта метавонад?

- Ҳамчун донандаву хонандаи хуби ин хат бояд ман мувофиқ мебудам, чун:

- аввалан, хати ҳазорсолаи ниёгони мост ва бузургтарин осори илмиву адабии мо ба он навишта шудааст;

- ва сониян, агар ин ақидаро пазирем, хати криллиро баъд аз хати лотинӣ бар сари мо бор карданд. Лотинӣ назар ба криллӣ бештар овозҳои забони моро ифода мекард;

- ва солисан, Озарбойҷону Ӯзбекистон ба хатти аввалаашон гузаштанд ва ин гуна пиндошт ҳаст, ки ҳуввияти хешро ҳифз карданд. Мо низ мебоист хештаншинос мебудем;

Аммо ман комилан мувофиқ нестам, чун далеле вазнинтар дар пеш дорам:

- агар мо ба хатти ниёгонамон баргардем, сад соли дигар аз дунё ақиб мемонем!

Мо имрӯз ба дараҷае аз ин хат ноогаҳ гаштаем, ки ҳатто муаллими ин алифборо надорем, ки равону бурро хонда тавонад. То як насл умр ба сар мебараду насли нав хатро меомӯзад, ки мо ба суқут мезанем. Аз ин рӯ, беҳтар ҳамон аст, ки ҳастем.

Лекин як ҷанбаи дигарро мехоҳам бигӯям. Забони мо ва Эрону Афғонистон як забон – форсӣ аст, аммо гӯйишҳо фарқ мекунанд. Замоне журналистон ба талаффузу гӯйиши эрониён тақлиди ноҷо мекарданд, аммо боиси таассуф аст, ки имрӯз қисме аз зиёиёну интеллигенсияи тоҷик ҳам ба ин роҳ равонанд. Ҷои нигаронӣ дорад.

Агар ба як эронӣ марг ҳам таҳдид кунад, онро қабул мекунанду гӯиши моро – не. Аммо тоҷикони содадили мо зуд ба ҳар чангол меафтанд.

- Аз умри гузашта чӣ сахттар бар варақи хотир нақш баста?

- Давраи ҷавонӣ, ки ба беморӣ гузашт.

- Бузургтарин дарсе, ки дар тӯли умр бардоштед?

- Чунон зиндагӣ бинмо, ки аз паси тобутат душманат низ бигиряд.


- Байти писандида?

- Ман шеъри пурра кам аз бар кардаам, аммо байтҳои писандидаи беш медонам, ки дар мавридаш истифода мебарам. Дар ҳоли ҳозир:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Медонед ин байти кист?

- Аз устод Турсунзода...

- Не. Ҷомеаи мо инро бархато фаҳмидаанд. Ин байти Қудрати Шуғнонӣ ном шоири ширинкалом аст.

- Чӣ далел меоред?

- Шумо чӣ далел доред?

- Дар маҷлисе...

- Дар он маҷлис ман будам, Турсунзода чунин гуфтанд. Аммо ин бар он нест, ки моли он кас бошад. Ҷомеаи мо он чиро ки шуниданд, бе далелу субут қабул мекунад. Ин хатост! Бадахшоншиносон ин нуктаро рад карданд ва собит сохтанд, ки ин байти Қудрати Шуғнонӣ аст. Турсунзода сафарҳои зиёд доштанд, гӯёст, ки байтро шунидаву дар мавридаш истифода кардаанд.

- Бузургтарин шоир аз назари Шумо?

- Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз...

- Буданд лаҳзаҳое дар зиндагӣ, ки мехоҳед фаромӯшаш кунед?

- Лаҳзаҳое буданд, ки ба тарбияи фарзанд кам камар бастам. Ва имрӯз ду писари ман, гарчанде дар ҷомеа мавқеъи хешро ёфтанд, аммо китоб намехонанд... Кош мешуд, ки бар гузашта рафтаву меҳри китобро бар қалби фарзандонам сахттар ҷой медодам.

- Дар танҳоиҳо ба чӣ меандешед?

- Бар гузашти айём...

- Дар инсон чиро меписандед?

- Ростгӯиву ростқавлиро.

- Аз чӣ нафрат доред?

- Аз кӣ нафтар дорам: аз одамони демагог, ки аз худ фозил метарошанд.

- Лаҳзаҳое буданд, ки аз худ хаста шуда бошед?

- Аз Худои таъоло шукргузору розӣ ҳастам, ки ба банда рӯзгори нағз дод. Ҳар чизе, ки мехостам, ба даст овардам, ҳар коре, ки дар тавонам буд, ба сомон расонидам. Буданд ошуфтаҳолиҳо, лек бо дидани самараи кор ҳамаи он бартараф мегардид.

Аммо, таафссуф мехурам, ки имрӯз коре карда наметавонам, қалам бардошта наметавонам, китоб хонда наметавонам.

- Орзуе ҳаст, ки то ҳол амалӣ нашуда?

- Ду орзу: яке мехостам хотиротамро гулчин намуда, дар ҳаҷми 4 китоб ёддоштҳо бинависам; ва дигарӣ луғатномаи форсӣ омода созам, ки оригинал бошад; Аммо ҳазорон афсӯс, ки дигар бар сари мизи корӣ нишаста наметавонам...

- Имрӯз ба чӣ меандешед?

- Имрӯз? Аз бебақоии умр: 90 сол умр дидам, лек чун ба пас менигарам, 90 рӯз наметобад...



Ёде аз Нурулло Ҳувайдуллоев – ҳомии қонун ва адолат


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед