Ҳуши маснӯӣ дар ҳоли тасхири ҷаҳон аст?
Нашр шуд
Суръати пешрафти ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) ба ҳадде сареъ аст, ки ин падидаи нав ба гунаи боварнокарданӣ дар ҳоли тағйири дунёи башарият аст.
Ҳуши маснӯӣ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад - аз барномаҳои маҳбуби мобилӣ гирифта, то абзорҳое, ки мо ҳар рӯз барои кор истифода мекунем. Ин фановарӣ ба бахши ҷудонопазири таҷрибаи диҷитолии ҳаёти башарият табдил шуда ва ҳар фармони катбиву савтиро ба роҳҳалҳои ҳушманд ва шахсисозишуда (мошинодам) табдил мекунад. Тавсеадиҳандагон ба таври фаъол ҳуши маснӯиро дар барномаҳои мобилӣ ворид мекунанд ва абзорҳое эҷод мекунанд, ки хостаҳои корбаронро пешбинӣ карда, бо суръати фавқулоддае ба ниёзҳои онҳо посух медиҳанд. Мувофиқ шудани ҳуши маснӯӣ дар барномаҳо танҳо як раванд нест, балки калиде барои рушди сареътар ва муваффақият аст.
Ин рӯзҳо корбарон тақрибан дар ҳама ҷо дар ҳоли суҳбат кардан ва истифода аз абзорҳои ҳуши маснӯӣ бо қобилиятҳои ҷадиду фаровон ҳастанд ва нақши ҳаётиву пураҳамияти он дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии инсоният, эҳсос мешавад. Он чизе, ки дар ҳоли иттифоқ афтодан аст, сирфан як навоварӣ дар фановарӣ нест, балки ин навоварӣ ба таври девонакунанда ва бо суръати саросемавор дар ҳоли пешрафт аст. Фановариҳои қаблӣ чандин сол тӯл мекашиданд, то фарогир шаванд ва истифодакунандагон, фурсати кофӣ барои созгорӣ ва татбиқи худ бо ин фановариҳоро доштанд. Аммо, дар мавриди зеҳни сунъӣ аслан ин гуна нест ва ин барнома комилан мутафовит аст. Ва инсоният бо як инқилоби фанноварӣ мувоҷеҳ аст. Инқилобе, ки ба маротиб, фаротар аз навоварӣ дар робитаҳои графикӣ, вебсомонаҳо, гӯшиҳои ҳушманд, барномаҳои корбурдӣ ва дигар хизматрасониҳо аст. Ҳуши маснӯӣ ба забони англисӣ - «аrtificial intelligence» аст ва таърифи яксон надорад, вале гуфта мешавад, ки ба воситаи ин падидаи нав истифода ва идораи қувваи меҳнат бо технологияи рақамӣ, яъне компютер ва роботҳо амалӣ мегардад. Ҳуши маснӯӣ корбурдҳои мусбати зиёде дорад, ки метавонад кайфияти навиштории инсонро беҳбуд бахшад. Ҳамчунин зарфияти коҳиши хатои инсонӣ, тасмимгирии сареътар ва ба таври куллӣ беҳбудии зиндагӣ ва кори инсонро сабук кунад.
Қобили тазаккур, ки се сол муқаддам дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин шуда, «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул шуд, ки дар самти таъсиси IT паркҳо ва рушди рақамикунонии иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ шуд. Ва дар доираи татбиқи ин Стратегия марказҳои озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ фаъол гардид, ки ҳадафаш рушди илму техника, таҳияи барномаҳои ҷадид, дарёфти малакаҳои зеҳнии ҷавонон дар самти ҳуши маснӯӣ мебошад. Аз ҷумла, «TajRupt» аввалин озмоишгоҳ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, барои татбиқи самараноки он мебояд дар баробари муҳаққиқони барномаи ҳуши маснӯӣ, ки ҳамқадами ин фанноварӣ ҳастанд, масъулони мақомоти давлатӣ, хоса блоки иқтисодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ фаъол бошанд.
Қарор аст дар доираи стратегияи мазкур мутахассисон аз сатҳи мактабӣ омода шавад. Яъне, мутобиқи Стратегияи миллии рушди ҳуши маснӯӣ, ҳар як фарди Тоҷикистон аз соли 2026 онро ҳамчун фанни мактабӣ хоҳад омӯхт. Ва вориди ин падидаи беназири фанноварӣ дар ҳама соҳаҳо, аз маориф то хизматрасонии давлатӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Ба андешаи таҳлилгари тоҷик, Абдурақиб Қодиров ҳоло ин падидаи навин дар қабули қарору амалҳои ҳаррӯзаи мо ва татбиқи дигар барномаҳо нақши бориз гузошта истодааст. Ва дар ояндаи наздик фанноварии ҳуши маснӯӣ дар бисёр бахшҳо таъсири назарраси худро ба ҳаёти инсонҳо мерасонад.
“Ҳадафи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 дар ҷумҳурӣ рушд додани илмҳои дақиқ ва ба тафаккури рақамӣ одат кунонидани ҷомеа мебошад. Ва пешниҳоди маҳсулоти маҳсули нерӯи зеҳнӣ ба аҳли ҷомеа мебошад. Вақте, муҳаққиқони ҳавзаи ҳуши маснӯӣ ва ё нерӯи зеҳнӣ дар як марказ гирдиҳам меоянд, онҳо ин ё он намуди маҳсулотро дар қолаби ашёӣ, техникӣ ё воситаи фанноварии ҷадид тавлид мекунанд, ки барои осон намудани зиндагии мардум истифода мешавад. Ҳатто дар сиёсатҳои бештари кишварҳои пешрафта, ба интелект, ақл ва ҳамин ҳуши маснӯӣ такя карда истодаанд. Дигар замони истифода аз нерӯи ҷисмонӣ ба тадриҷ коҳиш ёфта истодааст. Масалан, дар самти мудофиа, вақте ба саҳнаи амалиётҳои ҷангӣ, ки имрӯз дар гӯшаҳои дунё сурат мегирад, нигоҳ кунем, дигар техникаву технология меҷангад. Дигар дар майдони корзори ҷанг инсон ҷонашро дар хатар монда, вориди даргир намешавад. Ин корро дигар як ҳавопаймои бесарнишин ва ё мушакҳои сатҳи баланди ҳушманди радаргурез анҷом медиҳанд, ки маҳсули зеҳни сунъӣ мебошад ва дар фазо ҳаракат карда, пайи дақиқ мушаххас кардани ҳадафи душманона ба таври худкор нуктаро нишон гирифта, нобуд месозад. Ба гунаи дигар дар самти варзиш, барномаҳои шатранҷи компютерӣ аз беҳтарин шатранҷбозони ҷаҳон, ки бигузарем бақия инсонҳоро ба содагӣ мебарад. Яъне дар аксар маврид инсоният дар ин бозӣ аз компютере, ки маҳсули эҷоди худи инсон аст, шикаст мехурад. Ба он маъно, ки компютер ба ҳамон хотираи зеҳнӣ, ки ниҳоят пурқувват аст, равишҳои гуногуни бозии шоҳмотро дар худ ҳифз карда дар аксар вақт исонро шикаст медиҳад. Ва шаке нест, ки мошину технологияҳои навин ба оҳистагӣ ҳушмандтар мешаванд ва корҳое, ки одамҳо дар он беҳтар бошанд рӯз ба рӯз камтар мешавад”,-гуфт Қодиров.Дар минтақаи Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Ӯзбекистон таҳияи тарҳи қонун "Дар бораи зеҳни сунъӣ"-ро омода доранд, ки дар соли оянда қабул мешавад. Ин тарҳи қонун қабули меъёрҳои ахлоқӣ, танзими давлатӣ, реҷаи ҳуқуқии фаъолияти иншооти зеҳни сунъӣ, иқдомоти дастгирии давлатӣ ва стандартизатсия дар бахши зеҳни сунъӣ ва ғайраро дар назар дорад. Мақсади асосӣ таъсиси Маркази технологияҳои зеҳни сунъӣ ва мудирияти ин фанноварӣ гуфта шудааст.
Бояд гуфт, таърихи 2 октябри соли равон Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат» дар Қатар вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди ҳуши маснӯӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси zypl.ai - аввалин стартап дар Тоҷикистон ва фаъолияти муваффақонаи он дар 12 бозори ҷаҳон, оғози Академияи зеҳни сунъӣ аз рӯи барномаи Донишгоҳи Стэнфорд дар мамлакат ва ҷорӣ намудани ихтисоси зеҳни сунъӣ дар 7 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ гуфт: “Бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дода, тибқи дурнамо, то соли 2030 тақрибан ба 2 триллион доллар афзоиш меёбад. Татбиқи зеҳни сунъӣ то соли 2030 метавонад маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро 14 фоиз ё тақрибан 16 триллион доллар афзоиш диҳад”.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад, баҳори соли ҷорӣ аввалин қонуни байналмилалӣ барои контрол ва истифодаи беҳтар аз “ҳуши маснӯӣ” пас аз тақрибан ду соли баҳсу баррасӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расид. Яъне, Аврупо аввалин қорае аст, ки қавонини равшан дар бораи истифода аз ҳуши маснӯӣ вазъ кард, ки он як чаҳорчуби назоратиро барои тарвиҷи тавсеаи ҳуши маснӯӣ ва бо пардохтан ба хатароти марбут бо ин фановарӣ ба суръат дар ҳоли таҳаввул ироа мекунад. Ва ё ин қонун ба хотири рақобат барои назорат бар ҳуши маснӯӣ ва муҳофизат аз мардум дар баробари хатароте, ки шомили таҳдид ба зиндагии рӯзмарра аст, мебошад. Вале барои комилтар шудани қонун ҳанӯз роҳи зиёде боқӣ аст ва ҳадди ақал, иҷро шудани он дар соли 2025 мумкин аст. Дар ин замина, Фаронса нахустин вазири ҳуши маснӯӣ ва фанноварии диҷитолиро муаррифӣ кард. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳоло Париж қасд дорад ба қутби ҷаҳонӣ дар заминаи қонунгузорӣ ва назорат ба ин фановарии навин табдил шавад.
Пасон, Созмони милали муттаҳид ҳам аввалин қатъномаи танзими қонуни ҳуши маснӯиро моҳи марти соли равон бо иттифоқи орои 193 кишвари узв ба тасвиб расонд. Антониу Гутериш, дабири кулли СММ моҳи сентябри соли равон дар ҳафтоду нуҳумин нишасти Маҷмаи умумии ин созмон гуфт: “Мо ду тарҳ дар СММ матраҳ кардем, то ҳуши маснӯиро контрол кунем. Бояд барои ҳуши маснӯӣ қонун бигузорем, то барои масорифи хуб қобили истифода бошад ва мардуми ҷаҳон ба он дастрасӣ дошта бошанд”.
Агар ба корҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳавзаи ҳуши маснӯӣ анҷом мешавад, нигоҳ кунем, мебинем бештараш рӯйи системаҳое мутамарказ аст, ки ба таври мушаххас он худогоҳӣ ва ихтиёриро, ки метавонад, барои инсоният мушкилофирин шавад, надоранд.
Аз таҳдидҳо то фурсатҳои ҳуши маснӯӣ
Ин падида метавонад дар сурате, ки нисбат ба он таваҷҷуҳи кофӣ нашавад, таҳдиде барои инсонҳо бошад, аммо суди ин фановарӣ бисёр зиёд аст.
Сареияти пешрафти фанноварии ҳуши маснӯӣ он қадар зиёд ва назаррас аст, ки ҳеҷ иқдоми сахтгирона наметавонд тамоми мавориди эҳтимолиро пешбинӣ кунад. Бинобар ин лозим аст, муассисае эҷод шавад, то тавоноии дарки он чизе рух медиҳад, дошта бошад ва битавонад ба суръат ба тағйироти манфӣ посух диҳанд. Зеро дар ҷомеаҳои илмии ғарб дар робита ба зеҳни сунъӣ гуфта мешавад, ки ин нармафзор ба як авлавияти ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар қатори хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунад (аз қабили пандемия ва ҷанги ҳастаӣ) қарор дорад.
Имрӯз аксар мардум нисбат ба фановариҳое, ки метавонад осебҳои азим ворид кунад, нигариши бисёри оромона доранд. Ва ҳадаф ин нест, ки рушди ҳуши маснӯӣ мутаваққиф шавад, зеро зарфияти мусбати он аз ҷониби мутахассисони бисёр бузург арзёбӣ мешавад. Ҳамакнун ҳуши маснӯиро барои ташхиси бемориҳо истифода мебаранд ва дар оянда метавонад дар тавсеаи доруҳо ва пешбинии офтҳои табиӣ монанди тӯфон ва оташсӯзиҳои ҷангал кумак кунад.
Дар таърихи панҷуми сентябри соли равон Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия тайи ширкати худ дар форуми иқтисодии шарқ дар ҳавзаи ҳуши маснӯӣ изҳор дошт, ки зеҳни сунъӣ метавонад омили ваҳдатбахш барои кишварҳои ҷаҳон бошад, аммо барои ин амри зарурӣ, ғарб дастрасӣ ба тақсими одилонатари сарват барои тавсеаи фановариҳоро фароҳам кунад. Ҳамзамон ӯ тайи як паёми видеоӣ дар тобистони соли равон гуфт, ки рушди ҳуши маснӯӣ таъсири амиқ бар рӯйи башарият дар ҳама арсаҳо аз ҷумла, хати машҳои сиёсати байналмилалӣ доштааст.
“Русия бояд тавонмандии зеҳни сунъии миллии худро дошта бошад. Моделҳое, ки бар асоси додаҳои хоми ғарбиҳо арза шудаанд- ҳатто бидуни ҳеҷ дахолати хориҷӣ - бар мабнои идеология, ки барои мо бегона аст, амал хоҳанд кард. Ва чунин системҳои ҳуши маснӯӣ метавонанд, иттилооти «ҷонибдорона» ироа диҳанд. Мо бовар дорем, ки ҳамаи кишварҳо ба шакли мусовӣ ва одилона ва бидуни ҳеҷ истисное бояд ба ин фановариҳо ва фурсатҳо дастрасӣ дошта бошанд. Ва пояҳои фановарӣ барои зеҳни сунъӣ воқеан мустақил бошад, ки ҳам бар пояи аслии худ ва ҳам бар нармафзори миллӣ устувор аст, ки арзишҳои суннатии аксарияти ҷаҳониро мунъакис мекунад, муҳимм аст...”, - гуфтааст хонум Захарова.Ҳанӯз мушкилоти зиёде дар робита ба моделҳои ҷадиди ҳуши маснӯӣ вуҷуд дорад. Онҳо ағлаб иштибоҳ карда ва иттилооти нодуруст ё гумроҳкунандаро ҳам пешниҳод мекунанд. Мегӯянд, вақте ҳуши маснӯӣ аз инсон боҳуштар шавад, маълум нест, он гоҳ ба ҳаёти одамизод чӣ иттифоқе меафтад. Илон Маск, раиси ширкати Тесла, ҳам ҳарфҳои мушобеҳ зада буд, ки ҳуши маснӯӣ “бузургтарин таҳдид” барои мавҷудияти башар аст.
Нишонаҳои он дар солҳои ахир тариқи филмҳои истеҳсоли кишварҳои ғарб хоса ИМА зиёд ба намоиш мебарояд, ки тақрибан дар ҳамаи онҳо инсон дар баробари душмани ҳавлнок бо ҳуши маснӯӣ заиф аст. Ва бо “интқомҷуӣ”, ки дар он қаҳрамонони достон меҷнганд - мавҷуде бо ҳуши маснуии фавқулодда мехоҳад башарро нобуд кунад. Ҳатто дар олами воқеӣ, ҳамин имрӯз ҳам нишонаҳое метавон дид, ки ҳуши инсон дар баробари компютере, ки ҳамаи тавоноияшро рӯйи як масъалаи мушаххас мегузорад, чӣ қадар ҳақир аст. Дар баҳсҳои ҳуши маснӯӣ, бештари кишварҳо ағлаб мошинҳои хатарнокро тасаввур мекунанд, ки тавонои тасхири ҷаҳонро дорад.
Дар воқеъ истилоҳи ҳуши маснӯӣ ба сурати куллӣ, яъне ин, ки як мошин ва ё як системаи компютерӣ аст, ки метавонад намоёнгари ҳуши инсонӣ бошад. Ҳоло аз ин васила дар ташхиси чеҳра, тасҳеҳи худкор, алгаритмҳои ҷустуҷӯ, дастёрҳои диҷитолӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мешавад. Ва як зумра ширкатҳои технологӣ бо шумули “Apple”, “Google”, “Microsoft”, “Facebook”, “Netflix” аз он барои ироаи маҳсулоте истифода мекунанд, ки бо идеяи корбарон созгор аст ва муҳтавои марбутаро тавсия мекунанд. Чунин ширкатҳои азими интернетӣ барои рушди ҳуши маснӯӣ, миллиардҳо доллар сарф карда истодаанд ва дар назар аст, то соли 2027 8 триллион доллари ИМА ба ин барнома масраф шавад.
Барномаи "ChatGPT" яке аз бахшҳои ҳуши маснӯӣ аст, ки метавонад муколамаи матниро бо корбарон ба гунае анҷом диҳад, ки гӯё як инсон бо шумо гуфтугӯ мекунад. Мардум то ба ҳол бештар аз "ChatGPT" барои навиштани мақола, маърузаҳо, дарёфти мушовир, донишомӯзон барои корҳои тақаллубӣ дар санҷишу имтиҳонот истифода баранд. Ширкатҳои “OpenAI” ва “ChatGPT” соли 2015 тавассути Сэм Олтман ва Ҷеффрӣ Ҳинтон бунёдгузорӣ шудааст ва донишмандон ҳамчун “падари зеҳни сунъӣ” шинохта шудааанд.
Гуфта мешавад, ин падида метавонанд дар оянда ба фаъолияти инсонҳо таъсир расонад ва дигар зарурат ба қувваи корӣ камтар шавад. Зеро тамоми амалҳое, ки тариқи ҳуши маснуъӣ анҷом дода мешаванд ба мисли ҷамъоварии маълумот, таҳлил ва қабули қарор оид ба онҳоро худкор созад. Ҳатто сатҳи муоширатро самаранок ва осон гардонида, роҳҳои нави муошират бо дигаронро фароҳам оварад.
Азизҷон Азимӣ, муассиси «TajRupt» ва муҳаққиқи ҳавзаи ҳуши маснӯӣ чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон атрофи ҳушдорҳои зиёде дар бораи ин фановарии дар ҳоли тавсеа ва хатароту таъсири он ба сатҳи иқтисод ва зиндагии мардум гуфт, ки аслан падидаи мазкурро метавон ҳамчун як замина барои пешрафти иқтисодиёт истифода бурд.
“Раванди рақамикунонӣ ин чизи таърихӣ аст ва он бо суръат пеш рафта истодааст. Яъне дар ин масъала, агар мо гӯем, ки аз ҳисоби иваз шудани алгаритмҳо ва рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ оид ба ҷойҳои корӣ, бекор мондани қисмати зиёди мардум таъсир мерасонад ва хавфҳо ҳама вақт вуҷуд дорад. Ва мо бояд фикр кунем, ки дар умум ба иқтисоди ҷаҳон, алгаритмҳои зеҳни сунъӣ бо таҳлили тадқиқотчиёни имрӯза, баръакс ҷойҳои кориро на кам, балки зиёдтар ташкил карда, фароҳам меоранд. Нуктаи бисёр муҳим он аст, ки ҳар як ҷойҳои корӣ аз ҳисоби зеҳни сунъӣ ташкил мешавад ва маоши хубу таъсири мусбат ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ дорад. Пешгӯи мешавад, ки то соли 2030 чандин триллион доллар ҳаҷми иқтисоди нав бояд аз ҳисоби зеҳни сунъӣ дар дунё пайдо шавад. Вақте мо аз ин тараф нигоҳ кунем бояд ҳамқадами технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон бошем ва дар қатори кишварҳои пешрафт қарор гирем, беҳтар аст”,-гуфт ҷаноби Азимӣ.
Дар ин замина Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ин нишаст, гуфт, ки зеҳни сунъӣ ҳеҷ гоҳ ҷойи одамонро намегирад ва буҳрони бекориро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд нахоҳад овард, баръакс, тавсеаи сареи технологияҳои рақамӣ сатҳи зиндагии башариятро осон намуда, ёрӣ мерасонад, ки кори худро беҳтар анҷом диҳанд. Зеро, ин раванди бисёр муҳим барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ шуда истодааст. Дар ҷаҳон тамоми фанновариҳои ҷадид ба ҳуши маснӯӣ алоқамандии зич доранд. Ва як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки дар технологияи зеҳни сунъӣ оби тоза истифода бурда мешавад, ки аз ин лиҳоз Тоҷикистон дар самти захираҳои обӣ бой аст ва кадрҳои ҷавонро ҳам дорад. Пас Тоҷикистон наметавонад аз ин инқилоби технологӣ худро ба қафо кашида, дар канор монад. Тоҷикистон илова бар ҳимоят аз рушди ин падидаи навин дар заминаи ҳамоҳангии дастгоҳҳои марбута ҳамкории фаъол дорад.
Яъне ин нуктаро ҳам набояд фаромуш сохт, ки ҳуши маснӯӣ комилан амалҳои инсонро иваз карда наметавонад ва дар ҳолати дуруст истифода намудани ин фанноварӣ имкони баланд бардоштани самаранокии кор мавҷуд аст. Ин фанноварӣ дорои зарфиятҳои бузург ҳам бошад, вале мардум барои барномарезии дақиқ ва коршиносона дар ин арса, ниёзманди бархӯрдории бештари иттилоъ мебошанд. Ҳарчанд нигаришҳо ба оянда дар ин ҳавза мутафовит аст. Ва бархеҳо бо бадбинии тамом иттифоқоти ин ҳавзаи фанновариро пайгирӣ карда мегӯянд, ки дигар дар оянда ниёзе ба инсон дар ҳавзаи машғулиятҳо нахоҳад монд ва ин падида метавонад буҳрони асосӣ бошад. Аз сӯи дигар ҳуши маснӯӣ монанди ҳар фанноварие костаҳо ва имконҳои хоси худро дорад.
Дар ҳар сурат, идомаи роҳи ин фанновариҳо ба худи инсонҳо бозмегардад. Интихоб ҳанӯз дар дасти худи башарият, ки аз ин технологияҳо дар чӣ ҳавзае баҳра мебарад ва ё ин абзор, то куҷо метавонанд мустақил андешаду боиси эҷоди шуғл ва равнақи иқтисодиёт дар ҷаҳон гардад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед