Ru  | Tj
Зан - ноновари хона: қарори ҳукумат барои афзоиши “бизнес-ледӣ”-ҳо дар Тоҷикистон
Зан - ноновари хона: қарори ҳукумат барои афзоиши “бизнес-ледӣ”-ҳо дар Тоҷикистон
Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон

Зан - ноновари хона: қарори ҳукумат барои афзоиши “бизнес-ледӣ”-ҳо дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар шароити мардсолорӣ, ки бархе ҳанӯз дар Тоҷикистон рисолати занро бо таваллуди фарзанду кори хона маҳдуд медонанд, ҳукумати кишвар қарори ҷадид барои тавсеаи соҳибкории бонувонро қабул кардаст. Ҷонибдорони ин раванд, Хадича, ҳамсари паёмбари Исломро намуна меоранд, ки тоҷир буду корофарин.

Тибқи қарори нави  ҳукумати Тоҷикистон, соли равон барои дастгирии соҳибкории занон 120 гранти президентӣ дода хоҳад шуд, ки ҳаҷми пули он низ ду баробар зиёд гардида, ба 5 млн сомонӣ расонда шуд. Солҳои пешӣ 80 грант ба маблағи умумии 2,5 млн сомонӣ ва камтар аз он пешниҳод мегардид.

Тағйироти дахлдорро ба қарори ҳукумат “Дар бораи грантҳои президенти Тоҷикистон барои дастгирии рушди соҳибкории занон барои солҳои 2021 – 2025” ахиран раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, ки нусхаи он дастраси “Halva” гардид.

Бар асоси ин санад, соли ҷорӣ барои дастгирии занон 40 гранти ҷадид зам гардиданд, ки 20 ададашон 50 ҳазор сомонӣ ҳар кадоме ва нисфи дигар 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. 

Инчунин минбаъд 20 адад гранти муодили 45 ҳазор сомонӣ, 20 адад – 35 ҳазор сомонӣ ва боқимонда ба андозаи 25 ҳазор сомонӣ ба занон дода хоҳанд шуд.

Президенти кишвар Вазорати молияро муваззаф кардаст, ки афзоиши маблағгузории соҳибкории занонро аз ҳисоби захираҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ таъмин созад.

Ҳукумат инчунин муқаррар кардааст, ки 10%-и грантҳои раисҷумҳур барои занон, махсусан ба тарҳҳое равона карда шаванд, ки марбути тағйирёбии иқлиманд.

Чӣ гуна дар ҷомеаи мардсолор метавон “бизнес-ледӣ” шуд?

Шуғли бонувон ба соҳибкориро дар Тоҷикистон бархе хилофи оини мардсолории ҷомеа медонанду рисолати занро бо таваллуду тарбияи фарзанд ва анҷоми кори хона маҳдуд мешуморанд. Бо вуҷуд дар кишвар зиёданд заноне, ки қисме огоҳона ва бархеи дигар аз ночорӣ барои дарёфти рӯзӣ ба ин навъи фаъолият пайвастаанд. Шумораашон низ майли афзоиш дорад.

Моҳирӯ, зани зарффурӯш аз Душанбе мегӯяд, ӯро ночорӣ соҳибкор кард. Шавҳар ба муҳоҷират рафту то як муддате худ дучори мушкил шуду натавонист маблағи кофӣ барои таъмини хонаводаро фиристад. Соҳибкорзан афзуд, барои таъминоти хонавода дар бозорчаи пеши хона ба фурӯши зарфу дигар лавозимоте шуруъ кард, ки аз “Корвон” ва “Султони Кабир” гоҳо тариқи насия мегирифт.


Вай бо ишора ба таҷрибаи худ мегӯяд, бояд занонро тавре тарбият кард, ки мустақил бошанд, дастнигар нагарданд, чун зиндагӣ пешгӯинашаванда аст.

“Тарбияамон чунин буд, ки бояд зан дар хона шинаду сирф ба нигоҳубини фарзандон машғул бошад. Баъде, ки зиндагӣ маҷбур кард, соҳибкор шудем. Пули ҳалол, меҳнати ҳалол, ҳам дастгирии хонавода аст. Ҳам ба кори хона даст мерасад, ҳам тиҷорат. Кори зан набояд фақат шустану руфтани хона бошад”, - гуфт ӯ.

Моҳирӯ мегӯяд, надоштани дониши хуб дар ҳисоб, қонунҳои бонкӣ, расмиёту ҳуҷҷатбозиҳо ва технологияҳои муосир барои тавсеаи тиҷораташ халал мерасонанд, чун аз хурдӣ ба ин таваҷҷуҳ надошту бовари ӯ ва бузургсолони хонаводааш ин буд, ки вазифаи асосии зан, нигоҳубини хона ва фарзандон хоҳад буд.

“Ҳозир ду духтар дорам, ки ба курсҳои мухталиф медиҳамашон, ҳам компютеру ҳам математикаю дигар фанҳоро хуб аз худ кунанд. Баъд худашон интихоб мекунанд, ки чӣ мешаванд. Аммо ин донишашон ба онҳо дар ҳар сурат ёрӣ мерасонаду халал не. Бояд тавонанд нони худу фарзандро биёбанд, омода будан хуб аст”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки ҳузури занонро дар сиёсату иқтисод, аз ҷумла тавассути додани имтиёзҳо бештар кунад.

Додани грантҳо аз ҷумлаи иқдоми ҳукумат барои дастгирии соҳибкории занон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Инчунин ташкилоти қарзӣ ва шарикони рушд низ азм доранд, ки барои пеш бурдани занон дар риштаи иқтисод барномаҳои имтиёзноки қарздиҳиро роҳандозӣ намоянд. 

Ҳар чаҳорум соҳибкор дар Тоҷикистон зан аст

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли 2024 дар Тоҷикистон наздики 350,3  ҳазор субъекти хоҷагидор, ба ибораи дигар шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ сабти ном шудаанд, ки аз ин ҳудуди 25% занонанд.


Тибқи омори расмӣ, аз рӯи шумори занони соҳибкор миёни минтақаҳои Тоҷикистон, Суғд пешсаф мебошад. Дар шимоли Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор занони соҳибкор сабти ном шудаанд. Ин рақам дар Хатлон беш аз 24 ҳазор нафар, дар Душанбе беш аз 11 ҳазор ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ қариби 15 ҳазорро ташкил медиҳад. Шумораи занони соҳибкор дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 1,7 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз 33 ҳазор шахси ҳуқуқии сабтшуда дар ҷумҳурӣ роҳбарии қариб 3,7 ҳазорро занон ба уҳда доранд.

Ҳамсари паёмбар тоҷир буд

Иқтисоддон Нозим Шарифӣ, афзоиши ҳузури занонро дар бахши соҳибкорӣ қобили истиқбол хонда, барои аз чаҳоряк ба нисф расондани теъдоди занон дар ин доира, тадбирандешиҳои бештарро зарур донист. 

“Грантҳо наметавонанд пурра ниёзи занонро, ки нисфи аҳолии Тоҷикистонанд, бароварда созанд. Бояд қарздиҳҳои имтиёзиро бо ҷалби васеи ташкилотҳои қарзӣ роҳандозӣ намуд. Дастрасӣ ба захоири молиявӣ бояд осон, сода ва ошкор бошад, то занон тавонанд барои пешбурди фаъолияташон маблағ дастрас намоянд”, - гуфт ӯ.

Соҳибкорӣ аслан кор бо таваккал асту иродаю ҷасорати мустақилӣ металабад, ки зарур аст, дар занҳои мо ин хислатҳо тарбият карда шаванд. Барои соҳибкори муваффақ шудан қобилияти дарку таҳлили ниёзҳои ҷомеа зарур аст, ки гоҳо занон дар ин бахш беҳтар аз мардонанд, афзуд Шарифӣ ва изҳори боварӣ намуд, занон дар асри технология, ки ҳатто ба истилоҳ “Корвон” ба интернет мекӯчад, соҳибкорони муваффақ хоҳанд шуд.

Вай дар мавриди иддаои бархе, ки соҳибкорӣ шуғли занҳо нест, зикр намуд, ки Хадича, ҳамсари паёмбари Ислом низ тоҷир буд ва афзуд, ки дар Тоҷикистон на қонунгузорӣ ва на дину оин ҳеч мушкиле бо ин навъи фаъолияти бонувон надоранд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед