Ru  | Tj
10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ
10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ
Аксҳо: Аз Интернет

10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ

Нашр шуд

Бисёре аз толибилмон бо сабабҳои гуногун ба дарс рафтан намехоҳанд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, дар зер ба толибилмон 10 тавсияи беҳтаринро пешниҳод мекунем, ки қудрати иваз кардани фикр ва ба вуҷуд овардани хоҳишро дорад. Ва инак, оғоз мекунем. 

1. Мусиқии “Рок-н-ролл”-ро ба зангулаи телефонатон интихоб кунед

Волидони муҳтарам қариб ҳар рӯз ба мушкилии аз хоб бедор кардани фарзандонашон дучор мешаванд. Албатта ҳар нафар барои аз хоб хезондану ба мактаб гусел кардани фарзандаш роҳу усулҳои худро дорад. Аз ҷумла, аз муаллиме метарсонанд, чизе ваъда медиҳанд, ба коре таҳдид мекунанд ва ғайра. 

Чун имрӯз аксарияти толибилмон телефони мобилӣ доранд, аз он ки модар ё падар ҳар рӯз назди болинашон оянду онҳоро бо тарзҳои ба худ хос аз хоб бедор кунанд, беҳтар аст, ки худи хонандагон дар смартфонҳояшон мусиқии писандидаашонро аз жанри “Рок-н-ролл” интихоб карда, дар зангула гузоранд.

2. Субҳ омӯзед

Бояд дар хотир дошт, ки субҳи барвақт сари инсон тоза буда, қобилияти азхудкуниаш низ зиёд аст. Омӯзиш дар субҳ имкон медиҳад, ки дониши азхуднамудаатонро то муддати тӯлонӣ аз хотир набароред, зеро дар вақти субҳгоҳон азхуд намудан сари шумо ором ва холӣ аз ташвишҳои рӯзгор буда, табъи болида доред. 

3. Вазифаи хонагиро пас аз дарс тайёр кунед

Хонандагони азиз, ҳеҷ гоҳ вазифаҳои хонагиро иҷро накарда, ба дарс наравед. Албатта, тайёр накардани вазифаи хонагӣ бо сабабҳои гуногун сар мезанад. Масалан, яке шавқ надорад, дигаре худ аз ӯҳдааш намебарояду дигаронро намепурсад, сеюмӣ вақти мусоид намеёбаду чорумӣ “баъд омода мекунам” гуфта, фаромӯш мекунад. 

Дар ин ҳол набояд фаромӯш кард, ки яке аз омилҳои таъсиррасон дар омода кардани вазифаи хонагӣ вақт аст. Вақти мусоид. Толибилм бояд ҳамеша  бо фикри дарс ба хона бармегардад. Дуруст аст, ки пас аз дарс хаста аст, вале ӯ метавонад пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ ё бегоҳӣ ба омода кардани вазифаҳои хонагияш пардозад. Ин ду сабаб дорад: якум, фикраш дар дарс, китоб ва дафтар аст ва дуюм, маънои кори имрӯзро ба фардо нагузоштан мебошад. 

4. Нафареро ёбед, ки мисли шумо хондан мехохад 

Пӯшида нест, ҳама хонандагони макотиби миёна дар ҷустуҷӯ ва доштани як дӯсте, ки аз ҳар ҷиҳат ба онҳо мувофиқ бошад, танқисӣ мекашанд. Аз ҳар ҷиҳат мувофиқ будан ба маъное, ки қисме аз номуваффақии толибилмон аз нодуруст интихоб кардани дӯстони мактабияшон аст. Яъне дар мактаб толибилмоне, ки ҷиддӣ таҳсил кардан мехоҳанд, хондан мехоҳанд ва дар оянда касе шудан мехоҳанд, зиёданд, вале бо нафароне дӯстӣ мекунанд, ки ба роҳи бад ва корҳои номатлуб онҳоро раҳнамоӣ мекунанд. 

Мо гуфтанӣ ҳастем, ки дар раванди таҳсил ба толибилм ҳамқадам, ҳаммақсад ва ҳамроз лозим аст. Шумо ҳам, хонандагони гиромӣ, агар ҷиддӣ ба таҳсил машғул шудан ҳастед, бояд аз миёни дӯстони мактабӣ ё берун аз он нафареро барои дӯстӣ интихоб кунед, ки мақсадҳоятон як бошанд. Доштани чунин дӯст ё ҳамсафар метавонад ба фоидаи тарафайн бошад. Ҳамроҳ дарс мехонед,  ҳамроҳ китобхона меравед, ҳамроҳ дарс тайёр мекунед ва хуллас ҳамроҳ барои оянда нақша мекашед.

5. Вазифаҳои калонро тақсим кунед

Соле чанд маротиба дар мактаб ба толибилмон вазифаҳои ба қавле калон супорида мешавад. Дар ин вақт хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: чаққонҳо ва танбалҳо. Чаққонҳо бо кӯшишҳо ва душвориҳои зиёд вазифаҳоро иҷро мекунанд, вале танбалҳо ба ҷойи вазифаи бар дӯшашон бударо иҷро кардан, баҳонаҳои зиёд пеш меоранд ва кор нотамом мемонад. Ин дар ҳолест, ки роҳи ҳалли ин мушкилӣ вуҷуд дорад. Яъне тақсим кардани як вазифа ба  чанд вазифаҳои дигар

Албатта, барои осон шудани кор, вазифаҳои калонро тақсим кардан ҳам ҳамин маъноро дорад. Яъне ба мо агар дар мактаб вазифа диҳанд, ки то ҳафтаи дигар бист байт аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ азёд кунед, пас моро мебояд, ки ҳамон бист байтро ба ҳафт тақсим кунем ва пасон ҳамарӯза мисраъҳои муайянро азбар намоем. Бо ин усул бисёр корҳои бузургро анҷом додан мумкин аст.

6. Ашёи дарсии зебо бихаред

Мутаассифона, дар мо то ба ҳол барои толибилмон лавозимоти зебо ва диққатҷалбкунанда харидани волидон мисли аврупоиҳо ба анъана надаромадааст, дар ҳоле, ки ашёи хониш ҳам ба таҳсили хонанда таъсири зиёд мерасонад. Албатта, агар аз як тараф ашёни босифату зебо нахаридан ба мушкилоти иқтисодӣ рабт дошта бошад, пас аз паҳлӯи дигар ҳатман аз надоштани завқи хуб низ вобаста аст. Шароити иқтисодиро волидон ба вуҷуд меоранду завқи хубро худи толибилмон.

7. Ҳамеша болои коғази кайд фикр кунед ва “галочка” монед

Кор болои коғаз ё аз рӯи коғаз кор кардан дар раванди таҳсили толибилмон ёрии зиёд мерасонад. Толибилм бояд ҳар нуктаи муҳимми дарсро дарҳол ба қоғази қайдаш бинависад. Хусусан, вазифаҳои хонагиашро. 

8. Хамеша як дарс пештар хонед

Толибилмон дар мактаб бо муаллимоне вомехӯранд, ки пеш аз дарси навро фаҳмонидан, ҳатман дар бораи он мавзӯъ аз талабагон фикрҳояшонро шунидан мехоҳад. Ин иқдоми муаллимон аз як ҷониб боиси дастгирист, вале аз ҷониби  дигар бачаҳоро дарсгурезу дилмонда ҳам карда метавонад. Ҷиҳати манфии масъала дар он аст, ки қисми зиёди толибилмон мавзӯъҳои ҳанӯз нагузаштаашонро намехонанд ва баробари пурсиши устод худро нодон ҳис мекунанд. Вале паҳлӯи мусбати ин амали муаллимон дар он аст, ки як қисми бачаҳо ба чунин усули дарсгузарӣ одат карда, каме ҳам бошад кӯшиши як дарс пештар мутолиа карданро мекунанд. 

Ҳамеша як дарс пештар (масалан, мавзӯи дарсӣ агар №20 бошад, толибилмони хушзавқ аллакай дарси №21-ро омода мекунанд) мутолиа кардан ё омӯхтан барои дилхоҳ толибилм сабукиҳои зиёд меорад. Аз ҷумла, вақте ки муаллим мавзӯи навро ба хонандагон мефаҳмонад, ҳар толибилме, ки дарси мазкурро аллакай як ё ду маротиба мутолиа кардааст, аз дигарон дида, зиёдтар гуфтаҳои муаллимро мефаҳмад. 

9. Аз савол додан натарсед

Дар мактаб ду типи хонандагон ба муаллим савол намедиҳанд: гурӯҳе, ки дарсро умуман намефаҳманд ва гурӯҳи дигаре, ки савол доранду аз пурсидан шарм медоранд. 

Нафароне, ки дар дарс аз шарм ё аз тарс наметавонанд фикрашонро баён кунанд, ҳамеша дар ҳаросанд, ҳатто дар вақти дарс ҳам. Дар ин бобат роҳи хубе ҳам вуҷуд дорад, ки аз чунин ҳолат толибилмро мебарорад. Бояд хонанда пеш аз он ки ба муаллим савол диҳад, ҳамон саволашро ба наздиктарин ҳамсабақаш диҳад ва дар мавриди тарзи саволгузорияш, маъниву мазмуни саволаш ва муҳим будани пурсишаш назари ҳамсабақашро фаҳмад. Бале, ин ҳамон ҳамсинфу ҳамсабақу ҳаммақсадест, ки мо дар боло барои пайдо карданаш маслиҳат дода будем.

Ва набояд фаромӯш кард, ки яке аз омилҳои муккамалкунандаи дониш ин пурсиши нофаҳмиҳост. Пас, моро мебояд аз пурсидан шарму тарс надошта бошему дар сарамон муаммо боқӣ намонем. 

10. Занчирро наканед

Хонандагони гиромӣ, агар аҳаммият дода бошед ҳаёти мо худ занҷиреро мемонад. Яъне аввал таваллуд мешавем, баъдан роҳрав мешавем, боғча меравем, мактаб меравем, дар донишгоҳ таҳсил мекунем, оиладор мешавем, кор мекунем, соҳиби фарзанд мешавем ва ғайра...

Дар ин миён боз ҳама қисмҳои ҳаёти мо дар навбати худ занҷири худро доранд, ки бояд онҳоро низ наканем. Масалан, мактаб аз китоби “Алифбо” сар мешавад ва бояд онро аз омӯхтани ҳарфҳо оғоз кунем. Ҳамчунин, ҳар соли хониш дар навбати худ занҷири худро дорад. Яъне дар дасрҳо пурра иштирок кардан, дарсҳои гузаштаро такрор намудан ва нофаҳмиҳоро пурсидан... Он вақт занҷири таҳсили толибилм канда намешавад ва ӯ пурра барномаи таълимиро азбар мекунад ё ҳадди ақал фанҳои дӯстдоштаашро хуб мефаҳмад.

Умед дорем, ки шумо ҳеҷ занҷири ҳаётатонро наканда ва доимо хушбахт, донишманд, муваффақ  ва солим мемонед.


5 далели ҷолиб дар бораи хоб, ки шуморо ба ҳайрат меорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед