Ru  | Tj
“Дониш - чароғи маърифат”. Намоишгоҳ аз осори ҳунармандони машҳур дар Осорхонаи миллӣ
 “Дониш - чароғи маърифат”. Намоишгоҳ аз осори ҳунармандони машҳур дар Осорхонаи миллӣ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Дониш - чароғи маърифат”. Намоишгоҳ аз осори ҳунармандони машҳур дар Осорхонаи миллӣ

Нашр шуд

Чанде пеш (1-уми сентябр) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ бахшида ба Рӯзи дониш боз гардид. Дар он асарҳои рассомон ва ҳайкалтарошони машҳури советии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Тавре маълум аст, дар ин рӯз кулли муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз таътили тобистона дарҳои худро ба хонандагон боз карда ва бахшида ба ин рӯз, чорабиниҳои ботантана ва фарҳангию маърифатӣ барпо менамоянд. Чун дар ин рӯз соли нави таҳсил оғоз мегардад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ намоишгоҳи вижае таҳти унвони «Дониш - чароғи маърифат» барпо карда шуд. Дар ин намоишгоҳ тавассути эҷодиёти рассомону ҳайкалтарошони касбӣ ба гузаштаи дури ҷараёни таълим, ҳаёти омӯзгорон ва хонандагон дар давраҳои гуногуни таърих шинос шудан мумкин аст.

Масалан, дар намоишгоҳ асари нодири рассоми машҳури Тоҷикистон Еремей Григоревич Бурсев «Мактаби кӯҳна» ба намоиш гузошта шудааст. Рассом адабиёти илмӣ ва бадеиро омӯхта ва ҷараёни таълими он замонро ба тасвир кашидааст. Дар ин расм, ки соли 1937 тасвир шудааст, рафти таҳсили хонандагон ва услуби таълим дар мактабҳои махсуси Аморати Бухоро нишон дода мешавад.

Ё худ рассоми машҳури тоҷик Ашӯр Ҳайдаров дар асари худ «Пионерони ҷавон» мактабравии ду пионери ҷавонро  ба тасвир кашидааст. Қаҳрамонони асари мазкур, яъне пионерони тасвиршуда писару духтари худи рассом мебошанд. Дар расм онҳо бо галстукҳои пионерӣ бо хушнудӣ мактаб мераванд.

Расми дигар – «Портрети муаллим» ном дорад, ки он соли 1955 аз ҷониби Абдулло Ашӯров, яке аз асосгузорони мактаби санъати тасвирии Тоҷикистон  тасвир шудааст. Дар он омӯзгоре бо либоси расмӣ, дар сар тоқӣ ва дар даст китоб тасвир ёфтааст. Инчунин, дар расм рассом аз гулдӯзии дастӣ, яъне сӯзанӣ моҳирона истифода кардааст.

Дар намоишгоҳ бештар аз 30 наққошӣ ва 7 муҷассама аз фонди Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шудааст, аз ҷумла асари рассомон: Ҳабибуллоев З.Н. «Гурӯҳи шоирон» (соли 1981), Лисикова И.Л. «Портрети муаллимаи хизматнишондодаи ҶСС Тоҷикистон Маҳмудова М». (соли 1977), Бенков П.П. «Ба мактаб» (соли 1946), Багдасаров Р. «Портрети Абдураҳмони Ҷомӣ» (соли 1964), Боборикин В.М. «Маҳви бесаводӣ» (соли 1957), Хушвахтов Х.Д. «Имтиҳон» (соли 1962), Камелин А.Н. «Портрети Аҳмади Дониш» (соли 1964), муҷассамаҳои Одинаев Б. «Ашъори шоирони бузург» (соли 1989), Ҷумагазин К. «Донишҷӯ» (соли 1979), Гунниус А.Ф. «Дӯстон» (соли 1956) ва ғайра.

 Бо осори рассомон ва муҷассамасозони бузурги Тоҷикистон, ки ба соҳаи маориф бахшида шудааст, метавонед то 20-уми сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шавед.


Рӯзи дониш муборак! Хонандагон зиёду донишҷӯён кам шудаанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед