Ru  | Tj
Абдулраззоқ Гурна. Нависандаи гумноме, ки ҷоизаи Нобел гирифт
Абдулраззоқ Гурна. Нависандаи гумноме, ки ҷоизаи Нобел гирифт
Аксҳо: Аз Интернет

Абдулраззоқ Гурна. Нависандаи гумноме, ки ҷоизаи Нобел гирифт

Нашр шуд

Имсол Кумитаи Нобел Абдулраззоқ Гурна, нависандаи танзаниятабори британиягиро, ки нависандаи гумном ва ношинохтае дар ҷаҳон аст, ба ҳайси барандаи ҷоизаи Нобел пазируфт. Бисёриҳо тааҷҷуб намуданд, ки чӣ тавр кумитаи Нобел ӯро ба ҳайси баранда интихоб намудааст? Зеро ӯ на фақат дар Британия, балки дар кишвараш – Танзания низ на он қадар машҳур аст.

Кумитаи Нобели адабиёт ин ҷоизаро бештар ба нависандагони ғарбӣ додааст ва баъзан интихобҳои доварони ин Кумита баҳсу интиқодҳои зиёдеро бар бор овардааст. Аз сӯйи дигар ҳамватанони Абдулраззоқ Гурна дар Танзания аз интихоби ӯ ба унвони барандаи ҷоизаи Нобел хурсандӣ намуда, дар кӯчаҳо пойкубиву кафкӯбӣ кардаанд.

АБДУЛРАЗЗОҚ ГУРНА КИСТ?


Кумитаи ҷоизаи Нобели адабиёт ин ҷоизаи адабиро бештар ба нависандагони кишварҳои Ғарб ва Амрикои Шимолӣ додааст. Он нависандагоне, ки аз Шарқ ва Африқо ин ҷоизаро ба даст овардаанд, ангуштшуморанд. Абдулраззоқ Гурна шашумин нависандаи африқоитабор аст, ки сазовори ин ҷоиза мегардад.

Абдулраззоқ Гурна соли 1948 дар Занзибари Танзания дар оилаи мусалмон чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар синни 17 – солагӣ дар соли 1960-и мелодӣ аз кишвараш фирор намуда, ба Англия паноҳанда шудааст. Ӯ аввал дар коллеҷи Крайст-Чёрч, коллеҷи архитектории Англия таҳсил намуда, баъдан дар Донишгоҳи Кент таҳсилоташро идома дода, рисолаи докториашро дар ҳамин донишгоҳ дар синни 34 - солагӣ дифоъ мекунад. Вай баъди анҷоми рисолаи докторӣ ба сифати омӯзгор дар департаменти забони англисии ҳамин донишгоҳ ба кор оғоз мекунад. Вай ҳамзамон сардабири маҷаллаи адабии “Wasafiri” буд, ки ин маҷалла асосан осори адабии нависандагони байналмилалиро нашр мекард. Ӯ аз соли 1980 то 1983 дар Донишгоҳи Боир дар вилояти Канои Нигерия машғули омӯзгорӣ буд. Ҳоло ӯ чанд сол боз дар бознишастагӣ ба сар мебарад. Шаҳрванди Англия буда, аз замони муҳоҷират то ба ҳол дар ин кишвар зиндагӣ мекунад.

Вақте ӯ хабари пирӯзӣ дар рақобатҳои ҷоизаи Нобелро шунид, дар сҳбат бо расонаҳо чунин гуфт: 

“Ман ин ҷоизаро ба Африқо ва африқоиҳо ва ҳамаи хонандагонам тақдим мекунам”.


Аз рӯйи сӯҳбатҳои Абдулраззоқ Гурна ӯ аз навҷавонӣ ба нависандагӣ машғул будааст. Вай аз рӯйи хотираҳои муҳоҷират ба Англия ба навиштан оғоз намуда, дар ҷое мегӯяд: “Ман гоҳ ба гоҳ менавиштам. Он ҳам дар ҳоле, ки ҳамчунон гирифтори ранҷ ва андӯҳ будам ва бидуни ҳеҷ идеяи рӯшан менавиштам, аммо бо вуҷуди ин, иштиёқи зиёде ба шарҳи ҳикоятҳоям доштам”.

Ӯ дар як мусоҳибаи дигараш мегӯяд, ки “Сафар ба ҷои бисёр дур аз хона, ба инсон чашмандоз ва навъе озодӣ медиҳад ва боис мешавад, ки барои нависанда хотираҳо маънои бештаре дошта бошанд”.

ЧАРО ҶОИЗАИ НОБЕЛ МАҲЗ БА Ӯ ДОДА ШУД?


Гурна нависандаест, ки дар осораш масъалаи мустамлика ва азобу ранҷи мардуми муҳоҷирро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Сабаби асосие, ки Кумитаи Нобел ӯро ба сифати барандаи соли 2021 эълон намуд, маҳз ҳамин паҳлӯи тасвирҳои бадеии ӯ мебошад. Андерс Улссон, раиси Кумитаи Нобел дар иртибот ба ҳунари нависандагии Гурна мегӯяд, ки “яке аз барҷастатарин нависандагони пас аз мустамликадории ҷаҳон” аст. Кумитаи Нобел эълон кард, ки ӯро ба делели навиштаҳои “дилсӯзона дар заминаи таъсирҳои мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳҷӯён дар халиҷ миёни фарҳангҳо ва қораҳо” шоистаи ин ҷоиза донистаанд. Гурна бар асоси ривояти мардуми Африқо асарҳоеро халқ намудааст, ки сарнавишти ғамангези муҳоҷирон ва рӯ ба рӯ шудани онҳо бо фарҳанги Ғарбро мавриди тасвир қарор медиҳад. Фирор аз кишвар, қарор гирифтан дар баробари фарҳанги бегона ва оҳиста-оҳиста қабул намудани фарҳанги ғайр яке аз мавзуъҳоест, ки дар асарҳои ӯ мавриди баҳс ва таҳлил қарор гирифтаанд. Масъалаи муҳоҷират ба кишварҳои ғарбӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст ва ин мушкилиҳои мардуми муҳоҷир ҳеҷ вақт бо тасвирҳои адабиву публитсистӣ дар расонаҳо инъикос нашудаанд. Бинобар ин, коршиносон осори адабии Гурнаро яке аз муҳимтарин ва шигифтовартарин осоре медонанд, ки ин масъалаҳоро таҳлилу тасвир намудааст.

Забони модарии Гурна танзаниягӣ аст, аммо ӯ аксари осорашро бо забони англисӣ навиштааст. Асарҳои ӯ “Хотираи сафар” (1987), “Роҳи Заур” (1988) ва ғайра, ки бо забони англисӣ чоп шудааст, бозгӯяндаи таҷрибаи муҳоҷират аз ватан ба кишвари дигар, яъне ҷомеаи Британия мебошад.


Яке аз романҳои машҳури ӯ романи “Биҳишт” аст, ки соли 1996 чоп шуда буд. Ин достон, ки ҳодисаҳои шарқи Африқо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувумро дар бар мегирад, дар ниҳоят дар ҳамон сол дар радифи довталабони ҷоизаи “Букер” қарор гирифт. Романи дигари ӯ “Сукути таҳсинбарангез” 1996) ривоятгари марди ҷавонест, ки Занзибар (зодгоҳи нависанда) –ро ба хотири муҳоҷират ба Британия тарк мекунад ва дар Британия издивоҷ мекунаду пас аз 20 сол ба ватани модариаш бармегардад. Бозгашти ӯ ба зодгоҳаш на фақат мушкилоти даруниро барои қаҳрамони асар ба вуҷуд меоварад, балки зиндагии оилавиашро низ ба мушкилот рӯ ба рӯ мекунад. Романи ҷадиди Гурна, ки соли 2020 нашр шуд, “Зиндагии пас аз марг” ном дошта, масъалаи истеъмори Африқо тавассути Олмонро мавриди таҳлил қарор додааст.

Бо вуҷуди он ки Абдулраззоқ Гурна дар ҷаҳон ҳамчун нависандаи ношинохта ва тақрибан гумном ба назар мерасад, вале бархе аз нависандагон осори ӯро васф кардаанд. Абдураҳмон Вобарӣ, нависанди аҳли Джибутӣ, ки фаронсавизабони африқоитабор аст, дар хусуси осори Гурна мегӯяд: 

“Осори ӯ реша дар таърихи мустамликадорӣ дар шарқи Африқо дорад ва қиссаҳои омехтаи ин осор бо забони ҷодуӣ баён мешавад”.

МУҲОҶИРАТ МАВЗӮЕ, КИ ГУРНАРО СОҲИБҶОИЗАИ НОБЕЛ КАРД


Интихоби Абдулраззоқ Гурна ба унвони барандаи ҷоизаи Нобел дар замонест, ки ҳазорҳо нафар дар Афғонистон, Сурия, кишварҳои амриқоӣ дар фақру тангдастӣ ва ҳиҷрат умр ба сар мебаранд ва мавзӯи муҳоҷират яке аз мавзӯҳои доғи ҷаҳони имрӯз аст. Ин нависандаи африқоитабор дар аввалин сӯҳбати худ пас аз баранда шудан хитоб ба ҳукуматҳои аврупоӣ гуфт, ки нигоҳашонро нисбат ба муҳоҷирон тағйир диҳанд ва пеши роҳи табъиз нисбат ба ин қишри осебпазири ҷомеаи инсониро бигиранд. Ба гуфтаи ӯ “онҳо ҳам барои баён чизҳое доранд, онҳо бо дастони холӣ ба ин ҷо намеоянд ва дар миёнашон афроди боистеъдод ва болаёқати зиёде вуҷуд дорад”. Вай афзудааст, ба мавзӯи муҳоҷират дар осораш ба он хотир пардохтааст, ки ин мавзуъ “Ҳар рӯз бо мо ҳаст... ҳатто пеш аз даҳаи 60-и мелодӣ”. Ба гуфтаи ӯ: 

“Мардум ҳар рӯз мемиранд ва ҳар рӯз дар саросари ҷаҳон осеб мебинанд. Мо бояд бо ин масъала ба беҳтарин шакли мумкин бархӯрд кунем”.

Интихоби Гурна ба унвони барандаи Нобели адабиёт гуфтугӯҳоро дар мавриди доварии осори адабӣ бештар кардааст. Дар чанд соли ахир ин дувумин намунаест, ки Кумитаи Нобел ин ҷоизаеро ба як нависандаи ношинохта ва на чандон матраҳ сазовор медонад. Дар гузашта низ Кумитаи Нобел ба нависандагони машҳур ва ҳунарманди ҷаҳон дар мавриди интихоб мунсифона амал накардааст. Ҳоло агар дар ҷаҳон бипурсанд, ки Лев Толстой ҷоизаи Нобел дорад ё на, вақти шунидани посухи на, ҳама тааҷҷуб мекунанд, зеро дар замони зиндагии ин нависандаи бузург кумитаи Нобел ба нависандагони ношинохта, ки ҳеҷ вақт ба сатҳи Лев Толстой баробар намешуданд, ин ҷоизаро сазовор донист, аммо Лев Толстой аз лутфи доварони ин кумита бенасиб монд. Хеле аз нависандагони машҳури ҷаҳонӣ низ ин ҷоизаро надоранд. Интихобҳои доварони ин кумитаро ба назар гирифта, гоҳе мегӯянд, интихобҳои ин кумита сирфан сиёсӣ аст.


Тоҷирзани муваффақи рӯзгордида


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед