Ru  | Tj
Атиқ Раҳимӣ. Ҷоизадори “Гонкур”-и Фаронса. Муҳоҷире аз Кобул дар авҷи қуллаи нависандагӣ ва коргардонӣ
Атиқ Раҳимӣ. Ҷоизадори “Гонкур”-и Фаронса. Муҳоҷире аз Кобул дар авҷи қуллаи нависандагӣ ва коргардонӣ
Аксҳо: Аз Интернет

Атиқ Раҳимӣ. Ҷоизадори “Гонкур”-и Фаронса. Муҳоҷире аз Кобул дар авҷи қуллаи нависандагӣ ва коргардонӣ

Нашр шуд

Атиқ Раҳимӣ аз ҷумлаи нависандагон ва коргардонҳои муваффақи афғонистониест, ки бештарин осорашро ба забони фаронсавӣ эҷод кардааст. Ӯ на фақат дар риштаи нависандагӣ ба муваффақияти чашмрас ноил гашт, балки филмҳои офаридааш низ дар дунёи синамо ҷойгоҳи ӯро ба ҳайси коргардони муваффақ ва тавоно собит намуд. 

Афғонистоние, ки ҳоло шаҳрванди Фаронса аст

Атиқ Раҳимӣ 26-уми феврали соли 1962 дар Кобул дида ба ҷаҳон кушод. Вай давраи ибтидоии таҳсилоташро дар мактаби фаронсавӣ ба поён расонида, аз он замон забони фаронсавиро фаро гирифт. Солҳои ҷанги дохилии Афғонистон дар соли 1984 Атиқ Раҳимӣ ба Покистон муҳоҷир шуда, аз сафорати Фаронса дар Покистон дархости паноҳандагӣ кард. Вай дар синни 22-солагӣ бо дарёфти визаи паноҳандагӣ ба Фаронса ҳиҷрат намуд. Ҳиҷарати ӯ  ба Фаронса саҳифаи наверо дар зиндагии ӯ боз кард. Атиқ Раҳимӣ баъди ҳиҷрат ба Фаронса вориди Донишгоҳи Рован  шуда, онро бо муваффақият хатм кард. Дар риштаи синамо рисолаи докториашро дар Донишгоҳи Сорбони Фаронса ба даст овард.

Бародари коммунисти Атиқ Раҳимӣ соли 1989 дар Афғонистон кушта шуд. Атиқ Раҳимӣ пас аз як сол аз марги бародараш хабар ёфт. Ин ҳодиса биниш ва ҷаҳонбинии ӯро дар мавриди ҷангҳои дохилии  Афғонистон шакл дод. Вай соли 2002 пас аз як давраи ҳиҷрати тӯлонӣ ба Афғонистон баргашт ва асосан дар бахши синамо фаъолият кард. Вай дар ин давра асосан ба корҳои ҳунарӣ, бахусус сохтани филмҳои ҳунарӣ ва сериалҳои телевизионӣ машғул гардид.

Атиқ Раҳимӣ ва романҳои мондагори ӯ

Атиқ Раҳимӣ бо навиштани романҳо, ки мавзӯяш асосан ҳодисаҳои ғамангези Афғонистон аст, дар ҷаҳони нависандагӣ шӯҳратёр гардид.  Романҳои ӯ омезише аз ҳодисаву рӯйдодҳои Афғонистон бо талфиқи сабки модерни нависандагӣ аст. Мавзӯҳои романҳои ӯ фарогири дарду ранҷ, танҳоиву табъиз ва султаи сиёсатҳои накбатбори қудратҳо мебошад.

 Атиқ Раҳимӣ асосан бо ду забон: форсӣ ва фаронсавӣ роман ва асарҳояшро офаридааст. Се романи аввалини ӯ бо забони форсӣ нашр шудааст.

Осори Атиқ Раҳимӣ романҳои “Хокистару хок”, “Ҳазорхонаи хобу ҳарос”, “Тасаввури бозгашт”, “Санги сабур”, “Сақоҳо”, “Лаънат ба Достоевский”  ва ғайра мебошад.

Нахустин романи ӯ "Хокистару хок” ба забони форсӣ соли 1999 нашр шуд. Ин роман нахустин асари адабии Атиқ Раҳимӣ маҳсуб мешавад ва ӯ дар ин роман як достони таърихӣ ва устуравӣ халқ кардааст. Вай дар ин роман трагедияи танҳоии инсонро ба риштаи тасвир мекашад. Ин роман дар бораи падарбузурге бо номи Дастгир мебошад, ки ҳамроҳи наберааш Ёсин аз кӯчаи Пули хумрии шаҳри Кобул ба маъдани ангиштсанг мераванд ва дар ин ҳангом аз рӯйи пуле рад мешаванд. Онҳо дар рӯйи пул менишинанд, то мошин биёяду онҳоро ба роҳи мақсуд бирасонад. Дар ин фосилаи интизорӣ байни ин ду ва дигар қаҳрамонони асар гуфтугӯҳои мухтасаре сурат мегирад, ки умқи фоҷеа ва дарду ранҷи пирамардро ба намоиш мегузорад. Ин роман аз сӯйи муҳаққиқон баҳои баланд гирифт ва дар Эрон сазовори ҷоизаи “Ялдо” дар бахши нависандагони хориҷӣ шуд. Сабки ин асар бисёр андӯҳгин аст, чунончӣ дар ин пора мебинем: “Чашмҳоят боз мешавад. Арақи сарде рӯйи пустат ҳис мекунӣ. Наметавон хобид, ором хобид. Инак як ҳафта аст, ки ором нахобидаӣ. Ҳамин ки чашмҳоятро мебандӣ, Мурод асту модараш. Ёсин асту модараш. Хок асту оташ. Фарёд асту ашк ва дубора бедорӣ. Инак чашмҳо месӯзанд. Аз бехобӣ месӯзанд. Чашмҳо дигар тавони дидан надоранд. Чашмҳо хастаанд”.

Аз рӯйи ин роман филмноманависи эронӣ Комбузиё Партавӣ филмнома навишт, ки бо коргардонии худи Атиқ Раҳимӣ филм сабт шуд. Ин филм дар ҷашнвораҳои гуногун намоиш дода шуд ва беш аз 10 ҷоиза ба даст овард. Дар соли 2004 филми “Хоку хокистар”- и Атиқ Раҳимӣ дар ҷашнвораи Кен иштирок намуда, ҷоизаи “Нигоҳе ба сӯйи оянда” –и ин ҷашнвораро соҳиб гардид.

“Ҳазорхонаи хобу ҳарос” ва сарнавишти тарҷумаи он дар Эрон

“Ҳазорхонаи хобу ҳарос” романи дигари Атиқ Раҳимӣ мебошад, ки бо забони форсӣ дар соли 2002 нашр шуд. Дар ин роман ҳарчанд ровӣ ба воқеаҳои сиёсии Афғонистон андак ишора мекунад, вале вазъияти сиёсии ҳоким дар ин кишвар дар саросари роман соя меафканад ва бунмояи асосии романро шакл медиҳад. Ин достон ба забони форсӣ навишта шуда буд, вале дар Эрон тарҷумоне онро аз забони англисӣ ба форсӣ тарҷума ва нашр кард. Амали нашри романи форсии Атиқ Раҳимӣ аз тарҷумаи англисӣ ба форсӣ вокуниши худи нависандаро ба вуҷуд овард. Ӯ бо эътирози шадид дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, ки чаро бояд романе, ки ба забони форсӣ навишта шудааст, бояд аз забони англисӣ тарҷума ва баъд дар Эрон нашр шавад. Вай гуфт “Ҳидоят, Чӯбак ва Оли Аҳмадро дар Афғонистон бо тарҷума намехонанд, ки ҳоло моро дар Эрон тарҷума кунанд”.

Қаҳрамони асосии ин роман Фарҳод аст, ки донишҷӯи маъмулиест ва ба шаробу занон ва шеър алоқаи вижа дорад. Ин қаҳрамон ба боварҳои мазҳабии бобояш беэътиноӣ мекунад, вале як шаб тамоми тасаввуроташ тағйир меёбад. Фарҳод шабе бо дӯсташ, ки қасди фирор ба Покистонро дорад, ба берун барои хушгузаронӣ меравад. Он шаб маст мешавад, сарбозҳо ӯро дастгир карда, латукӯб мекунанд. Вай захм хӯрда, дар кӯча меафтад. Зане мехоҳад ба ӯ кӯмак кунад, аммо сарбозҳо намегузоранд ва Фарҳод гиҷу гаранг аст. Ӯ ҳама чизро дар пардае аз рӯъё ва ғубор мебинад. Дар бахше аз ин китоб мехонем: “Бояд аз ду чизи занҳо барҳазар бошӣ; мӯйҳояш ва ашкҳояш. Худо медонад чаро бобоям ин ҳарфҳоро ба падарам зад. Баъд идома дод: мӯйҳояш ба занҷират мекашад ва ашкҳояш ғарқат мекунад”.

“Тасаввури бозгашт”

Асари “Тасаввури бозгашт” бозгӯкунандаи сарнавишти мардест, ки аз ҳиҷрат ба ватанаш бармегардад ва дунболи боз ёфтани ҳуввияти гумшудаи худ аст. Дар порае аз ин китоб мо мехонем: “Ин захмҳоро бояд ба тасвир кашид. Қабл аз ту аккосони бузурге омаданд ва аз захмҳо тасвирҳои бас зебо бардоштанд, аммо ман дар ҷустуҷӯи зебоӣ нестам. Ман дар ҷустуҷӯи бозофаринии эҳсосе ҳастам, ки бо нигоҳ ба ҷойи захм ба инсон даст медиҳад. Ҳар бор, ки ба ҷойи захм менигарам, хоҳӣ, нахоҳӣ ба дардаш меандешам. Магар захм аз худат бошад? Ман ҳам дар ҷустуҷӯи захмҳои худам ҳастам”.

“Санги сабур”, ки Атиқ Раҳимиро соҳиби ҷоизаи “Гонкур”-и Фаронса кард

Романи “Санги сабур” аввалин романи Атиқ Раҳимӣ ба забони фаронсавӣ аст. Ин роман аз 155 саҳифа иборат буда, соли 2008 ба чоп расид. Дар ин роман нависанда  сарнавишти занони Афғонистон дар замони ҳокимияти Толибон*–ро (*Ҳаракати террористӣ) ба риштаи тасвир мекашад. Ин роман яке аз муваффақтарин романҳои Атиқ Раҳимӣ аст, ки сазовори ҷоизаи “Гонкур”-и Фаронса, яке аз олитарин мукофотҳои адабии ин кишвар гардид. 

Нависанда дар ин роман сарнавишти талхи занҳои Афғонистонро, ки ҳамеша ба хушунату таҷовуз, қатлу бераҳмӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, тасвир мекунад.

Дар соли 2014 аз рӯйи ин роман Атиқ Раҳимӣ филме офарид, ки дар он ҳунарманди маъруфи Эрон Гулшефта Фароҳонӣ нақши асосиро иҷро кард. Гулшефта Фароҳонӣ аз рӯйи ин нақш сазовори ҷоизаи “Сезор” –и Фаронса шуд.

Баъди нашри ин роман ба забони фаронсавӣ муҳаққиқон аз Атиқ Раҳимӣ интиқод намуданд, ки чаро ба забони фаронсавӣ менависад. Вай дар вокуниш ба ин интиқодҳо гуфт: “Ман навиштан ба забони модариам (форсӣ) –ро дӯст дорам, аммо дар мавориде дар забони модарии ман табуҳое (хати сурхҳое) ба номи иффати калом вуҷуд дорад, ки ҳифзи онҳо дар зеҳни ман ниҳодина шудааст ва вақте шумо бихоҳед ин табуҳоро ҳифз кунед, баёни хеле чизҳо душвор мешавад”.

Романи “Лаънат ба “Достоевский” ривояте дигар аз “Ҷиноят ва ҷазо”

Романи “Лаънат ба “Достоевский” –и Атиқ Раҳимӣ соли 2011 чоп шуд. Бародари Атиқ Раҳимӣ дар замони ҳокимияти коммунистон ва ҷангҳои дохилии онон ба қатл расида буд, ки худи нависанда аз марги бародараш як сол баъд хабардор мешавад. Аз ин нигоҳ Атиқ Раҳимӣ бо фазои ҷанг ва идеологияи коммунистӣ ба хубӣ ошно буд, ки дар ин романаш ба ин мавзуъ мепардозад. Ин роман бознависие аз романи “Ҷиноят ва ҷазо”-и  Достоевкий аст, ки ин бор ҳодисаҳо на дар Санк-Петербург, балки дар Кобул мегузарад. Қаҳрамони асосии асар Расул бо пофишории падари  коммунисташ  барои таҳсил ба Шӯравӣ меравад ва ба осори Достоевский алоқа пайдо мекунад. Расул аз ҳама бештар таҳти таъсири романи “Ҷиноят ва мукофот” қарор мегирад. Расул баъди бозгашт ба кишвараш - Афғонистон ба ҷангу идеологияҳо нафрат пайдо мекунад. Вақте ба ӯ пешниҳод мешавад ба ҳайси тарҷумон дар як кори низомӣ шуғл варзад, шадидан бо танаффур рад мекунад, дар ҳоле ки ин кор ҳақмузди хубе дошт. Расул дар хонаи иҷорае зиндагӣ мекунад. Ин хонааш пур аз китобҳои замони донишҷӯӣ, махсусан китобҳои Достоевский аст. Вақте Расул мисли оғози романи “Ҷиноят ва ҷазо” касеро бо табар ба қатл мерасонад, ҳамзотпиндориаш бо шахсияти аслии шоҳкори Достоевский – “Ҷиноят ва ҷазо” комил мешавад. Дар бахше аз ин китоб Атиқ Раҳимӣ ҳоли қаҳрамони асараш – Русулро ин гуна тасвир мекунад: “Дуруст дар ҳамон лаҳза, ки Расул табарро баланд мекунад, то бар фарқи пиразан фуруд биоварад, фикри “Ҷиноят ва ҷазо" дар зеҳнаш барқ мезанад. Аз бими ҷон ба ларза меояд. Дастҳояш меларзад ва табар дар дастҳояш мелағжад. Сари пиразанро мешикофад ва дар ҷумҷума фурӯ меравад. Пиразан бесадо рӯйи фарши сурху сиёҳ меафтад. Русариаш бо тарҳи шукуфаҳои себ дар ҳаво шиновар мешавад ва баъд рӯйи ҷасад меафтад”.

Синамо даричаи дигари ҳунарии Атиқ Раҳимӣ

Аввалин филми Атиқ Раҳимӣ “Бонуи руди Нил” ном дошта, мавзӯи ҷангу табъиз ва истеъморро фаро мегирад. Ин филм ба забони фаронсавӣ мебошад, ки аз сӯйи киношиносон баҳои сазоворро соҳиб гардидааст. Ин филм масъалаи наслкушӣ дар Руандаро фаро мегирад. Филми мазкур аз рӯйи навиштаи нависандаи африқоӣ Могосонго наворбардорӣ шудааст. Атиқ Раҳимӣ дар боби интихоби мавзӯи наслкушӣ дар Руанда дар филм чунин мегӯяд: “Ҳамеша дӯст доштам, ки замоне филме дар бораи Африқо бисозам. Ҳаводиси солҳои ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ва куштору вайронии он ҳамеша дар зеҳнам бо куштори Руанда дар ҳамон давра гиреҳ хӯрда буд. Дӯст доштам як ривояти инсониро тасаввур кунам ва аз ин рӯ, романи хонум Могосонгоро ба филмнома табдил кардам”.

Филми дигари Атиқ Раҳимӣ, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, “Санги сабур” мебошад. Ин филм, ки ривояте аз ранҷу азоб ва табъизҳои мазҳабиву нажодӣ нисбат ба зан дар Афғонистон аст, яке аз филмҳоест, ки аз ҷониби синамошиносони ғарбӣ баҳои баланд гирифта, соҳиби ҷоизаҳои гуногун шудааст.

Атиқ Раҳимӣ дар суҳбате дар хусуси ин ки чаро ба синамо рӯй овард, чунин посух гуфтааст: “Синамо ба унвони шакле аз ҳунар иртиботи ногусастанӣ бо адабиёт дорад ва тамоми осори сохташуда ба навъе иқтибос маҳсуб мешаванд. Ба ин далел, ки филмнома ба воситаи калимот шакл мегирад ва ин калимот ба воситаи филмсоз ба тасвир табдил мешавад”.

Атиқ Раҳимӣ ҳоло дар Фаронса зиндагиву кор мекунад ва осораш дар байни хонандагон ва бинандагони ғарбӣ аз маҳбубияти вижае бархӯрдор аст.


Далелҳои ҷолиб аз Бозиҳои XIII-и зимистонаи паралимпии Пекин-2022




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед