
"Аз бозёфтҳои кори заргарони пешин ҳаловат мебарам". Чӣ тавр бонуи тоҷик нақшҳои қадимаи заргариро эҳё мекунад
Нашр шуд
Ҳумайрои Муҳаммад аз нуқраву мис, муҳраву шадда, матоъу ришта ва кошин маснуъоти заргарӣ омода мекунад. Офаридаҳои ӯ бештар дар шаклҳои атиқа ва таърихӣ буда, ҳар яке мазмуну муҳтавои ба худ хос доранд. Қаҳрамони мо наздики 7 сол мешавад, ки бо ин пеша шуғл меварзад. Маҳсули дастонаш кайҳост, ки вориди бозори ватанӣ гардида, таваҷҷуҳи харидорони зиёди дохилу хориҷро ба худ ҷалб намудааст.
Муаллифи Halva.tj бо ҳунарманди ҷавон ҳамсуҳбат шуда, аз фаъолияти ҳунарӣ, дастовардҳо ва нақшаву ҳадафҳои ояндаи ӯ қисса кард.
ОШИҚУ ШАЙДОИ ҲУНАР
Ҳумайрои Муҳаммади 31-сола сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ аз рӯйи ихтисос омӯзгори фанни таърих мебошад, вале бештари вақти хешро сарфи ҳунари заргарӣ мекунад. Мавсуф ин ҳунари зебову нафису нозукро аз заргари номӣ Дилмурод Шарипуф омӯхтааст. Вай барои он ки дар ин ҷода муваффақ шавад, солҳо ба худомӯзӣ низ машғул шудааст. Қаҳрамони мо сабаби ба ин ҳунар рӯй оварданашро дар ҳунардӯстиву зебоипарастӣ медонад.
"Ошиқи таъриху атиқаам ва меҳрам нисбат ба ҳунарҳои қадима (на танҳо заргарӣ) хеле бисёр аст. Аз хурдӣ ҳар боре ки ба мавзеъҳои торихӣ ё осорхона рафта, ягон чизҳои атиқаро медидам, ба дастони муъҷизаофарини ҳунармандон қоил монда, мехостам мисли онҳо эҷод кунам. Бо мурури замон ба орзуям расидам ва ба ҳунари заргарӣ рӯй оварда, дар худ бисёр чизҳоро кашф кардам. Дарк кардам, ки олам ниҳоят зебост ва зебоиро метавон аз пластику чӯбу гил ва дигар чизҳои чашмнорас ҳам офарид. Танҳо ба мо лозим аст, ки ин оламро бо нигоҳи зебо нигарем. Аз ин рӯ кӯшиш мекунам аз чизҳои одӣ зебоӣ офарида, ба инсонҳо тақдим созам", - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо бар он назар аст, ки барои ҳунарманд ҳисси эҷодӣ ва диди зебо доштан муҳим аст. Ӯ мегӯяд, дар кори эҷодӣ, махсусан ин замон ягон қоидаи шартӣ вуҷуд надорад.
"АЗ БОЗЁФТҲОИ КОРИ ЗАРГАРОНИ ПЕШИН ҲАЛОВАТ МЕБАРАМ"
Аз бозёфтҳои бостоншиносӣ муайян мешавад, ки ҳунармандон маснуъоти заргариро дар асри биринҷӣ бо истифода аз ҷирмҳои осмонӣ, тасвири ҷонварон ва инсонҳо оро медоданд. Бо мурури замон ҷойи онро нақшҳои ислимиву ҳандасӣ иваз намуд. Имрӯз заргарон аз нақшҳои қадимаву ҳозира истифода карда, зару зевар омода мекунанд. Қаҳрамони мо бештар аз нақшҳои атиқа истифода мекунад. Ӯ мехоҳад шаклу услиби қадимаи заргарӣ аз нав вориди муд шавад.
"Заргарони тоҷик то имрӯз барои ороиши ҷавоҳирот аз нақшу нигори хеле зиёд истифода кардаанд. Кори онҳо ниҳоят нозуконаву борикбинона омода шудааст. Аз бозёфтҳои кори заргарони пешин ҳаловат мебарам. Сабку услуби онҳоро дар эҷодиётам бо диди худ тағйироту назари нав ворид карда истифода мекунам", - гуфт Ҳумайрои Муҳаммад.

Ҳунарманди ҷавон мегӯяд, бояд заргарон дар баробари эҷоди нақшу нигори нав аз сабку услуби қадима истифода карда онҳоро муаррифӣ кунанд. Ба ин васила ҳам услуби қадима эҳё мешавад, ҳам ҷаҳониён аз нақшҳои миллии заргарони гузаштаи мо огоҳ мешаванд.
ҶАВОҲИРОТ АЗ НУҚРАВУ МИС ВА КОШИНУ МАТОЪ
Заргарон бештар бо истифода аз тило, нуқраву мис, шаддаву марворид ва сангҳои гаронбаҳо ҷавоҳирот омода мекунанд. Ҳумайрои Муҳаммад ба кори худ тағйирот дароварда, аз кошину матоъ низ гарданбанду гӯшвору дастпона сохтааст.
"Матоъҳо дар заргарӣ хеле маъмуланд. Гузаштагони мо бо истифода аз матоъ ва шерозаҳои пурнақшу нигор дастбанду гӯшворҳои хеле зебо офаридаанд. Ман ҳам бо истифода аз матоъ, нуқра ва сангҳо дастбанд омода кардам, ки хеле хуб пазируфта шуд. Гузашта аз ин аз кошин ҳам ҷавоҳирот сохтаам. Мехоҳам аз қолабҳо бароям ва дар кори худ ҳамеша навгонии ворид созам", - мегӯяд заргарбону.

ОФТОБ НУРИ ЗИНДАГИСТ!
Нақшҳои миллӣ, аз ҷумла гулҳои чакан, офтоб ва анор дар эҷодиёти қаҳрамони мо ҷойгоҳи вижа дорад. Ӯ дар офаридаҳои худ бештар тасвири офтобро истифода мекунад. Ба гуфтаи ӯ, офтоб ба зиндагӣ нуру зиё бахшида, аксарият онро дӯст медоранд, хосатан агар дар ягон асар таҷассум шуда бошад. Ҳамзамон дар ҷавоҳироти омодакардааш нақшҳои ислимӣ, ҳандасӣ, паранда, бурҷҳо ва дигар чизҳо тасвир ёфтаанд.
"Офтоб, нур, гармӣ, равшанӣ ва зиндагист. Нишонааш дар ҳама тамаддунҳои бузурги олам ҷой дорад. Хосатан ҳунармандони мо офтобро дар гузаштаву имрӯз дар асарҳои худ хеле моҳирона ҷой додаанд. Анор, паранда ва нақшҳои миллии тоҷикӣ низ дар эҷодиёти заргарон васеъ истифода шудаанд", - гуфт Ҳумайрои Муҳаммад.

Ҳунарманди ҷавон дар рӯйи ангуштарин, гӯшвору гарданбанд ва дастпона аз ҳунарҳои кандакориву ҳаккокӣ низ истифода мекунад. Мавсуф ҳар як ҷавоҳири эҷодкардаашро худ номгузорӣ мекунад. "Гулу марҷон", "қандил", "ситораборон", "дастбанди Шерозӣ", "гулу давра", "гунбад", "ангуштарин ва гӯшвори симурғ", "гӯшвори мурғакон", "бунафша", "офтоб", "бутта", "сабади анори марворид", "кабк", "чашм" ва даҳҳои дигар гунаи офаридаҳои ӯянд.
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ МУАРРИФИИ ҲУНАР АСТ
Дар замони имрӯз танҳо донистани як ду ҳунар касро ба хостаҳояш намерасонад. Ҳоло бештари ҳунармандон, бавижа ҷавонон дар баробари омӯхтани якчанд навъи ҳунар, ҳамзамон кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ, тарзи дуруст гирифтани акс ва як-ду забони хориҷиро аз худ мекунанд. Ин раванд барои пешрафти кори онҳо заминаи хуб фароҳам меорад. Онҳо ба ин васила таваҷҷуҳи муштариёнро аз тамоми олам ба датранҷи худ ҷалб месозанд. Қаҳрамони мо низ бо забонҳои русиву инглисӣ равон менависаду аксҳои зебову ғайриодӣ мегирад ва дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ба намоиш мегузорад.
"Барои гирифтани акси ҷавоҳироти омодакардаам худам шароит муҳайё месозам. Маҳсули дастонам, ки бештар дар шаклу услуби қадима сохта шудаанд, дар ҷойҳои атиқа, таърихӣ ва ё дар рӯйи матоъу либосҳои қадима акс мегирам. Фикр мекунам донистани нозукиҳои аккосӣ дар замони имрӯза хеле муҳим ва зарур аст," - таъкид дошт ҳунарманд.

Ҳумайрои Муҳаммад ҳамзамон дар зери аксҳои гузоштааш бо забони тоҷикӣ ва русиву инглисӣ дар бораи ҷавоҳироти омодакардааш шарҳ менависад. Афзун бар ин мувофиқ ба акси гузоштааш аз абёти шоирони классик шеър мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, чунин кор имкон медиҳад, ки диққати муштариёнро бисёртар ба худ ҷалб созад.
"ЛИБОСУ ҶАВОҲИРОТИ МИЛЛӢ ЗЕБИ ҲАР ЯК БОНУИ ТОҶИК АСТ!
Имрӯз бонувони тоҷик дар баробари ба бар кардани либосҳои миллӣ ҳамзамон аз ҷавоҳироти дар шаклу услуби қадима омодашуда истифода мекунанд. Бино ба гуфтаи баъзе бонувон, дар ин гуна гӯшвору гарданбанд ва ангуштариву дастбандҳо ҳувияти миллиро бештар эҳсос карда, аз фарҳангу тамаддуни худ меболанд. Қаҳрамони мо мегӯяд имрӯз бонувони тоҷик аз чунин навъи ҷавоҳирот зиёд харид мекунанд.
"Миёни иддае аз мардум ақидае ҳаст, ки ба ҳунарҳои дастӣ танҳо хориҷиён таваҷҷуҳ доранд. Аммо на! Бонувони зебои тоҷики мо ҳам бисёр ба қадри ҳунари дастӣ мерасанд. Шодам, ки имрӯз бонувони азизи мо чунин ҷавоҳиротро хуб харид мекунанд. Воқеан, либосу ҷавоҳироти миллӣ зеби ҳар як бонуи тоҷик аст", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Маҳсули дастони Ҳумайрои Муҳаммадро метавон аз дукони “Monee Gallery”-и шаҳри Душанбе дастрас кард.
"Мехоҳам корҳоям ба дасти шахсони хуб афтанд, ки меҳру садоқатро дар корҳоям бинанд. Аз тарафи мо танҳо кӯшиш мемонаду бас! ", - мегӯяд ӯ.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед