Ru  | Tj
Аз кӯдакӣ то пирии шоир: Операи “Рӯдакӣ” ҳазорҳо нафарро дар Қалъаи Хуҷанд ҷамъ овард
Аз кӯдакӣ то пирии шоир: Операи “Рӯдакӣ” ҳазорҳо нафарро дар Қалъаи Хуҷанд ҷамъ овард
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аз кӯдакӣ то пирии шоир: Операи “Рӯдакӣ” ҳазорҳо нафарро дар Қалъаи Хуҷанд ҷамъ овард

Нашр шуд

Дар саҳнаи бошукӯҳи Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” операи машҳури “Рӯдакӣ” ба муносибати таҷлили Рӯзи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба намоиш гузошта шуд. Он дар доираи оғози 87-умин мавсими эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ки бо сафари ҳунарии ҳайати калони ҳунармандони театр ба шаҳри Хуҷанд омаданд, манзури тамошобинон гардид. Дар намоишнома раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, олимону шоирон, фаъолони вилоят, меҳмонони дохиливу хориҷӣ, ҷавонону донишҷӯён, дар маҷмуъ беш аз 3 ҳазор шаҳрванд ба тамошои операи “Рӯдакӣ” омад.


Муаллифи Halva.tj низ операи “Рӯдакӣ”-ро тамошо карда, бо масъулони ин намоиш ҳамсуҳбат шуд.

Нахустнамоиши операи «Рӯдакӣ» дар таҳияи нав ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ (22 юми сентябр) ва 95-солагии Шарофиддин Сайфиддинов бахшида мешавад. Операи “Рӯдакӣ”-и Шарофиддин Сайфиддинов, ки муаллифони либретто Сотим Улуғзода ва С. Севертсев мебошанд, инак бо коргардонии Сӯҳроб Усмонов пешкаши тамошобин гардид. Коргардон бо нигоҳи нав асари машҳурро рӯйи саҳна гузошт. Ин асари машҳур соли 1976 аввалин бор рӯйи саҳна омада, ба баҳои баланди мунаққидон сазовор шуда буд.

Дар саҳни кушоди Қалъаи таърихии Хуҷанд сокинон ва меҳмонони зиёд барои дидани операи “Рӯдакӣ” ҷамъ омаданд. Шамолаки форам мевазид. Онҳо то шуруъ ёфтани опера ба беруни бинои толорҳои намоишӣ, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, бо чашми ҳайрат менигаристанд. Соат ба 18-и бегоҳ наздик буду офтоб ғуруб мекард. Гумбазҳои бино аз таъсири нурҳои офтоб дурахшонтар мешуд. Бо рӯҳияи болида мунтазири оғози опера буданд.

 Офарандагони операи “Рӯдакӣ”

Операи “Рӯдакӣ” аз ду парда ва чор намоиш иборат аст. Дар он нақшҳои асосиро Манучеҳр Раҳмонов, Пайрав Аюбӣ (Рӯдакӣ), Мунзифа Исоева, Шарофат Усмонзода (Нигина), Манижа Назарова (Робия), Комрон Содиқов, Бахтовар Бадалов (Саҳл), Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Достон Холов, Нарзулло Болтуев (Наср), Қурбонмурод Зокиров, Амонуллои Нурулло (Маҷ), Сафаралӣ Солеҳов, Ҷамшед Саидов, Нурафшон Нуруллозода (Қосид), Шуҳрат Сафаров, Икром Шарифов (Дӯққӣ), ходимаҳои гармоба (Алёна Табарова, Макнуна Хайруллозода) иҷро карданд. Дар саҳнаҳои умумӣ ҳунармандони хор, балет, миманс ва номераҳои рақсӣ гузошта шуд, ки диққати тамошобинонро ҷалб кард.


Барои таҳия шудани намоиш дар сатҳи баланд сардирижёр Анвар Шоймуродов, саркоргардон Суҳроб Усмонов, сарбалетмейстер Аяна Оскенбайева, сархормейстер – Елена Тиллоева ва саррасом Ҷамшед Холиқов ҳамроҳи дигар ҳунармандон заҳмат кашиданд.

Мазмуни мухтасари операи “Рӯдакӣ”

Намоиш аз зодгоҳи Рӯдакӣ – деҳаи Панҷрӯд оғоз ёфт. Абӯабдуллоҳ ва Робия барои ҳамдиёрони хеш шеър хонданд. Қосидони амир барои ҷустуҷӯйи Рӯдакӣ омаданд. Шоири ҷавон худро муаррифӣ кард. Қосидон мафтуни шеърхонии Рӯдакӣ шуда, номаи амирро, ки шоирро ба Бухоро даъват мекунад, супориданд. Робия аз шунидани таклифи амир нороҳат шуд. Вай намехост, ки Рӯдакӣ аз зодгоҳаш дур бошад. Шоир ва қосидони амир роҳи Бухороро пеш гирифтанд.


Дар намоиши дуюм Рӯдакӣ, аллакай, бо табъи баланд ва шеъри оламгири худ Нигина ва амир Насрро ба ваҷд овард. Бо хоҳиши амир Наср, Рӯдакӣ “Ушшоқ”- ро сароид. Амир ангуштарини худро ба шоир ҳадя сохт. Пешхизматон хилъат меоранд ва ба сари Рӯдакӣ зару зевар пошиданд.

Дар намоиши сеюм Рӯдакӣ ғазали “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-ро дар назди амир Наср бинни Аҳмад замзама кард. Қудрати шеъри шоир буд, ки дар вуҷуди амир Наср хумори ёру диёр бедор шуда, аз Ҳирот ба сӯйи Бухоро роҳ пеш гирифт.


Дар намоиши чаҳорум сипаҳсолор Саҳл бинни Мансур дар боғи худ нақшаи макру фиреб мекашад. Дар баҳои чанд танга ба Дӯққӣ супориш дод, ки ҳаммомро битафсонад. Саҳл ба Нигина ваъда дод, ки ӯро ба Рӯдакӣ мефурӯшад. Рӯдакӣ ба Саҳл сандуқчаи пури тиллоро медиҳад. Нигинаро ба ҳаммом бурданд. Ба хотири хостгорӣ ва висоли Рӯдакиву Нигина базм барпо гардид. Баъди чанде ходимаҳои ҳаммом дар гармоба ҳалок шудани Нигинаро хабар доданд. Фиғони Рӯдакӣ аз ноадолатии замона ба фалак мепечад.


Дар қисмати ҷамъбастии намоиш Рӯдакии пиру нотавон пас аз солҳои зиёд боз ба диёри хеш баргашт. Мардум шоири маҳбубро самимонаву сазовор пешвоз гирифтанд.


Густариши ҳамкорӣ - афзудани сафарҳои ҳунарӣ

Директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Камолиддин Сайфиддинзода зимни суҳбат гуфт, ки нахустнамоиши деринтизори операи “Рӯдакӣ”-ро дар Хуҷанд гарм истиқбол гирифтанд.

“Барои дастгирӣ ва ба роҳ мондани намоиш дар сатҳи баланд ба раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос кардем. Бо роҳбарияти Маҷмааи фарҳангӣ - таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов дар бораи сафарҳои дигари эҷодӣ ҳамсуҳбат шудем. Ин ҷо макони нотакрори таърихист, ки барои гузаронидани барномаҳои фарҳангӣ дар жанрҳои миллӣ ва ҳам академии мусиқӣ саҳанаи муосид мебошад”, - гуфт ӯ.

Зимнан, Валӣ Набизод, котиби маркази матбуотии Маҷмааи фарҳангӣ – таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ гуфт, ки баргузор шудани чунин намоишҳо боис мешавад, ки меҳмонон ва хоса сайёҳон бештар ҷалб шаванд.

“Мо, аҳли кормандони ин макони таърихӣ шодем, ки ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар майдони бошукуҳи Қалъаи Хуҷанд операи “Рӯдакӣ” намоиш дода шуд. Даромад ройгон буд. Мардуми зиёде бори аввал ба хотири тамошои опера ба ин ҷо омаданд. Бо ин роҳ ҳисси фарҳангдӯстиро дар миёни мардум бедор карда, дилбастагии онҳоро ба театр афзудан имкон дорад”, - изҳор дошт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки операи “Рӯдакӣ” бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ташаббуси Камолиддин Сайфиддинзода, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд. Интизор меравад, ки сафари эҷодӣ то 26-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд идома мекунад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед