Ru  | Tj
Дар фестивали “Тюбетейка” дар шаҳри Москва фарҳанги Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд
Дар фестивали “Тюбетейка” дар шаҳри Москва фарҳанги Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд
Аксҳо: Halva.tj

Дар фестивали “Тюбетейка” дар шаҳри Москва фарҳанги Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд

Нашр шуд

Чорумин фестивал ва бозори шарқӣ таҳти унвони “Тюбетейка” ("Тоқӣ") дар шаҳри Москва аз 8 то 11 апрели бахшида ба фарҳанги Осиёи Марказӣ ва ҳалқиятҳои Русия баргузор гардид.

Ҷашни тантанавӣ ва самими дар иҳотаи дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ гузашата, дар он намояндагони ҳар миллат, дин ва фарҳанг иштирок намуданд.

Ҳунармандон барои рунамоӣ ва пешниҳод намудани маҳсулотҳои худ ба меҳмонон аз фарҳангу анъанаҳои ватанӣ худ дар фестивал иштирок намуданд. Ҳунармандони санъат, мутахассисон маърузаҳои худро дар мавзуъҳои хосӣ миллати худ гузаронданд. Дар доираи фестивал инчунин мастер-классҳо, баромадҳои навозандагон ва намоиши муд гузашт.

Муаллифи фестивал Фотима Орифҷонова - зодаи Ӯзбекистон мебошад. Тавре ӯ нақл кард, аввал нақша гузаронидани чорабинӣ барои муаррифӣ намудани фарҳанги узбек ва ҳунармандон буд.
“Аммо, вақте намоишро гузарондем, меҳмонони зиёд аз Тоҷикистон ва  аз Туркманистон ташриф оварда мегуфтанд, ки “Ин, ба мо низ монанд аст!”. Баъд ман фаҳмидам, ки сарҳадҳояк чизи рамзӣ мебошандва мо метавонем ба сӯи фарҳанги ҳамсоя васеъ кунем”,- мегӯяд Фотима.

Ҳозир бошад фестивал, ҳақиқаттан васеъ гашт, ва имсол 140 иштирокчӣ аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, минтақаҳои Русия ва дигар кишварҳои иштирок намуданд.
“Меъёри ососии намоиши мо, ки ӯро аз дигар чунин чорабиниҳои Москва фарқ мекунад, ин иштироки ҳунармандоне, ки ба ҳифзи анъанаҳои минтақаи худ манфиатдоранд. Ин аз ҳама аудиторияи нозук, ғайриандоза аст, ки  миёни онҳо соҳибкорон кам мебошанд", - мегӯяд Фотима. 

Ҳар сол дар фестивал мавзӯи асоси ба фарҳанги махсус ва ё кишвар бахшида мешавад, то ки диққатро ҷалб намояд.

“Дар давоми сол мо ба он ҷойҳо меравем, экспедитсияҳо мегузаронем, ҳунармандонро, мусиқии анъанавӣ, ашъёҳои ҷолиби минтақавӣ меҷӯем”,- мегӯяд Фотима.

Соли гузашта фестивал ба фарҳанги Қафқоз бахшида шуда буд, ва дар ин мавзӯ Қирғизистон шуд. Дар толор юртаи қирғизӣ, бо намоиши матоъҳои миллӣ, ороишотҳо ва намоиши тарроҳони қирғиз баргузор шуд.

Инчунин, лоиҳаи интерактивии мултимедиявии онлайн "Ак бата" муаррифӣ карда шуд, ки саргузашти 7 бибиро дар бар мегирад. Шумо метавонед бо онҳо дар вебсайт шинос шавед, инчунин дар бораи гулдӯзии миллии қирғиз Туш кийиз маълумот пайдо кунед ва "Бата" ("Баракат") -и қаҳрамонҳоро гӯш кунед. Лоиҳа барои хотиррасон кардани арзишҳои асосии оила ва ҷомеа пешбинӣ шудааст.

Кишварҳои дигар низ ҳунармандони боистеъдод ва як барномаи ҷолибро пешкаш карданд.

Аз Ӯзбекистон матоъҳо ва тоқиҳои зебо оварда мешуданд. Сафолҳои маъруфи Риштон ва Андиҷон дар чархи кулолгарӣ маҳорати классикӣ нишон доданд. Насиба Ахмедова лӯхтакҳои зеборо бо либосҳои таърихӣ намоиш дод, Давлат Тошев аз Бухоро миниатюраи нафис овард.

Меҳмонон аз Туркманистон дар фестивал лӯхтакҳои аълосифати пахтагӣ ва бофандагӣ пешниҳод карданд.

Бояд гуфт, ки фарҳанги русро низ нодида нагирифтанд. Меҳмонон лексияро дар бораи таърихи кокошникҳои Русия гӯш карданд, дар чойи ҳақиқии Коломна бо шириниҳои анъанавӣ - пастила иштирок карданд. Ин ширини накҳат ва маззаи нави шарқӣ пайдо кард. 

Барномаи ид, дарвоқеъ, пурмазмун ва хотирмон баромад. Мавсими ояндаи фестивал ба Бошқирдистон пешбинӣ шудааст.

Барои дидани аксҳо аз ҷашнвора тавассути галерея ҳаракат кунед.

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка

фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка
фест тюбетейка

"Назари рассом - нигоҳи ҳакими шарқ”- намоишгоҳи Аъзам Атаханов дар Маскав


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед