Колорасонӣ чист ва чӣ гуна фаъолият мекунад?
Нашр шуд
Дар Тоҷикистон ширкатҳои колорасонӣ ё “доставщик” беш аз пеш фаъол ҳастанд ва шумори ин намуди хадамотрасониҳо зиёд мешаванд. Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи ширкатҳои колорасонӣ ва тарзи фаъолияти онҳо дар Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ иттилоъ диҳем.
КОЛОРАСОНҲО ЧӢ ГУНА ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД?
Тавассути ширкатҳои колорасонӣ мизоҷон метавонанд, ки ҳама гуна таомҳоро дар ҳар вақти ба худ муносиб фармоиш диҳанд. Ба иборати дигар, ин тарзи хадамотрасонии онлайнӣ дониста мешавад.
Интиқоли маҳсулот дар шаҳри Душанбе дар давоми 1 то 3 соат сурат мегирад. Дар минтақаҳо фурсати бештарро талаб мекунад. Мизоҷон ҳамзамон метавонанд, ки вақти барояшон мувофиқро муайян кунанд ва ҳамон соату дақиқа ҳама гуна дархостҳояшонро дар назди дари хона ба даст гиранд.
Бархе ширкатҳои колорасонӣ иқдом ва тахфифҳоро ба мизоҷони худ пешниҳод мекунанд ва баъзан хадамотрасонии ройгонро низ ба роҳ мондаанд. Дигар ширкатҳои колорасонӣ аз 5 то 50 сомонӣ маблағи хадамотрасониашонро муайян кардаанд. Истифодабарандагон метавонанд, ки ҳақмузди колорасонҳоро бо пули нақд ва ё ба таври онлайнӣ пардохт намоянд.
ДУШАНБЕ. КАДОМ ШИРКАТҲОИ КОЛОРАСОНӢ ФАЪОЛАНД?
Пойтахти кишвар маркази асосии фаъолияти колорасонҳо аст. Имрӯз дар Душанбе хидматрасониҳои колокашони “Shef.tj”, “Kenguru.tj”, “Dostavka.tj”, “Izzi.tj”, “Beeyor.tj”, “Magnit.tj”, “Rason 24” ва чанде дигар фаъолият менамоянд ва машғули дастрас намудани дархостҳои сокинону меҳмонони пойтахт ҳастанд.
НАХУСТИ ШИРКАТИ КОЛОРАСОН ДАР ДУШАНБЕ
Ширкати “Shef.tj” аввалин ташкилоти интиқолдиҳанда дар Тоҷикистон аст ва таҷрибаи 5-солаи колорасонӣ дорад. Ин ширкат соли 2018 таъсис ёфтааст ва ҳоло вебгоҳ ва замимаи мобилии худро фаъол кардааст.
Фирӯза Бадалова, шахси масъул ё администратори ширкати “Shef.tj” дар суҳбат ба мо гуфт, “имрӯз мо бо 190 тарабхонаву қаҳвахона ва мағозаҳои шаҳри Душанбе қарордоди ҳамкорӣ дорем ва фармоиши мизоҷонро саривақт дастрасашон мекунем”.
“Дастаи мо пайваста рӯйи системаи IT фаъолият мекунанд, то ҳар як фармоишро боз ҳам тезтар ба дасти мизоҷ расонанд”, - гуфт ин масъули ширкат.
Фирӯза Бадалова таъкид кард, ки фаъолияти ширкати колорасонии “Shef.tj” шабонарӯзӣ аст ва дар бастҳои гуногун дар давоми 24 соат хидмати сокинону меҳмонони пойтахтро анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки сокинону меҳмонони пойтахт бо рақамҳои телефонии 2233 ва +992 93 321 33 33 ва вебгоҳи колорасонӣ дар ҳар вақти ба худ муносиб ҳама гуна ғизоҳоро метавонанд фармоиш диҳанд.
ШИРКАТИ ДИГАРЕ, КИ БА ХУД БОВАР ДОРАД
Парвиз Алимов, роҳбари ширкати “Kenguru.tj”, ки ба интиқоли таом ва ҳама намудҳои хӯрокворӣ дар дохили Душанбе машғул аст, ба мо аз таҷрибаи 3-солааш ҳарф зад.
“Мо аз моҳи августи соли 2020-ум барои дастрас намудани ҳама гуна таом ва хӯрокҳо дар дохили Душанбе фаъолият менамоем. Ҳоло “Kenguru.tj” бо беш аз 30 муассисаи пойтахт шабонарӯзӣ ҳамкорӣ мекунад”, - гуфт роҳбари ширкат.
Парвиз Алимов афзуд, ки “аз кори ширкат то имрӯз ҳама розӣ ҳастанд ва мо корамонро чунон ба роҳ мондаем, ки таом ба таври гарм ба дасти фармоишгар мерасад”.
Ба гуфтаи роҳбари ширкат, мизоҷон метавонанд бо рақамҳои телефони 1212 ва +992 55 312 12 12 ва вебгоҳи колорасонӣ ҳама гуна ғизоҳоро фармоиш диҳанд.
“RASON 24” – БО ИМКОНИЯТИ ВАСЕЪ
“Rason 24” – хадамоти онлайнии интиқоли ғизо ва мол аст. Масъулинаш мегӯянд, ки ин ширкат ба мизоҷон тахфиф ва мукофотҳои гуногун медиҳад. “Шумо вақт ва ҷойро интихоб мекунед, фармоиш дар рӯзи бақайдгирӣ ё дар вақти мувофиқ дар давоми 24 соат расонида мешавад. Вақти интизории фармоиш ҳамагӣ 2 соат аст”, - гуфтанд масъулини “Rason 24”.
Ба гуфтаи масъулини “Rason 24”, агар сифати маҳсулот ба фармоишгарон писанд набошад, онҳо метавонанд дар давоми 24 соат баргардонида шаванд.
Бояд гуфт, ин ширкати колорасонӣ шарики брендҳои АУЧАН, Эвар, Рӯдакӣ 96, Пайкар, бозори Меҳргон ва ғайра мебошад.
Фармоишгарон метавонанд бо рақами телефони +992 55 555 51 54 ва вебгоҳи колорасонӣ ҳама гуна ғизоҳоро фармоиш диҳанд.
“BEEYOR.TJ” ТО КУҶО МЕБАРАД?
Дар ҳамин ҳол, ширкати колорасони “Beeyor.tj” дар Душанбе даъво дорад, ки бо дастрасии зуди таом ва маҳсулоти хӯрокворӣ аз абарфурӯшгоҳи “Пайкар” ва беҳтарин тарабхонаҳои пойтахт тибқи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият дорад.
Масъулини ин ширкат ба мо гуфтанд, ки “фиристодани фармоишҳо тибқи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад. “Занбӯр”-ҳои мо бо мошин ва мопедҳои электрикӣ зуд ва ба ҳама дастрасанд. Онҳо шабу рӯз кор мекунанд”.
“Ҳатто бо сабтином дар платформаи онлайнии “Beeyor.tj” фармоишгарон 100 хол мегиред, ки метавонанд барои фармоишҳои оянда сарф кунед. Афзалияти “Beeyor.tj” хадамотрасонии қулай, вақти мувофиқ ва бе пардохти иловагӣ мебошад”, - афзуданд дар ин ширкат.
Фармоишгарон метавонанд, ки ҳама гуна ғизоҳоро дар вебгоҳи колорасонӣ бибинад ва таоми дилхоҳи худро бо рақамҳои телефонии 9900 ва +992 00 000 99 00 фармоиш диҳанд.
ДАР МАНОТИҚ НИСБАТАН МУШКИЛ АСТ...
Дар маҳдудаи вилояти Суғд ва Хатлон мо хадамоти колорасони зиёдро пайдо накардем. Дар шаҳри Хуҷанд ширкати “OsonEats” ва дар шаҳри Кӯлоб ширкати “Kulob.online” дар хидмати сокинон камар бастаанд.
Талошҳои мо барои пайдо намудани ширкати колорасон дар ҳудуди ВМКБ бенатиҷа монд, вале тавсия доданд, ки барои дастрас намудани ҳама гуна таом тарабхонаи “Fried Chicken Khorog” дар шаҳри Хоруғ фаъол ва хадамотрасонияш беҳтар аст.
Шумо аз кадом хадамоти колорасонӣ истифода мекунед?
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед