Ru  | Tj
Маконҳои фароғатии Тоҷикистон. Соли навро дар куҷо метавон хуш гузаронд?
Маконҳои фароғатии Тоҷикистон. Соли навро дар куҷо метавон хуш гузаронд?
Акс: Дидор Садуллоев

Маконҳои фароғатии Тоҷикистон. Соли навро дар куҷо метавон хуш гузаронд?

Нашр шуд

Соли нав яке аз ҷашнҳои ҷаззоб, зебо ва деринтизор аст. Тавре мегӯянд: «Соли нав – иқболи нав». Аз ин рӯ, боиста аст, ки ин санаро дар доираи хонаводаву пайвандон хушдилона таҷлил намуд. Мо дар мавриди чанд маконе маълумот гирд овардаем, ки метавон он ҷо низ соли навро ба таври афсонавӣ ҷашн гирифт.

МАҶМААИ КӮҲИЮ ЛИЖАРОНИИ «САФЕД-ДАРА»

Соли нав, пеш аз ҳама, бо барф алоқаманд аст. Бино ба ривоятҳо, барф ва сармои шадид дар остонаи шаби соли нав нишонаи ҳосили фаровон, сериву пурӣ ва шукуфоист. Албатта, соли навро бе барф тасаввур кардан номумкин аст. Эҳсос намудани фазои воқеан зимистонаи солинавӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» мавҷуд аст, ки дар дар кӯҳҳои Варзобдара дар фосилаи панҷоҳ километр аз Душанбешаҳр ҷойгир аст. Агар шумо мошини шахсӣ надошта бошед, маҷмааи мазкур бурда расонидани муштариёни худро ташкил мекунад. Нархи як нафар 50 сомонӣ буда, даромадан ба пойгоҳи лижаронӣ ройгон аст. Шумо бояд танҳо арзиши хидматрасониҳоро пардохт кунед.

Яке аз иншооти ҷолиби диққат дар «Сафед-дара» таноброҳ мебошад, ки ба маблағи 40 сомонӣ истироҳаткунандагонро ба майдони мушоҳидавӣ, воқеъ дар баландии 2590 метр бурда мерасонад. Аммо барои дӯстдорони истироҳати фаъолтар дар «Сафед-Дара» якчанд нишебиҳо барои лижаронӣ ва сноуборд муҷаҳҳаз карда шудаанд. Либосу анҷоми варзиширо метавон дар ин ҷо ба иҷора гирифт, ки нархи чунин хидматрасонӣ барои лижаронон дар рӯзҳои корӣ – 120 сомонӣ ва дар истироҳат – 200 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаводорони сноуборд бошад, метавонанд либосу лавозимотро дар рӯзҳои корӣ бо арзиши 80 сомонӣ ва дар рӯзҳои истироҳат бо 180 сомонӣ ба иҷора гиранд. Барои онҳое, ки тасмим гирифтаанд дар ин мавзеъ шабро рӯз кунанд, меҳмонхонаи замонавӣ мавҷуд аст, ки нархи як утоқи дунафара дар як шабонарӯз аз 500 то 800 сомониро ташкил медиҳад.

ИСТИРОҲАТ ДАР ОСОИШГОҲ


Дар соли нав як қисми одамон фароғати фаъолро афзалтар медонанд ва қисмати дигар бошад, истироҳат ва беҳбуд бахшидани саломатии худро авлотар медонанд. Аз ин рӯ, осоишгоҳҳои Тоҷикистон низ дар соли нав меҳмононро интизоранд. Масалан, дар маҷмааи истирохатии «Шоҳамбарӣ» барои истироҳаткунандагон дар соли нав барномаи махсус омода карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки ин минтақаи истироҳатӣ бо чашмаҳои оби гарм ва минералии худ беназир аст. Илова бар равишҳои табобатӣ ва истироҳатӣ дар маҷмаа баргузории консертҳои солинавӣ бо иштироки дастаҳои эҷодии маъруфи кишвар дар назар аст. Барои чунин маҳфилҳо, аз ҷумла баргузор намудани ҷашнҳо дар ин осоишгоҳ ҳатто толори махсус сохта шудааст. Нархи як шабонарӯзи истироҳат дар «Шоҳамбарӣ» бо шумули се вақт хӯрок барои сокинон камубеш аз 300 сомонӣ аст, аммо иҷораи ҳуҷраи бароҳат (люкс) каме гаронтар буда, 500 сомонӣ арзиш дорад.

ИСТИРОҲАТ ДАР ФАЗОИ ТАБИАТ


Дар байни сокинони шаҳр нафароне ҳастанд, ки пешвоз гирифтани соли навро дар фазои табиат авлотар медонанд. Ҷойи беҳтарин барои ин намуди истироҳат мавзеи маъруф бо номи «Дараи Алмосӣ» ба ҳисоб меравад, ки дар ҳудуди он истироҳатгоҳи «Green Wood House» сохта шудааст. Тамоми хонаҳои ин минтақаи истироҳатӣ аз чӯбу санг сохта шудааст, ки бо манзараҳои маҳаллӣ омезиш ёфта, эҳсоси ягонагӣ бо табиатро мебахшад. Чунин фазо беҳтарин макон барои истироҳати оилавӣ мебошад.

Дар ин мавзеъ тарабхонаи замонавӣ низ фаъолият менамояд, ки дар он мизоҷон метавонанд аз таомҳои аврупоӣ ва миллӣ лаззат бибаранд. Барои ҳаводорони аксбардорӣ минтақаи махсус вуҷуд дорад, ки дар он аксҳои зебои солинавӣ гирифтан мумкин аст. Нархи будубош дар утоқҳои «Green Wood House» бо шумули наҳорӣ аз 600 то 1150 сомониро ташкил медиҳад.

СОЛИ НАВ ДАР ХУҶАНД


Шаҳри Хуҷанд ба истилоҳ пойтахти дуюми Тоҷикистон ва яке аз қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ ин шаҳр низ сокинон ва меҳмонони худро бо як қатор ҳадяҳо ба ҳайрат меорад.

Хадамоти шаҳдорӣ аллакай барои оро додани шаҳр оғоз карда, арчаи асосиро, ки баландиаш 23 метр ва давраш 8 метр аст, дар маркази шаҳр гузоштаанд. Дар атрофи арчаи солинавӣ эҷод кардани гӯшаи афсонавӣ барои бозӣ ва фароғат низ шурӯъ шудааст.

Дар остонаи ид дар кӯчаи марказии Хуҷанд шаҳраки солинавӣ ҳам ба истифода дода мешавад. Ҳамарӯза дар пойтахти шимолии кишвар намоишу озмунҳо бо иштироки хонандагони мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва театрҳо, инчунин консертҳои солинавӣ ташкил карда мешаванд.

Нархи сафар ба шаҳри Хуҷанд барои сокинони Душанбе 200 сомонӣ арзиш дорад. Дар шаҳр имкони ба иҷора гирифтани манзили истиқоматӣ мавҷуд аст, ки нисбати будубош дар меҳмонхона арзонтар мебошад. Нархи иҷораи манзили дуҳуҷрагӣ дар як шабонарӯз 300-400 сомонӣ аст. Дар хусуси хурду хӯрок бошад, меҳмонон мушкиле нахоҳанд дошт, зеро нархҳо дар тарабхонаву ошхонаҳои Хуҷанд хеле дастрас ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто аз Душанбе ҳам арзонтар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед