Ru  | Tj
Марди – ноқил: чӣ тавр як сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиси зарбаи барқ монд
Марди – ноқил: чӣ тавр як сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиси зарбаи барқ монд
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Марди – ноқил: чӣ тавр як сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиси зарбаи барқ монд

Нашр шуд

Сайфулло Олимовро дар тамоми шаҳри Ваҳдат мешиносанд. Зеро ӯ ба туфайли фавқуқобилияти барои одамони ғайриоддӣ – бидуни зарар ба саломатӣ гузаронидани ҷараёни баландшиддат тавассути баданаш маъруф гаштааст.

Қобилияти фавқулодда дар ӯ 34 сол қабл дар натиҷаи дучор шудан ба садамаи нақлиётӣ зоҳир шуд.

«Соати 12 шаб ман ба садама дучор шуда, муддат 7 соат ҳофизаамро аз баст додам. Вақте, ки ба ҳуш омадам, ягон чизро ҳис намекардам ва вазъи саломатиам низ хуб буд», - мегӯяд Сайфулло.

Қобилияти фавқуллодаи худро Сайфулло рӯзи дигар ошкор кард. Дар яке аз маъракаҳо, пеш аз насби таҷҳизоти мусиқӣ ӯ падидаи аҷоиберо мушоҳида кард.

Ба гуфтаи Сайфулло «дар яке аз ҳуҷраҳое, ки дар он маросими арӯсӣ баргузор мешуд, ноқилҳои лучро дида, аз соҳиби хона оид ба гузаштани қувваи барқ тавассути онҳо суол карду, посухи мусбӣ гирифт. Ин ҳолат Сайфуллоро мутаҳайир кард, зеро бо расонидани чандинкарати дастонаш ба ин ноқилҳо ӯ таъсири қувваи барқро эҳсос накард»

Ба хона баргашта, Сайфулло тасмим гирифт, ки бори аввал дар ҳаёташ озмоиш гузаронад: обро ба тоси оҳанин пур карда, ба дохили он ноқилҳои лучро гузошту, аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки ба қувваи барқ пайваст кунад. Оилааш ба муқобили ин иқдоми Сайфулло баромад, вале ӯ пофишорӣ кард.


«Дар дили худам низ каме тарс ҷой дошт, вале ман мехостам фаҳмам, ки чӣ мегузарад ва чаро ман дар чунин ҳолат қарор дорам. Ҳамсарам ноқилҳоро ба қувваи барқ пайваст кард, вале ман дар ҳолати маъмул боқӣ мондам, зеро шиддати барқро ҳис намекардам» - мегӯяд Сайфулло.

Пас аз муроҷиат ба духтурҳо ва гузаштани тамоми тартиботи муқаррагадидаи тиббӣ дар вуҷуди Сайфулло ягон тағйироти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашуд.

«Қабл аз озмоишҳо ман каме бошад ҳам зери оби равони хунук меистам, то баданамро барои тағйироти ногаҳонӣ омода созам. Бо расонидани даст ба ноқилҳои таҳти қувваи барқ қарор дошта, ман метавонам шиддати онҳоро муайян кунам. Иштибоҳи эҳтимолӣ фақат 1-2 волтро ташкил медиҳад» - қайд мекунад Сайфулло.

Сайфулло тавассути баданаш зиёда аз 2000 волтро гузаронида, нешзании ҳашаротро низ эҳсос намекунад. Сараш ҳаргиз дард намекунад ва ҳар рӯз муддати якчанд соат ба варзиш машғул аст.

«Ман хаста намешавам, зеро варзишро дӯст медорам, агар хоҳиш дода бошед, барои ин шуғл ҳамеша қувва ва вақтро пайдо мекунед» - бо табассум иброз медорад Сайфулло.

Сайфулло қобилияти ғайриоддии худро на танҳо ба манфиати шахсиаш, балки барои ҳалли мушкилоти ҳамсояҳо ва сокинони маҳаллаҳои гирду атроф, аз ҷумла барои таъмири барқ ва техникаи маишӣ истифода менамояд.

«Вақте, ки ягон ҳамсояам мушкилоти барқӣ дошта бошад, ба ман муроҷиат мекунад. Боре, дар шаҳр сими хати баландшиддат канда шуд, рафта тамоми ноқилҳоро бо дастони луч ҷамъ кардам, то касе аз ин ҳолат зараре набинад» - мегӯяд Сайфулло.

Сайфулло орзӯ дорад: ӯ мехоҳад дар озмуни байналмилалии шахсони бо қобилияти ғайриоддӣ иштирок намуда, истеъдоди худро пешкаши ҳамагон кунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед