Ru  | Tj
Шаҳри Хуҷанд гардишгаронро бо чӣ ба тааҷҷуб меорад?
Шаҳри Хуҷанд гардишгаронро бо чӣ ба тааҷҷуб меорад?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Шаҳри Хуҷанд гардишгаронро бо чӣ ба тааҷҷуб меорад?

Нашр шуд

Хуҷанд – яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Айни замон ин шаҳри овозадор маркази вилояти Суғди Тоҷикистон аст. Хуҷанд яке аз марказҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар маҳсуб ёфта, инчунин дуюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон ҳисобида мешавад. 

Дар сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи шаҳри Хуҷанд маълумоти зиёде мавҷуд аст, ки ба ҷуз аз факту рақамҳои маъмул, инчунин шумо метавонед, дар бораи ин шаҳр маълумотҳои дигари аҷибе низ пайдо кунед, ки он ҳатто сокинони Тоҷикистонро низ ба ҳайрат меорад.

Таърихи ҷолиби Хуҷанд 


Тибқи маълумотҳои илмии муосир, шаҳри Хуҷанд асрҳои VII – VI-и пеш аз милод бунёд шудааст. Шаҳр ҳатто дар давраи сулолаи Ҳахоманишиён (705-330-и пеш аз милод) вуҷуд дошта ва баъдтар онро Искандари Мақдунӣ забт кардааст, ки пас аз таҷдиди шаҳр онро Искандария - Эсхата ё Искандарияи Шадид ном мебурдаанд. Хуҷанд он замон ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ мақоми хеле муҳим доштааст, зеро он дар Шоҳроҳи Абрешим воқеъ буда ва Самарқандро бо водии Фарғона пайваст мекардааст. Аз ин рӯ, Хуҷанд аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз ҳамчун шаҳри бузурги тиҷоратию ҳунармандӣ ва маркази муҳимми нақлиётӣ боқӣ мондааст.

Дар асри VIII шаҳр аз ҷониби арабҳо забт карда шуда ва дар солҳои 1219-1220 лашкари Чингизхон ба он ҳуҷум намудааст. Аҳолии ин шаҳр ба муқобили лашкари Чингизхон муқовимати шадид нишон додаанд. Дар натиҷаи ин задухӯрдҳо шаҳри зебои Хуҷанд вайрону валангор гардидааст. Баъдтар, Хуҷанд дубора эҳё шуда ва бори дигар аҳаммияти бузурги худ - маркази савдо ва фарҳангро пайдо кардааст.

Соли 1866 Хуҷанд аз ҷониби Армияи Русия забт карда шуда ва ба ҳайати Империяи Русия дохил карда мешавад, ки онро маркази маъмурии ноҳияи Хуҷанди вилояти Самарқанд эълон мекунанд. Ин ҳолат барои пешрафти шаҳр чунин имкониятҳои ҷадидро фароҳам овардааст: роҳи оҳан сохта шуда, ҳамзамон 20 корхонаи калон ва муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ба истифода дода шудаанд.

Соли 1918 дар маркази вилояти Суғд Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор шуд ва 2 –уми октябри соли 1929 он ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил карда шуд. 10 –уми январи соли 1936 шаҳри Хуҷанд тағйири ном карда, Ленинобод номгузорӣ шуд. Ҳукумати Шӯравӣ ба рушди саноатии шаҳр такони нав бахшид: яке аз калонтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ - Комбинати Абрешим дар ин ҷо ба кор оғоз карда, соли 1970 Хадамоти афтобусҳои мусофиркашони барқӣ (троллейбус) ба кор даромад. То соли 1991 дар шаҳр тақрибан 30 мактаб мавҷуд буд.

Ниҳоят, 26 –уми феврали соли 1991 бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон номи шаҳри Ленинобод дубора ба шаҳри Хуҷанд иваз карда шуд.

Ёдгориҳои таърихӣ ва кабутарони ромшуда 


Дар қисмати ғарбии бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд масҷиди Шайх Муслиҳиддин ҷойгир аст, ки он солҳои 1512-1513 сохта шудааст. Ин масҷид ба номи шоир ва табиб Муслиҳиддин, ки дар асри XII зиндагӣ кардааст, номгузорӣ шудааст. Ин макон яке аз ҷойҳои диданӣ ва дӯстдоштаи сокинони шаҳр аст. Гузашта аз ин, дар ҳавлии назди масҷид, шуморо тӯдаи кабӯтарон пешвоз мегиранд, ки онҳо солҳост ром шудаанд. Кабӯтарон аз сайёҳон наметарасанд, онҳо баръакс интизори «тӯҳфаи» сайёҳонанд. Яъне дар назди масҷид дон мефурӯшанд, ки ҳар як сайёҳ метавонад аз онҳо харида, ба кабӯтарон «тӯҳфа» кунад. 

Ёдгории машҳури таърихиро чӣ диданӣ мекунад?


Дар маркази шаҳри Хуҷанд ёдгории таърихие бо номи «Оташи абадӣ» мавҷуд аст. Ин ёдгорӣ ба хотири нафароне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳалокат расидаанд, гузошта шудааст. Ин оташ ҳаргиз хомӯш намешавад ва дар тамоми фасли сол фурӯзон аст. Гузашта аз ин, дар шаҳр чунин ёдгорӣ ду то аст: яке дар маркази Хуҷанд, дигаре дар наздикии бозори Панҷшанбе.

Ахиран шаҳрдории Хуҷанд хабар дод, ки интиқоли газ ба ин ёдгорӣ дар як сол тақрибан 30 000 сомониро ташкил медиҳад. 

Маъбади қадимаи Калисои Православии Рус 


Қадимтарин калисои православӣ дар ҳудуди Тоҷикистон - Калисои Марями Муҷодала буда, дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Он солҳои  1870 бо маблағгузории тоҷири рус Хлудов  сохта шудааст. 

Калисо то солҳои 1920 амал мекард ва баъдтар дар бинои он маркази радио ва почта ҷойгир буд. Ин макон як замоне хароб гардида буд, аммо аз миёнаҳои солҳои 1980-ум аз нав сохта ва васеъ карда шудааст.

Дар асри XXI, маъбад ҳангоми таҳияи лоиҳаи барқарорсозии он пас аз сӯхтор дар соли 2005 аз нав барқарор шуда, ба ин ҷо аз Москав зарфҳои калисо оварда шуд. Дар соли 2010 он дар ҷойи пешинаи худ пурра барқарор карда шуд. 

Миннатдории ғайриоддӣ 


Соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд нахустин пайкараи 3,5 метраи муаллимони рус гузошта шуд. Ин пайкара, ки аз бозолити сиёҳ ва гарнит сохта шудааст, хотираи 20 нафар омӯзгорони русро, ки ибтидои солҳои 20-ум ба хотири мубориза баҳри саводнокии мардум ба ин ҷо омадаанд, зинда нигоҳ медорад. 

Ин пайкара дар наздикии гимназияи №1-и ба номи Беҳбудии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Ба ин ҷо аҳолии шаҳр тез-тез гулҳои тару тоза мегузоранд.  

Тоҷикон бо сабки «K-pop»: Оё субмаданият дар Тоҷикистон ба ин ҳад машҳур аст?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед