Ru  | Tj
Суратгузориши Halva.tj аз Анҷумани байналмилалии иқтисодии Петербург (АБИП) - 2024
Суратгузориши Halva.tj аз Анҷумани байналмилалии иқтисодии Петербург (АБИП) - 2024
Акс: Halva.tj

Суратгузориши Halva.tj аз Анҷумани байналмилалии иқтисодии Петербург (АБИП) - 2024

Нашр шуд

Анҷумани XXVII байнулмилалии иқтисодии Петербург кори худро ба таври расмӣ дар Маркази ҳамоишӣ – намоишгоҳии “Экспофорум”-и Санкт-Петербург оғоз кард.  

Дар рафти Анҷумани имсола мавзуи "Бунёди ҷаҳони чандқутбӣ - ташаккули нуқоти ҷадиди рушд" мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бинобар гузориши хабарнигорони Halva.tj, сарфи назар аз он, ки баргузории чорабиниҳои аввал дар доираи АБИП соати 10:00 ба нақша гирифта шудааст, аллакай субҳи барвақт як сафи бузурге дар вурудгоҳи минтақаи «Экспофорум» ҷамъ шуда буд.

Дар дохили “Экспофорум” низ ҳама чиз барои пазироӣ аз меҳмонон омода аст. Манотиқ ва ширкатҳо ғурфаҳои худро омода кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир бо сафҳанамоишҳои дурахшон меҳмононро ба худ чалб мекунанд.

Дар соли 2024 вилояти Ленинград як сабки саноатиро барои намоишгоҳи худ интихоб кард. Таваҷҷуҳи аслии ғурфаҳои 47 минтақа ҳимоят аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ аст.

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ

ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ
ПМЭФ

Лозим ба зикр аст, ки барномаи анҷумани имсола шомили беш аз 150 баҳси мавзӯӣ ва теъдоди бесобиқаи муколамаҳои дуҷонибаи тиҷорӣ аст. Онҳо дар қолабҳои Русия – Чин, Русия – Африқо, Русия – Ҳиндистон, Русия – Амрикои лотинӣ, Русия – АМА, Русия – Уммон, Русия – Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Русия – Озарбойҷон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё – Иттиҳоди Дпвлатҳои Осиёи Ҷанубу – Шарқӣ баргузор хоҳанд шуд.

Ҳамон тавре, ки баргузоркунандагон хотирнишон карданд, Владимир Путин аз 5 то 7 июн дар чорабиниҳои анҷумани иқтисодӣ ширкат намуда, 7 июн  дар ҷаласаи умумӣ суханронӣ хоҳад кард.

АБИП ҳамасола таҳти ҳимояти раисҷумҳури Русия баргузор шуда, раҳбарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, роҳбарони ширкатҳои бузурги Русия ва кишварҳои хориҷӣ, бонкҳо, коршиносони барҷаста, аз миёни намояндагони илм, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандиро гирди ҳам меорад.

Имсол намояндагони 136 кишвар ва манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (АБИП-2024) ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Антон Кобяков, мушовири президенти Русия, котиби иҷроияи Кумитаи тадорукоти АБИП, ин чорабинӣ бо ҳузури 17 ҳазору 100 меҳмон ва 3 ҳазору 400 намояндагони расонаҳо баргузор мешавад.

Анҷумани байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 5 то 8 июн доир мегардад.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед