Тарс аз муошират. Хиҷолат чист ва чӣ тавр онро метавон мағлуб кард?
Нашр шуд
Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон аз хиҷолатзадагии андак то шадид ранҷ мебаранд ва бисёре аз онҳо талош бар он намуда истодаанд, то аз ин эҳсосот раҳоӣ ёбанд. Бархе ин вижагии хислатро манфӣ медонанд, вале ин комилан хатост, зеро хиҷолат ягон ҳолати баде нест.
Дар бораи хиҷолат ва чӣ гуна бартараф кардани он метавонед дар матлаби гирдовардаи мо бихонед.
Хиҷолат чист?
Хиҷолат як вижагии маъмулии шахсият аст, ки афроди зиёдеро таҳти таъсир қарор медиҳад ва аксар вақт боиси изтироби иҷтимоию душвориҳо мегардад. Дар ҳоле, ки бархе афрод табиатан улфат ва эътимод бар худ доранд, дигарон метавонанд бо хиҷолат ва изтироби иҷтимоӣ мубориза баранд.
Шахсони хиҷолатманд одатан аз муоширати иҷтимоӣ ё суханрониҳои оммавӣ худдорӣ мекунанд. Онҳо тарҷеҳ бар он медиҳанд, ки нонамоён боқӣ монда, диққати атрофиёнро ба худ ҷалб накунанд. Илова бар ин, онҳо дар баёни афкори худ ба таври шифоҳӣ ё ғайришифоҳӣ душворӣ мекашанд, ки ба нофаҳмиҳо ё тафсири нодуруст оварда мерасонад. Ҳамзамон, ин қабил одамон аз қазовату инкори дигарон дар ҳаросанд ва ин ҳолат метавонад хислати хиҷолатзадагиро дар онҳо боз ҳам қавитар намояд.
Бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки омилҳои биологӣ вуҷуд доранд, ки ба хиҷолатзадагӣ мусоидат мекунанд. Аввалан, тибқи тадқиқоти гузаронида одамони хиҷолатманд дар бисёр ҳолатҳо ин хусусиятро аз волидони худ қабул кардаанд. Дуюм, химия ва сохтори майна низ метавонад ба хиҷолат таъсиргузор бошад. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки одамони дорои сатҳи баланди серотонин, нейротрансмиттер, ки руҳияи инсонро ба танзим медарорад, нисбатан камтар ба хиҷолат дода мешаванд. Илова бар ин, амигдала, қисмати майна, ки масъули пардозиши эҳсосот мебошад, метавонад дар ашхоси хиҷолатӣ нисбатан фаъол бошад. Вале ин ҳукмномае нест, зеро имрӯзҳо дар ҷаҳон таҷрибаҳои зиёде мавҷуданд, ки барои дастболо шудан бар хиҷолат кумак мерасонанд.
Назари равоншинос
Равоншинос Таҳмина Зокирова муътақид аст, ки ниёзе ба «мубориза» аллайҳи хиҷолат нест. Ба гуфтаи вай, хиҷолат – ин ихтилофи дохилӣ аст ва ба ин ҳолат набояд «мубориза» бурд. Беҳтар аст, то дарк кунед, ки шармгинӣ чӣ тавр иттифоқ меафтад ва чӣ эҳсосест. Аксар вақт бузургтарин тарси афроди хиҷолатманд ин аст, ки дигарон дар мавриди онҳо чӣ фикре мекунанд.
«Муҳим аст, ки ба саволи аз маҳкумияти чӣ касе бештар метарсед, посух диҳед. Чӣ касе маро арзёбӣ хоҳад кард? Ман аз кӣ хиҷолат мекашам? Чаро ман аз онҳо шарм медорам? Мо худамон на ҳамеша дар мавриди дигарон фикр мекунем, ки онҳо низ аз мо фаромӯш накунанд”, - қайд мекунад Таҳмина.
Ба гуфтаи ин равоншинос, тарафи манфии хиҷолат дар он аст, ки одамон иҷоза намедиҳанд, то худро зоҳир кунанд ва ба хостаҳояшон дастрасӣ пайдо кунанд. Ба далели хиҷолат, бисёриҳо худро бо касе муқоиса карда, аз муошират низ канораҷӯӣ мекунанд.
Чӣ тавр хиҷолатро бартараф кунем?
Дар хотир бояд дошт, ки хиҷолат танҳо эҳсосот аст, на хислати доимӣ. Ва шумо метавонед тавассути хоҳиш ва амали хеш ҳиссиётатонро тағйир диҳед.
Муҳим аст, ки аз хурд шуруъ кунед. Масалан, зуд-зуд салом гуфтанро оғоз кунед, кӯшиш ба харҷ диҳед, то бештар калимаи "ҳа"-ро истифода баред. Ҳар як шоҳкориҳои хурди худро ташвиқ кунед ва муҳимтар аз ҳама – иштибоҳотро мавриди диққат қарор надиҳед.
Ҳангоми шуруъ кардан ба иқдом, ҳисси худбаҳодиҳатон низ баланд мешавад. Ва бо гузашти замон маҳдудияти шумо шуруъ ба коҳиш хоҳад кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед