Ru  | Tj
"Қаллобон дар шабака": Дар интернет чӣ гуна ба доми фиреби қаллобон бояд наафтид
"Қаллобон дар шабака": Дар интернет чӣ гуна ба доми фиреби қаллобон бояд наафтид
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

"Қаллобон дар шабака": Дар интернет чӣ гуна ба доми фиреби қаллобон бояд наафтид

Нашр шуд

Бо пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои гуногуни тиҷоратӣ, интишори таблиғ барои ҷустуҷӯ ё фурӯши маҳсулоти мушаххас ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар баробари ин, имрӯз дар интернет қаллобони зиёде пайдо шудаанд, ки аксари онҳо худро соҳибкор ва ё харидор муаррифӣ намуда, мардумро фиреб медиҳанд. Ин гуна ҳолат дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад.

Барои он ки бохтаи фиребҳои ин гуна қаллобон нагардед, мо ба шумо 5 маслиҳатро пешниҳод месозем. 

1. Бо фурӯшандагон ҳамеша танҳо тавассути сомонаи расмии ширкат ва ё коргоҳ муошират кунед

Агар аз шумо хоҳиш карда шавад, ки дар WhatsApp, Telegram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат кунед, ин ба он шаҳодат медиҳад, ки шумо бо қаллобон сари кор доред. Албатта, навиштани паёмак бисёр фаврӣ бошад ва ё лозим ояд, ки шумо акс ё навор фиристед, дар ин сурат метавонед аз ин шабакаҳо истифода баред. Бо вуҷуди ин, барои гуфтушунидҳои минбаъда оид ба хариду фурӯш, мо тавсия медиҳем, ки аз сомонаи расмии он истифода баред.

2. Ҳеҷ гоҳ ба истинодҳо  (ссылка) ворид нашавед

Агар онҳо ба шумо истинод (ссылка) фиристанд, ин бар қаллобии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар аксар ҳолат чунин истинодҳо қалбакӣ мебошанд. Суроғаи истинод метавонад монанди нусхаи аслии сомона бошад, аммо шумо бояд бидонед, ки он қалбакӣ аст. Шумо бояд дар хотир бигиред, ки ворид шудани шумо ба истинод барои қаллобон як роҳи ба даст овардани маълумотҳои шахсии шумост.

3. Ба ҳеҷ ваҷҳ рақами телефонеро, ки корти бонкии шумо ба он пайваст аст, надиҳед

Аксар вақт қаллобон рақами телефонеро мепурсанд, ки корти бонкии шумо ба он пайваст аст. Онҳо як далел доранд - "шумо нозукиҳои муҳосиботи тиҷоратиро намедонед, ба мо рамз (код) лозим аст, ки ҳоло ба рақами шумо меояд." Ба чунин суханон ҳаргиз бовар накунед, зеро ин як роҳи фиреб аст. Бо вуҷуди ин агар шумо рамзро ба фурӯшандаи номаълум фиристода бошед, пас огаҳ бошед, ки тамоми пасандозҳои шумо дар корти бонкӣ аз ҷониби қаллобон рабуда мешавад.

4. Ҳамеша ба баррасиҳои сомонаҳо диққат диҳед

Ҳолатҳое мешавад, молу маҳсулоте, ки мо мехоҳем онро тариқи интернет бихарем, дар кишвари мо истеҳсол намешаванд ва онро бояд аз хориҷи кишвар фармоиш диҳед. Ҳоло дар бахши тоҷикӣ хариду фурӯш тариқи интернет ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар ин сурат савдогарон аз мо хоҳиш мекунанд, ки на ҳама маблағ, балки чанд фоизи онро пешпардохт намоем, то онҳо боварӣ ҳосил намоянд, ки шумо воқеан маҳсулоти онҳоро мехаред.  Бо вуҷуди ин, шумо бояд ҳамеша ба баррасиҳо диққат диҳед. Масалан, харидороне, ки аз ин ширкатҳо молу маҳсулот харида бошанд, ин ширкатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша баррасиҳои муштариёни қаноатмандро дар бахши "Actual" ҷойгир мекунанд. Агар дар шабакаи онҳо чунин баррасиҳо вуҷуд надошта бошад, пас огоҳ бошед, ки бо шумо қаллобон дар муоширатанд.

5. Ҳангоми омадани паёмаки “дастгирии техникӣ” (техническая поддержка) низ эҳтиёт бошед то бар доми қаллобон наафтед

Баъзан чунин мешавад, ки мо паёмҳоро аз дастгирии техникии «плеймаркетс» тавассути почта мегирем. Агар дар ин паём аз шумо хоҳиш карда шавад, ки онҳоро пайравӣ кунед, эҳтиёт шавед, зеро он ҳам шояд мактуби қаллобон бошад.

Дар ҳеҷ сурат ба истинодҳои берун аз вебсайт ё барномаи расмии платформаи савдо гирифташуда ворид нашавед. Ҳатто агар шумо боварӣ дошта бошед, ки мактуб воқеан аз дастгирии техникӣ дар вебсайти расмӣ аст - ҳамеша аз пардохт барои харид ё паёмҳо худдорӣ кунед.

Эҳтиёт бошед!


Панҷ далели ҷолиб дар бораи пули тоҷикӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед