
Қадрдонии зодаи Тоҷикистон дар Русия барои наҷоти 2 кӯдак аз яхоб бо баҳои саломатии худ
Нашр шуд
Зодаи 58-солаи Тоҷикистон сарфи назар аз синну мушкилот бо саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, худро ба яхоба заду писарчаҳоро наҷот дод. Корнамоии Ҳасан Авғонов ӯро дар Ёқутистон вирди забонҳо кард, аммо худаш хоксорона ин амалашро қаҳрамонӣ намедонад.
Начандон пеш навори наҷоти мӯъҷизосои як кӯдак аз об дар шабакаҳои телеграми Ёқутистон паҳн шуд. Дар он як марди солхӯрда писари хурдеро, ки ҳамроҳи ду дӯсташ он рӯз дар соҳил бозӣ мекард, рӯи даст бардошта, аз об мебаровард.
Ҳамон тавре, ки баъдан маълум шуд, бачаҳоро Ҳасан Авғонови 58-сола, ки иттифоқан дар замони ҳодиса дар ин макон қарор дошт, наҷот додааст.
Обанбори Маркази барқу гармидиҳӣ (ТЭЦ) - маконе дар маркази Якутск аст, ки сокинони шаҳр онро «аквариум» меноманд. Дар ин рӯз амаки Ҳасан ва бародарзодааш машғули моҳигирӣ буданд. Дар наздикӣ се писарбача дар соҳил саргарми бозӣ буданду ҳеҷ нишоне аз нохушӣ вуҷуд надошт. Бо ин ҳол, тақрибан соати 15:00 мард садои фарёди кӯдакро шунид. Кӯдакон дод мезаданд, ях зери пои ду писар шикаста шуд ва ҳардуи онҳо зери об рафтанд. Авғонов ба кумак шитофту ҷони кӯдаконро наҷот дод.
Хабарнигори «Halva.tj» бо Ҳасан Авғонов суҳбат оросту аз қаҳрамонӣ ва таъсир ба саломатияш пурсид.
“Ман ҳатто намедонам, ки чӣ гуна бачаҳо рӯи ях қарор гирифтанд. Аммо фаҳмидам, ки наметавонам таъхир кунам, чун ҷони бачаҳо дар хатар буд. Ман якеро фавран берун кашидам, зеро яхро нигоҳ дошта буд. Вақте дубора барои писари дуюм дохили об гаштам, ӯ дигар рӯи об дида намешуд. Маҷбур шудам, дунболаш шерҷаҳ бизанам. Вақте ӯро берун кашидам, кӯдак беҳуш буд. Билфосила ӯро воруна баланд кардам, писарча сулфиду, шуруъ ба гиря кард. Ба ӯ гуфтам: «Гиря накун, ҳама чиз хуб аст!” - нақл кард Авғонов.
– Ҳасан Раҷабович, мардум бояд қаҳрамонони худро бишносад. Лутфан, муаррифӣ мекардед, ки марди куҷоеду чӣ шуғл доред?
– Ман қаҳрамон нестам, ҳар касе дар ҷои ман мебуд, ҳамин корро анҷом медод. Ман аслан аз Тоҷикистонам, монанди аксар ҳамватанонам замоне, ки дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ шуд, ба Ёқутистон омадам. Ҳамин тавр ёқутӣ ҳастам, тақрибан 30 сол аст, ки дар Ёқутистон ба сар мебарам. Панҷ фарзанд дорам, ки ҳамагӣ болиғ ҳастанд, инчунин бобои ҳашт набераам.
14 соли охир дар Донишкадаи нақлиёти обии Ёқутистон кор мекунам. Сараввал корро ба унвони наҷҷор, баъд ҳамчун коргар, асосан ҳама чизро таъмир мекунам, тамоми васоити кориро дар ҳолати коршоям нигоҳ медорам.
– Вазъи саломатиатон чӣ тавр аст? Оё ғаввосӣ дар оби сард ҳеҷ авоқибе надошт? Гуфтанд, ки тахтапуштатон сармо хӯрдаст…
– Албатта, хунук хӯрдам, аммо ин ҳама ҳеч аст, мегузарад. Муддати зиёде аст, ки тахтапуштам дард мекунад ва шуруъ аз имрӯз сӯзандору мегирам. Аммо дар рухсатӣ барои табобат нестам, ҳама чиз хуб аст, мегузарад. Муҳим ин аст, ки бачаҳо зиндаву солим ҳастанд!
Пас аз ин қаҳрамонии амаки Ҳасан дар Донишкадаи нақлиёти обии Ёқутистон сафороии тантанавӣ баргузор шуда, Авғонов барои наҷоти ду кӯдак аз ғарқшавӣ қадрдонӣ гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ курсантҳо, донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони Донишкада, намояндагони Анҷумани умумирусиягии наҷот дар об, ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди тоҷикони Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)», инчунин дӯстону шиносони Ҳасан Авғонов ширкат намуданд.
Маросими тантанавӣ бо сафороии курсантҳо ва барафрохтани парчамҳои Русия ва Ёқутистон бо иҷрои суруди миллӣ оғоз гардид. Роҳбари Донишкадаи нақлиёти обии Ёқутистон Ярослав Стрек бо суханони табрикотӣ дар назди ҳозирин баромад кард. Вай бо ишора ба иқдоми шуҷоатмандонаи корманди худ аз номи тамоми ҳайати муассиса миннатдорӣ баён карда, бо эҳдои сипоснома ба Ҳасан Авғонов ҷоиза низ тақдим кард.
Раиси Анҷумани умумирусиягии наҷот дар оби Ёқутистон, Михаил Ермолаев ҳамроҳ бо намояндагони ин созмон ба Ҳасан Авғонов сипоснома ва медали “Барои наҷоти ғарқшудагон”-ро супурд.
Бояд қайд намуд, ки ин нахустин қаҳрамонии Тоҷикистониён дар Русия нест. Бо қаҳрамонии бархе аз тоҷикистониён метавонед дар ин матлаб шинос шавед.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед