Ru  | Tj
Инженер-механик ва чемпиони даҳкарата дар Русия: Роҳи ҷавони тоҷик аз рустои куҳӣ то майдонҳои минтақавӣ
Инженер-механик ва чемпиони даҳкарата дар Русия: Роҳи ҷавони тоҷик аз рустои куҳӣ то майдонҳои минтақавӣ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Инженер-механик ва чемпиони даҳкарата дар Русия: Роҳи ҷавони тоҷик аз рустои куҳӣ то майдонҳои минтақавӣ

Нашр шуд

Дар корхонаи парандапарварии Пензаи Русия, муҳандиси ҷавоне аз Тоҷикистон фаъолият дорад, ки садҳо медалу унвонҳои қаҳрамонӣ дар навъҳои мухталифи варзиш дар сатҳи минтақаю кишвар дорад.  

Чӣ тавр ин ҷавон аз дори дастсохти падараш дар рустои куҳии Тоҷикистон тавонист дастболои мусобиқаҳои сатҳи кишвару байналмилалӣ шавад, чӣ гуна даст ёфт, ки маълумоти олиро дар хориҷ гирад, аз рӯи ихтисос фаъолият кунад, аммо варзишро низ канор нагузорад? Тафсилоти саргузашту нақшаҳои Ҷомӣ Абдураҳимзодаи 27-соларо дар матлаби halva.tj мутолиа кунед.

Шуғл ба варзиш бе мураббӣ, аммо бо шавқи зиёд

Ҷомӣ Абдураҳимзода аз синни 9-солагӣ ба варзиш машғул гардидааст. Аммо, на дар мактаби варзишӣ ва ё дар назди ягон мураббӣ, балки мустақилона ва дар як шароити начандон созгор тамринро оғоз кардааст.


“Вақте ки хурд будам, тамошои ҳар гуна филмҳои хориҷие, ки дар онҳо қаҳрамони филм бо қувваи худ чандин нафарро мағлуб мекард, ба ман илҳом мебахшид, то машқу тамрин кунам. Азбаски дар рустои куҳӣ зиндагӣ мекардаму ҳеҷ гуна шароити тамрин надоштам, аз падарам хоҳиш кардам, ки ба ман турник ва дигар таҷҳизоти тамрин омода кунад”, - ёд овард ҷавони тоҷик.

Ӯ зикр намуд, ки падар хоҳишашро пазируфту як утоқи манзили зистро ба “толори тамрин” мубаддал сохт.

“Ҳамин тавр, ман ҳамарӯза, медавидам, меҷаҳидам ва дар толори сохтаи падарам тамрин мекардам. Гарчанде ки ман мустақилона машқ мекардам ва аз нозукиҳои навъҳои варзиш огоҳ набудам, лекин дар чандин мусобиқаҳои варзишии маҳаллие, ки аз намуди гӯштини миллӣ баргузор мешуд, ғолиб мегардидам. Маҳз ҳамин ғолибият дар мусобиқаҳои маҳаллӣ буд, ки дили ман нисбати варзиш гармтар мешуд”, - нақл кард Абдураҳимзода.
Кӯч ба шаҳр бо мақсади идомаи тамрин

Қаҳрамони матлаби мо Ҷомӣ Абдураҳимзода пас аз чор соли таҳсилоти ибтидоӣ, аз деҳ ба шаҳр меравад ва идомаи таҳсилоти миёнаро дар шаҳр мегузаронад. Ӯ дар баробари таҳсил, дар яке аз толорҳои варзишӣ аз намуди гӯштини самбо машқ мекунад.

“Бо сабаби оне, ки дар деҳа мактаб аз хонаамон дар масофаи дур ҷойгир буд ва ягон толори варзишӣ набуд, волидонам маро ба шаҳр бурданд. Дар муддати 7 соле, ки дар шаҳр таҳсил кардам ва дар баробари таҳсил инчунин ба варзиш ҳам машғул шуда, ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардидам”, - мегӯяд Абдураҳимзода.

Мавсуф ду маротиба чемпиони Тоҷикистон дар риштаи самбо гардидааст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ ғайр аз гӯштини миллӣ ва самбо, аз намуди варзиши ҷиу-ҷитсу низ баромадҳои зиёд намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Инженер-механик ва ғолиби мусобиқаҳои варзишӣ

Ҷомӣ Абдураҳимзода пас аз хатми мактаби миёна соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Пенза дохил гардида, онро соли 2019 хатм мекунад ва дар баробари таҳсил тамринро аз рӯи варзиши ҳунарҳои размии омехта (ММА) идома медиҳад. Ҷомӣ дар давоми 9 соли зиндагӣ дар шаҳри Пензаи Русия 10 бор чемпиони шаҳр дар риштаи самбо гардидааст.


Ин варзишкори тоҷик то ҳол садҳо медалу сипоснома аз руи 4  намуд - гӯштини миллӣ, самбо, ҷиу-ҷитсу ва муҳорибаҳои омехта дошта, устоди варзиш дар намуди ҷиу-ҷитсу мебошад.

“Дар чемпионати Русия оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Қазон доир гардида буд, сазовори ҷои дуюм гардидам. Ман аз худ боварӣ доштам, ки дар ин мусобиқа ҷойи якумро соҳиб мегардам, вале мутаассифона ҳангоми муҳориба аз поям ҷароҳат бардоштам ва ҷои дуюм насибам гашт. Ғайр аз ин дар шаҳри Самара аз рӯи ҳунарҳои размии омехта ҳарифони худро шикаст дода, ҷойи авввалро соҳиб гардидам. Дар ин муҳориба варзишгарон аз 4 давлати Осиё ширкат доштанд”, - изҳор дошт Ҷомӣ.


Қаҳрамони матлаб айни ҳол бо зану фарзанди худ дар шаҳри Пенза зиндагӣ мекунад. Ӯ дар яке аз фабрикаҳои парандапарварӣ ба ҳайси инженер-механик кору фаъолият дорад. Ҳамарӯза пас аз кор ба обутоби бадан машғул мегардад. Нақша дорад, ки дар оянда мактаби варзишии худро кушода, ҷавонону наврасонро аз рӯи намудҳои варзишии самбо, муҳорибаҳои омехта (ММА) ва ҷиу-ҷитсу тамрин диҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед