Шавқ бошаду як ноутбук: Барномасози ҷавони тоҷик дар Русия роҳи соҳибкасб шуданро нишон дод
Нашр шуд
Шароити хубу донишгоҳ мутахассиси соҳибкасб тарбия намекунанд, агар талошҳои инфиродӣ набошанд. Бо доштани як ноутбук метавон барномасози хуб шуд, агар шавқ бошад, муътақид аст Зикрулло Амирӣ, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи Санкт-Петербург.
Амирӣ дар курсии донишҷӯӣ аллакай муаллифи даҳҳо барномаи компютерӣ аст, ки аз ҷолибтаринаш “ёвари овозӣ” мебошад ва дар назар дорад онро бо забони тоҷикӣ низ дастраси корбарон дар Тоҷикистон созад.
Вай дар суҳбат бо Halva.tj аз таҳсилу барномасозӣ ва талошҳояш барои додани ангезаи IT ба ҷавонони Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт.
Омӯзиши барномаҳои компютерӣ аз давраи мактабхонӣ
Зикрулло Амирӣ пас аз хатми мактаби миёна соли 2021 тариқи квота ба Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи Санкт-Петербург дохил шуд. Соли сеюм аст, ки дар риштаи барномасозӣ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, ки интихоби донишгоҳ ва ихтисос тасодуфӣ набуда, балки аз овони мактабхонӣ мехост, ки ба ҳамин донишгоҳ дохил шавад.
“Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна кӯшиш мекардам, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шароиту имконоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бохабар шавам. Ман дар миёни аксари донишгоҳҳои ҷустаам, таҳсил дар Донишгоҳи Санкт-Петербургро афзалтар донистам. Қаблан низ бо чанде аз донишҷӯёни ин донишгоҳ дар тамос мешудам. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин яке аз донишгоҳҳои беҳтарин дар соҳаи барномасозӣ мебошад”,-мегӯяд Зикрулло.
Зикрулло ҳануз аз давраи мактабхонӣ ба омӯзиши барномаҳои компютерӣ майлу рағбат пайдо кардааст.
“Вақте ки дар синфи 8 мехондам омӯзиши асосҳои компютериро мустақилона оғоз кардам. Устодам Наботов Беҳруз нозукиҳои техникии компютерӣ ва барномасозиро ба ман меомӯзонд. Ман мувофиқи фаҳмиши худ ҳар гуна барномаҳо месохтам. Барномасозиро аз омӯзиши алгоритм ва забони барномасозӣ оғоз кардам”, - гуфт Амирӣ.
Барномаи Sofi AI - гуфтугӯ бо корбарон
Зикрулло Амирӣ дар баробари таҳсил ба коркарди лоиҳаҳои нави барномасозӣ машғул аст. Корҳои мустақилонае, ки аз ҷониби Донишгоҳ дода мешавад, Зикруллоҳ ҳамроҳи ҳамсабақонаш онҳоро иҷро мекунад. Ҳоло, ӯ якчанд барнома омода кардааст, ки дар амалия татбиқ гардидааст. Яке аз барномаҳои Зикруллоҳ, ки бо корбар озодона суҳбат мекунад ва кори муштариёнро барои пайдо кардани дилхоҳ матолиб осон мегардонад, ин барномаи Sofi AI мебошад. Зикрулло Амирӣ ин барномаи худро “Ёрдамчии овозӣ” (Голосовой ассисент) низ ном мебарад.
“Мо дар Донишгоҳ ҳамроҳи ҳамкурсон якчанд барномаи муштарак омода кардаем. Аз ҳама барномаи писандидаи сохтаам, ин “Ёрдамчии овозӣ” мебошад. Тавассути ин барнома мо метавонем, ки компютерро идора кунем. Ҳоло барнома танҳо бо забони англисӣ кор мекунад, аммо мо нақша дорем, ки дар оянда ба барнома забони тоҷикиро низ илова кунем. Вале ин кор каме вақтро талаб мекунад. Инчунин дигар лоиҳаҳо низ дорем, ки ҳоло аз пайи амалӣ кардани онҳо ҳастем. Яке аз лоиҳаҳое, ки нақша дорем дар оянда мавриди амал қарор диҳем, ин аниқ кардани ҳиссиёти инсон аз рӯйи сурат, овоз, видео ва навиштани матн мебошад.
Ҳаловат аз барномасозӣ
Зикрулло Амирӣ барномасозиро дар баробари касб будан инчунин як шуғли асосии худ меҳисобад. Вақти зиёди худро ба омӯзиш ва коркарди барномаҳои компютерӣ мегузаронад. Кӯшиш мекунад, ки паҳлуҳои нави барномасозиро аз худ кунад. Зикрулло мегӯяд, ки барои барномасози хубу касбӣ шудан муҳим нест, ки бо тамоми шароиту имконот таъмин бошем, балки аз ҳама муҳим майлу рағбат ва шавқи беандоза доштан аст. Ба андешаи ӯ дар сурати доштани шавқу завқи зиёд, танҳо бо як ноутбук метавон барномасози хуб шуд.
“Барномасозӣ барои ман фаротар аз як касбу ихтисос аст. Ман дар Донишгоҳ аз рӯи ихтисоси “Барномасозӣ” таҳсил мекунам, вале кӯшишу заҳматам барои омӯхтани нозукиҳои барномасозӣ болотар аз супоришҳои устодон аст. Яъне он ҳама вазифаҳое, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ дода мешавад, ман аз он зиёдтар иҷро мекунам. Мутаассифона, имрӯз бархеҳо гумон мекунанд, ки донишгоҳ метавонад шахсро соҳибкасб кунад. Бале, дуруст аст, ки мо метавонем, тавассути донишгоҳ соҳиби диплом ва маълумоти олӣ гардем. Аммо ман гумон мекунам, ки бидуни заҳмату кӯшиши инфиродӣ ҳеҷ гоҳ кас наметавонад барномасози касбӣ гардад, ҳатто агар дар донишгоҳҳои бузургу пешқадам низ таҳсил кунад. Донишгоҳ танҳо василаи донишомӯзӣ аст. Боқӣ, ҳама аз худи шахс вобастагӣ дорад. Шахсан, ман то ба донишгоҳ омадан мустақилона забонҳои барномасозиро омӯхтам ва чандин барнома низ сохтам. То ба ҳол барномасозӣ мекунам ва аз кори худ ҳаловат мебарам”, - нақл кард Зикрулло.
Ин ҷавони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол аст ва ба обуначиҳояш дар бораи технология машварат медиҳад. Ӯ дар сафҳаи ютубӣ ва инстаграми хеш дар бораи барномасозӣ ва ҷанбаҳои гуногуни шабакаҳои интернетӣ маълумот медиҳад. Тавассути наворҳои ангезишии худ ҷавонону наврасонро ба омӯзиши техника ва технологияи навин даъват мекунад.
“Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан ютубу инстаграм пур аз наворҳои ғайриахлоқӣ ва бемазмун гардидааст. Ҳадафи видео гузоштани ман дар инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз дар он аст, ки ҷавонону наврасон бештар ба соҳаи IT (Information Technologi) рӯ биоранд. Зеро мо мебинем, ки мардум нисбати ин соҳа камтар таваҷҷуҳ доранд”,-мегӯяд Зикрулло.
Вай ҳамзамон варзишгар ва донандаи хуби забони англисӣ аст. Омӯзиши забони англисӣ ва тамрин яке аз машғулиятҳои ҳаррӯзаи ӯ дар баробари барномасозӣ мебошад. Ӯ нақша дорад, ки пас аз хатми донишгоҳ дар Тоҷикистон маркази омӯзишии IT (Information Technologi) таъсис дода, наврасону ҷавононро таълим диҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед