Ru  | Tj
Ҳаҷвнигори футболпараст. "Дар ин кор сарпараст дорем...”
Ҳаҷвнигори футболпараст. "Дар ин кор сарпараст дорем...”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҳаҷвнигори футболпараст. "Дар ин кор сарпараст дорем...”

Нашр шуд

Саъдӣ Исмоилов миёни мардум ҳамчун ҳаҷвнигори гурӯҳи “Арабшо” шинохта шудааст. Вале шояд на ҳама бидонанд, ки ӯ роҳбари Фан-клуби мухлисони футболи Тоҷикистон низ мебошад. Инчунин, ӯ замоне роҳбари мухлисони Тими мунтахаби футболи Афғонистон буд.


Вақтҳои охир ин ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ба пахши наворҳо аз ҳаёти шахсони эҳтиёҷманд дар “YouTube” машғул буда, ба ин тариқ ниёзҳои он ниёзмандонро бо роҳҳои гуногуне бароварда мегардонад ва аз ин рӯ, бо ин кори хайри хеш миёни мардум соҳиби иззат гардидааст. Мо бо Саъдӣ Исмоилов дар бораи фаъолияти ҳаҷвнигорӣ, блогерӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёту кораш суҳбат намудем.

Мухлисӣ бар пирӯзӣ


Саъдӣ Исмоилов аз хурдӣ ба варзиши футбол шавқу рағбати беандоза дошта, орзуи футболбоз шуданро дошт. Қариб дар тамоми мусобиқаҳои футбол иштирок карда, варзишгаронро дастгирӣ менамуд. Ҳамин тавр, бо тақозои замон ва амри тақдир ин кор ба шуғли доимӣ ва писандидаи ӯ табдил ёфт.

"Аз кӯдакӣ ошиқи футбол будам ва мехостам футболбоз шавам. Вале нахуст мухлиси футбол ва баъдан роҳбари мухлисони футбол гардидам. Аслан роҳбарии фан-клуби мухлисони футболи кишварро мо ду нафар бар уҳда дорем: ман ва Шуҳрат Шонов. Аз ин кор маош намегирам, аммо тӯли даҳ сол аст, ки онро бо шӯру шавқи беандоза иҷро мекунам", гуфт ҳамсуҳбати мо.

Саъдӣ Исмоилов ва Шуҳрат Шонов дар ҳамаи мусобиқаҳо тими мунтахаби кишварро ҳамроҳӣ намуда, бо дастгириҳои худ ба онон рӯҳия мебахшанд. Ҳамсуҳбати мо аз он хушҳол аст, ки ҳангоми сафарҳои хориҷа тавассути эълонҳо ва сабтҳои интернетӣ тоҷикони бурунмарзӣ хабардор шуда, барои дастгирии ҳамватанон ба майдонҳои варзишӣ ҳозир мешаванд.

Мухлисӣ ба Тими мунтахаби Афғонистон


Саъдӣ Исмоилов дар замони баргузории мусобиқаҳои Тими мунтахаби футболи Афғонистон роҳбарии мухлисони тими ин ҳамсоякишварро низ бар уҳда гирифта буд, ки аз тарафи мухсилони афғонистонӣ пазироии зиёд гардид. Ҳамин аст, ки ӯро дар Афғонистон низ мухлисони футбол мешиносанду нисбаташ эҳтиром доранд.

   "Аз сабаби нооромӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон бозиҳои тими мунтахаби ин кишвар дар мамлакати мо баргузор гардид, ки дар он мухлисони футболи Афғонистонро низ роҳбарӣ кардам. Маро онҳо хуб қабул карда ва баъди бозиҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ миннатдории беандозаи худро баён намуданд", мегӯяд Саъдӣ.

Нақше дар "Ғарибшо" ва таърихи ташкили "Арабшо"


Дар баробари дӯстдории футбол қаҳрамони мо дар дил оташаке дошт, ки ӯро ҳамеша ба самти ҳаҷвнигорӣ мекашид. Ин шуъларо дар қалби ӯ устоди ҳаҷви тоҷик Убайдулло Раҷабов ва ҳаҷвнигори номдор Бахтиёр Раҳимов бедор намуда буданд.

"Ман аз хурдӣ саҳнаҳои устод Убайдулло Раҷабов ва гурӯҳи "Ғарибшо"-ро тамошо мекардам. Ҳангоми мактабхонӣ дар озмуни "Хушдилон" аввалин бор бо иҷрои нақши “Ғарибшо” соҳиби ҷойи аввал шудам. Баъди он боварӣ ҳосил намудам, ки аз уҳдаи ин кор баромада метавонам. Сипас, соли 1997 дар озмуни ҳаҷвнигорони ҷавони "Телевизиони Тоҷикистон" низ сазовори ҷойи аввал шудам. Яке аз аъзоёни ҳакамони озмуни мазкур устод Марям Исоева буданд, ки ба баҳои он кас соҳиб гардидан бароям ифтихори бузург буд" - бо хушҳолӣ ба ёд меорад Саъдӣ Исмоилов.


Саъдӣ Исмоилов баъди хатми литсейи ноҳияи Ёвон ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) дохил шуда, дар соли аввали таҳсил бо як гурӯҳ ҳамкурсон гурӯҳи ҳаҷвии "Арабшо"-ро ташкил менамояд. Маҳорати баланди ҳаҷвнигории аъзоён сабаб шуда, ки гурӯҳи онҳо дар муддати кӯтоҳ дар майдони ҳаҷв мавқеи худро пайдо кунад. Ин гурӯҳи ҷавонон бо шӯру шавқи беандозаи ҳунарӣ саҳначаҳои ҳаҷвӣ омода карда, пешкаши мухлисон менамуданд.

"Гурӯҳи "Арабшо"-ро бо ҳамроҳии чанд тан аз ҳамкурсон ташкил намудем. Дар тӯли ин солҳо барои аз байн нарафтанаш талошҳои зиёде кардем, сарпарасте кофтем ва то тавонистем кӯшиш намудем, ки ба мардум як чизи нав ва ҷолибе пешкаш намоем.

Ҳар як ҳарфи калимаи "Арабшо" маънии худро дорад, ки он кӯтоҳшудаи ибораи "аз рӯзи аввал бо шӯхиҳо омадаем" мебошад. Айни ҳол саҳнаҳои ҳаҷвии Арабшо дар “YouTube” дар канали “Қурбон Негматов” пешкаши ҳаводорон гардонида мешавад", мегӯяд қаҳрамони мо.

Наворҳои “YouTube” ва орзуҳои дерина


Вақтҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла канали “Қурбон Негматов” пахши наворҳо аз ҳаёти шахсони эҳтиёҷманд зиёд гардид. Баъзеҳо бар он назаранд, ки аз сабаби он ки блогерон дигар наметавонанд, аз шабакаи “YouTube” маблағ ба даст оранд, роҳи дигари дарёфти даромадро пеш гирифтанд. Аммо қаҳрамони мо ин андешаро рад намуда, қайд кард, ки чунин наворҳоро танҳо барои савоб сабт кардаанд.

"Мо то ҳол аз ягон нафари муҳтоҷ, ки дар бораашон навор мекунем, пул нагирифтаем. Аслан мо пештар ҳам чунин наворҳоро кам-кам сабт мекардем ва аз моҳи шарифи Рамазон сар карда онро зиёдтар намудем. Дар ин кор сарпараст дорем, ки ба мо маош медиҳад. Мақсади мо аз ин кор танҳо савоб асту халос" - мегӯяд Саъдӣ Исмоилов.

Саъдӣ Исмоилов дар баробари ин машғулиятҳо дар яке аз шуъбаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси муовини аввал оид ба иншоотҳои варзишӣ низ фаъолият менамояд. Ӯ айни ҳол тамоми кӯшиши худро ба харҷ дода истодааст, ки дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ мисли дигар шахсони маъруф соҳиби "галочка" гардад. Ин орзуи деринаи ӯст ва худро ба он сазовор медонад. Дар ҳоли ҳозир саҳифаи ӯ дар инстаграм дорои 152 ҳазор ба истилоҳ муштарӣ аст.


Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед