Ru  | Tj
«Духтарам, ғубор худашро пок намекунад!» Ҷавондухтари зодаи Бурятия чӣ гуна дар кӯтоҳтарин фурсат дар “TikTok” машҳур шуд?
«Духтарам, ғубор худашро пок намекунад!» Ҷавондухтари зодаи Бурятия чӣ гуна дар кӯтоҳтарин фурсат дар “TikTok” машҳур шуд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Духтарам, ғубор худашро пок намекунад!» Ҷавондухтари зодаи Бурятия чӣ гуна дар кӯтоҳтарин фурсат дар “TikTok” машҳур шуд?

Нашр шуд

Боварӣ дорам, ки ҳар яки мо лоақал як бор дар зиндагӣ ин ибораҳоро аз волидайни худ шунидаем: “танбал, модарат ҳангоми ба дунё овардани ту мурду зинда шуд”, “ҳоло мебинам, ки ту чӣ кор карда истодаӣ”, “ман ҳам чизҳои зиёде мехоҳам”… ва ғайра.


Виктория Беляева, ки дар сомонаи иҷтимоии “TikTok” бо номи Вика Буза маъруф аст, бо наворҳои ҳаҷвии худ тамошобинонро мафтун кард.

Ин ҷавондухтар аввалин блогери миллионер аз Бурятия мебошад, ки наворҳои кӯтоҳро дар мавзӯи "модари маъмулӣ" наворбардорӣ кардааст


«Ман иштирокчии барномаи КВН будам. Як рӯз мо аз тамрин озод будему дар вақти холигӣ намедонистам, ки ба чӣ кор машғул шавам. Ҳамчунин, кайҳо боз нақша доштам, ки роликҳои кӯтоҳ сабт намоям ва дар ин самт як қатор идеяҳо низ доштам. Аммо росташро гӯям танбалӣ имкон намедод, ки ин нақшаҳоямро амалӣ намоям. Он рӯз тасмим гирифтам, ки навори кӯтоҳе сабт намоям ва телефонро гирифтаму ба ин кор оғоз кардам. Аслан чизи ҷиддие набуд, рафтори модарамро, ки чӣ гуна маро сарзаниш мекунад ва доду фарёд мезанад, тақлид намудам. Наворро танзим намуда, дар интернет гузоштам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки он ба ҳама писанд мешавад. Тамошобинон бароям навиштанд, ки наворам воқеан ҳаётӣ ва хеле хандаовар аст ва бинобар ин, ман бояд ин корро идома диҳам. Ҳамин гуна, ба сабт кардани наворҳои ҳаҷвӣ шурӯъ кардам», – мегӯяд ин ҷавондухтар дар яке аз мусоҳибаҳояш.


Қаҳрамони офаридаи Виктория ба корбарони “Instagram” ва “TikTok” хеле писанд омад ва аз ин рӯ, ӯ дар кӯтоҳтарин фурсат шӯҳрати беандоза ва мухлисони зиёд пайдо намуд.


«Медонед, ман дар як деҳаи хурдакаки Бурятия ба дунё омадаам ва ҳеҷ гоҳ гумон намекарам, ки рӯзе соҳиби чунин шӯҳрат ва маҳбубият мегардам. Аъзо шудани 10 ҳазор муштарӣ ба саҳифаам, бароям дастоварди бузург буд. Ҳоло шумораи обуначиён дар саҳифаам дар “Instagram” ва “TikTok” ба беш аз як миллион нафар расидааст. Ман инро ҳатто орзу ҳам намекардам ”- мегӯяд Виктория


Ҷавоҳироти ороишӣ: Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ умри ҷавоҳироти дастсозро дароз мекунанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед