Ru  | Tj
«Роҳкорҳои фарҳангӣ»: Тарроҳи ӯзбекистонӣ бо тарҳҳои замонавии худ Тошкандро тасхир кард
«Роҳкорҳои фарҳангӣ»: Тарроҳи ӯзбекистонӣ бо тарҳҳои замонавии худ Тошкандро тасхир кард
Аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Роҳкорҳои фарҳангӣ»: Тарроҳи ӯзбекистонӣ бо тарҳҳои замонавии худ Тошкандро тасхир кард

Нашр шуд

Тамоюли муд дар як ҷой намеистад, он ҳамеша дар ҳоли дигаргунист. Махсусан дар замони муосир, ки ҳар як тарроҳ кӯшиш мекунад дар тарҳҳои пешниҳоднамудаи худ рамзҳои фарҳангу тамаддуни миллии худро нишон диҳад.


Чанде пеш тамғаи J.Kim коллексияи нави худ - W21/22-ро баровард, ки тарҳҳои он инъикоскунандаи симои шаҳри Тошканд, зодгоҳи худи тарроҳ буда, коллексияи мазкур пурра ба ин шаҳр бахшида шудааст.


Женя Ким ошиқи тарҳҳои биноҳои ин шаҳр аст ва аз онҳо илҳом мегирад, махсусан аз биноҳое, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд. Масалан, тарҳи меҳмонхонаи «Ӯзбекистон 1974» дар тарроҳии ӯ инъикос гардидааст. 


Гузаштагони Женя аслан аз Корея мебошанд ва аз ин рӯ, дар корҳои эҷодии ӯ омезиши фарҳанги Осиё ва Шарқ дида мешавад. 


Ин ҷавондухтар аслан дар шаҳри Тошканд - пойтахти Ӯзбекистон ба дунё омада, чанд муддате ҳамроҳи аҳли оилааш дар Маскав низ зиндагӣ карда, дар ин ҷо мактаби рассомиро хатм кардааст. Баъдан ӯ Коллеҷи ҳунарҳои ороишӣ ва амалии ба номи Карл Фаберҷро хатм намудааст.


Женя аз фарҳангҳои кишварҳои Осиё илҳом гирифта, аз унсурҳои гуногуни либосҳои миллӣ истифода мекунад, аммо дар айни замон мӯди муосирро фаромӯш низ накардааст.


Зиндагии ҷолиби муаллифи “Уҳу-ҳу бачи нағз, буватонба баногоҳ келин даркор немӣ?”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед