Ru  | Tj
Зиндагии ҷолиби муаллифи “Уҳу-ҳу бачи нағз, буватонба баногоҳ келин даркор немӣ?”
Зиндагии ҷолиби муаллифи “Уҳу-ҳу бачи нағз, буватонба баногоҳ келин даркор немӣ?”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Зиндагии ҷолиби муаллифи “Уҳу-ҳу бачи нағз, буватонба баногоҳ келин даркор немӣ?”

Нашр шуд

“Уҳу-ҳу бачи нағз, буватонба баногоҳ келин даркор немӣ”. Соли гузашта ҳамин ҷумла дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ мисли вирус паҳн шуда буд, ки онро аз забони ҳамсуҳбати имрӯзаи мо, яке аз блогерони машҳуру муваффақи тоҷик Мадина Ҳалимова шунида будем. 

Мадина бо маънои томаш блогер аст. Дар сенариянависӣ ҳам худро озмуда истодааст. Ҳоло дар Русия қарор дорад ва бо блогерони дигар ҳамкорӣ мекунад. 

Halva.tj бо Мадина доир ба ҳаёти пасипардагӣ, махсусиятҳои блогингу блогер дар Тоҷикистону Русия, роҳҳои муваффақ шудан дар фазои маҷозӣ, ҷолибияти интернет ва имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат намуд. 

Аз омадан ба блогинг то масъулиятҳои оиладорӣ

- Аз ҳама хотираи ҷолибтарини давраи кӯдакиятон кадом аст?

- Шукри Худо кӯдакиам бо шарофати волидонам хеле рангин гузаштааст ва аз он бисёр хотираҳои аҷибу фаромӯшнашавандае ба ёд мондааст. Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр бибиям ба ман тарзи тайёр кардани хӯрокҳоро ёд медоданд. Ёдам ҳаст, ки дар синни 8-9-солагиям хамир мекардам. Ҳанӯз аз кӯдакӣ хӯроки миллии тоторӣ - чак-чакро низ омода карда метавонистам. Ҳамчунин, ёдам ҳаст, ки ҳаррӯз ба бозор назди бобои Тоҳир барои харидани яхмосу кукурӯз мерафтам... 

- Ҳаррӯз аз сари нав зиндагӣ мекунед ё зиндагиятон такрор мегузарад?

- Солҳои охир кӯшиш мекунам, қисми зиёди вақтамро бо аҳли оилаам гузаронам, зеро ба фикре ҳастам, ки ба онҳо бисёр чизҳоро нагуфтаам, барояшон бисёр корҳоро накардаам. Аз ҷониби дигар, мушоҳида мекунам, ки баъзе дӯстонам аз ман дур шудаанд ва ҳатто бо онҳо муносибат ҳам надорам. Ин ҳамаро ба назар гирифта, кӯшиш мекунам, ки ҳаррӯз аз сари нав зиндагӣ кунам.   

- Ба назари Шумо мо худамон ҳаётамонро месохта бошем ё аллакай тақдирамон пешакӣ кашида шудааст ва ҳар коре, ки мекунем дар доираи он бошад?

- Ман инсони боимон ва ба Худо бовар дорам. Мо наметавонем аз сарнавишти хеш, ки моро интизор аст, гурезем. Вале барои рафтан ба охират роҳамонро худамон месозем.

- Шумо кай ва чӣ тавр ба хулосае омадед, ки бояд блогер шавед?

- Аз кӯдакӣ мехостам, ки шахси ҷамъиятӣ бошам. Рақс мекардам, афсонаву ҳикояҳо мехондам ва инчунин ҳикояҳои худро низ эҷод мекардам. Бо гузашти солҳо ин пешаро дӯст дошта ва онро ба кори асосӣ ва муҳим табдил додам. 

- Ҳоло Шумо дар Русия ҳастед, сабаби рафтанатон чист ва оё боз ба Тоҷикистон бармегардед?

- Аз аввал мехостам, ки дар Маскав консерти С.ONE – ро (яке аз рэперони маъруфи тоҷик) гузаронам ва ба Тоҷикистон баргардам. Вале кори хуб пайдо шуду ин ҷо мондам.

- Мушоҳида мешавад, ки қисме аз блогерону рэперон ва ҳатто овозхонҳои Тоҷикистон дар Русия қарор доранд ва навгониҳои эҷодияшонро он ҷо давом дода истодаанд. Лутфан, бигӯед, ки сабаби Русия рафтани корбарони фаъоли фазои маҷозӣ чист: саёҳат, кор ё Тоҷикистон барои рушди онҳо шароит надорад?

- Шароит барои блогерон ва умуман нафароне, ки ба ин соҳа сари кор мегиранд, дар Русия бисёр хуб аст. Вале мо, ки ҳоло инҷоем маъноеро надорад, ки пурра омадаем. Танҳо мехоҳем, ки бо истифода аз имконоти бештар ва ҳамаҷониба дар соҳаи блогинг ба пешравиҳои зиёд ноил гардем.  

- Муносибати атрофиён ба Шумо ҳамчун блогер чӣ гуна аст?

- Аслан ман худро блогери пурра намеҳисобам ва дар ин соҳа самти муайяни худро надорам. Гоҳе дар “сериале” иштирок мекунам, гоҳе дар “вайне” ва гоҳи дигар дар роликҳои шабакаҳои иҷтимоӣ. Барои ҳамин, то ҳол танҳо аз атрофиён муносибати хуб дидаам ва ҳатто нафароне низ ҳастанд, ки барои ҳаматарафа муваффақ шуданам кӯмакам мекунанд. 

- Нақша надоред, ки самти коратонро иваз кунед?

- Ҳоло танҳо дар бораи ба таври касбӣ кор кардан дар соҳаи худамро фикр мекунам ва самти онро иваз карданӣ нестам. Вале агар Худо насиб кунаду оиладор шавам ва ин корам ба муҳити оиладорӣ халал расонад, пурра аз ин соҳа даст мекашам, зеро зан ҳастам ва аз ин рӯ, вазифаи аввалинам пойдорӣ ва нигоҳдории оила аст.

Аз “Instagram”-у “Tik Tok!” то ду гурӯҳи блогерон

- Шумо ҳам дар “Instagram” ва ҳам дар “Tik Tok” саҳифа доред, бигӯед, ки ба кадоме аз инҳо вақтатонро зиёдтар сарф мекунед? 

-  Бароям дар “Instagram”  кор кардан осонтар аст. Яъне вақти зиёдам дар “Instagram” мегузарад ва ҳама даромадам аз инҷост.

- Рекламаҳоро дар “Instagram” ва “Tik Tok” чӣ гуна қабул мекунед?

- Ман дар аслан хеле кам реклама қабул мекунам ва одатан нафароне, ки аз ман реклама харидан мехоҳанд, дар “Instagram” менависанд.

- Блогерӣ чӣ бадӣ ва хубӣ дорад? 

- Тарафи мусбати блогерӣ он аст, ки ҳар нафар метавонад ҳатто бо як телефон дар хона нишаста, пули хуб ба даст орад. Тарафи манфӣ он аст, ки барои духтарон одами оммавӣ будан мушкил аст.

- Бо блогерӣ дар Тоҷикистон зиндагии хуб доштан мумкин аст?

- Агар блогер маҳсули эҷоди хубу босифат ва обуначиҳои “зинда” дошта бошад, албатта метавонад аз ҳисоби блогинг зиндагии шоиста эҷод кунад.

- Шумо ҳоло метавонед аз ҳисоби блогериятон мошин ё хона бихаред?

- Ҳоло не. Вале аз он ки ба волидонам ёрӣ мерасонам, бароям аллакай муваффақияти калон аст.

- Баҳои Шумо ба блогинг дар Тоҷикистон?

 - Агар меъёри баҳодиҳӣ 10 бошад, пас баҳои ман 7 аст.

- Барои сохтани контент чӣ лозим?

- Илҳом ва боварӣ. Ҳатто боварии як нафар ҳам метавонад ба созандаи навори интернетӣ тавоноӣ ва қувват бахшад. 

- Шумо сенарист доред?

- Худ сенария менависам ва иловатан барои наворҳо ва намоҳангҳои дигарон низ. Дар ҳоли ҳозир бо ситораҳои рус дар чанд лоиҳа ҳамкорӣ карда истодаам. Инчунин, сенарияи сериали кӯтоҳеро ҳам навишта истодаам.

- Барои омода кардани як навор чанд сомонӣ сарф мекунед?

- Қисми зиёди роликҳои мо бидуни сарфи маблағ омода мешаванд ва бисёртар дар банду басту таҳияи онҳо “Babayans Production” кӯмак мекунад.

- Дар хориҷа, дар мисоли Русия хонаҳои махсус ҳастанд, ки онҳоро хонаҳои “TikTok” мегӯянд. Дар он хонаҳо продюсерон бачаҳоро ҷамъ карда ва барои комёбӣ дар блогинг гурӯҳӣ кор мекунанд. Дар мо ҳоло чунин гурӯҳҳо нест. Оё имкони ташкил кардани чунин макон вуҷуд дорад?

- Будани хонаҳои махсус барои блогерон дар Тоҷикистон ҳамеша бар нафъи блогерон аст, зеро дар кори якҷоя таҷрибаҳо тақсим карда мешаванд. Умед мебандам, ки дар Тоҷикистон низ чунин хонаҳо ташкил мешаванд ва ба назарам ин корро блогери муваффақ Илҳом Фозилов ташкил карда метавонад.

- Шумо шарҳҳои зери видеоҳову суратҳоятонро мехонед?

- Бале, ман шарҳҳоро мехонам ва кӯшиш мекунам ба онҳое, ки суханони хуб гуфтаанд, ҷавоб гардонам.

- Ба фикри Шумо блогерони пешқадами Тоҷикистон киҳоянд?

- Ҳоло мо ду гурӯҳи блогеронро дорем, ки қисме дар Тоҷикистон ва қисме дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Масалан, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон Рафаел Гулов, Илҳом Фозилов, Дия, Барон ва Собиров фаъолияти пурсамар доранд. Дар Русия бошад Бабаянс, Айзик, Ҷонон, Ғолибшоу, Рӯзиева ва Сумиш фаъоланд. 

Дуо, тавба ва бахшиш

- Мо медонем, ки умрамон кӯтоҳ аст. Пас чаро бисёр корҳоеро анҷом медиҳем, ки намехоҳем ё корҳои мехостаамонро намекунем?

- Ба ин савол ҷавоби дақиқ надорам, зеро бисёр корҳои мехостаамро нотамом мегузорам.

- Агар имкон мешуд, ки як проблемаи глобалиро ҳал кунед, кадом мушкилро бартараф мекардед?

- Ҳайвонотро аз азоб раҳо мекардам. Ман ба боғи ҳайвонот рафтанро дӯст намедорам, зеро ба фикре ҳастам, ки ё ба ҳайвонҳо шароити хуб муҳайё карда шавад ва ё онҳоро аз панҷара озод кунанд. 

- Кадом корҳоро ҳамарӯза такрор мекунед?

- Ҳамарӯза ба кор дер мекунам ва ин табобатнашаванда аст.

- Чӣ одатҳои бад доред?

- Дер хоб мераваму дер аз хоб мехезам.

- Хобе дидаед, ки умуман фаромӯш нашуда бошад?

- Бале, ин даҳшат буд. Ҳарчанд мехоҳам, вале он хобро фаромӯш карда наметавонам.

- Мехоҳед намиранда бошед?

- Не, ҳеҷ гоҳ. Зеро ин маъноеро дорад, ки ман ҳама наздиконамро ба дунёи абадӣ гусел мекунаму азоби дурӣ аз онҳоро мекашам.

- Ба фикратон миссияи Шумо дар ин дунё чист?

-  Ба атрофиёнам меҳру муҳаббат ва хурсандӣ доданро миссияи аслии зиндагиям меҳисобам.

- Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти Шумо бошад, чӣ кор мекунед?

- Дуо мекунам, тавба мекунам ва аз ҳама узр мепурсам.

Дӯстдори чойи сиёҳ

- Зебоӣ ё доноӣ?

- Доноӣ, зеро мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки зебоиро харида мешавад.

- Маоши зиёду кори дилгиркунанда ё кори ба дилу маоши кам?

- Ман кори дилгиркунанда бо маоши баланд доштам, вале зиёд кор карда натавонистам.

- Истироҳат дар фазои кушод ё “вечеринка” дар клуб?

- Истироҳат дар фазои кушод.

- Қаҳва ё чой?

- Қаҳваро дӯст намедорам. Беҳтараш чойи сиёҳи бешакар бошад. 

- Китоб ё филм?

- Сараввал дидани филм, пасон хондани китоб ва таҳлил кардан.

- “Instagram” ё “TikTok”?

-  “Instagram”.

- “Korleone” ё “C.ONE”

- Ҳарду.

- “Azikvine” ё “Golibshow”

- Ҳарду 

- “Rafael Gulov” ё “Fozilov”

- Ҳарду. 

- Раҳмат барои суҳбат.

– Саломат бошед.


Қиссаи намоҳанги нави Моргенштерн ва пайдо шудани Абдурозиқ дар он

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед