Ru  | Tj
Аҷиб Ҷамол: "Маънии зиндагӣ бароям озодии хирадмеҳвар аст"
Аҷиб Ҷамол: "Маънии зиндагӣ бароям озодии хирадмеҳвар аст"
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Аҷиб Ҷамол: "Маънии зиндагӣ бароям озодии хирадмеҳвар аст"

Нашр шуд

Ҷавоне бо кулворе пур аз илму дониш ва ақлу заковат, дӯстдори каломи бадеъ, гӯяндаи шеъри саршор аз меҳри Ватан, ишқи ёру диёр, дарду рози халқ, ки ашъораш бо ҳаёт ва зиндагии авоми одӣ дар тавъаманд, Наҷиб Ҷамол аст. Ӯ донандаи хуби забонҳои русиву англисӣ ва арабӣ, инчунин, поягузори сераъзотарин гурӯҳи илмӣ - адабии "Башанд китобен", яъне "Китобҳои хуб" дар сомонаи иҷтимоии “FACEBOOK” ва “TELEGRAM”, муассиси маркази забономӯзии “TASMIM ENGLISH ACADEMY",  зодаи водии Хуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсилоти ибтидоиро дар ҳамин рустои дурдаст гирифтааст. Хатмкардаи факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Наҷиб Ҷамол аз даврони тифливу донишҷӯӣ, фаъолияти эҷодӣ ва омӯзгории худро дар Русия ва  таъсису фаъолияти гурӯҳи серистеъмоли "Башанд Китобен" дар фазои фейсбукӣ ба хонандаи мо қисса менамояд.

-  Наҷиб ва ё Аҷиб? Мо шуморо ҳамчун Наҷиб мешинохтем, вале якбора Наҷиб Аҷиб шуд? Чӣ асроре дар иваз шудани номатон ҳаст, ки мо намедонем?

- Волидонам маро дар кӯдакӣ Наҷибулло ном ниҳодаанд. Дар русто ва мактаби деҳкадаамон бисёртар маро бо исми Наҷиб мешинохтанд. Танҳо аз ду - се муаллими мактаб шакли пурраи исмамро мешунидаму халос. Вале вожаи Аҷиб, дар кӯдакӣ аз забони модарбузурги шодравонам борҳову борҳо садо медод. Ҳар кореро, ки бошуурона анҷом медодам ё ягон амали муфиди ғайриодӣ аз тарафи ман иҷро мешуд ва ё гоҳо аз модарбузургам перомуни таърих ва фарҳанги бостонии аҷдодонамон суоле мепурсидам, барои он кас суолҳоям ғайричашмдошт садо медоданд, барои ҳамин, ҳамеша маро Наҷиб неву Аҷиб мегуфтанд. Баъдан, чун дар вуҷудам истеъдоди шоирӣ пайдо шуд, он гоҳ аз тарафи дӯстон ва баъзе устодони донишгоҳ бароям ҳар гуна тахаллус пешниҳод мешуд. Вале ба хулосае омадам, ки набояд номи дурударозро барои худ интихоб намоям. Чун ниёз ба тахаллуси дурудароз набуд. Ногоҳ андешае ба сарам омад, ки чаро ман вожаи "аҷиб" - ро ба унвони тахаллуси шоирӣ интихоб нанамоям? Ҳамин тавр, шеърҳоямро бо имзои Аҷиб иншо менамоям.

- Наҷиб як ҷавони фаъоли ҷамъиятӣ ва фазои иҷтимоиед, махсусан гурӯҳи "Башанд китобен", ки сераъзотарин гурӯҳи фейсбукӣ ва ҳам телеграммӣ маҳсуб меёбад, шуморо дар фазои маҷозӣ машҳур кард. Хонандаи огоҳ аз шаҳди ин гурӯҳ ба қавле ком ширин мекунад ва олами маънӣ мебардорад. Кай ин гурӯҳи маърифатӣ ва илмиву адабиро таъсис додед, пешниҳод аз ҷониби кӣ буд, гурӯҳ чанд сол фаъолият дорад  ва чӣ гуна ин ҳама китобҳоро дар шакли электронӣ дастраси истифодабарандагон мекунед?

- Гурӯҳи “Башанд китобен” таърихи қариб даҳсола дорад. Замоне ки  донишҷӯ будам, бо донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили китобхониро ташкил дода будем. Ҳадафи мо китобҳои хубро хондан ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор додан буд. Инчунин, мехостем, диққати ҳар як донишҷӯи китобдӯстро ба маҳфили мазкур ҷалб намоем. Рафта - рафта доираи маҳфили мо то андозае васеъ гардида буд, ки дар хобгоҳи донишгоҳ маконе барои баргузории он пайдо намешуд. Ҳамин тавр, гоҳе дар осорхонаи устод Садриддин Айнӣ маҳфилро баргузор мекардем. Дар фаслҳои гармо бошад, маҳфилҳоро дар мавзеи зебоманзари Лучоб, дар рӯбарӯи оромгоҳи бузургони илму адаб мегузарондем. Пас аз хатми донишгоҳ маҳфили "Башанд китобен" як муддат аз фаъолият боз монда буд, зеро аъзоёни он дар чаҳор сӯйи олам пароканда гардиданд. 

Яке дар Амрико, дигаре дар Конодо савумаш бошад, дар Арупову дигар қисматҳои олам. Имрӯз маҳз ҳамон аъзоёни маҳфил ҳар яке дар соҳаҳои худ муваффақтарин нафарон ба шумор мераванд. Чун ҷаҳон тағйир ёфт, технология ва имкони дастрасӣ ба ҷаҳони интернет низ беш аз пеш меафзуд. Баъдан, мо ағлаби аъзоёни маҳфил дубора хостем ин маҳфилро ҷоннок созем. Ин бор тамаркузи мо бар пайдо ва дастрас намудани китобҳои нодир барои хонандагон буд. Ҳар як аъзо муваззаф ба фаъолияти хеш шуда, яке китобро рӯнавис (скан) мекард, дигаре китобҳоро ёфта мехарид ва савумӣ бошад, аз китобхонаҳои машҳури олам дидан намуда, асарҳои лозимиро аксбардорӣ карда, бароямон мефиристод. Аз он ҷумла, аъзоёне дорем, ки ҳатто аз китобхонаҳои Кембриҷ ва Оксфорд низ китобҳои нодирро пайдо карданд ва мо дар ҳамдастӣ китобҳоро дастраси хонандагони китобдӯст гардондем. Ҳар кас вазифаи мутобиқи вазъу шароиташро бар дӯш мегирифт. Ҳадаф танҳо таблиғи оини китобхонӣ буду ҳаст, зеро китоб ягона манбаест, ки метавонад таъриху урфу одати миллатҳоро аз вартаи нобудӣ ҳифз намояд. 

- Ба ҷуз оне ки шуморо ҳамчун як сарпарасти гурӯҳи маърифатӣ мешиносем, аз истеъдоди шеъргӯиву шеърнависии шумо ҳам то андозае огоҳем. Мегуфтед аз кай боз ба гуфтани шеър машғулед?

- Дар кӯдакӣ шавқу рағбати ман нисбати фанҳои ҷуғрофиё, таърих ва адабиёт бештар буд, вале адабиёт дар дилам ҷойгоҳи махсус дошт. Дар хонаводае ба воя расидам, ки дар он ҳамеша аз осори Носири Хусрав, “Шоҳнома"-и Фирдавсӣ сухан мерафт. Шояд таъсири чунин фазо дар вуҷуди банда шавқи шеъру шоириро дучанд гардонд. Дар кӯдакӣ шеър наменавиштам, вале хотираи қавӣ доштам, шеърро зуд ҳифз мекардам. Хусусан, қасидаҳои Носири Хусрав ва абёти “Шоҳнома"-и Фирдавсиро бисёр меписандидам. Шеърҳои нахустинам дар синни ҳаждаҳсолагӣ иншо шуда буданд. Вақте ки аз зодгоҳам дур афтодам, пазмони дидани пайвандону наздикон мешудам ва шавқи дидори ёру диёр дар дилам тӯғён мезад, илҳомам боло мегирифт. Ҳамин тавр, эҳсосотамро ба василаи шеър рӯйи қоғаз меовардам. Тобистон, ки мешуд, шеърҳоямро аз шаҳр бо худ ҳамчун дастовез барои модарбузург ва наздикону пайвандонам мебурдам.

- Шеърҳоятон бештар ба забони помирӣ, тоҷикӣ ва англисӣ иншо шудаанд. Бо се забон бароятон шеър гуфтан душвор нест?

- Оре, шеърҳоямро бо се забон иншо менамоям. Забони модариям забони помирӣ - рӯшонии шеваи хуфӣ аст. Вале бо забони форсӣ ва англисӣ низ хуб ошно ҳастам, ки ин ду забонро дар баробари забони модариям дӯст медорам. Навиштани шеър низ бароям бо ин  забонҳо душвор нест, зеро ман бо ҳарсе забон озодона ҳарф мезанам ва бо тамоми нозукиҳояшон ошно ҳастам. Бештари дӯстонам низ гуногунзабон ҳастанд. 

- Мазмуни шеърҳоятон дар васфи оламу одам, ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, ҳақиқату адолат ва масъалаҳои доғи рӯз буда, бешак, аз ашъори бештари шоирони ҷавон фарқкунандаанд, хонандаи огоҳро ба андеша намудан водор месозанд. Мегуфтед, ки ин ҳама илҳом дар вуҷуди шумо аз куҷо маншаъ мегирад?

- Аслан, ҳар шеъре, ки дар табъи ман офарида мешавад, решаву маншааш рӯйдодҳову ҳаводиси муҳит ва рӯзгори ҳаррӯзаи мост. Он чизеро, ки мебинам, менависам ва рисолати нахустини шоир низ он аст, ки бояд фарзанди даври хеш бошад. Бо халқ бошад ва аз они халқ бошад.

-  Ба андешаи Аҷиб шеър чист ва шоир кист?

- Суоли бисёр ҳам дилписанд. Мехостам ба суоли мазкур аз забони ду шоири бузурги олам Маликушшуарои Баҳор ва Сергей Есенин посух бигӯям.

Маликушшуарои Баҳор менависад:

Шеър донӣ чист? Марвориде аз дарёи ақл,

Шоир, он афсунгаре к-ин турфа марворид суфт.

Санъати саҷъу қавофӣ ҳаст назму нест шеър,

Эй басо нозим, ки назмаш нест илло ҳарфи муфт».

Есенин бошад, чунин гуфтааст:

Гар ба ҳукми ҳаёт бишморӣ,

Шоирӣ чист, шоиро донӣ?

Боядат дил кунӣ дусад пора,

То дили мардумон шукуфонӣ...»

Банда низ бо абёти дар боло зикргардидаи ин бузургон ҳамандешаам.

- Аз мушоҳидаҳои шахсиам дар саҳифаи фейсбукии шумо чанд шеъре дар васфи модарбузургатон Ҷамол коштаед ва ҳам хеле самимона эҷод шудаанд. Чанд ҷое зери шеърҳоятон аз маҷмӯаи ашъори "Ба модарбузургам" ишора намудаед. Мегуфтед,  модарбузургатон, ки ин қадар зиёд дар васфаш менависед, дар рушди олами маънавӣ ва дунявии шумо чӣ саҳме доштанд?

- Бале, ашъори ба модарбузург бахшидашудаам хеле зиёданд ва боз ҳам дар ҳоли эъҷод қарор доранд. Аллакай, як маҷмӯаро ташкил медиҳанд, ки банда онро «Ба модарбузургам» номгузорӣ кардам.  Модарбузургам дар ҳаёти банда нақши бузург доранд. Модарбузургу падарбузургам тарбияи маро бар ӯҳдаи хеш гирифтанд. Вақте ки чаҳорсола будам, падарбузургам аз дунё даргузашт. Баъдан, тарбияи маро модарбузурги шодравонам куллан бар дӯши худ гирифта буд, нахустин қадам, нахустин ҳарф ва нахустин сабақи ҳаётро бароям  ёд дода буд. Маро ҳамеша ба китобхонӣ ташвиқ мекард, шавқи забономӯзиро дар дилам эҳё намуд. Модарбузургам шахсе буд, ки дубайтиву рубоӣ, қасидаву ғазал ва маснавию фардро бисёр аз ёд медонист. Зарбулмасал, афсона, қисса ва мақолу ҳикмати халқиро ҳамеша дар суханонаш истифода мекард. Ҳоло бар он андешаам, ки маҳз ҳамон ҳикматпарастӣ ва маърифатпарварии модарбузургам тавонист дар дилам шуълаи илму ҳунарро фурӯзон гардонад. 

- Чаро маҷмӯаи шеърҳоятонро то ҳол ба шакли китоб пешкаши хонандагон накардаед?  

- Шеъҳоям, ҳоло, танҳо дар маҷаллаҳо чоп шудаанд ва дар  баъзе китобҳо дар ҳамҷоягӣ бо ашъори шоирони дигар низ нашр шудаанд. Вале, ба таври як китоби пурра ашъорам ҳоло рӯи чоп наомадааст. Борҳо аз ҷониби устодон пешниҳодҳо буданд, вале чун аз Ватан дурем, имкони нишастану суҳбат кардан бо ноширони китоб пайдо нашудааст. Бинобар ҳамин, нашри маҷмӯаи ашъорам каме ба таъхир афтодааст.

Барои хонандагон ва дӯстдорони каломи бадеъ навиди тозае дорам, ки асари нави банда дар ҳоли эҷод қарор дорад ва дар ояндаи наздик пешниҳоди хонандагон мегардад. 

- Дур аз Ватан дар мусофират ба ҷуз машқи шеър ба чӣ корҳо машғулед ва дар зимн бо кадом забонҳо озодона ҳарф мезанед?

- Ҳоло берун аз Тоҷикистон дар Русия қарор дорам. Ба тарҷумонӣ ва тадриси забони англисӣ машғулам, соли 2020 маркази забономӯзии "TASMIM ENGLISH ACADEMY"- ро барои дӯстдорони забони англисӣ таъсис додем. Ҳоло бошад, аз сабаби пешгирии паҳншавии бемории Covid - 19, маркази забономӯзии мо танҳо дар шакли маҷозӣ (онлайн) фаъолият дорад. 

Бо забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанам, инчунин бо забони арабӣ низ дар сатҳи гуфтугӯӣ суҳбат мекунам, дар ояндаи наздик нақша дорам, ки бо забони арабӣ низ, озодона дар сатҳи академӣ сухан гӯям.

- Инсон бо хотира зинда аст. Чӣ хотироти рангине  дар майнаатон нақш баста, ки фаромӯш карданаш имкон надорад? 

- Замоне ки донишҷӯ будам... Даврони донишҷӯӣ худ саросар хотирот аст. Ҳар замоне ки аз айёми донишҷӯии хеш ёдоварӣ намоям, ҳатман дар фазои хотираам он лаҳзаи фаромӯшнашаванда чарх мезанад ва ҳоло бароятон қисса хоҳам кард:

Донишҷӯи соли савум будам. Баъди супоридани имтиҳонҳо ҳамаи китобу дафтарҳоямро дар хобгоҳ, дар утоқе, ки зиндагӣ мекардам, ҷобаҷо намуда, ҷониби зодгоҳ раҳсипор шудам. Ҳамроҳи китобҳоям дафтарчае низ доштам, ки шеърҳоямро дар он менавиштам. Чун таътили тобистона ба охир расид ва мавсими таҳсил фаро расида буд, ман низ аз зодгоҳ  дубора ҷониби шаҳр баргаштам. Ба хобгоҳ барои гирифтани китобу дафтарҳоям рафтам, вале чун вориди ҳуҷраи худ гаштам, дидам, ки дар ҳуҷраамон, аллакай, донишҷӯёни дигар зиндагӣ доранд. Аз китобҳоям бошад, дараке нест… Аз ҳама бештар мехостам дафтарчаи ашъорамро пайдо намоям, вале мутаассифона, натавонистам онро пайдо кунам. Гарчанде як дафтарчаи хурд  буд, вале то ҳол гумон мебарам, ки беҳтарин шеърҳоям дар ҳамон дафтарча нигошта шуда буданд. Баъзе шеърҳоро дубора тавонистам ба ёд оварам ва рӯнавис кунам, аммо аз баъзе шеърҳо, танҳо мавзуъашон дар хотирам боқӣ монду халос. Гоҳе чунон ба ёди дафтарчаи ашъорам меафтам, ки ҳатто  шабҳо низ ба хобҳои ширинам тавъам мегардад.

- Маънии зиндагиро Аҷиб дар чӣ мебинад?

- Бароям аз ҳама чизи муқаддас ҳамеша озодӣ буду ҳасту хоҳад монд. Озодии сухан, озодии афкор, озодии амал, вале ҳамаи ин озодиҳо бароям дар доираи хирад муқаддасанд. Бинобар ин, маънии зиндагӣ бароям озодии хирадмеҳвар аст.

-  Хушбахтӣ аз нигоҳи як ҷавони озодандеш?

- Хушбахтиро ҳар кас дар ҳар чизе мебинад. Вале мехостам назари шахсии худро перомуни суоли шумо иброз намоям. Хушбахтӣ аз нигоҳи ман чунин аст. Аз ҳикмати гузаштагон панд омӯхтан, имрӯзи худро озодандешона сохтан ва аз худ барои ояндагон номи нек боқӣ гузоштан.

- Андешаи шумо нисбат ба ҷавонони ҳамсинну сол ва хурдтар аз худи шумо чӣ гуна аст?

- Нисбати ҷавонон андешаам мусбат аст. Зеро имрӯз дар аксари соҳаҳо ҷавонон тавонистаанд бо истеъдоди нотакрори худ халқу миллаташонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо сари баланд муаррифӣ намоянд. Қудрат ва шавқу мароқи ҷавонон то андозае қавӣ ва заволнопазир ҳам аст. Роберт Люис, нависандаи машҳури Шотландия дар ин бобат суханони хуб гуфтааст. Ӯ мегӯяд: «Инсони ҷавон ҳамвора эҳсос мекунад, ки дунё ҳама вақт барояш кӯчак аст».

- Ба насли ҷавон чӣ гуфтаниҳо доред?

- Барои насли ҷавон дар ҳама гуна ҷодаҳо бедорӣ орзумандам. Бигзор виҷдону имону ҳувияташон ҳамеша бедор бошад... Ва набояд фаромӯш кунанд, ки сарманшаи ҳама гуна бедорӣ китоб ҳасту китоб ҳасту китоб!

- Аз суҳбат бо Шумо шодем. Сарбаланд бошед!


“Хостан тавонистан аст”. Рубоба бидуни дасту по рассоми байналмилалӣ шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед