Ru  | Tj
Асосгузори стрип-пластика дар Тоҷикистон. Кӣ ба бонувон рақси стрип-пластикаро меомӯзонад?
Асосгузори стрип-пластика дар Тоҷикистон. Кӣ ба бонувон рақси стрип-пластикаро меомӯзонад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Асосгузори стрип-пластика дар Тоҷикистон. Кӣ ба бонувон рақси стрип-пластикаро меомӯзонад?

Нашр шуд

Муддати 11 сол аст, ки Максим Александров аз рақсҳои гуногуни аврупоӣ ва стрип-пластика машғулиятҳои амалӣ мегузаронад. Ӯ аввалин нафарест, ки ба рақси намуди стрип-пластика дар Тоҷикистон асос гузошт. Ба машғулиятҳои амалии ӯ одатан духтарону занони аз 25 то 65-сола иштирок мекунанд. Онҳо бо муаммоҳои гуногун ба мураббии худ муроҷиат мекунанд ва Макс низ аз паси ҳалли муаммоҳои занон мешавад.

«Нахуст танҳо аз рақсҳои латина, зумба, рақсҳои шарқӣ машғулият мегузаронидам. Рӯзе яке аз шогирдам навори рақси стрип-пластикаро ба ман нишон дод. Худ ба худ гуфтам, ки наход ман ин навъи рақсро азхуд карда натавонам. Аз ҳамон рӯз ба омӯзиши стрип-пластика тариқи наворҳои интернетӣ пардохтам. Албатта, солҳои пеш муҳтаво ва наворҳои омӯзишӣ доир ба ин рақси варзишӣ хеле кам буд, вале ман, ки устоди рақс ҳастам, фаҳмидани ҳаракатҳои мувофиқ мушкилӣ эҷод накард», - ёд меорад Максим.

Бо иштирок дар машғулиятҳои ин навъи рақс ба ду ҳадаф: харобшавӣ ва омӯхтани рақс даст ёфтан мумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, бештари духтарон бо норизоиятии зиёд худро танқид мекунанд. Нисбати худ муҳаббат надоранд. Албатта дар ин ҳолат ба онҳо стрип кумак мерасонад, зеро услуб ва ҳаракатҳои ин рақс на танҳо ба тани ҳаракаткунанда, балки ба фаъолияти солими майнаи сар низ ёрӣ мерасонад.


Бонувон аслан барои нигоҳ доштани мавзунии қомат, дур шудан аз феълу атвори мардона ва оромиши ҳолати рӯҳии худ бо стрип-пластика машғул мешаванд. Бархе пеш аз омадан ба толори рақсии стрип-пластика мешарманд ё аз чизе меҳаросанд. Вақте ба гурӯҳ мепайванданд ва мебинанд, ки дигарон озод рақсида истодаанд, ҳаяҷонашон гум мешавад. Албатта ҳар кас агар бо завқу хоҳиш бирақсад, тан ҳам ба ӯ итоат мекунад.

Стрип-пластика синну солро намешиносад. Ҳар кас новобаста аз синну солу ҷинсият метавонад ба он машғул шавад, хоҳ аз рӯйи ҳавас ва ё хоҳ барои саломатӣ.

«Ман аввал ба ҳар як нафари хоҳишманд пешниҳод мекунам, ки пеш аз ба омӯшиш дохил шудан аввал як бор ҳамроҳи дигарон рақс намояд. Агар стрип-пластика барои ӯ душвор бошад, бигзор дар курси рақси шарқона машғул шавад. Ман барои навомӯзон курсҳои гуногуни худро пешниҳод карда метавонам. Зеро стрип-пластика тани хамшавандаю эластикиро талаб мекунад», - чунин шарҳ дод мураббии рақс Максим Александров.

Ба машғулиятҳои стрип-пластика айни замон танҳо сокинони шаҳри Душанбе рафта метавонанд, зеро дар дигар шаҳру ноҳияҳо мураббиёни ин навъи рақс мавҷуд нестанд. Ин рақс албатта ҳоло дар кишвари мо маъруф нест, аз ин рӯ умед аст, ки нафароне монанди Максим дар музофотҳо низ пайдо мешаванд.


АЗ БАРНОМАСОЗӢ БА РАҚС

Максим ҳеч гоҳ фикр надошт, ки дар оянда раққос мешавад. Ӯ дар риштаи барномасозии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таҳсил мекард. Дар баробари таҳсил ба узвияти студияи вокалӣ-рақсии «ВЭСТ»-и назди донишгоҳ қабул шуда, дар маҳфилҳои фарҳангии ҷавонон иштирок мекард. Аввалин рақси иҷрокардаи ӯ рақси африқоӣ бо истифода аз ҳаракатҳои рақсҳои навъи ҳип-ҳоп, дэнс ҳолл ва ритми африқоӣ буд. Ҳамин тавр, ҳангоми таҳсил дар зинаи дуюми донишгоҳ пеши худ мақсад гузошт, ки раққос мешавад ва бо хоҳиши худ аз донишгоҳ хориҷ шуд. Минбаъд Макс дар саҳнаи ҳунар бо тамоми шӯру шавқи вуҷудаш мерақсид. Вале модари ӯ аз интихоби писари худ норизо буд. Ин норизоият то ҷое омад, ки Макс баъд аз муноқиша бо модар аз хона баромада рафт.

«Падарам дар овони тифлии ман аз олам даргузашт. Модарам се фарзанди худро танҳо калон кард. Ҳатто шабҳое мешуд, нахобида дарз медӯхт, то рӯзгорро таъмин намояд. Ҳоло фаҳмида истодаам, ки чаро ҳамон солҳо модарам аз шуғли ман норизо буд. Чунки ман фақат аз рӯйи завқи худ мерақсидам, маош намегирифтам аз ин кор.

Баъд аз низоъ бо модар пеши худ мақсад гузоштам, ки исбот менамоям аз рӯйи ҳунари раққосӣ низ зиндагиро пеш бурдан мумкин аст. Тавре шуд, ки кор ҳам наҷустам. Маро ба толори тамрин ҳамчун мураббии фитнес ба кор даъват намуданд», - мегӯяд раққоси ҷавон.


Максим баъдтар барои аз рӯйи худ кор кардан ба гурӯҳи рақсии «New Era» пайваст. Дар ин даста ӯ бештар дар рақсҳои танго ва латиноамрикоӣ мерақсид. Сипас ба Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба ҳайси раққоси балет ба кор даромад. Ҷуфти Макс дар балет балеринаи шинохтаи тоҷик Фарангис Саидзода буд, ки бо ӯ пештар дар гурӯҳи «New Era» ошноӣ дошт. Мутаассифона баъд аз 3 моҳи фаъолият ҳамчун раққоси балет ӯ аз театр рафт. Зеро рақси классикӣ ва чаҳорчӯбаҳои қолабӣ барои Максим набуду нест.

Барои қаҳрамони пурталоши мо нафаре аз устодони ҳирфаии рақс лозим буд, то ҳаракатҳои бештарро ба ӯ омӯзад. Бо ин мақсад Максим ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карда, навъҳои гуногуни рақсро азхуд намуд.

«Дар кишвари мо рақси аврупоӣ аз рушд бозмондааст. Мутассифона, бештари раққосони мо худдонаманд ва дар сатҳи паст мерақсанд. Ҳар нафарро мебояд, ки вазифаи худро ба ҳадди олӣ анҷом диҳад, на барои худнамоишдиҳӣ», - оромона гуфт ӯ.

Макс дар як рӯз 7-8 соати худро барои машқҳои рақсӣ сарф мекунад. Ӯ аз лиҳози мураббии рақс буданаш ҳамаи намуди рақсҳоро иҷро карда метавонад, аз ҷумла танго, валс, лотиноамрикоӣ, ҳип ҳоп, ворк, стрип, рақси шарқона, балет, контемпорарӣ ва модерн. Мутаассифона, бинобар сабаби ду бор ҷарроҳӣ шудан ҳоло наметавонад баъзе ҳаракатҳои душвори акробатиро иҷро намояд.


«ҲУБОБЧАРАФИҚОН»

Ба гуфтаи ин раққоси ҷавон, дар саҳна лаҳзаҳое низ мешавад, ки хотирмону хандаоваранд. Ҳолате мешавад, ки раққос дар саҳна меғалтад, вале инро ба тамошобин маълум накарда, тавре нишон медиҳад, ки ҳаракатеро иҷро намудан мехоҳад. Худи Максим низ борҳо ба ин ҳолат гирифтор шудааст. Вақте соли 2019 дар озмуни минтақавии «Centrlal Azia,s Got Talent» ҳамроҳи гурӯҳи рақсии худ «Bubbleguys» (Ҳубобчарафиқон) ширкат варзид, дар саҳна тоқии Макс аз сараш афтид. Албатта он вақт бисёр қаҳрам омада буд, вале ҳоло ба назарам хандаовар менамояд, мегӯяд вай бо чеҳраи кушода.

«Гурӯҳи «Bubbleguys» хеле нағз ба кори худ шурӯъ карда буд. Ба ҷавонону духтароне, ки дар ин гурӯҳ бо ман кор карданд, миннатдории худро мерасонам. Зеро онҳо дар ҳама ҳолат тавонистанд сабур бошанд. Ман дар ҷараёни машғулият бисёр сахтгир будам, ҳатто баъзан дод мезадам. Ҳоло дигар шудаам, хеле шахси оромтабиатам. Барои мо ҷамъ овардани аудиторияи худ мушкил пеш овард, зеро кам нафарон ба рақси театрӣ таваҷҷуҳ доранд. Ба корҳои мураббигиву раққосӣ ва менеҷерӣ худам машғул мешудам. Фармоишҳо барои иҷрои рақс низ хеле бисёр буд. Ба кори гурӯҳ расидагӣ карда наметавонистам, ҳамин тавр умри «Bubbleguys» ба поён расид», - қайд намуд Максим.


ИНҚИЛОБИ ФИКРӢ

Боре тибқи яке аз лоиҳаҳои Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон Максро ба лоиҳаи таҷрибаомӯзии хореографҳо даъват карданд. Дар ин лоиҳа машғулиятҳои амалии фаронсавибонуи раққоса дар мавриди хореографияи театрӣ малакаи рақсии Максимро боло бурд. Ҳамчунин тобистони соли 2022 дар яке аз давраҳои омӯзишии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рақси театрӣ таълим гирифт. Ин курс дар Озмоишгоҳи омӯзишии коргардонҳои ҷавон дар театри «Илҳом» муддати як моҳ таҳти мавзӯи «Театри драммавӣ ва хореография» баргузор гардид.

Машғулиятҳои ин театр барои Максим воқеан таъсиргузор буд. Аз ин рӯ Макс ҳоло бештари вақти худро дар Театри драмавии ба номи В. Маяковскии шаҳри Душанбе мегузаронад. Чунки мехоҳад, дар Тоҷикистон дар равияи рақси театрӣ инқилоби фикриро ба вуҷуд оварад.

Рақси дӯстдоштатарини ӯ ҳамчун ҳунарпеша ва раққоси театр лаҳзаҳо аз намоиши «Мастер ва Маргарита» бо коргардонии Хуршед Мустафоев аст. Максим низ дар ин намоиш ширкат дошт дар нақши мудири молӣ Римский.

«Чор сол мешавад, ки бо коргардон Хуршед Мустафоев ошноӣ дорам. Аз ӯ шунида будам, ки дар Театри драмавии ба номи В.Маяковский театр-студияи таълимии актёрӣ мавҷуд аст. Ман он ҷо рафта, муддати 2 сол нозукиҳои ҳунарпешагӣ омӯхта, кори дипломӣ омода кардам. Ҳоло аз моҳи сентябр ба ин сӯ дар театр кор карда истодаам», - иброз дошт Максим.


 

МАРДОН ЗАНИ ХУДРО БА ТОЛОРИ РАҚС МЕОРАНД...

Ба ақидаи Максим, ҳар як раққос дар рӯзҳои нахустини фаъолият бо таҳқир дучор мешавад. Аввал одамон ба ӯ низ писханд мезаданд. Аммо ҳоло фикри ҷомеа иваз шуда истодааст, мардум нисбати рақси аврупоӣ нигоҳи хайрхоҳона доранд, - гуфта боз фикрашро идома медиҳад: - Агар инсон бо ҳунари худ ва меҳнати ҳалол зиндагияшро пеш бурда тавонад, ин шарафи баланди инсонӣ аст.

«Вақте дар ҳолати афсурдагии рӯҳӣ қарор дорам, рақс ба ман кумак мерасонад. Чизи муҳимтарин дар рақс ҳолати рӯҳӣ аст. Аз ин рӯ ҳангоми машғулиятҳои рақсӣ бештар аз сурудҳои Шакира, Риҳанна, Бэнс истифода мекунам, то кайфияти ману шогирдонам болида шавад», - шарҳ медиҳад ӯ.


Тавре дар боло қайд кардем, шогирдони Максимро дар курси стрип-пластика занону духтарон ташкил медиҳанд. Бештари духтарони гурӯҳ аз лиҳози мард будани мураббиашон ба хонавода намегӯянд, ки дар кадом толори рақсӣ ба омӯзиш машғуланд. Сарфи назар аз ин баъзе мардоне низ ҳастанд, ки бо ҳамсаронашон то толори машғулият ҳамроҳ меоянд ва баъд аз анҷоми машқҳои рақсӣ ҳамсари худро гирифта мебаранд.

Максим дар лаҳзаҳои фориғ аз рақсу машғулият мисли ҳар кас истироҳат карданро меписандад. Ба кӯҳ баромадан, лижаронӣ дар сноуборд, саёҳати ҷангалҳо ҳамеша барои ӯ писандиданист. Ӯ вобастаи бозиҳои видеоӣ низ ҳаст, ки ба гуфтаи худи Максим, наметавонад аз ин машғулияти бефоида дур шавад.

Бо таманнои аз бозиҳои видеоӣ даст кашидани Максим дар соли нав ва боз ҳам равнақ ёфтани санъати баландпарвози ӯ, умедворем, ки рақси варзишии стрип-пластика бо кӯшишу ғайрати ин раққоси ҷавон дар кишвари мо низ бештар маъруф мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед