Ru  | Tj
Чӣ тавр метавон суратгири моҳир шуд?
Чӣ тавр метавон суратгири моҳир шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чӣ тавр метавон суратгири моҳир шуд?

Нашр шуд

Рӯз аз рӯз эҳтиёҷ ба аксбардори ҳирфаӣ зиёд шуда истодааст. Агар намояндагони касби суратгирӣ то чанд соли қабл дар поёни биноҳои истиқоматӣ ба суратгирӣ машғул буданд, пас ҳоло онҳо офисҳои барҳаво, фармоишҳои зиёд, суратгиракҳои босифат ва зиндагии шоиста доранд.

Аз ин ҷост, ки ҷавонон ҳам имрӯзҳо ба ин касб зиёдтар таваҷҷӯҳ карда ва ба қавле касби мазкурро ҳам дар рӯйихати касбҳои ояндадор мебинанд.

Ин навбат дар доираи мусоҳибаҳои ихтисосиямон бо яке аз соҳибкасбони ин соҳа, суратгири дараҷаи олӣ Дидор Садуллоев дар бобати характеристикаи аксбардорӣ, муносибу мувофиқи кадом намуди одамон будани он, омилҳои мусоидаткунанда барои соҳибкасб шудан, роҳҳои таъмини зиндагии шоиста ва умуман паҳлӯҳои мусбату манфии он сӯҳбат кардем.

СЕ МУСБАТ ЯК МАНФӢ


- Мо бо Шумо барои ҳаводорону дӯстдорони аксбардорӣ сӯҳбати ихтисосӣ хоҳем кард. Аз ин рӯ, нахуст мехоҳам бипурсам, ки худи суратгирро оё касе акс мегирфта бошад ва он чӣ касест?

- Суратгирро қариб, ки ҳеҷ кас сурат намегирад ва ӯ доимо аз кадр берун мемонад. Албатта, ҳолате мешавад, ки ногаҳону ғайриинтизор дӯстону наздикон аз ин ё он чорабинӣ дар паёмрасонҳо суратҳоямро мефиристанд ва дар баробари суратҳои фиристодаашон аз ман суратҳои гирифтаамро низ дархост мекунанд.

- Барои суратгир танҳо телефон басанда аст?

- Не, зеро агар ин тавр мебуд, ҳоло пиразану пирамардҳои 70-сола ҳам соҳиби ин касб мебуданд. Бояд бигӯям, ки дар миёни мардуми мо кам нестанд нафароне, ки чунин фикр мекунанд, вале ин андеша хатост. Ҳар сурат як асар аст ва ҳар асар бояд ҳадаф, маънӣ, мазмун ва самти худро дошта бошад. Кӯтоҳи гап, дар баробари доштани телефони мобилӣ, бояд дигар дастгоҳҳои суратгирӣ ва дониши соҳавӣ низ дошт.

- Суратгирӣ барои Шумо касб аст ё шуғл?

- Вақте дар факултети физика таҳсил мекардам, ҳамагӣ як тренинг дар бораи суратгирӣ сабаб шуд, ки ба ихтисоси дезайнер-технологи факултети фотожурналистикаи   МГУ дохил шавам. Ногуфта намонад, ки баъди ба факултети фотожурналистика дохил шудан, суратгирӣ бароям ҳамчун шуғл ва як роҳи даромади иловагӣ дониста мешуд, аммо пас аз анҷоми таҳсили касбӣ суратгириро ҳамчун касби асосӣ қабул кардам ва шукр то имрӯз ба ҳар чизе, ки расидам бо шарофати ин пешаам ба даст омад.

- Шуморо ҳамчун суратгир дар ҷомеа қадр мекунанд ва ё умуман дараҷаи арҷгузорӣ ба соҳиби ин касб чӣ гуна аст?

- Аксарият, ки худ соҳибкасби ин ё он соҳа ҳастанд, ба қадри нафари дигар мерсаранд ва ба кораш арҷ мегузоранд, вале боз кам нестанд нафароне, ки суратгирро бо нидои “эй, суратгирак” чеғ мезананд. Аз ҷониби дигар, кори суратгир наметавонад дар ҳама ҳолат ба ҳама кас писанд бошад. Масалан, ҳастанд нафароне, ки аз сурати касбӣ дида, сурати ғайрикасбиро боло медонанд ва дар фаҳмиши онҳо ҳамон аксҳо ҷолибтаранд.


- Дар бораи паҳлӯҳои мусбату манфии касби суратгирӣ чор ҷумла мегуфтед?

- Обрӯ, ҳатто обрӯи калон ба даст овардан мумкин аст. Дуюм, метавон зиндагии шоиста дошт ва сеюм, бо ин касб дар баробари меҳнат кардану фоида ба даст овардан, боз метавон ба истироҳат рафту пул ёфт. Ҷумлаи чорум, мардуми мо ба кӣ будану чӣ гуна будани суратгири касбӣ ҳоло одат накардаанд.

- Дар кишвари мо мувофиқи қонунгузорӣ кӯдаконро бе иҷозати волидонашон сурат гирифтан манъ шудааст. Оё боре дар фаъолияти кории Шумо барои кӯдакеро бе иҷозат сурат гирифтан, касе шикоят кардааст?

- То имрӯз чунин мушкиле рух надода буд, аммо дар ин бора як лаҳзаро нақл кардан мехоҳам. Рӯзе кӯдаке бо наврасони дигар оббозӣ мекард, ки модараш ӯро ба наздаш хонд. Ҳамин лаҳзаро, ки кӯдак батамом бараҳна буд аксбардорӣ кардам. Баъд аз он, модари кӯдак суратро дида, барои гузоштан дар фазои маҷозӣ розӣ шуд, вале Facebook онро тоза кард.

- Суратгирӣ аз соли 1822 пайдо шудааст ва ба назар менамояд, ки талабот ба он рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Давоми роҳро Шумо чӣ гуна мебинед?

- Ояндаи онро нек мебинам. Чунки агар таваҷҷӯҳ кунед, рӯз аз рӯз дар кишвари мо сомонаҳо зиёд шуда истодаанд, ки барои онҳо сурат яке аз ҷузъҳои муҳимтарин ҳисобида мешавад. Ҳамчунин имрӯзҳо нисбат ба дирӯз мардуми мо зиёдтар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ оварда ва паёмрасонҳоро зиёд истифода мебаранд. Албатта корбарони онҳо дар муоширати маҷозӣ ҳатман акс истифода мебаранд ва аксарият кӯшиш мекунанд, ки суратҳояшонро суратгири касбӣ бардорад, то ба обуначиҳояшон зиёдтар писанд ояд.

- Агар мо пурсем, ки суратгирони раддаи аввали кишварро ном баред, номи киҳоро мешунавем?

- Мо суратгирони зиёди муваффақ дорем. Масалан, Заур Дахте, Нозим Қаландар, Амир Исоев...

- Охирин савол дар ин бахш. Дар ин соҳа аз кӣ бисёртар илҳом гирифтаед?

- Аз Муҳиддин Олимпур. Барои чӣ? Чунки равияи ман бо равияи М. Олимпур як аст: фоторепортёр. Дар ин самт Муҳиддин Олимпур ҳирфаӣ ҳастанд, ки аз корҳои зиёди шодравон бисёр чизҳоро омӯхтаам.

“МЕХОСТАМ, КИ ПАДАРАМРО ЯК ФОТОССЕСИЯ КУНАМ, ВАЛЕ...”


- Шумо аз кай суратгирак доред ва ҳоло шумораашон ба чанд расидааст?

- Аз соли 1999 инҷониб суратгирак дорам. Ҳозир бо ду суратгирак кор мекунам. Яке майда ва дигаре калон.

- Як рӯзи суратгир чӣ гуна мегузарад.

- Рӯзҳои мо якранг намегузаранд, зеро мо як рӯз дар як ҷо ва рӯзи баъдӣ дар ҷойи дигар ва ғайра. Мо як рӯз сурати расмӣ мегирем, рӯзи дигар барои шабакаҳои иҷтимоӣ нафареро фотоссесия мекунем... Дар умум, рӯзҳои мо ба суратгирӣ ва муошират бо муштариён мегузарад.

- Шумо дар ягон корхона расман кор мекунед?

- Не, ман фрилансер ҳастам.

- Ҳар рӯз фармоиш аст?

- Не, рӯзе мешавад, ки чанд фармоиш ҳаст, вале боз чанд рӯз мешавад, ки бекор мемонем.

- Андоз месупоред?

- Бале, ман андоз месупорам ва дар ин масъала мушкил надорам.

- Сурати кадом шахсиятҳои бузургро гирифтаед?

- Шукр то имрӯз акси хеле аз шахсиятҳои бузург ва таъсиррасонро бардоштаам. Масалан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Русия Владимир Путин, актёри машҳури Голливуд Стивен Сигал ва бисёре аз ҳунармандону ҳунарпешаҳои машҳури ҷаҳониро.

- Аз сурати касеро нагирифтан афсӯс мехӯред?

- Ростӣ, мехостам, ки падарамро як фотоссесия кунам, вале афсӯс нашуд...

- Тавре маълум аст, ҳоло Шумо зиндагии хуб доред, бигӯед, ки ин ҳамаро аз ин касб ёфтед ё даромади иловагие низ доред?

- Шукр ҳар чизе, ки ёфтам бо шарофати ин касб ба даст овардам. Меҳнати ҳалол кардам ва аз оне ки вақтамро, умрамро ба ин касб бахшидам розиям.

- Дуруст аст, ки тахминан як кадри гирифтаи Шумо 150 сомонӣ аст?

- Агар тахминан гӯем, бале.

- Ягон бор шудааст, ки як сурататонро як ё ду сомонӣ фурӯхта бошед?

- Дар аввали фаъолиятам, ки донишҷӯ будам бо ҳамин нарх мефурӯхтам, вале ҳоло не.

МАКТАБИ ОЛӢ, GOOGLE Ё YOUTUBE?


- Шумо ҳозир шогирд доред?

- Ман шогирд надорам. Вале ҳар нафаре, ки наздам меояд, кори аз дастам меомадаро мекунам.

- Ният надоред, ки мактаби махсуси суратгирии худатонро дошта бошед?

- Албатта, дар нақша ҳаст ва ҳамин, ки сарпараст ёфтем, ҳамроҳи Нозим Қаландар ин корро анҷом медиҳем.

- Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Таваҷҷӯҳи зиёд доранд, вале аксарият як хаторо такрор мекунанд. Яъне онҳо мехоҳанд ҳама чизро зуд ба даст оранд: зуд пулдор шаванд, зуд соҳибкасб шаванд, зуд фармоишҳои зиёд гиранд ва зуд машҳур бошанд. Аммо дар баробари ин ҳама хоҳишҳои осмонӣ, аз болои худ кам кор мекунанд.

- Мо фикр мекунем, ки барои суратгир шудан ҳоло ҷумлаи саволии “Как стать фотографом”-ро дар Google ё YouTube гузоштану чанд дарсро омӯхтан басанда аст. Шумо чӣ фикр мекунед?

- Ба фикри Шумо зид нестам, вале барои то андозаи даркорӣ фаҳмидани асосҳои ин касб хуб мешавад агар довталаб боз аз омӯзишҳои тренингу мастер-классҳо огоҳ бошад ва ё агар шароиташ бошад дар мактаби олӣ таҳсил кунад.

- Оё аз ҷониби ягон донишгоҳ шуморо барои дарс додан таклиф карда буданд?

- Аз Донишкадаи санъат ва дизайн даъват карданд, вале масъалаи маош мувофиқ наомад ва рад кардам.

- Тавсияҳои шумо ба суратгирони оянда...

- Бисёртар сурат гиранд ва китобҳои соҳавиро мутолиа кунанд. Агар шароит дошта бошанд, дар тренингҳо иштирок карда ва ҳамчунин аз YouTube наворҳои омӯзишии суратгирони касбиро бинанд.

Боварӣ дорем, ки сӯҳбатҳои ихтисосии мо бо намояндагони касбу кори гуногун барои дуруст интихоб кардани касб аз ҷониби довталабони макотиби олӣ кӯмак хоҳад расонид.



Ясен Засурский даргузашт. Аз ӯ чӣ монд ва чӣ гуна ёд хоҳад шуд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(133) "Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14854"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(93) "/tj/articles/our_people/useyn_madudov_dar_yak_muddati_k_to_to_andozae_ba_ma_sad_oyam_rasidam/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4788"
  ["CODE"]=>
  string(68) "useyn_madudov_dar_yak_muddati_k_to_to_andozae_ba_ma_sad_oyam_rasidam"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4788"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(139) "Худро мешиносад ва барои худшиносии дигарон кӯмак мекунад. Равоншинос кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14631"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "10075"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(102) "/tj/articles/analytics/khudro_meshinosad_va_baroi_khudshinosii_digaron_k_mak_mekunad_ravonshinos_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4719"
  ["CODE"]=>
  string(78) "khudro_meshinosad_va_baroi_khudshinosii_digaron_k_mak_mekunad_ravonshinos_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4719"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Худро мешиносад ва барои худшиносии дигарон кӯмак мекунад. Равоншинос кист?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(108) "Чӣ тавр як ятиму бесарпаноҳ халабон шуду 37 сол дар фазо буд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14317"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9867"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(82) "/tj/articles/talk/ch_tavr_yak_yatimu_besarpano_khalabon_shudu_37_sol_dar_fazo_bud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4619"
  ["CODE"]=>
  string(63) "ch_tavr_yak_yatimu_besarpano_khalabon_shudu_37_sol_dar_fazo_bud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4619"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Чӣ тавр як ятиму бесарпаноҳ халабон шуду 37 сол дар фазо буд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(142) "Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14147"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(99) "/tj/articles/analytics/solim_va_zebo_ammo_bo_umri_k_to_nuriddin_davronov_doir_ba_futbolu_futbolboz/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4564"
  ["CODE"]=>
  string(75) "solim_va_zebo_ammo_bo_umri_k_to_nuriddin_davronov_doir_ba_futbolu_futbolboz"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4564"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз

Другие новости