Ru  | Tj
Чоршанбе Аловатов: “Метавонистам мутасаддиёни “Central Asia's Got Talent” –ро ба суд диҳам, аммо...”
Чоршанбе Аловатов: “Метавонистам мутасаддиёни “Central Asia's Got Talent” –ро ба суд диҳам, аммо...”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чоршанбе Аловатов: “Метавонистам мутасаддиёни “Central Asia's Got Talent” –ро ба суд диҳам, аммо...”

Нашр шуд

Чоршанбе Аловатов ғолиби озмуни байналмилалии “Central Asia's Got Talent” ва озмунҳои “Овози тиллоӣ”, “Парвин” ва “Bob Music Awards 2019” дар Тоҷикистон, тӯли се соли охир маъруфияти зиёд пайдо кард. Ӯ бо услуби нав суруд месарояд ва қариб аз тамоми дунё мухлисони худро дорад. Мехоҳад, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намояд.

Сӯҳбат атрофи баъзе ҳодисаҳои пасипардагии лоиҳаи “Central Asia's Got Talent” ва навгониҳои эҷодии Чоршанбе.

- Чоршанбе, бояд моҳи март консерти Шумо дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.  Дар ин консерт мухлисонатонро чӣ сюрпризҳо интизор аст? 

Бале, тасмим гирифтам, ки рӯзҳои аввали баҳор консерти идона таҳти унвони “Масти ту ҳастам” баргузор намоям. Ин унвон баргирифта аз сурудам мебошад, ки аз ҷиҳати малеҳбаёнӣ ба санаи баргузории консерт мувофиқ омад. Зеро ин консерт ба рӯзи тамоми бонувон – “Рӯзи модарон” бахшида мешавад.

Дар ин консерт пешниҳоди албоми нав мухлисонро интизор аст. Иҷроиши сурудҳо ба таври зинда, бидуни истифодаи фонограмма сурат мегирад.

- Баъд аз пешниҳоди консерти худ дар шаҳри Хоруғ, 15-уми июли соли 2021 дар саҳифаи фейсбукии худ чунин хабар гузоштед: “Душанбе, жди мой большой сольный концерт”. Аммо ин консерт баргузор нагардид, чаро?

- Барои баргузории шоу-консерт дар пойтахт маблағи зиёд лозим аст. Аз ин лиҳоз, натавонистам ин ваъдаро дар вақти худ иҷро намоям. Дар консерти имсола кӯшиш карда истодаам, ки ғояҳои навро дар ҷараён гузорам ва маблағи лозимиро то қадри имкон пайдо кунам.

АЗ НОГУФТАҲОИ “CENTRAL ASIA'S GOT TALENT”

- Чаро нақшаи дуэт бо Ситора Фармонова ҳаками “Central Asia's Got Talent” аз Ӯзбекистон, амалӣ нагардид?

- Пеш аз сабти суруди “Медонӣ ё не” бо Ситора нақша доштем, ки ин сурудро дуэт кунем. Вақте матн ва оҳанги ин сурудро ба ӯ нишон додам, хеле писанд омад. Аз сабабе, ки Ситора сафарҳои хеле зиёд ба кишварҳои хориҷ дорад, барои сабти дуэт расидагӣ карда наметавонист. Ман бо ризоияти ӯ ин сурудро танҳо сароидам. Нақшаи мо то ҳол аз тарафи ҳамдигар рад нашудааст. Ҳатман рӯзҳои наздик дуэти ман бо Ситора сабт карда мешавад.

- Тибқи нишондод дар “Central Asia's Got Talent” тамошобинони кадом давлат аз ҳама камтар ба унвони Шумо овоз доданд?

- Аз ҳама камтар тамошобинони Тоҷикистон буд, зеро аҳолии мо нисбат ба дигар кишварҳо камтар аст. Продюссерон низ ҳайрон шуданд, ки ғайр аз ин чор кишвари иштирокдошта боз тамошобинон аз давлатҳои хориҷ, аз қабили Амрико, Олмон ва дигар мамлакатҳои абарқудрат ба ман овоз доданд. 

- Инак финали мавсими дуюми озмуни “Central Asia's Got Talent” шурӯъ гардид, аммо масъулини лоиҳа қариб 3 сол мешавад, ки шоҳҷоизаи озмун 260 ҳазор сомониро ба соҳибаш, яъне ба Шумо насупоридаанд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Тибқи шартнома бояд мукофотро пурра дар муддати 90 рӯз ба ғолибон мерасониданд, аммо ин тавр нашуд. Бо сарпарастони озмун пайваста дар иртибот ҳастам. Ба гуфтаи онҳо, сабаби асосии ин паҳншавии бемории “коронавирус” будааст ва дар шароити танги иқтисодӣ ин маблағро дарёфт карда наметавонанд. Намедонам росташро гуфтанд, ё ин танҳо баҳона буд. Пешниҳод намуданд, ки 50% -и маблағро равон кунанд, вале ман розӣ нашудам. Талаб кардам, ки гонорарамро пурра расонанд. Имсол онҳо боз гуфтанд, ки танҳо нисфашро фиристода метавонем ва нисфи дигарашро солҳои оянда пардохт мекунем. Сарпарастони озмун ҳар моҳ кам-кам маблағи бурдамро равон карда истодаанд. Ман метавонистам мутасаддиёни “Central Asia's Got Talent” -ро ба суд диҳам, аммо ин боиси бурида шудани робитаи наздики мо мегардид. Нахостам, ки аз ин ҷанг созам. Бо онҳо нақша дорем, ки дар оянда ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем.

Ногуфта намонад, он чор ғолиби дигар, аз ҷумла гурӯҳи рақсии “Падида” низ гонорари худро то ҳол нагирифтаанд.

- Баъд аз ғолибият гуфта будед, он маблағро ба як нафар духтари беморе, ки бояд чашмашро ҷарроҳӣ кунад, медиҳед. Маълум аст, ки гонорарро нагирифтед. Баъд чӣ шуд?

- Ба он духтар ҳар қадаре, ки аз дастам омад, кӯмак расонидам. Инчунин, корти маблағи хайриявӣ кушодам, то ин ки шахсони саховатпеша низ ёрии худро расонанд. Аз ин хайрия маблағи ҷарроҳӣ ҷамъ карда шуд ва мо ба хонаводаи духтар расонидем. Баъдан ӯро дар Русия ҷарроҳии чашм карданд.

- Шумо яке аз доварони озмуни “Central Asia's Got Talent - 2022” дар Тоҷикистон будед. Имсол дар ин озмун ба ғайр аз шомил гардидани Озорбойҷон ба лоиҳа, боз чӣ навгониҳо дар назар аст?

- Имсол иштирокчиён аз Тоҷикистон нисбати соли пешин, ки 2 000 нафарро ташкил медод, хеле кам аст. Бештарини иштирокчиёнро овозхонон ташкил медиҳанд. Яке аз навгониҳои асосӣ, ки аз он хабар дорам, чун соли 2019 як нафарӣ  ғолибон аз панҷ давлат муайян намегарданд. Имсол ҳамагӣ як нафар ғолиби мутлақ дониста мешавад.

- Боз нақша доред, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзед? Агар бале, кадомҳо?

- Бале нақша дорам, ки рӯзҳои наздик  дар ду озмуни ҷаҳонӣ иштирок намоям. Ин нақша дар ҷараён аст. Ҳамин ки маълум гардид, расонаӣ мекунам. 

АЗ “ШАШМАҚОМ” ТО БА ШАРҲИ БАЙТИ МАВЛОНО

- Шумо овози хеле ҷаззобу гӯшнавоз доред. Барои кушодашавии роҳи овоз тухми хом мехӯред ё шир менӯшед?

- Барои кушодашавии роҳи овоз чизе намехӯрам. Тавре варзишгарон машқи бадан мекунанд, сарояндаҳо низ машқи овоз доранд. Мо дар коллеҷи санъат машқи овозро меомӯхтем, то ҳол ин машқҳоро иҷро мекунам. Барои эҳтиёт кардани овозам тамоми нозукиҳоро риоя мекунам. Маҳсулотҳои донагӣ ва нӯшокиҳои газнокро истеъмол намекунам. Танҳо оби бегаз ва шарбат менӯшам.

- Барои чӣ худро дар жанри Шашмақом намесанҷед?  

- Шашмақом як мактаби хоси худро дорад ва хеле мушкил аст. Пеш аз ҳама бояд дар ин мактаб таҳсил кард. Дар коллеҷ мо дарси мақомро низ хондем, аммо новобаста ба ин бояд тамоми нозукиҳои ин жанрро омӯзам ва баъд иҷро намоям. Фикр мекунам, ки ба ин ҳоло омода нестам, вале сароидани онро дар нақша дорам.

- Матни сурудҳоятонро кӣ менависад?

- Вақте дар жанри Фалак месароям аз ашъори шоирони классик истифода мекунам. Дар жанри эстрадӣ бошад ҳар хел аст: падарам эҷод мекунанд, аз китобҳо мегирам, гоҳе худ низ менависам.  Ба наздикӣ бо Орзу Исоев ба ҳамкорӣ шуруъ намудем. Шеъри як суруди ҷадиди маро навиштанд, ки ҳоло сабт накардаам. Умедворам, ки қобили қабули мухлисон мегардад.

- Агар сароянда намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?

- Дар оила писари ягона ҳастам. Падарам, ки сароянда мебошанд, шояд муҳити хонаводагӣ ба ман таъсир кард. Ҳамавақт мехостам, ки мардум маро эътироф кунанд ва машҳур шавам. 

Дар кӯдакиам ба соҳаи тиб шавқ доштам. Агар ба санъат қадам намемондам, шояд духтур мешудам.

- Шумо сароянда ҳастед, аммо таҳсилоти олиро дар риштаи сайёҳӣ гирифтед. Чаро?

- Ду маълумоти касбӣ дорам, яке дар соҳаи мусиқӣ ва дигаре дар соҳаи сайёҳӣ. Соҳаи гардишгарӣ барои ман хеле писанд ва ҷолиб аст. Мехоҳам дар баробари овозхонӣ дар ин самт низ фаъолият намоям. Ман аз маълумоти дуюми худ пушаймон нестам. Сайёҳ бояд забондон бошад, вале ман танҳо забонҳои русӣ ва англисиро медонам. Мехоҳам, ки дар ояндаи наздик забони туркиро омӯзам.

- Кадом сарояндаи тоҷикро рақиби худ медонед?

- Бояд ҳар кас рақиб дошта бошад, вагарна "ман"-и худро пайдо кардан мушкил аст. Ман равияи худро дорам, сурудҳои халқиро бо оҳангҳои замонавӣ месароям, ки ин услуби нав аст. Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагони ин услуб хеле каманд. Аз ин рӯ, агар рақиб пайдо кунам шод мешавам.

- Аз нигоҳи фалсафӣ суруд чист?

- Агар аз нигоҳи фалсафӣ гирем, ин як масъалаи бисёр чуқур аст. Нигоҳи мардум низ ҳар хел. Тавре Мавлои Рум бо фалсафаи хоси худ дар боби мусиқӣ мегӯяд: 

“Чӯбе битарошиду бар ӯ баст ду се тор, қонунгари олам, 

Сад нолаи зор аз дили ҳар тор баромад, то руҳ равон шуд”.  

Яъне, ҷон ҳам ба бадани одам тавассути мусиқӣ ворид мешавад. Ва мусиқӣ бо суруд дар як радифанд.


АЗ ОРЗУИ ИШТИРОК ДАР ФИЛМИ ТУРКӢ ТО ДАСТГИРИИ “РАХШ ТАКСИ”

- Чӣ орзу доред?

- Солҳост орзу дорам, ки дар филмҳои туркӣ нақш офарам.

- Чаро Чоршанбе якуякбора аз силсилафилми “Ишқ, пул, Душанбе” ғайб зад?

- Бисёр мехостам,  то анҷоми ин силсилафилм нақши худро иҷро намоям, аммо аз сабабе, ки он рӯзҳо ҳимояи кори дипломӣ доштам, натавонистам дар соатҳои сабтӣ ҳозир шавам. Рӯзҳое, ки вақт меёфтам, рӯзи сабт набуд. Аз ин лиҳоз, устодам дар самти актёрӣ, коргардони филм Набиҷон Пирматов гуфтанд, ки як муддат аз иҷрои нақш дар ин силсилафилм истироҳат намоям. Боварӣ дорам, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақш баромадам. Агар нақшамро барқарор карда даъват намоянд, ҳатман меравам. Ҳоло барои ин вақт дорам.

- Соли 2020 ҳамроҳи Мадина Ақназарова дуэти “Танҳо дар ёд” –ро иҷро намудед. Пешниҳоди иҷрои ин дуэт аз тарафи кӣ сурат гирифт?

- Мо бо Мадина ҳамкурс ҳастем. Аз солҳои таҳсил дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов мехостем, ки ҳамроҳ дуэт сароем. Муддати дароз натавонистем, ки суруди ба овозамон мувофиқро пайдо кунем. Баъдтар ин сурудро ёфтам, ки суруди гурӯҳи "Парем" аст. Мо бо Мадина аз гурӯҳи "Парем" барои бо услуби худ хондани суруди мазкур иҷозат гирифтем. Онҳо низ шод шуданд, ки суруди муаллифии гурӯҳро дубора зинда мекунем.

- Шумо дар You Tube низ канали худро доред. Соли 2020 дар канали худ барномаи “Чат рулетка” -ро ба роҳ мондед, ки ин ҳамагӣ 4 бор баргузор шуд. Ва дар нашри сеюми барнома ба тамошобинон ваъда карда будед, ки агар рақами обуначиён ба 10 000 расад, бо таҷҳизотҳои касбии мусиқӣ консерти онлайнӣ пешкаш мекунед. Ҳоло обуначиёнатон қариб ба 14 000 расидааст, аммо консерти ваъдагӣ чаро то ба имрӯз баргузор нагардид?

- Вақте дар You Tube ин барномаро ба роҳ мондам, паҳншавии бемории коронавирус дар авҷ буд. Аз сабабе, ки консерт ва тӯю маъракаҳо муваққатан манъ карда шуд, дар хона бекор мондам. Баъде нашри чоруми “чат рулетка” аллакай пандемия хеле сабук шуд ва консертҳои мо низ шуруъ гардид. Дигар ба ин корҳо расидагӣ карда натавонистам. Ҳоло боз мехоҳам, ки You Tube канали худро пеш барам. Аз моҳи март ба як лоиҳаи ҷолибу диданӣ оғоз мекунам.

АЗ “ЧОР” ТО “ЯКУМИН”

- Чоршанбе, чор рӯзи як ҳафтаро гӯед, ки барои шумо сабук мегузарад?

- Сешанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе, аммо чоршанбе не.

- Бо чор калима ба худ таъриф диҳед?

- Ифтихорманд, саҳназеб, хоксор, зудқаҳр.

- Аз чор ҳаками “Central Asia,s Got Talent - 2019” якеро  интихоб кунед, ки ба Шумо писанд аст?

- Ситора Фармонова

- Чор сарояндаи хориҷ, ки сурудҳояшро дӯст медоред?

- Mike Stenson, Demi Lovato, Алексей Чумаков ва JONY.

- Дар анҷоми суҳбат аз охирин навгонии худ иттилоъ диҳед?

- Рӯзи 11-уми феврал аввалин сароянда аз Тоҷикистон шудам, ки овози худро суғурта кардам. Бо ширкати суғуртавии "Асри XXI" ба миқдори 1 миллион сомонӣ шартнома имзо кардем ва ин ширкат овози маро дар ҳимояи худ гирифт. Шод аз онам, ки аввалин шуда ба суғуртаи овози худ иқдом намудам. Halva.tj якумин расона аст, ки аз суғуртаи овози ман хабар ёфт.

- Муборак бошад! 

- Барои суҳбати ҷолиб садҳо сипос!


Зафар Вазиров. Ҷавони муваффақи тоҷик дар ҷодаи илм дар Русия ва ормонҳои миллии ӯ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед