Ru  | Tj
“Дил барои Ватан гум мезанад”. Дилором аз тарки омӯзгорӣ ва зиндагӣ дар кишвари бегона гуфт
“Дил барои Ватан гум мезанад”.  Дилором аз тарки омӯзгорӣ ва зиндагӣ дар кишвари бегона гуфт
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Дил барои Ватан гум мезанад”. Дилором аз тарки омӯзгорӣ ва зиндагӣ дар кишвари бегона гуфт

Нашр шуд

Мушкилоти моддӣ шахсро маҷбур мекунад, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ муҳоҷир шавад ва ё аз кори дӯстдоштаи каммуздаш даст кашаду кори дигарро интихоб намояд. Қаҳрамони мо Дилором Тоатова аст, ки тӯли 14 сол ба омӯзгорӣ машғул буд, аз норасоии моддӣ ба мулки бегона рафту зиндагии шоистаро сазовор гардид. Аз ин рӯ, хостем бо эшон суҳбате атрофи кору зиндагиашон биороем.

- Шумо...

- Зан, модар, омӯзгор.

- Зиндагӣ...

- Талош, сӯхтан, сохтан.

- Зодгоҳ...

- Ватан, ишқ, қиблагоҳ.

- Муҳоҷират...

- Сарнавишт, меҳнат, қисмат.

- Омӯзгор...

- Роҳнамо, роҳкушо, роҳбар.

- Оила...

- Муҳаббат, самимият, боварӣ.

- Фарзанд...

- Умед, ифтихор, масъулият.

- Имрӯз...

- Кӯшиш, талош, пазмонӣ.

- Аз хурдӣ чӣ орзу доштеду ба кадоми он ноил гардидед?

- Аз хурдӣ хаёлпараст будаму шӯҳратхоҳ. Дар олами орзуҳоям гоҳ раққоси моҳири балет будаму гоҳ ровии шуҳратёр ва гоҳи дигар омӯзгори варзидаву соҳибэҳтиром. Гуфтанд, ки балет моли мо нест ва бараҳна рӯ-рӯи саҳна паридану ҷаҳидан айб аст ва... раққоси балет мурд. Ровии машҳурро низ солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ кушт... Даст ба домани омӯзгорӣ задам ва муваффақ ҳам шудам.

- Дар муваффақ шудани шумо дар ин ҷодаи пуршараф саҳми киҳо беназир аст?

- Тӯли 14 сол банда дар муассисаи таълимии №33-и деҳаамон аз фанҳои “Алифбои ниёгон” ва “Забон ва адабиёти тоҷик” ба шогирдон дарс гуфтам. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд.” Дар комёбиҳои хеш ман сипосгузор аз устодонам Ахмедов, Бобомуродов, Имомбердиев ҳастам, бахусус аз Саидова Бибиҳакима, ки нахустин роҳнамои ман дар ин ҷодаи душвору пурифтихор буданд. Худованд нигаҳбони эшон бошад!

- Ба фикри шахсиатон педагог кист ва пешаи омӯзгорӣ ба шумо чӣ дод?

- Ба андешаи ман дар зиндагии воқеӣ педагог шахсе бояд бошад, ки илова бар саводи комили педагогиву психологӣ, зиндагӣ ва рафтору гуфтораш ҳамаҷониба намунаи ибрат бошад. Ҳурмату эҳтиром, муҳаббату иззатро дар миёни мардуми деҳа ман аз баракати пешаи омӯзгорӣ медонам. То ҳол аз шогирдонам номаҳо мегираму гармии муҳаббати эшонро эҳсос менамоям.

- Лаҳзаи аз касби омӯзгорӣ фахр карданатон кай буд?

 - Ифтихор аз пешаи интихобнамудаам ҳамеша ҳамқадами ман аст. Ман саодати дунёро лаҳзае эҳсос мекунам, ки дари синфхонаро во мекунаму кӯдакон бо як ҷаҳон муҳаббату самимият ба истиқболи ман боло мешаванд. Дер боз ташнаи эҳсоси ин лаҳзаам...

- Чаро фаъолияти омӯзгориро тарк карда ба муҳоҷират рафтед?

- Мутаассифона, зиндагӣ танҳо бо арзишҳои маънавӣ пеш намеравад. Норасоиҳои моддӣ сабаб мешаванд, ки инсон маҷрои зиндагии хешро дигар бикунад ва дар пайи дарёфти ҳали мушкилоти зиндагӣ бишавад.

- Нияти боз ба пешаи омӯзгорӣ рӯ оварданро надоред?

- Солҳои зиёд омӯзгорӣ кардам ва орзуям ин аст, ки ба асли хеш бозгардам. Айни ҳол бо чанд нафар падару модарони тоҷики муқими шаҳри Калуга маслиҳат намудаву ният дорем, ки барои мустаҳкам намудани хештаншиносии фарзандонамон маҳфили омӯзишии “Забон ва адабиёти тоҷик” ва “Алифбои ниёгон”-ро роҳандозӣ кунем. То чӣ андоза муваффақ хоҳем шуд, қазоват вақтрост.

- Аз назари шахсиатон оё омӯзгор дар Тоҷикистон мақом дорад?

- Фикр мекунам, ки имрӯзҳо омӯзгор дар Тоҷикистон бештар имконияти омӯзиш ва ташаккулу пешравиро дорад, аммо боз ҳам кам будани маош, афзудани талаботи моддӣ, коста гаштани ахлоқи ҷомеа ва амсоли инҳо хеле нигаронкунанда аст.

- Худатонро дар мулки бегона чӣ гуна эҳсос мекунед? 

- Хонаи мо дар сарзамини рус Тоҷикистони кучаки мост. Гоҳ-гоҳе бо ёди Ватану модар дил гум мезанад.  

- Дар YouTube шумо саҳифае бо номи “Дунёи қиссаву афсона” доред. Ин фикр аз куҷо ба саратон омад ва чӣ ҳадаф доред? 

- Кушодани ин саҳифа дар YouTube шояд ангезаи ҳамон ишқи сухангӯист ва муҳаббат ба забони поку беолоиши модарист. Хеле шод мешавам, ки афсонаҳои маро фарзандони тоҷикони муҳоҷир дар гӯшаҳои гуногуни Русия гӯш мекунанду лаззат мебаранд ва бад-ин минвол ман дар рушду такомули забони ноби тоҷикӣ саҳми кучаке мегузорам. Мехоҳам сомеъони саҳифаам дар олами зебои афсонаҳо сайр бикунанду аз зебоиву шевоии забони модарии мо лаззат бубаранд. Шунидани афсонаву қиссаҳои ибратбахш барои ташаккулу рушди маънавиёту ҷаҳонбинии кӯдакон мусоидат мекунад.

- Айни замон дар шаҳри Калуга ба чӣ кор машғулед?

- Пас аз хатми коллеҷи иқтисодӣ-технологии шаҳри Калуга, айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ҳамин шаҳр корманди соҳаи хӯроки умумӣ ҳастам. 

- Сабаб чӣ буд, ки дар муҳоҷират боз ба таҳсил пардохтед?

- Калугаи мо шаҳраки хурд аст ва имкони аз рӯйи ихтисосам кору фаъолият намудан дар ин ҷо ба сифр баробар буд, кӯчарубиву фаршшӯиро намехостам... Коллеҷро бо дипломи аъло, бо ихтисоси “повар” хатм кардаму пушаймон нестам.

-Ба ғайр аз ошпазӣ боз ба ягон кори дигар машғул ҳастед?

-Бале, дар кумитаи тафтишотии шаҳри Калуга дар рафти пурсуҷӯйи гумонбарони тоҷику ӯзбек вазифаи тарҷумониро ба ӯҳда дорам.  

- Оё теъдоди гумонбарони тоҷик дар кумитаи тафтишотӣ зиёд аст ва онҳо асосан бо чӣ ҷурм оварда мешаванд?

- Бале, боиси таассуф аст, ки теъдоди гумонбарон дар кумитаи тафтишотии шаҳри Калуга кам нест ва аксар ҷавонони тоҷики мо бо ҷурми дуздиву ғоратгарӣ ва ифротгароиву дастгирии ҳизбу гурӯҳҳои дар қаламрави Русия мамнӯъ боздошт шудаанд.

- Тарҷумон будан дар кумитаи тафтишотӣ кори осон аст ва тарҷумон бояд кадом нозукиҳоро донад?

- Албатта душвор аст. Тарҷумонӣ ҳам мисли касбҳои дигар нозукиҳои худро дорад. Маҳорат мехоҳад, забондониву дониш металабад. Тарҷумон бояд забони интихобкардаашро дар сатҳи забони модариаш, дар дараҷаи аъло донад. 

- “Рафтору кирдори баъзе аз ҳамватанонро дар ин мулк дида, аз тоҷик буданам шармам меояд”, - чунин навиштаед дар саҳифаи фейсбукиатон. Каме шарҳ медодед.

- Ин навиштаам маҳсули ҷӯшиши эҳсосот буд. Баъзан рафтору гуфтори ноҷо, амалҳои нозебои баъзе аз ҳаммиллатонамро дар ҷойҳои ҷамъиятии Русия дида, хеле озурда мешавам. Мо охир ифтихор мекунем, ки миллати тоҷдорем, тоҷи мо бояд ҳамешаву дар ҳама ҷо адаб бошад! Вобаста ба ҳамин мавзӯъ як ҳодиса ба ёдам меояд. Боре директори мактабе, ки дар он кор мекунам, маро ба наздаш даъват намуд. Онҷо писарбачаи 14-солаи тоҷик бо модараш ҳузур доштанд. Маълум шуд, ки хонандаи мактаб ба мактаб нос овардаву ҳамсинфҳояшро “зиёфат” додааст. 

- Дар Ватани шумо ба кӯдаки гаҳвора нос медиҳанд?, - пурсиши директор маро ба ҳайрат овард. 

- Чаро шумо чунин фикр мекунед?, - дафъатан савол додам. 

- Ай бугуш, ки безарарай, мода ама мекашан, - ба ман рӯй овард модари писарбача.

Чи гӯям, ки нагуфтанам беҳтар аст. Модар ба ҷои он, ки фарзандашро аз роҳи бад бигардонад, дар рӯ ба рӯйи фарзанд дурӯғ мегӯяд: “дар мо кӯдакони гаҳвора нос мекашанд”. Қазоват хонандаи ҳушмандрост.

- Гуфта метавонед, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия чи манзалат доранд? (яъне миллати рус тоҷиконро чӣ гуна мешиносанд ва қадр мекунанд)

- Мақому манзалати мо дар ин сарзамин аз рафтору кирдору пиндор ва нишондоди маданияти худамон вобаста аст. Русҳо вақте ки як тоҷики дағалро бо сарулибоси чиркин, ришу муйсари расидаву бетартиб дучор меоянд, фикр мекунанд, ки мо тоҷикон ҳамагӣ чунинем, беадаб, бемаданият, бефаҳму ғажд. Вале шиносоӣ бо тоҷики босавод, хушлибосу хушадаб дар вуҷуди эшон нисбати миллати мо эҳсоси эхтирому муҳаббатро бедор мекунад. “Аз мост, ки бар мост!”

- Гапи ногуфтаатон, ки бояд бигӯед...

-“Ман гунги хобдидаву олам тамом кар, 

Ман оҷизам зи гуфтану халқ аз шуниданаш.”

- Аз зиндагӣ дар мулки ғарибӣ шукргузоред?

- Бале, ин гушаи зебои сарзамини рус, ин шаҳраки сарсабзи соҳили Окаи пурталотум имрӯз Ватани дуввуми мост.

-Боқӣ, саломат бимонед!


Варзишгаре, ки дар Озмуни байналмилалии шеър пирӯз шуд





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед