Ru  | Tj
Хоҷа Насриддини хозиразамон: чи тавр сокини Хоруғ бо латифахои худ машҳур гардид.
Хоҷа Насриддини хозиразамон: чи тавр сокини Хоруғ бо  латифахои худ машҳур гардид.
Акс: Halva.tj

Хоҷа Насриддини хозиразамон: чи тавр сокини Хоруғ бо латифахои худ машҳур гардид.

Нашр шуд

Мадкарим - яке аз сокинони маҳбубтарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад. Ўро бо латифаҳои эчодкардааш, ки кайҳо боз дар байни мардум шуҳрат ёфтаанд, мешиносанд. Шўхиҳои ўро хурду бузург медонанд.

         Ба зане гуфтанд:

-         Шавҳарат ғарк шудааст.

          Зан хитоб кард:

          Лаънати ў калушҳои маро пўшида буд.

Дар маҷмуаи Мадкарим зиёда аз 400 латифа мавчуданд, ки ў онҳоро аз овони кўдакӣ эҷод кардааст. Забони бурро ва истеъдоди зуд эҷод кардани шоҳкориҳои хандаовар Мадкаримро ба ситораи Хоруғ табдил дода, латифаҳояш батадриҷ дастраси кулли Бадахшон гардиданд.

            “Эҷод кардани латифаро ман аз синфи 5 оғоз карда, то имрўз давом дода истодаам. Шўхиро доим дўст медоштам. Ҳолатеро дида, ҳамоно дар шакли ҳаҷви ақидаи худро иброз медоштам, ки мақбули мардум мегашт”, - иброз менамояд Мадкарим.

Аксари латифаҳо дар Бадахшон чунин сар мешаванд: “Мадкарим боре гуфтааст”. Сужаи саргузаштҳои ў мухталифанд ва аз мушоҳидаҳо маншаъ мегиранд. Мавзуҳои дўстдошта – маишӣ мебошанд.

Мадкарим боре ба тўй рафтанӣ буд, вале либоси муносиб надошт. Ў тугмаеро гирифта, ба назди дўзанда рафту чунин гуфт:

Хоҳиш дорам, то ба ин тугмаи ман пиҷакро медўхтед. 

Ҷавонписароне вориди мағозае шуданлд, ки дар он Мадкарим истода буд. Пас аз харидорӣ дар хазина ба онҳо 5 сомони бақия доданд. Писарон аз Мадкарим пурсиданд:

Амакҷон чӣ тавр қалбакӣ будани пулро санҷем?

Пулро афшонед, агар тоқияш наафтад қалбакӣ нест.

            Мадкаримро пурсиданд:

            -Чи тавр метавон хўроки мантуро ба забони русӣ тарҷума кард?

            -«Между нами» ҷавоб дод Мадкарим.

                 *****

            Зане дар бозор бо дастони ларзон санбўса мехўрд. Ин ҳолатро дида Мадкарим мегўяд:

            Хола аввал онро бикуш баъд бихўр

                *****

            Дар бозор Мадкарим ҷавони қади ниҳоят баландеро дид, ки шир менўшид. То ба охир расидани шир хомўшона нигоҳ мекарду, пас аз он ба ҷавон рў оварда гуфт:

            Оҳ додаракам, то ин шир ба меъдаат расад, турш мешавад.

            Мадкарим ҳоло дар синни 65 асту рўз аз рўз фаромўшхотир гашта истодааст. Латифаҳои эҷодкардаашро дар ягонҷо қайд накардааст, вале мақбултарини онҳо гоҳ гоҳ ба хотираш меоянд.

            Айни замон Мадкарим дар бозор ба ҳайси аробакаш фаъолият мекунаду, подоши меҳнаташ аз толеъаш вобастагӣ дорад.

            Боре аз Мадкарим пурсиданд, ки агар ў 1 миллион доллар медошт, чи тавр онро сарф мекард. «Китоби латифаҳои худро интишор мекардам» ҷавоб дод Мадкарим.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед