Ru  | Tj
Маблағ надорем: зиндагии мардуми кӯҳистон бидуни сайёҳони хориҷӣ вазнин шудааст
Маблағ надорем: зиндагии мардуми кӯҳистон бидуни сайёҳони хориҷӣ вазнин шудааст

Маблағ надорем: зиндагии мардуми кӯҳистон бидуни сайёҳони хориҷӣ вазнин шудааст

Нашр шуд

Хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус натанҳо ба иқтисодиёти кишварҳо, инчунин ба зиндагии мардуми қишлоқ низ таъсири худро расонид. Хусусан ба рӯзгори онҳое, ки ба ҳунарҳои мардумӣ машғуланду аз фурӯши маҳсулоти дастиашон рӯз мегузарониданд.

Таскина Шодмонқулова давоми 5-соли охир ба ҳунари гулдӯзӣ ва мӯҳрабофӣ машғул мебошад. Ӯ гулбандӣ ва дастпонаҳои худро ба сайёҳони хориҷӣ мефурӯхт ва аз маблағи он зиндагиашро пеш мебурд. Аммо хуруҷи ногаҳонии коронавирус маҷрои зиндагии ӯро куллан тағйир дод.

Саргузашт ва зиндагии сокинони деҳоти Шинги шаҳри Панҷакентро, ки дар наздикии минтақаи саёҳатии “Ҳафткӯл” ҷойгир мебошад, барои шумо қисса мекунем.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/mestnye-zhiteli-semi-ozer-i-zhurnalisty-tadzhikistan.jpg

Барои пешбурди зиндагӣ дигар маблағ надорем

Таскина Шодмонқулова сокини ҷамоати деҳоти Шинг буда, соҳиби 4 фарзанд аст. Ӯ бо ҳунари гулдӯзи ва мӯҳрабофӣ машғул буда, давоми 5-соли охир маҳз бо музди ин ҳунараш зиндагиашро таъмин мекард. Зеро шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва маблағҳои равон кардаи ӯро Таскина пасандоз мекард. Шаҳвараш дар ин панҷ сол ҳамагӣ чанд моҳ назди зану фарзандони худ буду халос. Ноновари хонадон муддати зиёд аст, ки дар Русия фаъолият мекунад, то аҳли оилааш зиндагии хуб дошта бошанд.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/image8.jpg

Зиндагии онҳо то моҳи марти имсол хеле хуб пеш мерафт. Таскина аз гузашти зиндагиаш хеле хурсанд буд, зеро худ маблағ меёфт ва маблағҳои шавҳарро пасандоз менамуд. Ногаҳон хуруҷи бемории коронавирус зиндагии оилаи ӯро ба таври куллӣ тағйир дод. Гарданбанду дастпона, гӯшвору гулдӯзиҳое, ки ӯ қаблан ба саёҳони хориҷӣ бар ивази аз 20 сомонӣ то 100 сомонӣ мефурӯхт бехаридор монданд. Сарҳадҳо баставу сайёҳон ба саёҳат намеоянд. Дар баробари ин ҳама ӯ аз маблағи равон мекардаи шавҳар низ маҳрум шуд. Чун дар Русия карантини сар то сарӣ эълон шуда буд ва қисми зиёди муҳоҷирон бекор монданд, аз ҷумла шавҳари Таскина низ.

Ӯ пасандозҳои то ин вақт ҷамъ кардаашро низ сарф кард, чун қисми зиёди онҳо барои таъмири хонаашон сарф шуда буд.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/image51.jpg

Ҳезумчинӣ ба ҷои гулдӯзӣ

Таскина пас аз ин ҳама ҳаводис акнун гулдӯзиро ба муддати номуайян ба таъхир гузошта, ҳамроҳи занҳои деҳа ба ҳезумчинӣ сар кардааст. Ӯ мехоҳад бо ин роҳ каме маблағ ба даст оварда зиндагиашро пеш барад. Наздик шудани фасли сармо ӯро ғамгин кардааст.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/taskina.jpg

“Мисли ман занҳое, ки худ таъмини зиндагиро ба дӯш гирифтаанд хеле зиёданд. Ҳоло фасли сармо наздик шуда истодааст, аз ин лиҳоз мо занони деҳот ба ҷои мӯҳрабофӣ –ҳезумчинӣ меравем, то ҳаддалимкон зимистонро паси сар кунем. Хӯрокаву пӯшоки гарм қариб, ки надорем, чунки пул нест”,- мегӯяд Таскина.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/devochka-sem-ozer-tadzhikistan1.jpg

Кӯмаки зани фаъол ба гулдӯзон

Ба дастгирии ин занони ҳунарманд ва гулдӯзони моҳир роҳбалади ватанӣ Фарангис Шарипова шитофтааст. Ӯ яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии фейсбук мебошад. Таскина мегӯяд, Шарипова дар фейсбук барои дастгирии занони ҳунарманди минтақаи кӯҳистони Падруд, Нофин ва Шинги Панҷакент муроҷиатномае нашр кардааст. Ӯ аз истифодабарандагони фейсбук хоҳиш кардааст, то ба ӯ дар ҷамъоварӣ ва дастраскунии маводи хӯрокаву пӯшока кӯмак намоянд.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/izdelija-mestnyh-zhitelej-semi-ozer-tadzhikistan.jpg

Фарангис Шарипова гуфтааст муроҷиатнома ҳоло дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ҷамъкунии кӯмакҳои хайрхоҳонаи мардум оғоз мегардад.

Таскина умедвор аст, ки кӯмаки мазкур ба оилаи ӯ ва дигар ҳаммаслаконаш мерасад. Каме ҳам бошад барои идомаи зиндагии онҳо ва зимистонгузаронӣ кӯмак мекунад.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/izdelija-mestnyh-zhitelej-semi-ozer-tadzhikistan1.jpg

Ҳамасола 5 ҳазор сайёҳӣ хориҷӣ, аммо…

Ҳамасола аз минтақаи саёҳатии “7-кӯл” зиёда аз 5 ҳазор сайёҳони хориҷӣ дидан намуда, маҳсулоти дастии сокинонро харидорӣ менамуданд. Бино ба маълумоти котиби ҷамоати деҳоти “Шинг”-и шаҳри Панҷакент Шаҳриёр Зулфонов шумораи аҳолии ҷамоати деҳот, ки 11 ҳазору 996 нафарро ташкил медиҳанд, бештар аз ҳисоби чорвордорӣ ва фурӯши маҳсулоти дастӣ зиндагиашонро пеш мебаранд.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/turisty-u-semi-ozer-tadzhikistan.jpg

“Коронавируси нави Covid-19 на танҳо ба соҳаи иқтисодии як ҷамоат, балки ба иқтисодиёти тамоми кишвар таъсир расонд. Зеро ҳамасола ба минтақаи 7-кӯл зиёда аз 5 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда, баробари сайру гашт аз маҳсулотҳои дастии сокинон харидори мекарданд ва ба ин тарз як навъ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии ҳудуди ҷамоат саҳм мегузоштанд. Лекин мо ҷамоатчиён аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки худро расонида истодаем ва умед дорем, ки ин беморӣ ба зуди аз байн меравад ва мардум ба ҳолати пешинаи зиндагии худ бармегарданд”- мегӯяд Зулфонов.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/image2.jpg

Сайёҳони дохилӣ меоянд, аммо…

Директори ширкати сайёҳии “Саёҳати 7-кӯл” Шодмонқул Сангинов хуруҷи бемории коронавирусро ҳамчун муфлисшавии ширкатҳо маънидод кард. Зеро ӯ бори охир санаи 15-уми марти соли ҷорӣ, гурӯҳи 9 нафараи сайёҳони берунаро дар пойгоҳи сайёҳии худ қабул ва хизматрасонӣ карда буд.

“Гарчанде хуруҷи коронавирус садди роҳи сайёҳати хориҷиён ба кишвар шуда бошад ҳам, тайи чанд рӯзи охир шаҳрвандони мо барои тамошои манзараҳои 7-кӯл меоянд. Лекин як нуқтаро бояд қайд кунам, ки туризми дохилӣ ба мисли туризми хориҷӣ фоидаи хуб намедиҳад. Даромад, ки нашуд ободии макон ҳам намешавад”,- мегӯяд Сангинов.

https://your.tj/wp-content/uploads/2020/09/shodmonkul-sanginov-direktor-turfirmy-sem-ozer-tadzhikistan1.jpg

Ба ақидаи ӯ шояд бемории коронавирус сабабе бошад, то роҳҳои кӯҳиро васеъ ва асфалтпӯш намуда, барои қабули сайёҳон омода шуд. Барои сайёҳати хубу бехатари онҳо шароити мусоидро фароҳам оварда ба ин васила табиати биҳиштосои Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Манбаъ: https://your.tj/tj/mabla-nadorem-zindagii-mardumi-k-iston-biduni-sajjo-oni-hori-vaznin-shudaast/

Мы используем файлы cookie в соответствии с «Уведомлением об использовании файлов cookie». При использовании файлов cookie может осуществляться обработка ваших персональных данных. Подробные сведения об использовании файлов cookie и блокировке файлов cookie в настройках браузера см. в «Уведомлении об использовании файлов cookie» здесь. Если вы даете свое согласие на использование файлов cookie и обработку ваших персональных данных в соответствии с «Уведомлением об использовании файлов cookie», нажмите «Принимаю». Внимание! Если вы заблокируете файлы cookie, необходимые для корректной работы сайта, это может привести к его неработоспособности.