Ru  | Tj
Макс Қосимов: «Танҳо чизе, ки дар зиндагӣ надорам ишқ ва меҳри падар аст»
Макс Қосимов: «Танҳо чизе, ки дар зиндагӣ надорам ишқ ва меҳри падар аст»
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Макс Қосимов: «Танҳо чизе, ки дар зиндагӣ надорам ишқ ва меҳри падар аст»

Нашр шуд

Ӯро зиндагӣ барвақт ба ҳукми як инсони солору рӯзгордида имтиҳон карда. Гарчанде дар суҳбат мисли як ҷавони нозпарвару эрка ҳарф мезанад, воқеияти зиндагияш дигар аст. Дилхун мешавам аз суҳбаташ, такдиру зиндагии ин ҷавони соҳибистеъдоди тоҷик маро чун ҳампеша андӯҳгин менамояд...

ХУШБАХТ БУДАМ, ТО ЗАМОНЕ КИ…

Аз ёддоштҳои кӯдакиаш пурсон шудем, каме таваққуф кард. Шояд хотираҳояшро тагурӯ кард, ки баъди лаҳзае бо чашмони барқбору эҳсоси омезишёфтаи шодиву ғам гуфт:

- Кӯдаки хушбахт будам, то замоне ки падарам канорам буд. Бо рафтани падар зиндагиямон тағйир ёфт. Хурд будам, 7 сол доштам. Дар мавриди падар хотираҳоям хира-хираанд. Ҳамин қадр дар ёд дорам, ки он овон дар хона танҳо будаму намедонистам, ки падару модар ва бародарам куҷоянд. Танҳо як зани ҳамсоя аз ҳолам хабар мегирифту хӯроки гарм меовард. Рӯзҳое ҳам буданд, ки гурусна мемондам ва чизе барои хӯрдан пайдо намекардам. Ҳарчанд мепурсидам, ки модарам куҷост, касе посух дода наметавонист. Баъдан фаҳмидам, ки додарам фавтидаасту модару бародарам бистарии беморхона гардидаанд ва падарам озими Русия шудааст.

Гиря гулӯгираш мекунад, аммо лаб зери дандон фишурда, баъд аз каме таваққуф худро ба даст мегирад. Эҳсос мекунам, ки барояш хеле мушкил аст дар ин хусус ҳарф задан.

- Дар хотир дорам акси модарамро ба оғӯш гирифта, ба хоби ноз мерафтам. Орзу мекардам, ки баробари аз хоб бедор шудан оилаамонро сарҷамъ бубинам, аммо ин тавр нашуд. Бемории бародарам тӯл кашиду чандин сол дар беморхона монд. Бо сабаби надоштани маблағ наметавонистем, ки сари вақт ҷарроҳӣ намоем. Модарам низ биноияшро қариб аз даст дода буд. Пас аз табобатҳои зиёд ба по хест. Миёнашро маҳкам бибасту дар ҷойе ба кор даромад, то мо – ду нафар аз гуруснагӣ намирем. Ҳамин тавр, рӯзҳои сангини зиндагӣ оғоз ёфт, - бо садои хаста иқрор мешавад ӯ.

ПОЙАФЗОЛИ ФАРСУДА

Вақте қадамҳои аввалини худро ба мактаб мегузорад, кӯдаконро дар иҳотаи волидон хушбахт мебинад. Он рӯз ӯ низ орзуи дар паҳлӯи худ дидани падарро мекунад. Бо он вуҷуд, ки ин орзуяш амалиношуданӣ буд.

- Танҳоии амиқеро он лаҳза дар зиндагӣ эҳсос мекардам. Баъзан мушкил буд. Субҳ ба по мешудаму мерафтам ба мактаб, баъди дарс боз танҳо меомадам ба хона. Баъдан бо сиҳат шудани бародарам ӯ маро ҳамроҳӣ менамуд. Ҳамин тавр, ба мушкилиҳои ҳаёт созиш кардам, бо умеде ки замоне ранҷу азобҳоям роҳат хоҳанд шуд, - ёд меорад он рӯзҳоро.

Он рӯзҳои бо сангинӣ пушти сар кардаашро ҳеч гоҳ аз хотир зудуда намесозад. Бо пойҳои сармохӯрдаву ҷисми ларзонаш даруни синфхона менишасту тамоми дарсҳоро пурра азхуд мекард.

- Замони мактабравиям пойафзорҳоям он қадар фарсуда буданд, ки ҷӯробҳоям тар мешуданд. Бо либоси тунук ба мактаб мерафтам. Аз шиддати сардӣ меларзидам, вале ин ҳолатро ба касе нишон намедодам. Намехостам, ки сабабгори сархамии модару бародарам гардам. Агарчи дар чашмони модарам тамоми азобу шиканҷаҳоро мехондаму медидам, вале худро чунин вонамуд мекардам, ки бароямон тамоми шароит муҳайёст, - иқрор мешавад ҳамсуҳбатам.

ТАСВИРИ ПАДАР

Чун аз падар ҳарф мезанад, симояш тағйир мехӯрад. Бо чеҳраи тираву абрӯи ғуборгирифта аз боди ғам, аз боди дарду ҳасрату ҷудоию интизорӣ... Марде мегардад, афсурда, дилфигор, бо хотири парешон, ки гӯё тундбоди рӯзгор парешонаш сохта.

- Замони кӯдакӣ ҳамеша тасвир мекардам ва бозии ягонаи айёми тифлӣ низ чеҳранигорӣ буд. Он ҳам тасвири чеҳраи падар. Чунки рӯйи падарро ба хубӣ дар ёд надоштам. Ҳатто расме ҳам пайдо намекардам, ки ақаллан чеҳраашро дар хотир дошта бошам. Шабҳо дар хобам симои падарро медидам, ки ҳар маротиба ҳар гуна тасвир меёфт. Аммо чеҳраи аслияшро ҳеч гоҳ намедидам, - ин суханҳоро мегӯяду баъд аз каме таваққуф боз идома медиҳад.

- Бо дӯстонам дар само вақте ҳавопайморо медидем, хушҳолона мегуфтем: «Самалёти ҳавоӣ, дадаҷонма биёрӣ». Падарони онҳо меомаданд, вале аз ман не. Он замон касе аз мулки рус меомад, ширинӣ медод ва ман ҳам ба умеде ба гирифтани он шириниҳо мерафтам, ки мабодо падари ман ҳам меояд. Чун аз модарам мепурсидам, ки падарам дар куҷост, ҳамеша як посух доштанд, ки дар Русия асту имсол ё соли дигар меояд. То бузург шуданам бо ин умед зиндагӣ мекардам, то замоне ки зани ҳамсоя сағераи бепадарам гуфт.

«Он рӯз бо кадом сабабе зани ҳамсояро хафа мекунам ва сари ҷаҳл маро сағираи бепадаргӯён ҷанг мекунад. Ба хона баргашта, ба худ суол кардам, чаро падарам намеояд? Барои чӣ он зан маро сағира гуфт? Суолҳое буданд, ки посух намеёфтам ва ҳанӯз ҷавобашро пайдо карда наметавонам. Танҳо ҳаминашро фаҳмидам, ки падарам баробари озими Русия шудан дунболи зани тотореро мегираду аз мо рӯ мегардонад», - ба ёд меовард қаҳрамони матлаби мо.

Дар кӯдакӣ гарчанде ин орзуяш амалӣ нашуд, бо бузург шудан ба дидани чеҳраи падар шарафёб гардид. Тавре худи ӯ нақл мекунад:

- Он замон донишҷӯ будам. Субҳгоҳон модарам наҳориро омода мекарду худ ба кор мешитофт. Вақте аз хоб бедор шудам, болои сарам мардеро дидам, ки сарамро сила мекард. Дар аввал гумон кардам, ки амакам аст, чун ба чеҳраи он кас шабоҳат доштанд. Амакҷонгӯён ба оғӯш гирифтам, ки гуфтанд, ман падарат мешавам. Он рӯз ман дар ҳолати шокӣ қарор доштам. Бо сабаби вақти кам доштанашон зуд рафтанд. Баъдан фаҳмидам, ки бибиям бемор будаасту барои хабаргирии эшон омада будааст. Дигар то ҳол падарро надидам. Вале он рӯз дар ҳаёти ман ҳамчун рӯзи таърихӣ нақш бастааст, - нақл мекунад Макс.

Дар ин миён чандин маротибаи дигар ба Макс имкон даст медиҳад, то бо падар телефонӣ ҳамсуҳбат шавад. Ҳатто замоне дар чунин суҳбатҳо падар аз нақшофарии ӯ дар филм ситоиш намудаву боиси ифтихор буданашро низ иброз доштааст.

ДУ ҚАҲРАМОНИ ЗИНДАГӢ

Баробари сиҳат ёфтани бародараш зиндагии онҳо тағйир хӯрд. Кунун барои Макси дар кӯдакӣ ранҷкашида бародар пушту паноҳ гардида буд. Ҳар хоҳиши ӯро сари вақт бароварда месохт.

- Намегузошт, то аз дигар рафиқонам камӣ дошта бошам. Хӯроку пӯшокро бароям муҳайё месохт, вале қатъан талаб мекард, то аз дарсҳо дер намонаму ҳушу ёдам ба хондан бошад. Мехостам ин некиҳои бародарамро бо ҳар роҳе бароварда созам. Чун ӯ дӯстони зиёд дошт, пас аз тамрин бегоҳирӯзӣ ба хона меомаданд ва ман барояшон ҳар гуна хӯрокҳо омода мекардам. Бо ин роҳ, гӯё мехостам хидматҳояшро бароварда созам, ки гарде аз накӯкориҳои ӯро мемонд. Аз он овон то ба ҳол, қаҳрамон ва идеали ман дар зиндагӣ бародарам аст. Бо буданаш ифтихор дорам, - хушҳолона меафзояд Макс Қосимов.

Дар баробари бародар модарро ягона қаҳрамони ҳаёташ мепиндорад.

- Модарам бароямон хеле зиёд меҳнат кард. Ҷавонияшро қурбони ману бародарам намуд. Мекӯшид аз ноадолатиҳои зиндагӣ эмин бошем. Субҳ ба ману бародарам шириниҳо мепӯхту наҳорӣ омода мекард ва зуд ба ҷойи кораш мешитофт. Болаззаттарин хӯрокҳоро омода мекарду ҳанӯз ҳеч як хӯроки ошхонаҳои дунё бароям то андозаи таоми омодакардаи модарам лаззат надорад. Дарёфтам, ки барои кӯдак ҷойи модарро касе иваз намекардааст. Мехоҳам кӯдакони дунё аз ҳеч чиз танқисӣ накашанд, бештар аз ҳама аз камии меҳр, - мегӯяд қаҳрамони мо.

РОВИИ РАДИО

Баъди хатми мактаб Макс мехост ба хидмати Модар – Ватан биравад, вале бо сабаби танҳо будани модару дар ғарибӣ қарор доштани бародар натавонист ин орзуяшро амалӣ созад. Тасмим гирифт, то ба яке аз донишгоҳҳои фарҳангиву театрии Русия шомил шуда, ҳунарпеша гардад. Азбаски ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо тӯл кашид, имкони дохил шудан ба боргоҳи илм низ барояш муяссар нашуд.

Бо тавсияи ҳамсоядухтар соли 2006 шомили Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода шуда, ҳамчун тарҷумони забони инглисӣ ин боргоҳи маърифтаро хатм менамояд. Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ҳамчун тарҷумон дар чанде аз маҳфилҳо ҳунарнамоӣ намуда, маблағи муайяне ба даст меовард. Вале иштирок дар яке аз ҳамоишҳои фарҳангии донишгоҳ самти фаъолияташро ба куллӣ тағйир дод.

- Соли охири таҳсил дар донишгоҳ буд. Дар ҳамоиши фарҳангии «Маҳфили зарифон» нақши ровии радиоро бозидам. Баъд аз он бароям тавсия доданд, ки садои радиоӣ дорӣ ва ҳамчун ровӣ худро бисанҷ. Бо ҳамин ният, ба радиои «Ватан» омадаму хушбахтона миёни 40 нафар иштирокдор ғолибиятро касб намудам, - чунин қисса мекунад Макс саҳнаи ба радио рафтани худро.

Дар радиои мазкур барномаҳои зиёдеро пеш мебурд, ки шунавандаи доимии худро доштанд. Якчанд муддат дар радиои «Азия плюс» низ кор кард. Вале худро бидуни олами синамо тасаввур карда натавонист ва баргашт ба саҳнаи синамо.

ҚАҲРАМОНИ СИНАМО

Қадамҳои аввалини худро ба олами синамо ҳанӯз замони кор дар радиои «Ватан» гузошта буд. Садои ғулғуладору симои зебо, ки дошт, барои офаридани нақш дар филм ба ӯ пешниҳоди зиёд мегардид. Вале на ҳамеша нақши қаҳрамонҳо барояш писанд меомад. Ниҳоят, рӯзе вай барои нақш офаридан дар филми «Арӯси замонавӣ» розӣ шуд. Дар ин филм ӯ нақши Макс ном ҷавонеро бозид, ки бисёр саҳнаҳои филм ба ҳаёту зиндагии ӯ шабоҳат доштанд. Ҳамин буд, ки номи қаҳрамон ба номи аслии худи Макс иваз карда шуд. Воқеан, ин филм тавонист, ки маҳбуби тамошобин гардаду Максро ҳамчун чеҳраи синамо муаррифӣ созад.

Баъд аз ин роҳи Макс Қосимов барои нақшофарӣ дар филмҳо фарох гардид. Ҳамин тавр, ӯ дар филмҳои «Риё», «Парад женихов» ва силсилафилми ютубии «Ишқ, пул, Душанбе» нақш офарид.

- Ба чунин хулоса омадам, ки Макс нисбат ба радио худро дар олами синамо бештар дидан мехоҳад. Аз ин рӯ тасмим дорам, ки аз моҳи сентябри соли 2023 таҳсиламро дар Донишгоҳи давлатии синамогарии Русия ба номи С.Герасимов (ВГИК) идома диҳам ва дар оянда ҳамчун коргардони синамо филмҳои худро ба навор гирам, - афзуд дар интиҳои суҳбат Макс Қосимов.

Макс дар баробари ҳунармандиву ровигӣ шеър низ эҷод мекунад. Дилпораҳояшро сабт намуда, бештар тариқи навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамояд. Инчунин ӯ аввалин нафарест, ки соли 2022 бори аввал ҷоизаи «Беҳтарин ровии радио» -и Ширкати телевизион ва радиои «Ватан»-ро соҳиб гардид.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед