Ru  | Tj
Ногуфтаҳо аз пири осиёб. Осиёбҳои Усто-Раҳмат дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд
Ногуфтаҳо аз пири осиёб. Осиёбҳои Усто-Раҳмат дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ногуфтаҳо аз пири осиёб. Осиёбҳои Усто-Раҳмат дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд

Нашр шуд

Усто-Раҳмат Довудов аз осиёбсозони қадимии водии Зарафшон ва шаҳри Панҷакент аст. Ӯ 95 сол дорад ва беш аз 60 осиёби барқиву обӣ дар дохилу хориҷи кишвар сохтаву ба истифода додааст. Танҳо дар шаҳри Панҷакент ӯ 33-дона осиёб сохтааст ва дар вилояти Самарқанду Ҷиззахи Ӯзбекистон 9 осиёби барқиву обии сохтаи ӯ то ҳол фаъолият доранд.


Ин ҳунарро усто аз падар ва падарбузургонаш омӯхтааст ва имрӯз аз куҳантарин созандагони ин дастгоҳ маҳсуб мешавад. Дар водии Зарафшон ӯ бо тахаллуси Бобои Усто шинохта шуда, ки аз таҷрибаи қавӣ ва обрӯву эътибораш дарак медиҳад.

Ин осиёб ҳамсоли истиқлол аст ва соли 1991 сохта шудааст. Барқист ва ба гуфтаи усто, сифатан аз осиёби обӣ беҳтар аст. Онро ӯ пас аз 40 соли таҷриба ва кор дар шаҳру навоҳии дохилу хироҷ дар деҳаи Рукнобод сохтааст ва ба хидмати мардуми зодгоҳаш камар баста.


Усто-Раҳмат аз авохири солҳои 1950-ум ва пас аз даргузашти падар ба ин кор мепардозад. Замоне барои беҳтар намудани ҳунари худ ва бандубасти хуби осиёб ба шогирдӣ низ истода. Ӯ мегӯяд, он вақт талабот бар ин дастгоҳ беш буд ва заводи истеҳсоли орди Самарқанд, ки ягона завод дар минтақа маҳсуб меёфт, аҳолиро таъмин карда наметавонист.

“Аввалҳо ман дар деҳоти дурдасти кӯҳистон ба сохтани осиёбҳои обӣ машғул шудам. Мардум ҳама ғалла мекоштанд ва орди осиёб мехӯрданд. Созандаи осиёб кам буд ва заҳмати зиёдро талаб мекард. Махсусан, пайдо кардани санги мувофиқ душвор буд ва на ҳар кас онро тарошида метавонист. Баъди бартараф кардани мушкилии санг кори ман сар мешуд ва одатан дастгоҳро дар болои ҷӯйборҳои калон ва дарёчаҳои кӯҳӣ, ки оби тез доштанд, месохтам”, ҳикоят мекунад пири осиёб.

Аз таърихи осиёб ӯ мегӯяд, аҷдодони гузаштаи мо дар аввал бо даст ғаллаи худро орд мекарданд ва онро мо “дастос” мегуфтем. Баъд аз ин осиёбҳои обӣ маъмул шуданд, вале каму беш шудани об ҳам гоҳо кори онро бозмедошт ва фаслҳои сол ҳам таъсири худро мерасониданд. Бо пайдо шудани барқ мо осиёби барқиро сохтем ва он бисёри мушкилоти пешорӯро осон кард.


Усто-Раҳмат аз таҷриба мегӯяд, баъдан осиёби барқӣ ҳам талаботи аҳолиро бароварда намекард ва мешуд, ки онро дар саргаҳ, мобайн ва охири деҳаҳо бисозад. Ӯ мегӯяд, пас аз сохтани 3 осиёби обӣ дар деҳаи Панҷрӯд, ба деҳаҳои дигар даъват шуда, ҳамин гуна 6 осиёб дар деҳоти Артучу Зиддӣ ва танҳо 7 осиёб дар деҳаи Хурмӣ сохтаву ба истифода додааст.

Ӯ баъдан дар шаҳрҳо ба сохтани осиёби барқӣ машғул шуд ва минбаъд дар берун аз кишвар низ ба ин кор пардохт. Беш аз 60 осиёби обиву барқии сохтаашро усто ба ёд меоварад ва шумори дигари онҳо дар шаҳри Панҷакент дақиқ нестанд. Ҳамзамон, ба бовари Усто - Раҳмат, дар деҳоти гуногуни вилояти Самарқанд ва Ҷиззахи ҳамсоякишвари Ӯзбекистон осиёбҳои барқиву обии сохтааш то ҳол фаъолият доранд.

“Орди ин осиёб ғизонокии баланд дорад, вале ба навъҳо ҷудо намекунад ва сабӯси гандум бо он омехта аст. Онро мебезанд ва ҷудо мекунанд. Ин анъанаи қадимаи мост ва аз гузаштаҳои дур реша мегирад” - мегӯяд Усто-Раҳмат.

Осиёби имрӯзаи ӯ дар деҳаи Рукнобод аз охирин дастгоҳҳои сохтааш аст ва он ҳам 30 сол дорад. Мо онро "гардон кардем" ва пири осиёб раванди кори дастгоҳро шарҳ дод. Ӯ хотироташро аз рӯзҳои аввали кор гуфт ва афзуд, "беш аз ҳамаи осиёбҳои сохтаам, ин осиёб баракат дошт ва кори он ба ман рӯҳия медоду фараҳманд мегаштам".


Вале ин осиёб давраи ҷанги шаҳрвандиро ҳам гузаронидааст ва дар ин муддат аз ҷаву ҷуворимакка низ орд баровардааст. Қаъбулахбор Довудов, набераи Бобои Усто, ки аз 15-солагӣ ба кори осиёб майл карда, ин ҳунарро аз бобо мерос гирифтааст, талху шӯриҳои он солҳоро дар ёд дорад. Ӯ мегӯяд, ин замон одамон бо оби дида меомаданд, ки аз ҷаву ҷувории мо орд бароварда диҳед ва мо дигар имкони рад карданро надоштем. Аз ҷуворимакка орд мебаровардему баъд аз он мо маҷбур мешудем, ки тамоми осиёбро тоза кунем, то ба дигар гандумҳои тозаи меомада якҷо нашавад ва орди осиёб хуб истеҳсол гардад.

Дӯли ин осиёб то 120 кг ғалладона ё худ гандум мебарад, ки аз сӯрохии поёнӣ ба саққоча ва пас аз он дар байни санги даврашакл мерезад. Гандум дар натиҷаи чарх задани санг ба орд бадал меёбад. Фишори чархзанӣ орди ҳосилшударо ба хумма мепошад ва он ҷо ҷамъ меояд. Ин осиёб имкони дар як рӯз то 1.5 тон гандумро кордард кардан дорад.


Бо вуҷуди беш шудани орди сифатан хуб ва ба истилоҳ “орди заводӣ” то ҳол истеъмолкунандагони ин навъи орд кам нестанд. Ҳамасола ин осиёб кор мекунад ва ба хидмати мардуми минтақа маром гирифта. Одамон аз деҳоти дур низ ба ин осиёб меоянд ва аз маҳсули он истифода мекунанд.

Ҳамзамон, Бобои Усто дар 95-солагии худ ният дорад, ки дар деҳаи болоии Ворӯ осиёби нав сохта, ба мардуми зодгоҳаш аз худ нишоне боқӣ монад.


Аҷиб Ҷамол: "Маънии зиндагӣ бароям озодии хирадмеҳвар аст"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед