Ru  | Tj
Рассомӣ, аъҷубасозӣ, ҳайкалтарошӣ. Чӣ тавр Аъзамҷон Додоҷонов ҳунарманди номӣ шуд?
Рассомӣ, аъҷубасозӣ, ҳайкалтарошӣ. Чӣ тавр Аъзамҷон Додоҷонов ҳунарманди номӣ шуд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Рассомӣ, аъҷубасозӣ, ҳайкалтарошӣ. Чӣ тавр Аъзамҷон Додоҷонов ҳунарманди номӣ шуд?

Нашр шуд

Аъзамҷон Додоҷонов 49 сол дорад. Ин марди ҳунар солҳост, ки бо рассомиву гаҷкорӣ машғул аст. Маҳсули дастони ӯро метавон дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон пайдо кард. Аъзамҷон дар баробари бо ин касб машғул будан ҳамзамон аз нозукиҳои ҳунари ҳайкалтарошӣ воқиф аст. Бузургтарин пайкараи офаридаи ӯ ҳайкали «Франтон» ва «Афродита» мебошад, ки дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Айни ҳол ӯ дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз рӯйи ихтисоси гаҷкорӣ ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад.

Ӯ аз фаъолияти эҷодӣ, пайроҳаи муваффақият, дастовард ва нақшаҳои ояндаи худ ба муаллифи Halva.tj қисса намуд.

ОРЗУИ КӮДАКӢ

Айёми кӯдакӣ моломоли умеду орзуҳост. Ҳар кас дар ин давра кореро барои худ мақсад мегузорад. Аъзамҷон Додоҷонов низ аз кӯдакӣ мехост рассом шавад. Падараш Акрамҷон Дододоҷонов барои амалӣ шудани ин орзуи писараш ҳамеша дар бараш буд. Падари Аъзамҷон ҳарчанд дар соҳаи рассомӣ таҳсил накарда бошад ҳам, дар тасвир кардан маҳорати баланд дошт.

«Расмҳои тасвиркардаи падарам маро ба олами ҳунар раҳнамун сохт. Мехостам мисли падарам рассом бошам. Рӯзе дар мактаб эълон карданд, ки дар Литсейи касбии техникӣ маҳфили рассомӣ ташкил шудааст. Чун муаллимамон аз ҳунари рассомиям огоҳ буд, маро ба он маҳфил ҷалб намуд. Дар он ҷо як муддат таҳсил намуда, аз асрори ҳунари рассомӣ воқиф шудам», - ба ёд меорад қаҳрамони мо.

Аввалин асари Аъзамҷон Додоҷонов ҳанӯз дар овони наврасӣ барояш пирӯзӣ овардааст. Ӯ дар озмуне манзараи куштии миллиро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намуда, сазовори ҷойи аввал гардидааст.

«Аз рӯйи шарти озмун бояд урфу одат ва анъанаҳои миллии халқамонро дар тасвири худ таҷассум намудан лозим буд. Ман манзараи куштии миллиро интихоб намудам. Онро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир кардам. Ҳамаи қаҳрамонҳои асар бо либоси миллӣ: тоқӣ, ҷома, рӯймол тасвир шуданд, ки моҳияти асарро боз ҳам баланд мебардошт. Пас аз ғолиб шудан дар озмун асарро ба кишвари Булғористон фиристоданд», - мегӯяд ҳунарманд.

«ОМӮЗИШГОҲИ САРАТОВ МАЪВОИ ДИЛАМ БУД»

Аъзамҷон аз хурдӣ мехост дар омӯзишгоҳи Саратови Федератсияи Русия таҳсил намояд. Он замон аксарият ҳамин омӯзишгоҳро интихоб мекарданд. Ниҳоят ин орзуи Аъзамҷон амалӣ шуд. 16 сол дошту аллакай дар курси аввали ин боргоҳ таҳсил мекард. Тавре худи ӯ мегӯяд:

«Дохил шудан ба омӯзишгоҳи Саратов маъвои дилам буд. Дар он даргоҳ мо ҳунарҳои миллии халқҳои ҷаҳонро меомӯхтем. Чун омӯзишгоҳро хатм кардам, барои ҳимояи кори хатм нақши миллии тоҷикиро пешниҳод намудам. Устодон розӣ шуданд. Вақте дар рӯзи ҳимоя асарро овардам, ҳамагӣ аз нақшҳои зебову ҷаззоби миллии мо дар ҳайрат афтоданд. Сипас барои исботи он ки воқеан асарро худам тасвир кардаам, дар назди устодон аз нав нақшҳои миллиро тасвир кардам. Чанд вақт асари банда дар девори омӯзишгоҳ истод. Айни ҳол ин асар дар омӯзишгоҳ маҳфуз аст», - иброз дошт рассоми моҳир.

Аксарияти асарҳои Аъзамҷон Додоҷонов моҳияти фалсафӣ доранд. Ӯ фалсафаи зиндагиро на танҳо дар расм, балки дар армуғону аъҷуба ва ҳайкалчаҳои хурд бозтоб медиҳад. Қаҳрамони мо мегӯяд, асари офаридаи ҳунарманд баробари ба кас завқ бахшидан бояд бинандаро ба фикр фурӯ бурда тавонад.

«Устодонамон ҳамеша таъкид мекарданд, ки пеш аз офаридани ягон асар мавзӯъро муайян намоед. Бояд дар мавзӯи интихобкардаатон як ҷузъи зиндагӣ инъикос ёбад. Аз ҳамон вақт кӯшиш мекунам, ки асарҳоям дар қолаби фалсафӣ офарида шаванд», - гуфт Аъзамҷон Додоҷонов.

АРМУҒОН АЗ ПАРТОВ

Дар урфият мегӯянд, дасти одамизод гул аст. Бале қаҳрамони мо Аъзамҷон Додоҷонов низ бо дастони муъҷизаофараш аз партовҳо (чизҳои нолозим, картон, рӯзномаҳои куҳна ва табақчаҳо) армуғонҳои гуногун месозад.

«Имрӯз кундалкашӣ дар рӯйи табақҳо мӯд шудааст. Мо дар рӯйи табақҳои куҳна кундал мерезем ё маконҳои таърихиву қадимаи Тоҷикистонро тасвир мекунем. Аз картону рӯзномаҳо ё матоъҳои кӯҳна кӯза месозем. Дар натиҷа як чизи лозиму зебоибахш омода мешавад. Масалан, кӯзае ки аз картону гаҷ тайёр мешавад, сабук ва мустаҳкам буда, ба сифати армуғон истифода кардани он қулай аст», - иброз дошт устои моҳир.

РАСМ ДАР РӮЙИ ЧАРМ

Имрӯз тасвир дар рӯйи чарм зиёд ба назар мерасад. Аъзамҷон Додоҷонов ин навъи тасвирро ҳанӯз соли 2009 аз ҳунармандони кишвари Тунис омӯхта буд.

«Мо вақте ба Тунис рафтем, рассомони он ҷо дар рӯйи чарм тасвир мекарданд. Ин бароям бисёр аҷиб тофт ва қарор додам, ки ҳатман бояд асрори ин навъи тасвирро омӯзам. Аммо дар рӯйи чарм тавсвир кардан нозукиҳои худро дорад. Масалан, агар чарм нағз коркард нашавад, бо мурури вақт кашиш хӯрда, тасвири рӯйи он тағйир меёбад», - мегӯяд Аъзамҷон.

Қаҳрамони мо дар рӯйи чарм бештар қаҳрамони афсонаҳои халқӣ ва латифаҳоро тасвир мекунад. Ӯ ба ин восита қаҳрамони афсонаҳоро зинда месозад.

Аъзамҷон Додоҷонов то имрӯз дар намоишҳои ҳунарии зиёд иштирок намудааст. Ҳамзамон борҳо ба Тунис, Қазоқистон, Русия, Югословакия сафар намуда, ҳунарҳои миллии миллатамонро муаррифӣ намудааст. Қаҳрамони мо мегӯяд, «вазифаи мо ҳунармандон дар баробари ҳифзи ҳунарҳо, ҳамзамон эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани ҳунари волову қадима аст».

Қаҳрамони мо асарҳояшро дар жанрҳои гуногун тасвир мекунад, аз ҷумла дар жанрҳои «анималист», «визажист», «манументалист», «партретист», «баталист», «маренист», «пейзаж», «кундал», «минятура», «карикатура» ва ғайраҳо. Ҳамчунин ба сохтани кӯза, аъҷуба, ҳайкалча, гул ва дигар армуғонҳо машғул аст. Бузургтарин асари офаридаи Аъзамҷон Додоҷонов «Ҳафт пайкар» ном дорад, ки аз дастовардҳои 30-солаи истиқлоли кишвар қисса мекунад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед