Ru  | Tj
"Сӯзанӣ" таронаест, ки дар матоъ кашида шудааст. Дар Тоҷикистон анъанаҳои қадимаи гулдӯзиро эҳё мекунанд
"Сӯзанӣ" таронаест, ки дар матоъ кашида шудааст. Дар Тоҷикистон анъанаҳои қадимаи гулдӯзиро эҳё мекунанд
Аксҳо: Halva.TJ

"Сӯзанӣ" таронаест, ки дар матоъ кашида шудааст. Дар Тоҷикистон анъанаҳои қадимаи гулдӯзиро эҳё мекунанд

Нашр шуд

Шарқ бо чӣ шабоҳат дода мешавад? - Албатта, пеш аз ҳама, бойтарин матоъҳо ва гулдӯзиҳои дурахшон, ки қариб дар ҳама ҷо ба назар мерасанд, ба хотир мерасад. Матоъҳои бо даст гулдӯзишуда халқҳои Осиёи Миёнаро дар тӯли тамоми ҳаёташон ҳамроҳӣ мекунанд: инҳо либосҳои идонаю ҳамарӯза, ороиши хона, ҷавоҳирот ва ғайра мебошанд. Умуман, ҳамаи рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти инсон ҳамеша бо унсурҳои нақшу нигори анъанавӣ илова карда мешуданд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Тоҷикони муосир мекӯшанд, ки ба либос ё ороиши дохилии бинои худ маснуоти анъанавии гулдӯзишудаи дастиро илова карда, мансубияти миллии худро то ҳадди имкон хотирнишон кунанд. Гулдӯзии аз ҳама маъмул – ин "сӯзанӣ" мебошад, аммо кам касон дар бораи маънои ин нақшҳои оддӣ фикр мекунанд. Ин аст, ки тарроҳ Мунира Оқилова, муаллифи бренди тоҷикии «Мунир», ба баргузории маърӯзаҳои кушод ва мастер-классҳо шурӯъ намуд, то мардум на танҳо зебоии нақшу нигори тоҷикиро қадр кунанд, балки маънои онро дуруст дарк ва маънидод карда тавонанд.

Яке аз чунин омӯзишҳои кушод дар аввали моҳи апрел дар Душанбе баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳи дурӯзаи маҳсулоти ҳунармандӣ, мастер-классҳо оид ба гулдӯзӣ ва мубоҳисаҳои озод барпо карда шуд.

Шавқу ҳаваси кӯдакӣ, ки ба шуғли доимӣ табдил ёфтааст

Дар Тоҷикистон, алахусус дар маҳалҳои ҷумҳурӣ, ба духтарон аз овони кӯдакӣ дӯзандагӣ ва гулдӯзиро меомӯзонанд. Аз қадимулайём чунин буд, бинобар ин, ҳоло қариб дар ҳар як оилаи тоҷик хуб дӯхта ё гулдӯзӣ карда метавонанд. Ҳамин тавр, ба Мунира низ аз хурдсолӣ нозукиҳои гулдӯзии миллиро омӯзониданд.

«Дар тӯли зиёда аз 15 сол ман дар донишгоҳ аз фанни иқтисод дарс медодам ва танҳо дар вақти холигиам гулдӯзӣ мекардам. Ман, ба монанди бисёр духтарон, аз синни 10-солагӣ аввал рӯймолчаҳо гулдӯзӣ мекардам ва танҳо солҳои 2000-ум ба гулдӯзии расмҳо шурӯъ намудам. Бо гузашти вақт, хостам, ки корҳоям солҳои дароз ба чашм ҳаловат бахшанд. Аз ин рӯ, расмҳои гулдӯзикардаамро ба зери шиша гузоштан шурӯъ кардам, то ки онҳоро муддати дароз нигоҳ дошта тавонам. Бо хурсандии хос нақшҳои миллиамонро бо ришта мекашидам” - мегӯяд тарроҳ Мунира Оқилова. 

"Бахшандаи нур"

Бори аввал Мунира дар бораи мазмун ва маънии нақшу нигори тоҷикӣ дар соли 2006-ум, пас аз сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, яъне пас аз ташриф овардан ба макони нигоҳдории ҳиндуёни маҳаллии Амрико, ки бо ҳунарҳои дастӣ машғул буданд, андешаронӣ кард. Ҳангоми саёҳат ба ӯ дар бораи маънои рангҳо ва нақшҳо дар маҳсулоти нассоҷии ҳиндуён нақл карданд. Он лаҳза ӯ дарк намуд, ки қариб тамоми умр гулдӯзӣ карда, ҳеҷ гоҳ дар бораи маънои нақшҳои дӯстдоштаи миллии худамон фикр накардааст.

Пас аз чанд вақт, яъне соли 2013 иқтисоддон Мунира ба лоиҳаи рушди ҳунарҳои дастӣ ҳамроҳ мешавад. Худи ҳамон сол, вай тасмим мегирад, ки фаъолияти худро дар донишгоҳ қатъ кунад ва дар 35-солагӣ ба мактаби санъати баччагона дохил мешавад. Пас аз чанд соли дигар Мунира зинаи бакалавриатро дар соҳаи дизайн (ороиш) ва графика хатм намуд.

«Аз соли 2015 инҷониб дар Ассотсиатсияи Рушди сайёҳии Зарафшон ба ҳайси менеҷери лоиҳаҳои соҳаи ҳунармандӣ фаъолият мебарам. Аз ҳамон вақт сар карда, ман тамоми қувва ва ғайратамро ба таҳия ва рушди лоиҳаи хеш бо номи "Армуғон" равона кардам. Мо маҳсулоти гулдӯзишудаи дастиро истеҳсол мекардем. Дар соли 2021 мо тасмим гирифтем, ки ребрендинг (интихоби номи тиҷорати ҷадид) гузаронем ва номи лоиҳаро ба «Мунир», ки номи ман аст, иваз кунем. Маънои "Мунир" - "бахшандаи нур" мебошад, ки фаъолияти маро дар доираи ин лоиҳа дақиқтар инъикос мекунад. Мо ба минтақаҳо сафар мекунем, чорабиниҳои маърифатӣ мегузаронем, ба занони деҳот гулдӯзиро мувофиқи талабот ва стандартҳои муосир меомӯзонем. Мо дониш меорем, занони деҳотро таълим медиҳем. Чашмони дурахшони онҳоро дида, шодии мо дучанд мегардад, алахусус вақте ки меҳнати онҳо натиҷаҳои назаррас меорад».

"Сӯзанӣ" чист

Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ин қолинест, ки бо даст аз абрешим ё риштаи мулина бо навъи махсус бофта мешавад: сатҳи он бо истифодаи "басма" ё юрмадӯзӣ карда шудааст. Чунин намуди гулдӯзӣ дар матои пахтагӣ, абрешимӣ ва ё махмалӣ, ки бо зеҳи махсус ё матои сиёҳ дӯхта шудааст, истифода бурда мешавад. Дар нақшҳо бештар оҳанги гулкорӣ, меваҳои дарахт, парандагон ва рамзҳои соҳиронаи (мӯъҷизавори) қадимӣ бартарӣ доранд.

Ҳар як водӣ гулдӯзии ба худ хос дорад

Ҳар як минтақаи Тоҷикистон мактаби гулдӯзӣ ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Умуман, албатта, сӯзаниро аз рӯи марзҳои сиёсӣ тақсим кардан номумкин аст, зеро, масалан, ҳамон Зарафшон аз Тоҷикистон оғоз ёфта, дар Ӯзбекистон ба итмом мерасад ё водии Фарғона ҳамзамон 3 ҷумҳуриро фаро мегирад. Ин алоқаи фарҳангӣ дар гулдӯзии анъанавӣ хеле таъсири намоён дорад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки навъҳои гулдӯзиро аз рӯи водиҳо тасниф диҳем.

Ҳар як минтақа хусусиятҳои худро дорад. Масалан, сӯзании Хуҷанд дар заминаи сиёҳ ва доираҳои он бо рангҳои гулобӣ, сурх ва қирмизӣ гулдӯзӣ шудааст. Мактаби Хуҷанд ба водии Фарғона тааллуқ дорад, аз ин рӯ, хоси он нозукӣ ва латофат дар нақшҳо мебошад. Дар чунин сӯзаниҳо одатан дар маркази давра нақши «изи шутур» дида мешавад, ки ин низ як хусусияти дигари он ба ҳисоб меравад.

Сӯзании Истаравшан таъсири водии Зарафшон ва Фарғонаро дар бар мегирад, зеро Истаравшан аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар чорроҳаи онҳо ҷойгир аст. Дар чунин матоъ дарҳол хатҳои борик ба назар мерасанд, аммо доираҳо нисбат ба сӯзании Хуҷанд калонтаранд. Ин навъи сӯзаниро акнун бо нархҳои дастрас аз мағозаҳо ва ярмаркаҳо харидан мумкин аст.

Мактаби гулдӯзии Зарафшон бо доираҳои калон фарқ мекунад. Аксар вақт, аломати фарқкунандаи сӯзании Зарафшон оҳанги серанга мебошад. Дар заминаи сафед, доираҳо бо риштаҳои сиёҳ ё бо омехтаи қирмизию сурх гулдӯзӣ карда мешаванд. Замина сафед, маънои хушбахтӣ, осмони осоишта, сулҳ ва оромиро дорад, ки ин тозагии ботинӣ ва берунӣ ифода менамояд. Доира - таҷассумкунандаи офтоб, рамзи гармӣ ва ҳаёт аст. Сурх ранги хун аст, маънои оғози зиндагӣ ва муҳаббатро дорад. Сиёҳ аксар вақт ба душворӣ ё шаб алоқаманд аст.

Дар Хатлон сӯзанӣ дар заминаи сурх гулдӯзӣ карда мешавад. Дар ин ҷо доираҳои азим бартарӣ доранд. Одатан дар сӯзаниҳои Хатлон истифодаи ранги сиёҳ манъ аст. Дар ин ҷо он бо ранги арғувонӣ иваз карда мешавад, хусусан агар сӯзанӣ барои ҷиҳози арӯс гулдӯзӣ карда шавад, зеро ранги сиёҳ рамзи мотам ба ҳисоб меравад.

Гулдӯзии Ғарм ё Рашт бо нозукӣ ва тафсилоти худ фарқ мекунад. Дар мисоли либоси чакан дидан мумкин аст, ки дар интихоби рангҳо симметрия вуҷуд надорад - ҳар як унсур инфиродӣ аст, ки ин низ намуди гулдӯзиро беназир мегардонад.

Гулдӯзии Дарвоз яке аз гулдӯзиҳои мушкилтарин ба ҳисоб меравад, зеро он аз тарафи пушт, яъне таги матоъ гулдӯзӣ карда мешавад. Имрӯз он хеле камёб аст, бинобар ин, онро эҳё кардан лозим мебошад.

Гулдӯзии Помир бо нақшҳои геометрии худ фарқ мекунад. Хусусан дар тоқиҳо ин нақшҳо хеле нозук ва майда кашида мешаванд.

Дар гулдӯзии муосир гулдӯзон ба истифодаи оҳангҳои нав шурӯъ карданд. Ҳоло ҳар як давраи таърихи кишвар нуфузи худро дорад. Масалан, имрӯз дар гулдӯзӣ мо метавонем пораҳои "кандакорӣ" (кандакории чӯб) -ро бубинем. Инчунин, аксар вақт дар нақшу нигор дарахти ҳаёт тасвир карда мешавад, ки рамзи оила ва насли оянда мебошад.

"Арт-терапия"

Мунира Оқилова ҳамчун коршиноси гулдӯзӣ чандин маротиба имконияти боварӣ ҳосил карданро дошт, ки гулдӯзӣ – ин на танҳо эҷоди маҳсулоти зебои дастӣ бо услуби миллӣ, балки роҳи оромиш, дурӣ аз ташвишҳо ва андешаҳои бад аст. Зане, ки ба сӯзанкорӣ машғул аст, ҳамоҳангии ботиниро ба даст меорад, малакаҳои хуби коркунии дастҳояшро инкишоф медиҳад ва рангҳои дурахшон табъи ӯро беҳтар мегардонанд.

Нигоҳ доштани суннатҳои қадимӣ

Дар айни замон, Мунира Оқилова китобе навишта истодааст, ки дар он тамоми маълумотро оиди тоқиҳои миллии тоҷикӣ инъикос мекунад. «Ман ин мавзуъро барои он интихоб кардам, ки имрӯз кам нафарон дар ин самт кор мекунанд. Барои бисёриҳо гулдӯзӣ – ин танҳо сӯзанӣ, нақшҳои зебо дар либос ё маҳсулоти нассоҷии хонагӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, таърихи фарҳанги мо, нисбат ба он дараҷае, ки мо тасаввур мекунем, хеле бойтар аст. Дар китоб тасвири графикии ҳама намуди тоқиҳо, таснифи онҳо аз рӯи минтақа, хусусиятҳо ва маънои гулдӯзӣ оварда мешавад. Донистани таърих на танҳо аз нуқтаи назари эҳё ва ҳифзи анъанаҳои мо, балки ҳузури мутаносиби онҳо дар ҳаёти муосир, дар рӯзгори ҳаррӯзаи мо муҳим аст, чӣ гунае, ки аз ибтидо дар халқҳои мо буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед