Ru  | Tj
Ҳунаре, ки маъно ва зебоии хос дорад: Рафоат Шоазимова – ситораи синамо
Ҳунаре, ки маъно ва зебоии хос дорад: Рафоат Шоазимова – ситораи синамо
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҳунаре, ки маъно ва зебоии хос дорад: Рафоат Шоазимова – ситораи синамо

Нашр шуд

Рафоат Шоазимова 5-уми июни соли 1999 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ин ҳунарманди ҷавон имсол дар Фестивали байналмилалии филмҳо «Asti Film Festival» дар Итолиё сазовори ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин” гардид. Дар ин ҷашнвора ба ҳунари ин актёри зебои тоҷик баҳои баланд дода, ӯро ҳамчун ситораи ояндаи синамо муаррифӣ карданд.


НАҚШИ САНЪАТ ВА РОҲИ ҚАҲРАМОНИ МО

Нақши санъат дар зиндагӣ аз он иборат аст, ки он ба одамон умед ва ҳаёт мебахшад. Ба дӯст доштани ҳаёт одамонро водор месозад. Муҳимтарин рисолати санъат таъсир ба афкор аст, агар таъсир надошта бошад, арзише надорад ва агар наметавонад ҷомеаро ба рушд ва огоҳӣ расонад, он муваффақ нашудааст. Ин хусусияти санъат метавонад барои интиқоли мафҳумҳои фарҳангӣ ва таълимӣ аз як насл ба насли дигар истифода шавад.

Рафоат Шоазимова, ки ҳунарпешаи ҷавон аст, маҳз, бо ҳамин мақсад ин соҳаро пешаи худ кард. Ӯ мехоҳад дар зиндагии инсонҳои гуногун худро бубинад, тасаввур кунад ва ҳаёти онҳоро дар худ гираду ба ин тариқ ба бинанда таъсир расонад. Ӯ аз нахустин гомҳои дар соҳаи санъат гузоштааш муваффақ шуд ва дар ин роҳ боз ҳам устуворона қадам гузошт. Аз аҳли хонаводаи Рафоат касе маълумоти актёрӣ надошт, волидонаш аслан аҳли илм буда, падараш доктори илми фалсафа ва модараш номзади илми фалсафа мебошанд.


НАҚШИ МОДАР ВА МОДАРКАЛОН

Рафоат дар оилае ба дунё омад, ки онҳо дар баробари олим будан, дӯстдори санъату ҳунар низ буда, барои тарбияи фарзандон дар ин роҳ заминаи хуб ба вуҷуд оварда буданд. Модараш, ки худ мактаби мусиқиро хатм карда буд, духтарашро ҳанӯз аз замони наврасӣ, яъне аз синни 7 - солагиаш ба мактаби мусиқӣ месупорад, то навохтани пионинаро хуб омӯзад. Модараш бисёр мехост, ки Рафоат ин ҳунарро бо тамоми нозукиаш аз худ кунад.


Рафоат дар мактаби мусиқӣ 7 сол таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм мекунад. Ҳамин тавр, ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуда, онро низ бо дипломи сурх ба итмом мерасонад. Имсол ӯ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро хатм кард.

Рафоат мегӯяд, ки барои ба ин роҳ қадам гузоштанаш модаркалони раҳматиаш низ ба ӯ зиёд мусоидат кардааст. Модаркалони Рафоат дар асл духтур буда, ҳамчунин санъатро зиёд дӯст медоштааст. 

“Ӯ зани бисёр зиндадил ва меҳрубон буд. Эҷодиётро бисёр дӯст медошт, ҳамчунин, баъзе вақтҳо суруд мехонду ва ҳам рақс мекард”- мегӯяд Рафоат.


ИНТИХОБИ ҒАЙРИИХТИЁР ВА НАҚШИ ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ

Аслан, Рафоат Шоазимова ҳунарманд шуданро ҳеҷ гоҳ аз гӯшаи хаёли худ нагузаронида буд. Ӯ соҳаи санъатро дӯст медошт, вале на санъати киноро. “Ман ҳунарманд шуданро ҳеҷ гоҳ орзу намекардам ва ин ҳолат ногаҳонӣ дар ман пайдо шуд. Як рӯз Темур Зулфиқоров, ки дӯсти оилаи мо мебошанд, ба меҳмонӣ ба хонаи мо омаданд ва аз рӯйи шавқи эҷодӣ дар наздашон рақсидам. Дар ин ҳангом он кас ба бародарам гуфтанд, ки “ӯ ситораи ояндаи синамо аст”. Ҳамчунин, ба бародарам пешниҳод кардаанд, ки маро дар доираи як сенарияи эҷодкардаашон, ки гӯё махсусан нақши маро дар он дида будаанд, ба навор гирад. Дар ин филми таҳиявии бародарам бояд як ҳунарманде аз Русия меомаду дар он нақшофарӣ мекард, вале ӯ бо сабаби масруф будан ба кори дигар омада натавонист. Дар ин нақш ҳунарманде лозим буд, ки ӯ рақсида ва ҳам фортопианиноро навохта тавонаду тахминан 19-20 - сола бошад. Бинобар ин, бародарам гуфт, ки бигзор хоҳарам ин нақшро иҷро кунад, вале ман розӣ нашудам. Зеро маълумоти олии соҳаро надоштам, ҳамчунин, ҳурнарманди касбӣ ҳам набудам. Ин чиз бароям хеле муҳим буд. Лекин бародарам, ки ба ман боварӣ дошт, маро розӣ кард ва ман бошам дар ин роҳ кӯшиши зиёд кардам”.


Рафоат аз хурдӣ камера, мардум, эҷодиёт ва умуман таваҷҷӯҳро зиёд дӯст медошт. Аз ин рӯ, нақшофарӣ кардан дар ин филм барояш мушкилии зиёде надошт. Дар ин бора ӯ мегӯяд: 

“Ман духтари ором набудам. Чунки аз 7-солагиам ба саҳна баромада, пионина менавохтам. Албатта, ин дигар асту санъати кино дигар, вале фикр мекунам, ки бо ҳам алоқамандие доранд”.


"ПРОВИНЦИАЛЬНЫЕ МЕЧТАТЕЛИ" – РОҲЕ БА СӮЙИ ФАРДО

Ҳамин гуна ӯ ба соҳаи санъати кино қадам гузошт. Ӯ дар филми бародараш – Румӣ Шоазимов, ки "Провинциальные мечтатели" (Хаёлпарастҳои музофотӣ) ном дошт, нақши асосиро бозӣ кард. Нақши офаридаи ӯ воқеан ҳам на танҳо бародарашро, ки коргардони филм буд, балки дигаронро низ мутаҳаййир кард. Рафоат Шоазимова бо нақшофарӣ дар филми "Провинциальные мечтатели" (Хаёлпарастҳои музофотӣ) дар ҷашнвораи Итолиё “Ҳунарпешаи беҳтарин” дониста шуд. Филми мазкурро, ки ба қалами Темур Зулфиқоров тааллуқ дорад, Румӣ Шоазимов бо ҳамкории “Тоҷикфилм” ба навор гирифтааст. Филми "Провинциальные мечтатели" (Хаёлпарастҳои музофотӣ) нахуст дар Фестивали байналмилалии «Падарон ва фарзандон» дар шаҳри Орёли Русия сазовори се ҷоиза гардид. Дар ин ҷашнвора коргардон Румӣ Шоазимов бо ҷоизаи махсуси ҳакамон — «Умеди наслҳо», ҳунарпеша Рафоат Шоазимова, ки нақши асосиро бозидааст, бо ҷоизаи “Ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин” ва оҳангсоз Иқбол Завқибеков барои эҷоди мусиқӣ дар филм бо унвони “Лауреати дараҷаи 1” қадрдонӣ шуданд. Филми мазкур дар барномаи озмунӣ дар Фестивали  байналмилалии «DIORAMA International Film Festival» намоиш дода шуда, дар Фестивали  байналмилалии Леонид Хромов сазовори ҷоизаи «Кашфи сол» низ шуда буд.


“Ин аввалин нақши офаридаам буд, ки маро ба дастоварди беҳтарин сазовор гардонд. Албатта, дар Аврупо ва Русия қадрдонӣ гардидани филм бароям шарафи бузург аст. Аз ин рӯ, орзу мекунам, то Худованд маро барои шарафёб гардидан ба ҷоизаҳои боз ҳам баландтар насиб гардонад”, - мегӯяд Рафоат Шоазимова.

ҲУНАРМАНД ВА АСЛИ Ӯ

Ба андешаи Рафоат ҳунарманд бояд пеш аз ҳама ботинан зебо бошад, на зоҳиран. Ба назари ӯ актёр бояд пеш аз ҳама ҷаҳони худ ва андешаи худро дошта бошад. “Ҳунарманд бояд ба дунё тарзе нигоҳ кунад, ки танҳо хоси ӯ бошад. Яъне, ҷаҳони ботинии ҳунарманд пеш аз ҳама бояд зебо, дилрабо ва пур аз муҳаббат бошад. Агар ҳунарманд ҳар қадаре, ки рушд ёбад, ҳамон қадар ба умқи нақш зиёдтар меравад. Бинобар ин, пеш аз ҳама ҷаҳони ботинии актёр муҳим аст. Яъне, ту ботинан кӣ ҳастӣ? Агар ту воқеан инсони аҷиб бошӣ, пас, метавонӣ актёри муваффақ бишавӣ.

Боз алабатта ба назари ман барои ҳунарманди кино муҳимтар аз ҳама ин чашмони ӯ аст. Чаро? Чӣ гунае, ки мегӯянд, чашм оинаи қалб аст. Тамошобинро пеш аз ҳама чашмони ҳунарманд ба худ ҷалб мекунад. Ҳунарманд бояд ғаму андӯҳ, шодиву хурсандӣ ва умуман кулли эҳсосашро бо чашмаш баён карда тавонад”, - мегӯяд ӯ.


Рафоат омодааст, ки дар соҳаи кино зиёд кор кунад ва тавоноии бештари худро нишон диҳад. Ҳоло ӯ тоза ба ин соҳа қадам гузоштааст ва мехоҳад бо режиссёрҳои хубу муваффақ ва филмномаҳои беҳтарин ҳамкорӣ дошта бошад. Яъне, ӯ дар филме нақш офаридан мехоҳад, ки он воқеан ҳирфаӣ бошад. 

“Бигузор мушкил бошад, аммо умед мекунам, ки ҳамаи мушкилиҳоро паси сар кардаву аз иҷрои нақш бароям, зеро дар худ эҳсос мекунам, ки тавоноии онро дорам”, - мегӯяд Рафоат.

АДАБИЁТ ВА БОЗИНГАРӢ

Рафоат Шоазимова хондани асарҳои бадеиро зиёд дӯст медорад. Ӯ ба адабиёти аврупоӣ зиёд алоқамандӣ дошта, асарҳои адибони Фаронса, Олмон, Инглистон ва ғайраро бо забонҳои русӣ ва англисӣ мутолиа мекунад. Ба назари ӯ асарҳои бадеӣ аз ҳар ҷиҳат ба инсон кӯмак мекунанд ва ҳар касе, ки китоби бадеӣ мехонад дар зиндагӣ камтар хато мекунад.

“Инсон ба воситаи китоб худро обутоб медиҳад, тавоноӣ мебахшад, оламро зебо ва дилоро мебинад. Дар зиндагӣ хато кардан мумкин аст, аммо ту ба воситаи китоб он хаторо метавонӣ, ки ислоҳ намоӣ ва ба ояндаи хуб қадам мегузорӣ”.


Рафот Шоазимова ҳунари раққосагии бисёр олӣ низ дорад. Ӯ ин ҳунарро ҳангоми таҳсил дар ансамбли рақсии “Падида” омӯхтааст. Вақте пурсидем, ки дар вақтҳои холигии хеш бештар ба чӣ машғул мешавад, ӯ чунин гуфт: 

“Бештар фортопиянино менавозам. Ҳамчунин, аз сабаби он ки рақсиданро зиёд дӯст медорам, ҳар замон аз рӯи шавқ мерақсам. Боз хондани адабиёти бадеиро низ дӯст медорам. Яъне, ҳар чизе, ки ба эҷодиёт рабт дорад, бароям писанд аст”.

ШИНОХТИ АСЛИ ХЕШ

“Ман ба соҳаи эҷод зиёд таваҷҷӯҳ дорам ва аз ин рӯ, роҳи падару модарамро, яъне, роҳи илмро интихоб накардам. Зеро медонам, ки дар роҳи интихобкардаи онҳо ман зиёд азоб мекашам. Олим бояд зиёд таҳқиқ кунад ва ба мавзӯъ амиқ фурӯ равад. Аммо ман ин корро карда наметавонам. Ман зиёдтар эҳсосот ва хаёлотро дӯст медорам. Барои ман одамони зиёд ва муошират бо ин одамон бештар писанд аст ва дар соҳаи кино ҳамаи ин бароям имконпазир ба назар мерасад”.


УМЕД БА ФАРДО

“Ман Тоҷикистонро зиёд дӯст медорам. Мардуми ин сарзамин бисёр эҷодкор ва донишманданд. Дар Тоҷикистон инсонҳои боистеъдод зиёданд ва ман умед мебандам, ки соҳаи синамои Тоҷикистон дар солҳои наздик ба дастовардҳои зиёд ноил гардад”, бо меҳр мегӯяд, Рафоат Шоазимова.


ҚУДРАТИ САНЪАТ

Ин аст, ҳалли он, ки бо санъат мо метавонем ҳам оромии рӯҳӣ ва ҳам сабукии эҳсосотӣ ва ҳам ҳар эҳсоси доштаамонро ба даст орем. (Эҳсоси хубу бад - хашм, муҳаббат, нафрат, мубориза, интиқом, хушбахтӣ ва ҳазорҳо эҳсосоти дигар). Бо таъсири ҳунар дар натиҷа эҳсоси бади инсон аз соҳибаш фориғ мешавад ва ӯ ба худ сабукӣ гирифта, оромӣ ва сабрро меомӯзед. Санъат калиди дарки ҳаёт аст. Ба шарте ки он бо имон ҳамроҳ бошад. Санъат бояд арзишҳои ахлоқӣ дошта бошад, то қадр карда шавад.


Аз ин рӯ, рисолати санъат эҷоди рушд ва камол барои ҷомеаҳои инсонист ва дар акси ҳол ин маъно аз доираи ҳунар берун меравад. Ҳунари Рафоат дар худ маъно ва зебогии хос дорад, ки ба дили инсон нерӯ ва тавони некӣ мебахшад. Вақте бо ин ҳунарманди ҷавон ва ояндадор ҳамсӯҳбат мешавед, ҳамаи зебоиҳои хоси ҳунарро дар ӯ мебинед. Гӯё ӯро Худованд махсус барои ҳунар офарида бошад ва нависандаи муваффақи тоҷик Темур Зулфиқоров низ ин чизро дар ӯ дида ва эҳсос кардааст.




Ясен Засурский даргузашт. Аз ӯ чӣ монд ва чӣ гуна ёд хоҳад шуд?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед