Ru  | Tj
Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”
Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”

Нашр шуд

Мусоҳиба бо Ҳусейн Мадудов - наворбардор ва танзимгари машҳури кишвар.

- Дар кишвари мо наворбардор ниҳоят зиёд шудааст ва ҳар нафаре, ки имкони харидории камераеро дорад, даъвои наворбардор буданро мекунад. Бигӯед, киро мо метавонем, ки наворбардор бигӯем?

- Мантиқан ҳар нафаре, ки дастгоҳи наворбардорӣ дорад, метавонад аз дилхоҳ макон наворе гирад ва худашро наворбардор бигӯяд. Дар ин ҳолат ӯ хато намекунад, зеро воқеан ҳам навореро бардоштааст, вале аз ҷиҳати касбӣ на он нафар ва на мо ба наворбардори ҳирфаӣ гуфтан ҳақ надорем. 

Наворбардори ҳирфаӣ нафарест, ки дар ин соҳа маълумоти зиёд дорад, пайваста дар омӯзиш аст, характеристикаи техникаашро хуб медонад ва дар ҳама ҳолат дастгоҳи наворбардориро истифода бурда метавонад.

- Дар майдони наворбардорӣ ба ду нафар камера диҳанд, ки яке наворбардори ҳирфаӣ ва дигаре ғайрикасбӣ бошад, Шумо бидуни маҳсули корашонро дидан, касбияти онҳоро муайян карда метавонед?

- Албатта, ҳатто бо як дидан пайхас кардан мумкин аст, ки кадомаш ҳирфаӣ ва кадомаш аз рӯи ҳавас кор мекунаду дар ин соҳа камтаҷриба аст. Масалан, аз тарзи доштани камера, интихоби ракурс ва умуман усули кор кардан.

- Шумо ягон маротиба фикр кардед, ки одамон аз кай ба наворбардорӣ шурӯъ карданд ва ин касб чӣ таърихе дорад?

- Не, рости гап фикрашро накардаам. Вале доимо дар маркази таваҷҷӯҳи ман навигариҳои ин соҳа меистанд ва то қадри имкон кӯшиш мекунам, ки ҳарчӣ бештар маълумот гирам.

- Чӣ гуна ва барои чӣ наворбардор шудед? 

- Аз хӯрдӣ ба ин соҳа шавқу завқи бисёр доштам. Ҳар кори аз дастам меомадаро анҷом медодам. Кӯшиш мекардам, ки рӯз аз рӯз дар ин соҳа чизи нав омӯзам ё кори наверо анҷом диҳам. Чун меҳр ба ин соҳа хеле зиёд шуд ва ба хулосаи аниқ омадам, ки ояндаамро бо наворбардориву танзимгарӣ месозам, қарз карда, корро ҷиддӣ сар кардам ва шукр дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам.

- Шумо дар чанд муддат наворбардориву танзимгариро омӯхтед?

- Яке аз роҳҳои хуб омӯхтани касб интернет аст. Ман ҳам дар қатори бисёре аз соҳибкасбони ин соҳа наворбардориву танзимгариро аз фазои маҷозӣ омӯхтаам. Вале наметавонам бигӯям, ки дар фалон муддат ин ду касбро омӯхтам, зеро намояндаи ин касб бояд ҳаррӯз чизе омӯзад. Техника рӯз аз рӯз нав мешавад, сифат тағйир меёбад, талабот дигар мешавад ва бояд соҳибкасб ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошад, то қафо намонад. 

- Наворбардору танзимгар чӣ тавр метавонанд аз мӯд нараванд ё дар “Топ” бошанд?

- Тавре дар боло гуфтам бояд аз навгониҳои ин соҳа бохабар бошанд. Наворбардор дар бораи охирин дастгоҳи наворбардорӣ аз интернет маълумот гираду танзимгар аз охирин “эффект”-ҳои барномаҳои танзимкунанда огаҳ бошад.

- Дар боло аз шавқу завқ гуфтед, вале ҳоло ба назар мерасад, ки қисме аз намояндагони ин пеша танҳо барои пул кор кардан наворбардору танзимгари тӯйҳо мешаванд...

- Бале, ин тавр ҳам ҳаст, вале набояд аз хотир баровард, ки дар ҳар коре шавқу завқ набошад, он тӯлонӣ намеравад. Касб ё машғулияте, ки танҳо барои пул анҷом дода мешавад, онро на касб гуфтан мумкин аст на шуғл, балки кори муваққатӣ барои таъмини рӯзгор гӯем беҳтар аст.

- Вазифа ё хизмати асосии наворбардору танзимгар дар замони мо чӣ аст?

- Ҳаёти одамонро боз ҳам зеботар кардан, хотираҳоро нигоҳ доштан, беҳтарин лаҳзаҳоро аз беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт дар таърих сабт кардан...

- Наворбардор бояд чӣ дошта бошад?

- Ҳоло танҳо як камера ва як флешкорт дошта бошад басанда аст.

- Наворбардориву танзимгарӣ ҳоҷатҳои моддии соҳибкасбро бароварда метавонанд? 

- Ман ба фикре ҳастам, ки дилхоҳ нафар, дилхоҳ касбро агар сидқан дӯст дорад ва аз таҳти дил меҳнат кунад, ҳеҷ вақт гурусна намемонад.

- Шумо шогирд мегиред?

- Бале, дар фасли зимистон, ки фармоишҳои мо кам мешаванд, шогирд мегирем ва ба онҳо нозукиҳои ин касбро меомӯзонем. Дарсҳои мо якмоҳа ва семоҳа ҳастанд. Маблағи якмоҳа 300 доллар ва аз якмоҳа бошад, 500 доллари амрикоӣ мебошад.

- Арзиши хизматрасонии Шумо чанд сомонӣ аст?

- Мо чанд намуди хизматрасонӣ дорем. Масалан, як наворбардор ва як суратгир 1800 сомонӣ ва гурӯҳи пурра, ки ду наворбардор, як суратгир, “кран” ва “верталёт” мераванд 5500 сомонӣ мебошад. 

- 5500 сомонӣ қиммат нест, зеро мо медонем, ки ҳоло чунин хизматрасониро ҳатто бо 2000-2500 ҳазор сомонӣ ҳам анҷом медиҳанд?

- Бале, вале аксаран корашонро ҳирфаӣ анҷом намедиҳанд. 

- Вақте дар нисфи тӯй камера аз кор монад, чӣ кор мекунед?

- Мо ба ҳар тӯй камераи иловагӣ ҳам мебарем ва вақте ки дастгоҳи асосӣ аз кор монд, иваз мекунем.

- Вақте ки техникаҳои Шумо осеб бинанд, кӣ ҷавобгар аст?

- Мо коргаронамонро ба ҳар дастгоҳи муайян вобаста мекунем ва дар ҳолати осеб дидан ё сабт накардан ё сабтро гум кардан, ӯ ҷавобгар аст. Яъне онҳо маош мегиранд ва бар ивази маош бояд натиҷаи хуб нишон бидиҳанд. 

- Мешавад ҳолате, ки пас аз омода кардани фиттаи тӯй корфармо аз кори анҷомдодаи Шумо норозӣ шавад?

- Куллан норозӣ то ҳол набуд, вале мешавад ҳолате, ки дар монтаж ягон мусиқӣ писанд намеояд ё ҷой ёфтани ягон қисмати нодаркори маъракаро мегӯянд ва мо аз сари нав бо табъи дилашон омода мекунем. 

- Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолед ва дар саҳифаҳоятон аз тӯй ва маъракаҳо аксу видео нашр мекунед, оё аз корфармоён иҷозат мегиред?

- Албатта, мо бидуни иҷозати соҳибони тӯй аксу видеоҳоро дар саҳифаҳоямон намемонем. Барои рекламаи гурӯҳи корӣ мо бояд маҳсули корамонро нишон диҳем то ки муштариёнамон зиёд шаванд ва ба ин хотир бо иҷозат аксу видеоҳоро нашр мекунем.

- Сухани охиринатон чист?

- Бачаҳо бидуни дудилагӣ метавонанд ба ин кор биёянд, зеро ин соҳа дар мо нав рушд ёфта истодааст ва ҳамагӣ метавонанд бо ворид кардани каме навгонӣ дар кори худ муваффақ шаванд.


Қиссаи ҷолиби қаҳрамонии Илёс Тешаев ва ормонҳои неки ӯ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(84) "Хоҳиш ва ишқ. Чӣ тавр метавон рассоми кино шуд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16994"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11759"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(67) "/tj/articles/talk/kho_ish_va_ish_ch_tavr_metavon_rassomi_kino_shud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5466"
  ["CODE"]=>
  string(48) "kho_ish_va_ish_ch_tavr_metavon_rassomi_kino_shud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5466"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Хоҳиш ва ишқ. Чӣ тавр метавон рассоми кино шуд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(148) "Нафари пушти “ХИТ”-ҳо. Ёқуб Абдуллоев доир ба кору машғулияти танзимгари мусиқӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16714"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11553"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(98) "/tj/articles/talk/nafari_pushti_khit_o_ye_ub_abdulloev_doir_ba_koru_mash_uliyati_tanzimgari_musi_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5373"
  ["CODE"]=>
  string(79) "nafari_pushti_khit_o_ye_ub_abdulloev_doir_ba_koru_mash_uliyati_tanzimgari_musi_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5373"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Нафари пушти “ХИТ”-ҳо. Ёқуб Абдуллоев доир ба кору машғулияти танзимгари мусиқӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(138) "Меъёр, талабот, рисолат ва имтиёзҳо. Ровии радио кист ва чӣ гуна кор мекунад?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16208"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(93) "/tj/articles/talk/meyer_talabot_risolat_va_imtiyez_o_rovii_radio_kist_va_ch_guna_kor_mekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5208"
  ["CODE"]=>
  string(74) "meyer_talabot_risolat_va_imtiyez_o_rovii_radio_kist_va_ch_guna_kor_mekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5208"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Меъёр, талабот, рисолат ва имтиёзҳо. Ровии радио кист ва чӣ гуна кор мекунад?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(134) "Журналистшавандае, ки камонвар шуд. Зебинисо Рустамова доир ба камонварӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "15769"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(91) "/tj/articles/talk/zhurnalistshavandae_ki_kamonvar_shud_zebiniso_rustamova_doir_ba_kamonvar/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5065"
  ["CODE"]=>
  string(72) "zhurnalistshavandae_ki_kamonvar_shud_zebiniso_rustamova_doir_ba_kamonvar"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5065"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Журналистшавандае, ки камонвар шуд. Зебинисо Рустамова доир ба камонварӣ

Другие новости