Ru  | Tj
Давраҳои семоҳаи забони русӣ дар Душанбе
Давраҳои семоҳаи забони русӣ дар Душанбе

Давраҳои семоҳаи забони русӣ дар Душанбе

Нашр шуд

Маркази русӣ дар шаҳри Душанбе давраҳои омӯзишии забони русиро барои кӯдакони тоҷик роҳандозӣ кард. Дар ин бора масъулини ин ниҳод хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дарсҳоро муаллимони рус баргузор мекунад, ки ҳам афроди калонсол ва ҳам кӯдакони аз 8 то 14-сола имкони таҳсил дар ин барномаро доранд.

Ба иттилои ин ниҳод, барномаи давра барои ду сатҳ пешбинӣ шудааст: A1 (сатҳи ибтидоӣ) ва A2 (сатҳи асосӣ). Машғулиятҳо се бор дар ҳафта аз ҷониби муаллимони соҳибихтисос гузаронида мешаванд.

«Дар давраҳои омӯзишӣ шумо луғат ва сарфу наҳвро аз худ хоҳед кард; муошират дар сатҳи иҷтимоъиву маиширо хоҳед омӯхт; матнҳоро метавонед бо забони русӣ хонед ва дарк кунед”, - зикр карданд дар дафтари матбуоти Маркази русӣ.

Барои дарёфти тафсилот метавонед бо телефони +992900003027 тамос гиред.

Муаллиф

Промо

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед